ДАР БОРАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МИҚДОРИ МУЗДИ МЕҲНАТ, НАФАҚА ВА КУМАКПУЛИҲО

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади васеъ намудани миқёси тадбирҳое, ки ба баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ, давом додани сиёсати пай дар пай зиёд кардани даромади шаҳрвандон ва пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии онҳо, инчунин ҳавасмандгардонии иловагии меҳнати кормандони педагогӣ ва тиб нигаронида шудаанд:
1. Аз 1 сентябри соли 2024 ҳаҷми нафақа ва кумакпулиҳо 15 фоиз зиёд карда шавад. Дар ин ҳолат: 
андозаи асосии ҳисоб кардани нафақа – моҳе 428 000 сӯм;
миқдори ҳадди ақали нафақаи пиронсолӣ – моҳе 834 000 сӯм;
миқдори ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ – моҳе 920 000 сӯм; 
миқдори дигар нафақа ва кумакпулиҳое, ки ба шаҳрвандон пардохта мешаванд, мувофиқи замима муқаррар карда шавад.
2. Аз 1 октябри соли 2024: 
миқдори музди меҳнати кормандони соҳаи тиб, ки дар ташкилотҳои буҷавӣ кор мекунанд, инчунин кормандони педагогӣ, ки дар муассиса ва ташкилотҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва беруназмактабӣ, хона-интернатҳои «Мурувват», хонаҳои кӯдакон ва Меҳрубонӣ, санаторияҳои кӯдакона кор мекунанд, 15 фоиз зиёд карда шавад; 
миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои коркуноне, ки дар банди дуюми ҳамин пункт пешбинӣ шудаанд, 10 фоиз зиёд карда шавад; 
миқдори ҳадди ақали пардохти меҳнат моҳе – 1 155 000 сӯм муқаррар карда шавад; 
андозаи асосии ҳисоб – 375 000 сӯм муқаррар карда шавад.
3. Хароҷоти вобаста ба зиёд кардани музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва кумакпулиҳо аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фонди нафақаи ғайрибуҷетии назди Вазорати иқтисод ва молия пардохта мешавад. 
4. Ба корфармоён тавсия дода шавад, ки баланд бардоштани миқдори  музди меҳнатро мутобиқи миқдори  ҳадди ақали музди меҳнат амалӣ намуда, пардохти музди меҳнатро на камтар аз ҳадди ақали музди меҳнати муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ таъмин намоянд.
5. Ба Вазорати иқтисодиёт ва молия супурда шавад, ки якҷоя бо Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Агентии ахбор ва  коммуникатсияҳои оммавӣ корҳоро оид ба васеъ равшан намудани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур, натиҷаҳои пешбинишаванда дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаи Интернет ва иҷтимоӣ ташкил кунад.
6. Масъулияти шахсӣ барои таъмини иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ.А. Қӯчқоров гузошта шавад.
Муҳокимаи рафти иҷрои Фармони мазкур, амалӣ намудани мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ба иҷрои онҳо масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистан    
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
12 августи соли 2024

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: