ДАР БОБОТОҒ ГУЗАРГОҲИ НАВИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

Дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё, ки бо ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, дар мавзеи Боботоғ гузаргоҳи нави назоратӣ ба истифода супурда шуд.

Дар чорабинии ба ин муносибат ташкилгардида намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадӣ, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Ҳокими ноҳияи Узун Я. Хидиров, ҳокими вилоятии Хатлони давлати ҳамсоя Ш. Ҷумъазода ва дигарон қайд намуданд, ки ба дараҷаи нав бардошта шудани алоқаҳои азалии дӯстии байни мамлакатҳоямон дар тамоми соҳаҳо натиҷаҳои назаррас мебахшанд. 
– Мавзеи мо бо ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакии Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, – мегӯяд сокини маҳаллаи «Толтуғай»-и ноҳияи Узун Н. Маматов. – Табиист, ки дар ин ҷо аз азал хешонамон зиндагӣ кардаанд. Гузаргоҳи назоратӣ рафту омади сокинони ду мамлакатро осон гардонд.
Дар айни ҳол дар вилояти Сурхондарё се гузаргоҳи назоратӣ фаъолият нишон медиҳад, ки онҳо мамлакатамонро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, барои рафту омади озоди шаҳрвандон хидмат менамоянд. Барои зиёрати қадамҷоҳо, ба роҳ мондани тиҷорати шарикӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
– Дар маҳаллаи «Толтуғай»-и ноҳияи  Узун хешу ақрабои мо зиндагӣ мекунанд, – мегӯяд сокини деҳаи Гулистони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Тағойназаров. – Гузаштагони мо аз як дарё об нӯшида, дар тӯйҳо якҷоя рақсу шодӣ мекарданд. Қайд бояд намуд, ки аёдати хешу табор то ба ҳол душвор буд. Имрӯз ҳамааш дигар шудааст. Мо аз он хурсандем, ки гузаргоҳи нави назоратӣ ба мо дар ҳалли мушкилотамон кӯмак мерасонад. 
Дар чорабинӣ барои меҳмонони тоҷикистонӣ дастархон густурда шуд. Онҳоро бо суманак, нон ва оши палав меҳмон карданд. Суруди мусиқии ҳунарпешагон дар бораи сулҳ, дӯстӣ, садоқат ба ҳама рӯҳи идона бахшиданд. 

Х. МАМАТРАЙИМОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: