ДАР БОРАИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САНЪАТИ ХАЛҚИВУ АМАЛӢ

Ба мақсади амиқ омӯхтан ва оммавӣ гардондани таърихи қадимӣ ва фарҳанги халқамон, бо санъати халқиву амалии серқирраи ӯзбек, ки қисми ҷудонопазири мероси ғайримоддии маданӣ ва намунаҳои беназири он ба ҳисоб меравад, васеъ шинос намудани ҷомеа, инчунин бо роҳи мубодилаи таҷриба дар ин самт минбаъд мустаҳкам кардани дӯстӣ ва ҳамкорӣ, алоқаҳои маданиву инсонпарварии байни халқҳо, эҳё намудан ва нигоҳ доштани анъанаҳои касбӣ ва мактабҳои ҳунармандӣ:

1. Таклифоти Вазорати маданият, Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, Палатаи савдову саноат, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд», Академии бадеии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Фарғона оиди дар шаҳри Қӯқанд дар ду сол як маротиба ташкил кардани фестивали байналхалқии санъати халқиву амалӣ (минбаъд – Фестивал), оиди 10-15 сентябри соли 2019 баргузор намудани Фестивали якум ва дар доираи он конфронси илмиву амалӣ таҳти мавзӯи «Пешомади рушди ҳунармандӣ ва санъати халқиву амалӣ» маъқул дниста шавад.
2. Таркиби Кумитаи ташкилӣ оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани Фестивали байналхалқии санъати халқиву амалӣ (минбаъд – Кумитаи ташкилӣ) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Девони Вазирон дар муҳлати як ҳафта:
Низом дар бораи тартиби баргузор намудани Фестивали байналхалқии санъати халқиву амалӣ;
«Харитаи роҳ» оид ба баргузор намудани фестивал дар соли 2019-умро таҳия ва тасдиқ намояд.
3. Ба зиммаи Кумитаи ташкилӣ (А.Арипов) таъмин кардани:
иҷрои сари вақт ва хушсифати вазифаҳо бино бар баргузор намудани фестивал;
коркард ва тасдиқи намунаҳои диплом, сертификат ва ҳайкалчаҳо, ки ба ҷоизадорони фестивал  супурда мешаванд;
ҳаллу фасли масъалаҳои дигари ба ташкил ва дар дараҷаи олӣ баргузор намудани фестивал алоқаманд гузошта шавад.
4. Таклифоти Палатаи савдову саноат, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ва ҳокимияти вилояти Фарғона оиди масъул таъин намудани онҳо барои ташкил ва баргузор намудани фестивал маъқул дониста шавад.
5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
ба Палатаи савдову саноат ва Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» дар ба фестивал аз мамлакатҳои хориҷӣ даъват намудани устодони машҳур ва ҳунармандон, мутахассисон, олимон ва санъатшиносони соҳаи мазкур, меҳмонони фахрӣ ёрии амалӣ расонад;
бино бар дархости Палатаи савдову саноат ва Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ба иштирокдорони хориҷӣ ва меҳмонони Фестивал расмӣ гардондани визаҳои вуруд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар таркиби муқарраргардида бидуни ситондани боҷҳои консулӣ ва дигар таъмин намояд.
6. Ҳокимияти вилояти Фарғона ташкили корҳоро бино бар ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Қӯқанд, инчунин тайёрии зарурии майдонҳои саҳнавиро барои баргузор намудани чорабиниҳои фестивал таъмин кунад.
7. Вазорати маданият якҷоя бо Палатаи савдову саноат, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон сенариянависони бонуфуз, режиссёрон ва ҳунарпешагон, нависандагону шоирони машҳур, устодони ҳунарманд, устодони ҷавони боистеъдоди санъатро барои тайёрии ҷиддии ҳамаҷонибаи маросими кушоиши тантанавии Фестивал дар дараҷаи баланди ташкилӣ ва бадеӣ ҷалб намояд.
8. Палатаи савдову саноат ва Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» якҷоя бо Вазорати маданият, Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, Академияи бадеии Ӯзбекистон:
дар доираи Фестивал дар ҳудуди шафати майдони марказии шаҳри Қӯқанд ташкил кардани экспозитсияро бахшида ба самтҳои гуногуни санъати халқиву амалӣ, бо намоиш додани дастгоҳҳои қадимии ҳунармандӣ ва ҷараёни тайёр кардани маҳсулот, намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ, инчунин филмҳои тематикии бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, китобҳо, албомҳо ва суратҳо;
коркарди барномаҳои Фестивал, бо он се моҳ пеш аз фестивал шинос намудани ташкилотҳои сайёҳӣ ва дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаи интернет ҷойир намудани он;
дар доираи Фестивал ташкил кардани намоиши коллексияи костюмҳои миллӣ, баромадҳои ҳаҷвнигорон ва намоишҳои театрикунондашудаи дорбозон бо иштироки ҷамоаҳои касбӣ ва эҷодии фолклорӣ;
ба тақвими сайёҳӣ ворид намудани Фестивал ва андешидани чораҳоро барои фаъол ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамон таъмин намоянд.
9. Палатаи савдову саноат, Кумитаи давлатии оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳокимияти вилояти Фарғона чораҳои барои иштирокдорон ва меҳмонони Фестивал ҷудо кардани ҷойҳоро таъмин кунад.
10. Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» бино бар дархости Палатаи савдову саноат ва Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» дар тартиби муқарраргардида иштирокдорони Фестивалро бо билетҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан таъмин намояд.
11. Муқаррар карда шавад, ки хароҷотҳои ба тайёрӣ ва баргузор намудани фестивал алоқаманд мувофиқи сметае, ки ба тартиби муқарраргардида аз ҷониби Кумитаи ташкилӣ таҳия ва тасдиқ шудааст:
50 фоиз – аз ҳисоби маблағи Фонди захираи Девони Вазирон;
50 фоиз –  аз ҳисоби маблағҳои иловагии Буҷаи маҳаллии вилояти Фарғона, инчунин маблағҳои ҳомиён ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пӯшонда мешаванд.
12. Ҳокимияти шаҳри Тошканд пешвозгирӣ, ҷойгир намудани иштирокдорони хориҷии фестивал ва ба шаҳри Қӯқанд фиристодани онҳоро ташкил намояд.
13. Ба Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбори «Дунё» ва воситаҳои ахбори оммавии дигар васеъ равшан намудани рафти тайёрӣ ва баргузор намудани Фестивал тавсия дода шавад.
14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 1 ноябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: