ДАР БОРАИ БАРГУЗОР КАРДАНИ ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САНЪАТИ БАХШИГӢ

Таърих ва маданияти азалии ҳама гуна мардум, пеш аз ҳама дар эҷодиёти шифоҳии он – фолклор, достонҳои халқӣ таҷассум меёбанд, ки дар ҳифз ва рушди суннат ва анъанаҳои миллӣ манбаи бебаҳо ба шумор меравад.

Бо мақсади ҳифз кардан ва инкишоф додан, васеъ шинос кардани ҷомеа бо намунаҳои нотакрори санъати миллии ӯзбек ҳофизон-бахшиён, дар ҷавонон баланд бардоштани эҳсоси эҳтиром ва эътибор ба ин намуди санъат, мустаҳкам кардани дӯстӣ ва бародарии халқҳо, вусъат додани доираи робитаҳои эҷодӣ, ҳамкориҳои маданиву инсонпарварӣ дар миқёси байналхалқӣ:
1. Таклифи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Фарҳангистони улум ва ҳокимияти вилояти Сурхондарё бобати дар шаҳри Тирмиз дар ду сол як бор созмон додани Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ (минбаъд – Ҷашнвора) ва 5-10 апрели соли 2019 гузаронидани Ҷашнвораи аввалин маъқул дониста шавад.
2. Таркиби Кумитаи тадорукот оид ба тайёр кардан ва гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ (минбаъд – Кумитаи тадорукот) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки дар муҳлати 10 рӯз:
дастур ва тартиби баргузор кардани ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ;
«харитаи амалиёт»-и баргузор кардани ҷашнвораро дар соли 2019-ум кор карда барояд ва тасдиқ кунад.
3. Ба Кумитаи тадорукот (А.Арипов) супурда шавад, ки:
иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои оид ба гузарондани Ҷашнвора муайяншуда;
коркард ва тасдиқи намунаи диплом, сертификат ва ҳайкалчаҳоеро, ки ба ғолибони Ҷашнвора супурда мешаванд;
ҳаллу фасли масъалаҳои дигари вобаста ба созмон додан ва гузаронидани Ҷашнвораро таъмин намояд.
4. Ҳокимияти вилояти Сурхондарё ва Вазорати фарҳанг барои ташкил кардан ва гузарондани Ҷашнвора масъул Муайян карда шаванд.
5. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
ба Вазорати фарҳанг бобати ба Ҷашнвора даъват кардани олимону фолклоршиносони шинохта, ҳофизони халқӣ – бахшиҳо, ошуғҳо, оқинҳо ва сарояндагон, ҷамоаҳои эҷодӣ, намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ ва меҳмонони ифтихорӣ аз кишварҳои хориҷӣ кӯмаки амалӣ расонад;
бино бар дархости Вазорати фарҳанг мувофиқи тартиби муқарраршуда бидуни ситондани боҷҳои консулӣ ва ғайра  бақайдгирии визаҳои сафарии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои меҳмононе, ки ба Ҷашнвора меоянд, таъмин кунад.
6. Ба Вазорати фарҳанг супурда шавад, ки барои тайёрии ҷиддиву ҳамаҷонибаи маросими кушоиши тантанавии Ҷашнвора ва дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ гузарондани он таҳиягарон ва коргардонҳои ботаҷрибаву баландихтисос, балетмейстерҳо, рассомони саҳна, ҳунарпешаҳои ҷавони боистеъдодро ҷалб намояд.
7. Ба ҳокимияти вилояти Сурхондарё супурда шавад, ки корҳои ташкилиро бино бар ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Тирмиз, ҳамчунин ҳамаҷониба тайёр кардани майдонҳои саҳнавиро барои баргузор намудани чорабиниҳои Ҷашнвора таъмин кунад.
8. Ба Вазорати фарҳанг супурда шавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, Фарҳангистони бадеӣ, Бунёди байналхалқии хайрияи «Олтин мерос», Иттиҳоди нависандагон, Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон ва иттиҳодияи «Ҳунарманд»:
дар доираи Ҷашнвора дар майдонҳое, ки ба ҳудуди муассисаи давлатии «Сурхондарё санъат саройи» наздиканд, экспозитсияҳои мухталифро бахшида ба санъати бахшигӣ, намоишгоҳ-фурӯшгоҳи асбобҳои мусиқии миллӣ ва сару либосҳо, маснуоти ҳунармандӣ, асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ, ҳайкалчаҳо, наворҳои аудиоӣ ва видеоӣ, китобҳо, мусаввадаҳо, суратҳо, намоиши филмҳои бадеӣ ва мустанад;
коркарди барномаи Ҷашнвора ва се моҳ пеш аз оғози Ҷашнвора ба созмонҳои сайёҳӣ супурдан ва дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои Интернет интишор кардани он;
дар муҳлати як моҳ созмон додан ва ба кор супурдани веб-сайти Ҷашнвора, навсозии мунтазами ахбор, маводи аудиоӣ ва видеоӣ, суратҳои онро таъмин кунад. 
9. Ба Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳокимияти вилояти Сурхондарё супурда шавад, ки бобати дар меҳмонхонаҳо бандкунии ҷой барои иштирокдорон ва меҳмонони Ҷашнвора чораҳо андешад.
10. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти тайёрӣ дидан ва баргузор кардани Ҷашнвора бо саҳми баробар аз ҳисоби маблағҳои Бунёди рушди фарҳанг ва санъати назди Вазорати фарҳанг, буҷаи маҳаллии вилояти Сурхондарё, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои васоятгарӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, сарпӯш карда мешаванд.
11. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки корҳои вобаста ба тайёрӣ ва баргузории Ҷашнвораро васеъ равшан кунанд.
12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
1 ноябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: