ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА 70-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ДЕКЛАРАТСИЯИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар мамлакатамон маҷмӯи чорабиниҳои ба бунёди давлати ҳуқуқии демократӣ, ҷамъияти пурзӯри шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиёт, ки аз муносибатҳои озоди бозаргонӣ асос ёфтааст ва устувории моликияти хусусӣ, фароҳам овардани шароит барои ҳаёти осуда ва некӯҳолии мардум, дар арсаи байналхалқӣ ҷойи муносиб ишғол намудани Ӯзбекистон нигарондашуда амалӣ гардиданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар асоси он қабул гардидани қонунҳо ба пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқии ислоҳсозии тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлат ва ҷамъият асос гузошт.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамоюлҳои асосии дар Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ба назар гирифташуда инъикос ёфтаанд, ки яке аз ҳуҷҷатҳои аввалини байналхалқиву ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, ба он Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъд аз истиқлолиятро ба даст овардан ҳамроҳ гардид.
Имрӯз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 70 ҳуҷҷати асосӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамроҳ шуда, иштирокдори 10 шартномаи асосии байналхалқии СММ гардид, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шудааст.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон модели худии низомнок ва зина ба зинаи ба қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ имплементатсия намудани андозаҳои байналхалқӣ, низоми миллии мониторинги риояи ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодии инсон ташаккул ёфтааст.
Дар доираи татбиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд, оид ба минбаъд мустаҳкам намудани ҷой ва нақши мамлакат ба сифати субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ, ворид гардидан ба сафи давлатҳои мутараққии демократӣ, дар атрофи Ӯзбекистон созмон додани ҳалқаи бехатарӣ, устуворӣ ва некҳамсоягӣ пайваста чораҳо андешида мешаванд.
Ба мақсади пурзӯр гардондани эътибори давлат, ҷамъият ва шаҳрвандон ба арзишҳо ва тамоюлҳои Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, инчунин минбаъд такмил додани низоми чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва дигар, ки ба таъмин кардани ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ва озодии инсон, инчунин баланд бардоштани самарабахшии механизмҳо ва тартиботи иплементатсияи андозаҳои байналхалқии ҳуқуқ ва озодии инсон ба қонунгузорӣ ва таҷрибаи фаъолияти мақомоти давлатӣ нигаронда шудаанд:
1. Барномаи чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии қабули Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон (минбаъд – Барнома) мувофиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи оид ба татбиқи Барномаи чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии қабули Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон (минбаъд – Комиссия) дар таркиби мувофиқи замимаи №2 таъсис дода шавад.
Вазифаҳои асосии Комиссия инҳо муайян карда шаванд:
мутобиқсозии фаъолияти иҷрокунандагони масъул бино бар татбиқи чорабиниҳо, ки дар Барнома пешбинӣ шудааст;
расондани кӯмаки ҳамаҷониба дар ташкили иҷрои чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда ва амалӣ гардондани мониторинг барои татбиқи саривақтии онҳо;
таъмин кардани ҳамкории наздик бо созмонҳои байналхалқӣ, пеш аз ҳама бо муассисаҳои СММ, бино бар иштироки фаъоли намояндагони Ӯзбекистон дар чорабиниҳои байналхалқӣ бахшида ба 70-солагии қабули Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон;
дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан намудани чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии қабули Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, корҳои васеъмиқёсе, ки дар мамлакат бино бар амиқгардонии ислоҳоти демократӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ татбиқ мегарданду мақсад ва шартҳои амалӣ гардондани онҳо инсон, ҳуқуқ ва озодии он ба ҳисоб меравад.
3. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон 10 декабри соли 2018 дар тамоми мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, муассисаҳои таълими олии мамлакат бахшида ба 70-солагии қабули Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон дарсҳои умумимиллӣ гузаронанд.
4. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии  ахбори Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии  воситаҳои ахбори оммавии электронӣ ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки бо кӯмаки машваратии вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар ҳамаҷониба равшан намудани рафти татбиқи Барнома барномаҳои мавзӯгӣ ва материалҳо эълон намоянд.
5. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. А. Худайбергенов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
5 майи соли 2018. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: