ДАР БОҒКӮЧА БОҒЧАИ НАВ СОХТА ШУД

Дар маҳаллаи Боғкӯчаи ноҳияи Попи вилояти Намангон дар асоси супориши ҳокимияти вилоят муассисаи нави таълими томактабии рақами 33-юм, ки барои 150 нафар пешбинӣ шудааст, ба истифода супурда шуд.

Ба сохтмони муассисаи дорои ҳамаи шароитҳо 5 миллиарду 56 миллион сӯм маблағ сарф гардид. 
Дар маросими кушодашавии муассиса ҳокими ноҳия А. Султонов доир ба лоиҳаҳои наве, ки оиди татбиқ намудани рушди соҳаҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд, маълумот дод.
–Боғчае, ки ҳоло ба бачаҳо туҳфа мегардад, насли наврасе таълиму тарбия мегиранд, ба рушду равнақи ояндаи мамлакатамон ҳиссаи муносиби худро мегузоранд, – гуфт А. Султонов.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: