ДАР БЕШАРИҚ МАРКАЗИ БАЙНИНОҲИЯВИИ ПЕРИНАТАЛ БА КОР ШУРӮЪ НАМУД

  • ДАР БЕШАРИҚ МАРКАЗИ БАЙНИНОҲИЯВИИ ПЕРИНАТАЛ БА КОР ШУРӮЪ НАМУД
  • ДАР БЕШАРИҚ МАРКАЗИ БАЙНИНОҲИЯВИИ ПЕРИНАТАЛ БА КОР ШУРӮЪ НАМУД

Дар заминаи шуъбаи таваллудгоҳи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона маркази байниноҳиявии перинатал ба истифода дода шуд, ки дар як вақт ба 145 нафар занони синни таваллуд хидмат мерасонад.

Дар чорабинии ифтитоҳӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо мамнуният қайд кард, ки дар кишварамон ислоҳот  дар ҳама соҳа идома доранд, бузургтарин ислоҳот дар соҳаи тиббиёт ба амал бароварда мешавад.
Дар мамлакатамон дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи тиб сифати хидматрасонии тиббӣ ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, масъалаи таъмини саломатии модару кӯдак ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Манзили навбунёд идомаи ин корҳо мебошад.
Меҳмонон бо шароите, ки дар таваллудхона фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд.
Барои реконструксияи маҷмӯи таваллудхона 750 миллион сӯм сарф карда шуд. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаи тиббӣ аз ҳисоби маблағи Вазорати тандурустӣ ва ҳокимияти вилоят таҷҳизоти замонавии тиббӣ, дастгоҳҳо оварда мешавад.
Тибқи қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оиди боз ҳам такмил додани низоми ёрии махсуси тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ», ки 29 июли соли 2021 қабул шудааст, дар якҷоягӣ бо ҳокимияти вилоятҳо, аз 1 январи соли 2022 марҳила ба марҳила дар заминаи шуъбаҳои 46 иттиҳодияи тиббии ноҳиявӣ (шаҳрии) ҷумҳурӣ ташкил намудани марказҳои перинаталии байниноҳиявӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар вилоятамон таъсис додани 3 то маҷмӯи таваллудхона дар шаҳрҳои Қӯқанд, Марғилон ва дар заминаи шуъбаи таваллудхонаи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Бешариқ марказҳои перинатали байниноҳиявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз 1 июли соли ҷорӣ маркази байниноҳиявии перинатали шаҳри Қӯқанд, ки ба занону кӯдакони сокини шаҳри Қӯқанд, ноҳияҳои Данғара, Бувайда, Бағдод ва Учкӯприк хидмати перинатал мерасонад, ба истифода дода шуда буд. Маркази перинатал  дар Марғелон, дар моҳи октябр ба хидматрасонии тиббӣ шурӯъ мекунад.

Масъудҷон 
СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир:  
М. ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: