ДАР БАНГАЛОР БАХШИДА БА ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ САМАРҚАНД ҶАШНВОРА БАРГУЗОР ШУД

Ҷашнворае, ки дар Бангалор якҷо бо сафоратхонаи кишвари мо дар Ҳиндустон, намояндагии Ҷамъияти саҳҳомии «Uzbekistan Airways» дар Деҳлӣ ва ширкати «The Tribe & Co» ташкил гардид, номи «Роҳ сӯйи Самарқанд»-ро гирифт.

Чорабинии байналхалқӣ дар меҳмонхонаи «Jayamahal Palace»-и шаҳри Бангалор ба амал омад. Майдончаи ҷашнвора бо нақшу нигоре, ки фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистонро инъикос мекунанд, ороиш ёфта буд. Иштирокдорон ва меҳмонон бо эътибори зиёд оҳангу рақсҳои миллиро шуниданд ва бо намунаҳои ҳунари халқӣ, ки Иттиҳодияи «Ҳунарманд» пешниҳод кардааст, шинос шуданд.
Ба ду ғолиби саволу ҷавоб доир ба Ӯзбекистон барои тамошои кишвари мо билетҳои авиатсоние, ки ҷамъияти саҳҳомии «Uzbekistan Airways» тақдим карадааст, супурда шуданд. 
Бинобар суханони созмондиҳандагони ҷашнвора чорабиниро беш аз 15 ҳазор меҳмонон тамошо карданд. 
Бангалор маркази маъмурии иёлати Карнатака буда, бинобар бузургиаш шаҳри сеюми мамлакат маҳсуб меёбад. Шаҳр аз ҷумлаи шаҳрҳои технологӣ ва маркази IT Ҳиндустон ба шумор рафта, онро аксаран «водии дуюми силиконии ҷаҳон» меноманд.
Ҷашнвора дар расонаҳои ахбори оммавии Ҳиндустон васеъ равшан карда шуд. Дар Карнатака ва иёлатҳои ҳамшафати он зиёда аз 300 миллион нафар зиндагӣ доранд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ДЕҲЛӢ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: