ДАР БОРАИ БА ТАВРИ МУНОСИБ БАРГУЗОР НАМУДАНИ МОҲИ МУҚАДДАСИ РАМАЗОН

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Моҳи муқаддаси Рамазон, ки мардуми мо тӯли асрҳо онро ҳамчун моҳи меҳрубонӣ, саховатмандӣ, сабру тоқат ва меҳру шафқат таҷлил мекунад, имсол ба вазъи мураккаби эпидемиологӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон ба амал омадааст, рост меояд. Ҳатто дар чунин шароити вазнин, мусулмонони кишвари мо, ки амалҳои ибодати дини муқаддаси моро дар хона, ҳалқаи оила иҷро мекунанд, ин моҳи муборакро бо эътимоди бузург ва шодмонӣ ба фардо  ҳамчун нишонаи раҳмат ва мағфирати бебаҳои Офаридгор пешвоз мегиранд.

Бо дарназардошти аҳамияти моҳи мубораки Рамазон дар таҳкими суботи маънавиву рӯҳии ҷамъиятамон, рафъи озмоишу душвориҳои имрӯзаи мураккаб дар ваҳдату ҳамбастагӣ бо халқ ва ҷаҳон, инчунин ба мақсади васеъ тарғиб намудани моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси ислом, ғояҳои неки сулҳу таҳаммул, кушодадилӣ ва шукргузорӣ, ҳифз ва ҷалол додани арзишҳои динию маърифатӣ ва фарҳангии мо:

1. Ахбори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи ба 24 апрел рост омадани моҳи мубораки Рамазон ба сифати маълумот қабул карда шавад.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Вазорати маҳалла ва дастгирии оила инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии дигар барои дар шароити хона,  ҳалқаи оила бо қатъӣ риоя намудан ба қоидаҳои карантин баргузор намудани моҳи Рамазон  тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ба минбаъд мустаҳкам намудани чорабиниҳои ташкилӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони ба кӯмак мӯҳтоҷ ва  ниёзманд, таҳкими фазои меҳрубонӣ ва эҳтироми тарафайн дар оила ва маҳаллаҳо диққати махсус диҳанд.

3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки бо назардошти вазъияти эпидемиологии мавҷуда дар рӯҳи динию маърифатӣ суҳбату маърӯзаҳои онлайн ташкил намоянд, чорабиниҳои ба дар шароити хона  баргузор намудани моҳи Рамазони имсола марбутро равшан намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон           Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,

20 апрели соли 2020.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: