ДАР БОРАИ БА ТАРЗИ ШОИСТА ГУЗАРОНИДАНИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо дарназардошти  нақши алоҳида ва аҳамияти  моҳи мубораки Рамазон, ки барои халқамон рамзи накӯӣ, саховат, меҳру мурувват ба ҳисоб меравад, бобати дар ҳаёти иҷтимоиамон мустаҳкам кардани муҳити аҳлӣ ва  ҳамҷиҳатӣ, инчунин ба мақсади васеъ тарғиб намудани моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси ислом, осоиш, кушодадилӣ, шукргузорӣ барин ғояҳои олиҷаноби он,  ҳифз намудан ва арҷ гузоштан ба суннатҳои диниву маърифатӣ:
1. Ахбори Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи он, ки соли 2018 оғози моҳи Рамазон ба 17-уми май рост меояд, ба сифати маълумот қабул карда шавад.
2.Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки якҷо бо Бунёди дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний», Кенгаши ҷумҳуриявии мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ чораҳои вобаста ба дар маҳалҳо мувофиқи анъана, суннатҳо ва урфу одатҳои миллӣ гузаронидани моҳи Рамазонро амалӣ намоянд.
Дар маҳалҳо чорабиниҳои маърифатӣ ва корҳои тарғиботие, ки ба гиромидошти ғояҳои неки дар моҳи Рамазон таҷассумёфта, рукнҳои дини муқаддасамон, расидан ба қадри ҳаёти осудаи ҳозира, ба якдигар некӣ кардани одамон, аҳлу ҳамҷиҳат умр ба сар бурдан даъват менамояд, дар рӯҳи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва динӣ тарбия намудани авлоди ҷавон хидмат мекунад, ба роҳ монда шаванд.
Дар ин моҳи шариф ба аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кардани шахсони эҳтиёҷманд, дар хонавода ва маҳаллаҳо, беш аз пеш мустаҳкам намудани муҳити меҳру мурувват ва эҳтироми тарафайн, боз ҳам пурзӯр гардондани чорабиниҳо бобати обод кардани зиёратгоҳҳо, қабристонҳои алломаҳои бузург, азизу авлиёҳо аҳамияти махсус дода шавад.
3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии ахбори миллии Ӯзбекистон ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки тамоми чорабиниҳои вобаста ба гузаронидани моҳи Рамазонро васеъ равшан кунанд.   
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
11 майи соли 2018
.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: