ДАР БАЙНИ ДУ ОТАШ

Кампири Муғҷа ҳар бегоҳ пеш аз хоб нақша мекашид, ки фардо рӯзро бо чӣ андармонӣ кӯр мекунад.

Зеро бекор шишта наметавонист. Агар бо коре андармон нашавад, зиқ мешуд, рӯзи дароз худро ланҷ ҳис мекард, бандҳои дасту пояш ба дард медаромаданд. 
Ин пагоҳӣ, баъди нонушта, бо теша ба нарм кардани бехи ниҳолҳои помидоре, ки дар ним сотихи замини наздиҳавлиаш шинонда буд, сар кард. Ниҳолҳоро ба ӯ дугонааш – холаи Маҳтоб аз гармхонаи писараш туҳфа карда буд. Бехи ниҳолҳои помидорро нармкунон байте ба ёдаш омад, ки аз момояш шунида буд:
Аз хок баромадему бар 
хок шудем,
Осуда баромадему 
ғамнок шудем.
Момо байтро замзамакунон худ ба худ гуфт: “Бале, ҳама осуда ба дунё меоянду баъд ғамнок мешаванд. Тамаъ, рашку ҳасад, нотавонбинӣ, молпарастӣ, худхоҳӣ барин ҷиҳатҳо одамро ба кӯйи ғам меандозанд». 
Бо келинаш Зевар нағз зиндагӣ мекарданд. Вақте ки ӯ бо розигии Исмат ба кӯчаи савдогарӣ даромаду пулёб шуд, муносибаташон бад шудан гирифт. Момо ҳарчанд ба писараш фаҳмонд, ки савдогарӣ кори мардон аст, зан бояд бо тарбияи фарзандон машғул шавад, нашуд.
Зевар насиҳатҳои хушдоманро шунида бо ӯ ба «тую ман» рафт. Боре Исмат аз кор ба сари муноқишаи онҳо омаду тарафи занашро гирифта, ба модар сахт пеш омад: ”Оча, то кай ба ҳар баҳона айшамонро талх мекунӣ? Дасторхон пури нозу неъмат, шукр кун, ҳар чӣ пешат гузоранд, хӯру ба дигараш корат нашавад. Ҳоло ҳамаи занҳо худро ба бозор задагӣ. Мо аз дигарон чӣ камӣ дорем? Хӯрдан лозим, пӯшидан лозим. Сар ҳаст, ки дард ҳаст. Нархи доруҳоро дида истодаӣ – дар  осмони ҳафтум. Ин мабод, агар сарамон ба болин ояд, пули калон лозим. Маоши ман намерасад!... ”.
Холаи Муғҷа аз ин суханони писараш, мисле ки аз болои сараш як сатил оби сард рехта бошанд, шах шуда монд. Ҳеч аз ӯ ин ҷавобро интизор набуд. Охир, вай метавонист ин ҳамаро ба модар дар танҳоӣ гӯяд. Вале ин корро накард, дар назди занаш гуфт, қиматашро дар пеши ӯ ҳеч кард. Шавҳараш зинда мебуд, шояд кор ранги дигар мегирифт. Ягона дилбандаш ин бор вайро беҳурматӣ кард. Вале ба Исмат чизе нагуфт. Ба хонаи худ даромада то дилаш холӣ шудан гиря кард.
– Тифл буд Исмат, – худ ба худ андешид модар, – як пора гӯшт буд. Шабҳо сари гаҳворааш бедор нишаста хуфтану гуфтан омӯхтам, худ нахӯрдаву ба ӯ додам, бо азоби алим ба воя расондам. Имрӯз ба рӯям пой мегузорад, маро зинда дар гӯр мекунад. Ман чӣ кардам. Танҳо гуфтам, ки Худо як ризқа медиҳад, Зевара ба савдогарӣ намон. Мана, келини Маҳтоб аз хонааш намебарояд, бо тарбияи фарзандонаш машғул...
Вале ин ҳамаро ба ӯ гуфтан нахост. Як бор гуфта, ҷавобашро гирифт: “Миннат накун, оча! Вақте модар  шуданд, ҳамаи занон фарзандро калон мекунанд...”.
– Дуруст мегӯяд, – андешид модар баъди тунд аз хонааш баромада рафтани ӯ. – Ба вай ҳам осон не. Вақте ману ҳамсараш ба якдигар сахт мегӯем, бечора дар байни ду оташ мемонад. Тарафи маро гирад, занаш нороҳат мешавад, тарафи занашро гирад, ман чун мӯйи дами оташ дар худ мепечам... 
Исмат рӯзи дароз дар кор, дар хона чӣ мегузарад, намедонад. Гоҳо мешуд, ки хола бе дами гарм мемонд. Маҷбур мешуд пораҳои нони обаш гурехтаро дар об тар карда хӯрад. Набераҳояш – Сӯҳробу Нигина хурд буданд, аз ӯҳдаи хӯрокпазӣ намебаромаданд. Боре кампир хориаш омада оби дида кард:
– Эҳ, ба чӣ рӯзҳо мондам. Шояд падараш зинда мебуд, Исмату келин ба ман сахт пеш намеомаданд. Маро дар ин ғамхона гузошта рафт...
Рӯзе кор то ҷое расид, ки Зевар дасторхони кампирро ҷудо кард. Нигина бо пофишории ӯ ба хоначаи момо дасторхони рангпаридаеро паҳн карда, нону хӯрок меовардагӣ шуд. Дар кунҷи танҳоӣ нонхӯрӣ ба кампир хуш намеомад, вале чӣ кунад, Исмат дар даҳонаш об гирифтагӣ, аз хати кашидаи занаш намебарояд. Ба ёду хаёлаш намеояд, ки чаро модараш танҳо хӯрок мехӯрад. Боре, ҳангоми дасторхони моморо паҳн кардан, пойи Нигина ба гӯшаи чойник расиду аз оби чойи навдамкарда ангушти пояш сӯхт. Ба Зевар Худо дод. Садо баланд кард, ки ин сархӯр намемурад, сари ҳамаро хӯрда баъд аз дари гӯр медарояд... Момо дам назад, дандон ба дандон монда ба гуфтаҳои таҳқиромези келин тоқат кард.
Дар ҳамсоягии онҳо кампири русе зиндагӣ мекард. Духтари ӯ хонаро ба Исмат фурӯхту модарашро бо худ ба кадом як гӯшаи Русия бурд. Исмат бо маслиҳати занаш модарашро ба хонаи ӯ кӯчонд.
Зевар аз ҳоли хола ҳеч хабар намегирифт, вале Сӯҳробу Нигина дар набудани модар ба ҳузураш омада, ба корҳояш ёрӣ медоданд...
Момо бехи ниҳолҳоро нармкунон мондагиро дар тани фартуташ ҳис кард. Рӯйи суфаи воиши ангур нишаста, бо гӯшаи қарсаш арақҳои сару рӯяшро пок мекард, ки садои кушода шудани дарвоза шунида шуду Сӯҳробу Нигина дар даст нону як коса хӯрок даромаданд. Ҳар ду ба як овоз:
– Момоҷон, ассалому алайкум, – гуфтанду нону хӯрокро рӯйи хонтахта гузоштанд. Момо онҳоро ба оғӯш кашида оби дида кард. Гиряолуд гуфт:
– Мағзҳои донакам, нури чашмонам, шуморо пазмон шудам. Аз Зевар пурсидед, боз шуморо ҷанг накунад, латукӯб надиҳад...?
– Момоҷон, падарам дар кор, модарам дар бозор, – гуфт Сӯҳроб. – Агар шумо нарасонед, ҳеч кас намедонад.
Момо бо завқ хандида, Сӯҳробро бори дигар ба оғӯш кашида бӯсид.
– Дар ҳамаи инсонҳо ақл ҳаст, вале на ҳама фаросат доранд, – аз дил гузаронд хола ва шукр кард, ки Худо ба набераҳояш фаросат додааст. Онҳо хӯроки нисфирӯзро хӯрда истода  фаросат кардаанд, ки момояшон гурусна аст.
Баъди хӯрок, момо вақте ки дуои дуру дароз карду Нигина дасторхонро ғундошт, Сӯҳроб лаб ба сухан кушод:
– Момоҷон, шумо дафъаи гузашта ваъда дода будед, ки ба мо афсонаи “Парасту ва донаи каду”-ро гуфта медиҳед. 
Чеҳраи момо кушода шуд:
– О, балочаҳое, ман фикр карда будам, ки баъди ба ин хона кӯчидани ман афсона аз ёдатон баромадааст. Набошад, гӯш кунед:
“Буд-набуд будгор буд, замин набуд, шудгор буд. Дар як деҳа пиразани қашшоқе зиндагӣ мекард. Вай дар яке аз рӯзҳои баҳорон дар айвони кулбааш, ки дар шифти он парастуе лона гузошта буд, шишта сурудеро замзамакунон барои наберааш тоқӣ медӯхт. Ин ҳангом як чӯҷаи парасту дар талоши ризқ аз хонааш берун шуда афтиду пояш шикаст. Пиразан пойи шикастаи ӯро латтапеч карду бо риштае маҳкам баста, бардошта дар лонааш гузошт. 
Рӯзу моҳҳо гузаштанд. Баъди зимистон боз баҳор омад. Мурғони баҳорӣ ба деҳа баргаштанд. Пиразан мисли пешина дар айвон машғули дӯхтудӯз буд, ки парастуе сари зонуи ӯ як дона тухми кадуро гузошта рафт. Пиразан кадуро дар замини назди ҳавлиаш корид. Тирамоҳ аз он як кадуи калоне рӯид. Вақте кадуро бо корди ош ду тақсим кард, аз даруни он, ба ҷойи тухми каду, пораҳои зар берун омаданд. Пиразан дар муддати кӯтоҳ бой шуда, ба ҷойи кулбааш қасре созонд. Ҳама ҳайрон буданд, ки пиразан бо чӣ роҳ бой шудааст.
Вақте кампири ҳамсоя, ки аз ҳеч чиз камӣ надошт, сабаби бой шудани ӯро пурсид, пиразан ҳамаашро нақл кард.
Кампири ҳамсоя зуд ба хона баргашту рӯзи дигар дар айвонаш, бо умеди он ки чӯҷаи парасту аз лонааш афтида пояш мешиканад, бо дӯхтудӯз машғул шуд. Вале чӯҷаҳо дар сар хаёли афтидан надоштанд. Кампир ба танг омаду чӯби дарозеро пайдо карда, худ чӯҷаеро афтонд. Пойи чӯҷаи афтода шикаст. Кампир дар тақлиди ҳамсоя пояшро латтапеч карду ба лонааш гузошт.
Зимистон гузашту баҳор омад. Парастуе ба сари зонуи ӯ низ як дона тухми кадуро гузошту ғайб зад. Кампир кадуро дар ҳотааш корид. Аз он кадуи калоне рӯйид. Тирамоҳ кадуро канда, ба хона дароварду ба хотири он ки чашми бегона наафтад, дару тирезаҳоро аз дарун қулф зада, бо корди ош онро ду тақсим кард. Вале сад афсӯс, ки ба ҷойи пораҳои зар, аз даруни каду морҳо берун омада, ба кампир ҳамла карданд. Доду фарёди кампир ба гӯши ҳеч кас намерасид. Морҳо ӯро газида куштанд».
– Ҳосили бадӣ некӣ нест. Ҳоло ҳеч кас ҷав кошта гандум набардоштааст, бачеконам, – хулоса кард момо афсонаашро. 
***
Дар дунё ҳеҷ кас сутун нашудааст. Момо дер напоид, амонаташро ба Парвардигор супурд. Исмат низ ба сабаби бемории сактаи дил аз олам гузашт. Зевар бо Сӯҳроб ва келинаш зиндагӣ мекард. Келинаш Зумрад чавонзани тарбиядида, хоксор ва меҳнаткаш буд. Дар беморхона кор кунад ҳам, баъди кор дар хона ҳама корҳоро анҷом медод. Вале ситорааш бо Зевари солаш ба ҷое расида “рост наомад”...
Зевар баъди як пиёла чой ва буридаҳои нони обаш гурехтаро дар об тар карда хӯрдан, базӯр аз ҷо хеста ба асояш такякунон берун баромад. Хонаҳои қасрмонанди бо пули савдогарӣ созондааш холӣ буданд. Садои гиряи наберааш – Фаридун оромашро дигар халалдор намекард. Се рӯз пеш бо келин гапаш гурехта «тую ман» карда буданд. Вақте мехост асояшро бардошта ба сари Зумрад занад, дасте дасти ӯро дошт. Ин дасти Сӯҳроб буд, ки аз дари дарвоза даромада омаданашро касе пай набурд. Зевар аз ин рафтори Сӯҳроб асабонитар шуда фарёд зад: “Занат туро гарму хунук кардааст! Ҷилавашро сар дода мондаӣ! Намемонӣ, ки касе пишакашро пишт гӯяд. Ба ман нигоҳ кун, ту як пора гӯшт будӣ, шабҳо сари гаҳвораат бедор нишаста, нахӯрдаву напӯшида калон кардам. Имрӯз ту зану бача мегӯӣ, модаратро фаромӯш кардаӣ. Агар фарзанди ман бошӣ, худи ҳозир занатро ба хонаи падару модараш бурда мемонӣ. Зан ёфт мешавад, вале маро ёфта наметавонӣ. Духтари модараш набӯсидаро ба ту гирифта медиҳам...” Сӯҳроб дар байни ду оташ монда буд. Вай Зумрадро дӯст медошт, вале гапи модарро ба замин намонд. Номаълум, чашмак заду ба сари Зумрад дод зад: “Ту ҳоло ба модари ман сахт пеш омадӣ! Либосҳоятро пӯш, Фаридунро бо худ бигир. Дар хонаи мо туро ҷо нест. Ба хонаи падарат мебарам!”. Зумрад амри ӯро ба ҷо овард...
Сӯҳроб он рӯз натавонист ба модар гӯяд, ки “Таваллуд, ки карданд, ҳамаи модарон фарзандро калон мекунанд”. Зеро ваю Нигинаро афсонаҳои момо тарбия карда буданд. Сӯҳроб, ҳамчунин, медонист, ки модараш ба момо чӣ қадарҳо сахт пеш омадаат...
Баъди ду моҳи ин ҳодиса шоме ҳоли Зевар бад шуд. Сӯҳроб ёрии таъҷилиро даъват намуд. Вақте рӯзи сеюм Сӯҳроб ҳамроҳи зану фарзандаш ба аёдати ӯ омад, хусусан, баъди бахшиш пурсидани Зумрад, ашк рухсораҳои Зеварро тар кард. Ҳангоми бо рӯмолчаи худ пок кардани рухсораҳои ӯ дар чашми Зумрад ҳам ашк давр зад. Зевар дар ин синну сол бори аввал дарк кард, ки инсони хеле худбин будааст. Ғайриихтиёр суханони хушдоманаш ба ёдаш расиданд, ки гуфта буд  «Зиндагӣ мисли кӯҳ аст, келин. Бад гӯйӣ, бад, нек гӯӣ, нек акси садо медиҳад. Маънои ин суханони маро вақте дарк мекунӣ, ки Худо ба ту келинеро насиб гардонад».

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: