ДАР БОБАТИ ИНКИШОФИ СОҲИБКОРӢ ВА СОҲАИ ХИДМАТРАСОНӢ ВАЗИФАҲОИ БАРТАРИНОК МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 ноябр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба муҳокимаи самаранокии чорабиниҳои андешидашаванда дар бобати дастгирии соҳибкорӣ дар минтақаҳо ва вазифаҳои бартаринок доир ба инкишофи соҳаи хидматрасонӣ баргузор гардид.

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 ноябр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба муҳокимаи самаранокии чорабиниҳои андешидашаванда дар бобати дастгирии соҳибкорӣ дар минтақаҳо ва вазифаҳои бартаринок доир ба инкишофи соҳаи хидматрасонӣ баргузор гардид.
Тавре ки маълум аст, дар аввали сол ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба мардум муроҷиат намуданд ва нақшаи аниқро дар бобати инкишофи соҳибкорӣ муайян намуданд. Барои татбиқи онҳо, сарфи назар аз вазъияти мураккаби соли ҷорӣ, тамоми шароити ногузир фароҳам оварда шуда, барои дастгирии тиҷорат захираи кифоя ҷудо карда шудааст.
Дар ҷамъомад самаранокии фаъолияти ҳокимон ва роҳбарони секторҳо аз рӯйи вазифаи асосие, ки дар пеши онҳо гузошта шудааст ва маҳз дар бобати ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор ва аз «дафтари оҳанин» баровардани оилаҳои камтаъмин баррасӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар даҳ моҳ дар вилояти Сирдарё 12 ҳазор ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Дар натиҷа қариб 90 фоизи бекороне, ки дар «дафтари оҳанин» дохил гаштаанд, бо кор таъмин гардиданд.
Нишондодҳои ба вуҷуд овардани ҷойи кор дар шаҳри Қаршӣ ва ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё, ноҳияҳои Қизилтеппа, Учқудуқ, Навбаҳор ва шаҳри Зарафшони вилояти Навоӣ муваффақиятнок шинохта шуданд. Аммо дар баъзе ноҳияҳо кор дар ин самт ғайриқаноатбахш ҳисобида шуд.
– Дар ҳар як минтақа барои инкишофи соҳибкорӣ захираи зиёд мавҷуд аст. Фақат онро ба кор андохтан зарур. Роҳбарон дар маҳалҳо ҳар рӯз бояд дар болои ин кор кунанд, – таъкид кард роҳбари давлат.
Дар аввали сол барои таъмини молиявии барномаи соҳибкории оила ҷудо намудани 4 триллион сӯм ба нақша гирифта шуда буд. Аммо ба туфайли ҷудо намудани маблағи иловагӣ дар зарфи сол кредитҳои имтиёзнок ба аҳолӣ ва соҳибкорон ба миқдори умумии 5,2 триллион сӯм пешниҳод шуд.
Дар ҷамъомад самарабахшии истифодаи ин маблағ таҳлил гардид. Барои мисол дар ноҳияи Шовот 26 миллиард сӯм кредит ба оилаҳое ҷудо карда шуда буд, ки дар натиҷа 1,5 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд оварда шуд. Агар ба суханони дигар ифода намоем, ба ҳар як миллиард сӯм 56 ҷойи кор рост меояд.
Ин нишондод дар ноҳияи Қӯшработ 57 ва дар ноҳияи Музработ 49 ҷойи корро ташкил намуд.
Таъкид шуд, ки соҳибкорон барои татбиқи лоиҳаҳои нав ба маблағи кредит дар миқдори 1 триллион сӯм ниёз доранд. Бинобар ин ба Вазорати молия дар Бонки халқӣ, Микрокредитбонк ва Агробонк ба сифати захира барои барномаи тиҷорати оилавӣ 1 триллион сӯм ҷойгир намудан супурда шуд, ки аз ҳисоби истеҳсоли еврооблигатсия ҷалб гаштааст.
Ба Бонки халқӣ омода намудани лоиҳаҳо дар заминаи соҳибкории занон, омӯзиши занон ба ҷорӣ намудани тиҷорат супурда шуд. Ишора гардид, ки ҳамзамон ходимони бонк бевосита бояд ба занҳои аз лиҳози соҳибкорӣ истиқболнок, аз он ҷумла ба маҳалҳо рафта, кӯмак намоянд. 
Дар натиҷаи пешниҳод кардани имтиёзот барои фаъолияти соҳибкорон дар даҳ моҳи гузашта 78 ҳазор корхона ба вуҷуд оварда шуд. Аз он ҷумла дар минтақаи хурди саноатии нави ноҳияи Хавос аз ҳисоби татбиқи 7 лоиҳа 500 ҷойи кор ба вуҷуд оварда шуд. Умуман, дар дараҷаи ноҳия 170 корхонаи нав кушода шуд.
Кор дар бобати рағбатноксозии соҳибкории фаъол дар ноҳияҳои Ёзёвон, Учтеппа, Шофиркон ва Бекобод зери танқид гирифта шуд. Ба Вазорати тараққиёти иқтисодӣ ва коҳиши қашшоқӣ ба вуҷуд овардани низоми «бизнес-патронаж» барои мадади ҳамаҷониба ба соҳибкорон дар чунин ноҳияҳои ақибмонда супурда шуд.
Зикр ёфт, ки 96 ҳазор корхонае, ки кори худро дар замони пандемия боз доштаанд, аллакай дубора ба роҳ андохтаанд. Аҳамияти ҳамдастӣ дар бобати барқарор намудани субъектҳои тиҷорати дигар таъкид ёфт.
Соҳибкорон дар минтақаҳо бо масъалаи дастрасӣ ба захираи замин дучор мегарданд, ки масъалаи мазкур дар бисёр муроҷиатҳо ба миён гузошта мешаванд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои инфрасохтор дар маҳалҳо муҳокима гардиданд. Зикр шуд, ки дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ ба 22 ноҳияи дар инкишоф ақибмонда 264 миллиард сӯм ҷудо гардида, умуман ба ноҳияҳои дигар барилова 736 миллиард сӯм ҷудо хоҳад гардид.
Масъала дар бобати озод намудани ҳокимони ноҳияҳои Бухоро, Ҷондор ва Сирдарё аз вазифаашон ба миён гузошта шуд, ки корро дар бобати ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор, ҳалли масъала ва дастгирии соҳибкорон ба таври бояду шояд ташкил нанамудаанд.
Аҳамияти муҳокимаи ҳисоботи ҳокимон дар бораи инкишофи соҳибкорӣ дар ҷамъомадҳои шӯ-роҳои маҳаллӣ бо баҳо додан ба фаъолияти онҳо, муайян намудани нақшаҳои аниқ барои соли 2021 таъкид ёфт.
Хидматрасонӣ  ҷанбаи муҳими иқтисодиёт аст. Дар ҷаҳон саҳми соҳа дар ММД ба ҳисоби миёна 61 фоизро ташкил медиҳад. Дар мамлакатамон ин рақам ба 36 фоиз расид, ҳамзамон 86 фоизи арзиши иловагӣ маҳз дар ҳамин сектор ба вуҷуд оварда мешавад.
Ҳаҷми хидматрасонӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Қароқалпоқистон, Қашқадарё, Намангон ва Сурхондарё аз нишондоди миёнаи мамлакат ду баробар паст аст.
Дар ҷамъомад вуҷуд доштани захираи зиёд дар ин самт таъкид гардида, инкишофи хидматрасонӣ ва сервис дар минтақаҳо ба сифати самти бартаринок дар соли оянда муайян карда шуданд.
Қайд шуд, ки дар навбати аввал аз ҳисоби беҳсозии инфрасохтори наздироҳӣ  ташкил намудани хидматрасонӣ ба 700 миллиард сӯм имконпазир аст. Аз он ҷумла, аз ҳисоби сохтмони 400 объекти калони хидматрасонӣ, ки қад-қади 10 ҳазор километр роҳ  аз ҳудуди беш аз 150 ноҳия ва шаҳр мегузарад.
Ба шахсони масъул ташкил намудани объектҳои савдо ва хидматрасонӣ дар шоҳроҳҳои молики аҳамияти байналхалқии Тошканд – Андиҷон, Тошканд – Тирмиз ва Самарқанд – Нуқус барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор супориш дода шуд.
Аксарияти хидматрасониро аз тариқи ташкил намудани объектҳои савдо бо иштироки сармоягузорон, озуқавории ҷамъиятӣ ва истироҳат бо истифода аз василаҳои сабук дар боғу чорбоғҳо ва ҳамчунин  аз ҳисоби пешниҳод намудани қисми бекорхобидаи муассисаҳои таълим, маданият, варзиш ва тандурустӣ ба соҳибкорон имконпазир аст.
Муайян карда шуд, ки соли оянда барои сохтмони объектҳои варзишӣ бо ҷалб намудани соҳибкорон 500 миллиард сӯм кредит ҷудо карда мешавад.
Имрӯз сектори агросаноатӣ муттасил инкишоф меёбад, талаб ба мутахассисон дар соҳаҳои агрономӣ, зоотехникӣ, ветеринарӣ, ҳимояи растанӣ, тухмипарварӣ барои инкишофи гармхонаҳои замонавӣ, боғҳои интенсивӣ ва хоҷагиҳои чорводорӣ зиёд мегардад.
Аз ин рӯ, номгӯйи хидматрасонии замонавиро дар соҳаи мазкур зиёд намуда, бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ, машғулоти амалӣ ташкил кардан зарур мебошад, таъкид шуд дар ҷамъомад.
Нақлиёт дар соҳаи хидматрасонӣ саҳми аз ҳама зиёд дорад. Дар Тошканд низоми нави идораи нақлиёти ҷамъиятӣ татбиқ мегардад, фаъолияти имрӯзаи он сабаби норизоии аҳолӣ мегардад.
Ба Вазорати нақлиёт бо ҷалб намудани экспертҳои хориҷӣ андешидани чорабиниҳо барои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Нуқус, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои бузург супурда шуд.
Ба дастгирии соҳаи хидматрасонӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Аз он ҷумла, дар ин ҷо тартиби пардохти семоҳаи андоз барои арзиши изофаи соҳибкорони даромади солонаашон камтар аз 1 миллиард сӯм нигоҳ дошта мешавад. Чорабинии мазкур имкон медиҳад, ки ба беш аз 8 ҳазор соҳибкор дар ихтиёри худ нигоҳ доштани гардиши маблағро дар ҳар семоҳа ба миқдори 220 миллиард сӯм имкон медиҳад.
Ғайр аз ин корхонаҳое, ки амвол ва хидматрасонӣ содир менамоянд, бозгардондани андоз барои арзиши илова якбора, ворид гардидани даромади асъорро интизор нашуда, ба амал оварда мешавад. Дар натиҷа дар ихтиёри тоҷирон дар ҳар се моҳ 200 миллиард сӯм маблағи гардишӣ боқӣ мемонад. Ба вазоратҳои масъул супоришоти дахлдор дода шуд.
Ишора гардид, ки ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо барномаи маҳаллии инкишофи соҳаи хидматрасониро таҳия ва татбиқ бояд намоянд. Ба минтақаҳо бонкҳои тиҷоратӣ барои таҳияи лоиҳаҳои намунавӣ ва ҳамдастӣ барои таъмини молиявӣ вобаста карда шуданд. Вазифаи аз ҷониби ҳукумат қабул гардидани қарор гузошта шуд, ки дар он вазифаҳои мушаххас дар қисмати тамоми ноҳияҳо муайян карда мешаванд.

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: