ДАР БАНДИХОН МАРКАЗИ ЗАМОНАВИИ ХИДМАТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Дар ноҳияи Бандихони вилояти Сурхондарё им-рӯз беш аз 76 ҳазору 400 нафар аҳолӣ буду бош дорад.

Дар ноҳияи Бандихони вилояти Сурхондарё им-рӯз беш аз 76 ҳазору 400 нафар аҳолӣ буду бош дорад. Дар баробари сол аз сол зиёд шудани аҳолӣ талаб ба хидматҳои давлатӣ низ меафзояд. Аз ин рӯ, доираи имкониятҳои хидмати давлатӣ васеъ карда шуд. Бинои наву муҳташаме, ки дар масофаи 90 км дур аз марказ қад рост кард, барои хидмат ба аҳолӣ омода аст.
Бояд таъкид намуд, ноҳияи Бандихон яке аз 7 минтақаест, ки дар доираи лоиҳаи муштараки «Дар минтақаҳои деҳоти Ӯзбекистон такмил додани хидматрасонии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи идора» ба сифати минтақаи санҷишӣ интихоб шудааст. Маркази мазкур дар доираи лоиҳа бо асбобу анҷоми ахбору коммуникатсия ва таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида мешавад. Дар ин ҷо барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонзанони кӯдакдор, маъюбон ва ҷавонону пирон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар акс: дар Маркази хидматҳои давлатие, ки дар Бандихон мавриди истифода қарор гирифтааст.
Аксбардор: 
Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: