ДАР БАЙНИ МАРДУМ...

Чишми сурх («Чашмаи сурх») аз манзилҳоест, ки ба пайдоиши деҳаи имрӯзаи Сойхурд сабаб гардидааст.

Алҳол дар ин макони обод бо ташаббуси соҳибкорони ҷавон Ҳайитбой Рӯзиев ва Баҳодур Ҳайдаров ду манзилгоҳи сайёҳӣ амал мекунад. Баҳору тобистон ва тирамоҳ сайёҳони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ аз боду ҳавои хушу форам, тамошои манзилҳои таърихии он баҳра мегиранд. Қаҳрамони мо – Бурҳон Ҳайдаров дар ҳамин деҳаи хушманзар аз оилаи зиёӣ ба дунё омад. Айёми кӯдакиву наврасиаш дар ин деҳаи бағали кӯҳистон гузашт. Таълими ибтидоиро дар мактаби ҳафтсолаи зодгоҳ, ки соли 1930 таъсис ёфта буд, гирифт.
Зодгоҳ маконест, ки кас ағлаб айёми тифливу кӯдакӣ ва наврасиро он ҷо паси сар мекунад. Табиати нотакрори зодгоҳ, роҳҳои морпечи кӯҳистон, дарахтони меваашон шаҳдбор дар табиати вай нақши якумрӣ доранд. Муҳити табиӣ, оила ва  маҳал низ дар ташаккулёбии шахс бетаъсир нестанд. Инсон ҳар қадар аз зодгоҳ дур равад, меҳраш он қадар бо вай меафзояд. Мехоҳад ҳамеша бо  ҳамдеҳагон дар тамос бошад. Зодгоҳ Ватан андар Ватан будааст, яъне ҷузъе аз кишвари бепоён. Айёми наврасии Бурҳон ба солҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳон рост омад. Соли 1942 мактаби Чишми Сурх бо мактаби деҳаи Сойкалон муттаҳид карда шуд. Он солҳои вазнин ҳатто хонандагони мактабҳои дур аз марказ ҳам аз асорати нохуши ҷанг дар канор набуданд.
– Тирамоҳи соли 1944 буд, – ёд меорад Бурҳон Ҳайдаров. – Директори мактаб Набӣ Назаров ман, Даврон Зарифов ва чанди дигарро ба коргоҳи худ даъват карда, гуфтанд: – Мо бояд ба аскарони майдони ҷанг кумак расонем. Албатта, шумо ба ҷанг намеравед, вале бояд ба аскарон барои омода намудани озуқаворӣ кумак расонед. Ҳар кадом ним халта-ним халта меваи харра (настарин) чинда биёред. Супориш иҷро гардид. Ин саҳми хонандагони мактаб ба рӯйихат гирифта шуда будааст, он ҳуҷҷат дар бойгонии вилояти Ҷиззах ҳаст. Ин саҳми толибилмон аз ҷониби давлат қадршиносӣ гардид. Имрӯз онҳо роҳати онро мебинанд.
Бурҳони ҷавон, ки ташнаи илм буд, пешаи омӯзгориро интихоб кард. Солҳои 1950-1954  дар Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд таҳсил гирифта, онро бо дипломи имтиёзнок хатм намуд. Солҳои 1954-1958 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм намуд. Ба ӯ корро дар ҳамин донишкада пешниҳод намуданд. 
Вале волидон Бурҳони ташнаи илмро ба зодгоҳ хостанд. Бинобар ин, ба мактаби рақами 9-уми хоҷагии ба номи Карл Маркси (ҳоло ба номи Қодирқул Султонов) ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба кор омад. Аҳолии ин макон асосан тоҷикони деҳоти Эҷ мебошанд. Дар мактаб Бурҳон зуд мавқеи худро пайдо намуд. Бо хонандагон забон ёфт, байни мардум обрӯ пайдо кард...
Соли 1960 Бурҳон Ҳайдаровро ба мактаби овозадори рақами 27-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах (ҳоло мактаби рақами 38-уми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ) директор таъин карданд. Ӯ чун муаллим ва роҳбари сахтгир дар мактаби деҳаи Синтоб кор кард ва худро дар муддати кӯтоҳ чун шахси ташкилотчӣ нишон дода тавонист. Базаи моддӣ ва техникии мактабро ғанӣ гардонид. Сифати таълиму тарбия дар мактаб рӯ ба беҳбудӣ овард. Солҳои гуногун ин мактабро шоири зуллисонайн Ҷонибек, олими маъруф, профессор Маҳмуд Нурназаров, омӯзгори варзида Малики Раҳим (равонашон шод бод), нависанда Бекназар Тӯйназаров, шоири шинохтаи тоҷик Паймон ва дигарон хатм намудаанд.
Бурҳон Ҳайдаров соли 1965 дар таълимгоҳи зодгоҳаш – мактаби рақами 28-ум (ҳоло мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато, он вақт ноҳияи Фориш буд) ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия таъин гардид. Дар ин вазифа низ ӯ пурсамар кор кард. Дар муддати кӯтоҳ мактаб ба комёбиҳо ноил гардиду Б. Ҳайдаров ба назари роҳбарони ташкилотҳои болоӣ афтид. 
Аз ин рӯ соли 1968 Бурҳон Ҳайдаровро ба кори хоҷагӣ ҷалб намуданд. Ӯ ба вазифаи сарвари шуъбаи чоруми ба номи устод Садриддин Айнии хоҷагии овозадори Нурато таъйин гардид. Кори шуъба низоми худро пайдо кард. Комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Шуъба на танҳо дар хоҷагӣ, балки дар ноҳия ном баровард, шуҳратманд шуд.
Он солҳо кор дар Шӯрои деҳот масъулиятнок ва пуршараф буд. Соли 1982 Бурҳон Ҳайдаровро раиси Шӯрои маҳаллаи «Сентоб» интихоб карданд. Қаҳрамони мо дар ин вазифа низ хуб кор кард. Барои беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ саҳм гирифт. Маҳз ҳамин солҳо ба бунёди бинои мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато асос гузошта шуд. Ҳарчанд бинои мактаб асосан бо роҳи ҳашар бунёд гардид, Бурҳон Ҳайдаров ба он роҳбариву роҳнамоӣ кард. Дар деҳаи Сойхурд низ бунгоҳи тиббӣ сохта шуд. Мушкили мардум осон гардид.
Умуман, ӯ дар кадом вазифа кор накунад, ба комёбӣ ва муваффақият даст меёфт. Дар кадом вазифае набошад, ҳамроҳи ҳамешагиаш китоб буд. Алъон синни устод аз навад гузашта бошад ҳам, ҳамоно китоб ва рӯзнома мехонад. Ҳамеша бо замон ҳамнафас аст.
Имрӯз бознишастааст ӯ. Дар ҳалқаи набераву абераҳо даврони пирӣ меронад, вале аз мактаб дурӣ надорад. Гоҳу ногоҳ дар саҳнаи мактаб пайдо мешавад.  Маслиҳатҳои муфиди худро аз ҷавонон дареғ намедорад. Оре, устод Бурҳон Ҳайдаров ҳамеша дар байни мардум буд ва миёни мардум аст.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: