ДАР БА РӮЙИ ДӮСТОН БИКШОДАН АСТ...

Воқеан, дар ҳаёт дӯстони самимӣ, инсонҳои хоксору фурӯтан ва дарёдил бисёранд.

Шайх Аттор фармудааст: 
Фахри ҷумла корҳо нон додан аст, 
Дар ба рӯйи дӯстон бикшодан аст. 
Воқеан, дар ҳаёт дӯстони самимӣ, инсонҳои хоксору фурӯтан ва дарёдил бисёранд. Ман мехоҳам дар бораи яке аз онҳо – инсони саховатпеша Бахтиёр Фозилов чанд сухан гӯям. 
Соли 2020 пас аз таъмири маҷмааи ёдгории ҷанговарони байналмилал, ки дар Афғонистон ҳалок шудаанд, собиқадорон дар орзуи барпо кардани қаср ва гузоштани парчаме буданд, ки рамзи ҷанги афғонро дошта бошад. Аммо барои ин имкон, яъне маблағ ёфт намешуд. Вале, орзуҳои нек албатта, амалӣ мешудаанд. Барои ин «сеҳргар» лозим будааст. Мо чунин «сеҳргар»-ро дар тимсоли Бахтиёр Шуҳратович пайдо кардем. Б. Ш. Фозилов саҳмиядори асосии ширкатҳои «Eriell Group», «Enter Enjinering» ва «Ferkensco», раиси Шӯрои васигии Ҷамъияти умумиҷаҳонӣ роҷеъ ба омӯзиш, ҳифз ва оммавигардонии мероси мадании Ӯзбекистон, президенти Федератсияи хоккейи Ӯзбекистон, ба таври одӣ гӯем, соҳиби қалби босаховат будааст. Бо ёрии беғаразонаи вай орзуи мо амалӣ шуд. Собиқадорони ҷанги афғон, ба ростӣ мунтазир набуданд, ки ӯ масъалаи мазкурро амиқ дарк мекунад. Қаср ва парчами рамзӣ босифат тайёр карда шуд. Ҳоло собиқадорони ҷанги афғон  дар сари як пиёла чой бо падару модарони шаҳидон, ки ба қаср меоянд, суҳбат намуда, ба онҳо ҳурмат баҷо меоранд. Сокинони гирду атроф ҳамарӯза бо фарзандони худ ба ин ҷо омада, дар ҳавои тоза истироҳат мекунанд. Ба ин мавзеъ маҷмааи ёдгории парчами рамзӣ маҳобат мебахшад. Аъзои иттиҳодияи собиқадорони ҷанги афғон бисёр мехостанд бахшида ба хотираи ҷавонмардони ҳарбии маҳаллӣ, ки сохтори конститутсионии Ӯзбекистонро ҳимоя кардаанд, музей барпо кунанд. Ҳоло дар ин мавзеъ се ёдгорӣ яке ба шарафи ҳамдиёрони дар Афғонистон фавтидаи мо, дутои дигар ба шарафи ҷанговарони амалиёти махсуси ҳарбӣ, ки ҳангоми ҳимояи сохтори конститутсионии Ӯзбекистон вафот карданд, мавҷуд аст. Ҷанговарони собиқадор, барои гирифтани рухсат бобати сохтмони музей хеле азобҳоро аз сар гузаронданд. Ба анҷоми ҷанги афғон 30 сол шуда бошад ҳам, касе ёфт нашуд, ки ба сохтмони музей ҳисса ҳамроҳ кунад. Ниҳоят, Бахтиёр Шуҳратович ба мо дар ҳалли ин муаммо ёрӣ расонд.  Вай ба сифати раиси Шӯрои васигии Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд ба чор нафар донишҷӯ аз ҳисоби ширкат грант ҷудо кард. Дар байни онҳое, ки соҳиби гранти махсус шуданд, писари собиқадори ҷанги афғон, марҳум, соҳиби ордени «Ситораи тиллоӣ» низ ҳаст, ки ба кас хурсандӣ мебахшад. Маҳз ӯ барои дар ҳаёт ҷойи худро пайдо кардани вай, дорои маълумоти олӣ шуданаш ҳиссаи калон гузошт. Дар бораи он, ки Бахтиёр Шуҳратович ба ҷанговарони собиқадори дар ҳимояи Ватан иштирок карда, дасти ёрӣ дароз карда, онҳоро дар рӯзҳои ид аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекунад, тасодуфан хабардор шудам. Дар ҳаққи ин инсон дуои неки иштирокчиёни ҷанги афғонро фаҳмида, қарор додам, ки изҳори дили худро баён кунам. Аз ин фурсат истифода бурда, аз номи онҳо ва худ ба Бахтиёр Шуҳратович миннатдорӣ баён мекунам. Мо танҳо баъд аз се сол фаҳмидем, ки маҷмааи ёдгории воқеъ дар Чирчиқро ӯ бунёд кардааст.
Он фақат яке аз он иншоотҳоест, ки ин инсон барпо намудааст. Маҷмааи меъмории Имом ал-Бухорӣ, масҷид, терминали Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд, қасри «Humo Arena», маҷмааи «Silk Road Samar-kand» ва ғайра иншооте мебошанд, ки дар бунёди онҳо Бахтиёр Фозилов саҳм дорад. Шояд фикр кунед, ки вай ин корҳоро барои манфиати моддӣ мекунад? Эҳтимол шумо китоби Олег Кривопалов «Гаҳвораи отряди ҷанговарони махсуси Чирчиқ», (Колибел Чирчикского спесназа»)-ро хонда бошед. Аз ҷанговарони собиқадор ғайр аз сипосҳои самимӣ боз чиро метавон интизор шуд. Маъзарат мехоҳам, ман журналист нестам, шояд фикрҳоямро бетартиб баён кардаам, вале онҳо самимӣ ва аз таҳти дил гуфта шудаанд. Ҷанговарони собиқадори Чирчиқ ният доранд, ки Бахтиёр Фозилов ва ҷамоаашро ба меҳмонӣ даъват карда, барои корҳои некашон шахсан миннатдорӣ баён кунанд.

Наиля ГАЛИУТДИНОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: