ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ «YOSHLAR – KELAJAGIMIZ»

Тарбия кардани ҷавонони комил, ҷӯёву пӯё, ки дорои дониш ва маълумоти замонавӣ буда, барои ояндаи сазовори мамлакат масъулиятро ба дӯши худ гирифта метавонанд, шарти муҳимтарини рушди устувор ва муттасили кишвар ба шумор меравад.

Солҳои охир бобати кашфи иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва дахлдории онҳо нисбат ба ислоҳоте, ки татбиқ мегарданд, корҳои зиёд амалӣ шуданд. 
Баробари ин дар маҳалҳо то ҳол мушкилоте боқӣ мемонанд, ки ба баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон, ҷалби васеи онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, татбиқ сохтани ғояҳои пешомаднок ва лоиҳаҳои соҳибкорони ҷавон, ҳамчунин дар ин поя барои бо шуғл таъмин намудани ҷавонон монеа мешаванд. 
Аз ҷумла, барномаҳои мақсаднок татбиқ намегарданд, дар маҳалҳо бинобар рушди маҷмӯии соҳибкории ҷавонон ва ҷалби фаъоли онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда  нашудаанд, ки шарти муҳимтарини таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошанд.
Дар маҳалҳо то ҳол бефарқӣ ва беэътибории шахсони мансабдори мақомот ва созмонҳои давлатӣ ба баланд бардоштани саводи соҳибкории ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба аз худ кардан ва ба роҳ мондани тиҷорат боқӣ мемонанд.
Ба мақсади ҳамаҷониба дастгирӣ намудани соҳибкории ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои ҷалби фаъоли ҷавонон ба тиҷорат, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва бошуғлфарогирии ҷавонон, ҳамчунин мувофиқи вазифаҳои Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки дар ноҳияи Қуйи Чирчиқи вилояти Тошканд ва ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд Барномаи давлатии «Yoshlar - kelajagimiz» татбиқ мегардад, ки ба бо шуғл таъминсозии ҷавонон аз тариқи кӯмак ва дастгирӣ бобати татбиқ намудани ташаббусҳои тиҷоратӣ, стартапҳо, ғояҳо ва лоиҳаҳои ҷавонон, ба ҷавонони бекор омӯзондани ихтисос ва касбҳое, ки дар бозори меҳнат харидоргиранд, таълими тартиби кори тиҷорат, ҳамчунин умуман баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву иқтисодии онҳо нигаронида шудааст.
2. Аз 1 июли соли 2018 Барномаи давлатии «Yoshlar - kelajagimiz» (минбаъд – Барномаи давлатӣ) дар тамоми ноҳияҳо (шаҳрҳо)-и ҷумҳурӣ татбиқ карда шаванд.
Муайян карда шавад, ки дар доираи Барномаи давлатӣ инҳо татбиқ карда мешаванд:
а) дар назди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Бунёди «Yoshlar - kelajagimiz» (минбаъд – Бунёд), ҳамчунин бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии он бо истифода аз маблағҳои Бунёд барои бо маблағ таъмин кардани чорабиниҳои Барномаи давлатӣ, аз ҷумла;
аз тариқи бонкҳои тиҷоратӣ пешниҳод намудани вомҳои имтиёзнок ва молу мулк бо лизинг бо ставкаи 7 фоизи солона барои татбиқ сохтани ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо;
кафолатдиҳӣ бинобар вомҳое, ки дар доираи Барномаи давлатӣ, дар ҳаҷми на бештар аз 50 фоизи миқдори вом гирифта мешаванд;
иштирок дар лоиҳаҳои соҳибкорие, ки дар доираи Барномаи давлатӣ татбиқ мешаванд, дар ҳаҷми на бештар аз 50 фоизи арзиши онҳо бо минбаъд додани саҳми Бунёд дар тӯли 5 сол;
то 20 сар харид кардани чӯҷа ва харгӯш, 5 сар моли реза ва 2 сар чорвои калони шохдор барои хоҷагиҳое, ки дар онҳо ҷавонони бекор зисту зиндагӣ мекунанду донишҳои зарурӣ доранд, кӯмакрасонӣ барои парвариш ва минбаъд фурӯши онҳо бо баргардондани арзиши онҳо дар муҳлатҳои пешбинишуда;
б) ба роҳ мондани бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси ҷавонон, омӯзондани касбҳои харидоргир дар бозори меҳнат, ҳамчунин маълумоти вобаста ба тиҷорат;
в) сохтмон бо шартҳои шарикии давлативу хусусӣ:
марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» барои ба соҳибкорони ҷавон бо шартҳои имтиёзнок пешниҳод кардани иҷораи бино, техникаҳои идоравӣ ва маводи хароҷот, дастёбӣ ба шабакаҳои Интернет, ҳамчунин кӯмакҳои дигар дар татбиқсозии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо, аз ҷумла коркарди нақшаҳои тиҷоратӣ, хидматрасонии машваратӣ, ҳуқуқӣ, муҳосибӣ ва хелҳои дигари хидмат, ташкил кардани анҷуманҳо, сабақҳои устодӣ ва машваратҳо;
маҷмуъҳои «Yoshlar  mehnat guzari» дар ноҳияҳои сершуғл барои сохтани майдонҳои тиҷоративу маишӣ ва корхонаҳои кӯчак.
3. Муқаррар карда шавад, ки сохтмони марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari» бо шартҳои зерини шарикии давлативу хусусӣ татбиқ карда мешавад:
а) ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо):
барои сармоягузорони хусусӣ, ба тартиби мустасно, аз тариқи додугирифти бевоситаи қитъаҳои замин (биноҳои бекор) барои истифодаи доимӣ баҳри сохтмон (ҷойгиркунӣ)-и марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari», ҳамчунин иншооти дигарро ҷудо мекунанд;
аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) нақл ва пайвандкунии марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari»-ро ба коммуникатсияҳои муҳандисӣ, аз ҷумла шабакаҳои таъминоти электр, газ ва об таъмин менамоянд;
б) Бунёд ҳуқуқ дорад дар тартиби то 30 фоиз маблағгузории арзиши сохтмони марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari» бо минбаъд сармоягузории маблағҳои мазкур ба бунёд (сармоя)-и оинномавии онҳо иштирок кунад;
в) сармоягузорони хусусӣ ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ мегиранд, ки:
на камтар аз 70 фоизи арзиши сохтмонро бо маблағ таъмин менамоянд ва сохтмону ба истифода супурдани марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari»-ро дар муҳлатҳои муайяншуда ва мувофиқи лоиҳаҳои намунавӣ таъмин мекунанд;
ба соҳибкорони ҷавон – иштирокдорони Барномаи давлатӣ барои марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои  «Yoshlar mehnat guzari» бино пешниҳод мекунанд, ба онҳо бинобар нархҳои мусоид хидмат мерасонанд, ҳамчунин дар онҳо мустақилона фаъолияти соҳибкориро бо шарти ба кор қабул кардани ҷавонони бешуғл ба миқдори на камтар аз 70 фоизи миқдори умумии ҷойҳои корӣ ба роҳ мемонанд;
бидуни подош барои марказҳои коворкингии  «Yosh tadbirkorlar» бино бар ҷойгир кунонии бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии Бунёд бино пешниҳод менамоянд;
г) таъминоти марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari» аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хусусӣ амалӣ мешавад;
д) маблағҳое, ки ба сохтмони марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari» равона мешаванд, аз пойгоҳи андозситонии сармоягузорони хусусӣ бароварда мешаванд.
Муқаррар карда шавад, ки амали Барномаи давлатӣ дар субъектҳои соҳибкорони ҷавон, субъектҳои соҳибкорие, ки 50 фоиз ва аксарияти таъсисгаронашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳамчунин субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла сармоягузорони хориҷӣ, ки бинобар пешниҳоди на камтар аз 70 фоизи ҷойҳои кории фароҳамовардашударо барои бо кор таъмин кардани ҷавонон дар тӯли 5 сол ба зиммаи худ гирифтаанд, ҷорӣ карда мешавад.
4. Инҳо манбаъҳои ташаккулдиҳии маблағҳои Бунёд дар соли 2018-ум муайян карда шаванд:
кӯмаки беподоши молиявӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷалб намудани қисми пешбинишудаи даромадҳо дар ҳаҷми 500 миллиард сӯм, ки дар моҳи июл, то 1 октябр ва то 1 декабри соли 2018-ум бо ҳиссаҳои баробар ҷудо карда мешаванд;
маблағгузорӣ дар ҳаҷми 1 фоизи даромадҳои ҳарсола ба бунёдҳои ғайрибуҷавии вазоратҳо, кумита ва идораҳои давлатӣ, ки дар ҳар 3 моҳ ба Бунёд гузаронида мешаванд;
10 фоизи маблағҳое, ки ҳар моҳ ба Бунёди рушди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон мувофиқи боби 13-уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 июли соли 2017 №ФП-5106 «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирӣ намудани фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон»;
грантҳои созмонҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналхалқӣ;
маблағҳои хайрияи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
даромадҳо аз тақсим кардани маблағҳои муваққатан озоди Бунёд дар бонкҳои тиҷоратӣ;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
7. Муқаррар карда шавад, ки:
ба Бунёд директори иҷрогар – муовини аввали раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад;
ба бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии Бунёд соҳибкорони ҷавони муваффақи ноҳия ва шаҳрҳои дахлдор, ки директорони иҷрогари Бунёд таъин шудаанд, сарварӣ мекунанд;
то 30 фоизи ходимони мақомоти ҷумҳурӣ ва ҳудудии маҷмӯъҳои сармоявӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин бонкҳои тиҷоратии бомаблағтаъминкунӣ ба Бунёд, ба бахшҳои ноҳиявиву шаҳрии он бо нигоҳдоштани вазифа ва музди меҳнат бинобар ҷойи асосии кор ҷалб карда мешаванд.
8. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
сохтори Бунёди «Yoshlar - kelajagimiz» дар назди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ҳамчунин сохтори намунавии бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии он мувофиқи замимаҳои №№1 ва 2;
таркиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳибкории ҷавонон мувофиқи замимаи №3.
9. Дар ноҳия ва шаҳрҳо комиссияҳои оид ба рушди соҳибкории ҷавонон (минбаъд-комиссияҳо) бо роҳбарии муовинони ҳокимон оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ, корҳои маънавиву маърифатӣ ва муовинони роҳбарони раёсатҳо (шуъбаҳо)-и корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон, раисони шӯроҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ҳамчунин роҳбарони шуъбаҳои Маркази кӯмакрасонӣ ба соҳибкорӣ таъсис дода шаванд.
Инҳо вазифаҳои асосии комиссияҳо муайян карда шаванд:
якҷо бо ходимони ҷалбкардашудаи мақомоти ҳудудии маҷмӯъҳои сармоявӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин бонкҳои тиҷоратии бомаблағтаъминкунанда, мақомоти худидораи шаҳрвандони назорати ҳавлӣ ва вохӯриҳо бо аҳолӣ ба мақсади муайян кардани ҷавонони бекоре, ки мехоҳанд бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, мушаххас сохтани ноҳияҳо (шаҳарҳо) ва ташаккул додани шиносномаҳои ҷавонони онҳо;
кӯмакрасонӣ дар коркарди ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо, тайёр кардан ва ба қайд гирифтани ҳуҷҷат барои маводи зарурӣ бо ҷалби ходимони мақомоти ҳудудии маҷмӯъҳои сармоявӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин бонкҳои тиҷоратие, ки бо маблағ таъмин мекунанд;
бинобар раванди «равзанаи ягона» таъмин кардани баррасии аризаҳо барои кӯмакрасонӣ дар татбиқсозии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо, ҳамчунин муроҷиатҳои дигар дар доираи Барномаи давлатӣ;
бо ҷалби ходимони муайяншудаи мақомоти ҳудудии маҷмӯъҳои сармоявӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин бонкҳои тиҷоратии бомаблағтаъминкунанда баргузор кардани мониторинги татбиқсозии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо бо ҳаллу фасл кардани мушкилоти ба миёномада;
татбиқ намудани корҳои васеи маънидодкунӣ дар байни ҷавонон оид ба масъалаҳои ташкил кардан ва ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ.
10. Афзалиятҳои чорабиниҳои бомаблағтаъминкунӣ барои соли 2018-ум, ки дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи давлатии «Yoshlar - kelajagimiz» татбиқ мегарданд, мувофиқи замимаи №4 тасдиқ карда шавад.
Муайян карда шавад, ки афзалиятҳои чорабиниҳои бомаблағтаъминкунӣ барои солҳои минбаъда, ки дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи давлатии «Yoshlar - kelajagimiz» татбиқ мешаванд, аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо зикри манбаъҳои мушаххаси ташаккулдиҳии маблағҳои Бунёд тасдиқ карда мешаванд.
11. Механизми зерини бомаблағтаъминкунии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо дар доираи Барномаи давлатӣ муқаррар карда шавад:
Бунёд ҷудо кардани захираҳои молиявиро ба бонкҳои тиҷоратӣ бинобар миқдори 5 фоизи солона барои бомаблағтаъминкунии вомҳои имтиёзнок ва лизинги молу мулк, ки дар доираи Барномаи давлатӣ дода мешаванд, татбиқ менамояд;
вомҳои имтиёзнок ва молу мулк бо лизинг ба муҳлати то 5 сол бо давраи имтиёзноки то 12 моҳ дода мешаванд;
пешниҳоди вомҳои имтиёзнок ва молу мулк бо лизинг аз тариқи Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бонки саҳҳомиву тиҷоратии иппотекии «Ипак йӯли», Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Народный банк» ва Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Ҳамкор банк» амалӣ мешаванд;
бо маблағ таъминсозии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо дар асоси нақшаҳои тиҷоратии намунавӣ, ки аз ҷониби Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо бонкҳои тиҷоратии маблағгузор андешида шудаанд, татбиқ мешаванд;
бо маблағ таъминкунии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳои арзишашон зиёда аз 2 миллиард сӯм пас аз мувофиқсозии нақшаҳои тиҷоратии онҳо бо Оҷонсии миллии идораи лоиҳасозии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад; 
муҳокимаи пешакӣ ва интихоби аризаҳо барои пешниҳоди вомҳои имтиёзнок ва молу мулк бо лизинг барои татбиқ кардани ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо аз ҷониби комиссияҳо татбиқ карда мешаванд;
комиссияҳо дар асоси натиҷаҳои назорати ҳавлиҳо ва ҳар кадом хоҷагӣ, инвентаризатсиякунонии инфрасохтори мавҷуда, таҳлил намудани хелҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки ҷавонон мехоҳанд машғул шаванд, ҳамчунин интихоб кардани аризаҳо барои пешниҳод намудани вомҳои имтиёзнок ва молу мулк бо лизингро дар ҳудуди параметрҳои тасдиқшудаи рӯйхати нишонадори ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳое, ки мувофиқи нақшаҳои тиҷоратии намунавӣ дар ноҳия ва шаҳрҳои дахлдор татбиқ мегарданд, амалӣ менамоянд;
Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳибкории ҷавонон бо дарназардошти пешниҳод, вале на дертар аз 1 августи соли 2018 ва дар солҳои минбаъда, 25 декабр рӯйхати нишонадори ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳоеро, ки дар доираи Барномаи давлатӣ дар ноҳия ва шаҳрҳои дахлдор татбиқ мешаванд, тасдиқ мекунад. Дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба рӯйхати тасдиқшудаи нишонадор аз ҷониби комиссияҳо бо ризоияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад;
рӯйхати тасдиқшудаи нишонадор ба бонкҳои тиҷоратӣ ва Бунёд барои бо маблағ таъмин сохтани вомҳои пешниҳодшудаи имтиёзнок ва молу мулк бо лизинг пешниҳод карда мешавад;
бонкҳои тиҷоратии бомаблағтаъминкунанда дар асоси рӯйхати пешниҳодшудаи нишонадор дар бораи ҷудо кардани вомҳои имтиёзнок ва молу мулк бо лизинг мувофиқи тартиби муқарраршуда қарор қабул мекунанд. Муҳлати баррасии аризаҳо аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои пешниҳоди вомҳои имтиёзнок ва молу мулк бо лизинг баҳри татбиқ сохтани ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо набояд аз 3 рӯзи корӣ зиёд бошад;
комиссияҳо якҷо бо кормандони ҷалбшудаи мақомоти ҳудудии маҷмӯъҳои сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин бо бонкҳои тиҷоратии бомаблағтаъминкунанда ҳар моҳ барои истифодаи мақсаднок ва саривақтии маблағҳои молиявӣ мониторинг мегузаронанд ва дар ҷараёни он мушкилотеро, ки ба татбиқсозии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо монеа мешаванд, ҳаллу фасл мекунанд.
Ба Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо бонкҳои бомаблағтаъминкунандаи тиҷоратӣ ва идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати ду ҳафта бо ризоияти Оҷонсии миллии идораи лоиҳасозии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркарди нақшаҳои тиҷоратии намунавии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳоеро, ки аз ҳисоби сармояҳои Бунёд бо маблағ таъмин карда мешаванд, таъмин намояд.
12. Ба зиммаи комиссияҳо, бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии Бунёд ва бонкҳои тиҷоратии бомаблағтаъминкунанда ӯҳдадориҳои зерин гузошта шаванд:
қабул кардани чораҳо бобати саривақт ва пурра баргардондани маблағҳои ҷудо кардашудаи молиявӣ, аз ҷумла маблағҳое, ки мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода нашудаанд;
муроҷиат ба суд барои иҷборан ситондани маблағҳои ҷудокардашудаи молиявӣ, ҳамчунин зарари расондашуда дар ҳолати аз ихтиёран баргардондани он сар тофтани иштирокдори Барномаи давлатӣ.
13. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ қарори ҳукуматро қабул кунад, ки тасдиқ кардани:
дастур дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти Бунёди «Yoshlar - kelajagimiz»-и назди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ҳамчунин тартиби ташаккул додан ва истифода бурдани маблағҳои он;
тартиби пешниҳоди вомҳои имтиёзнок барои бомаблағ таъмин кардани ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳо, аз ҷумла механизми мушаххас сохтани лимитҳои ниҳоии вомҳои ҷудошуда, ҳамчунин додани ваколатнома бинобар вомҳое, ки дар доираи Барномаи давлатӣ гирифта мешаванд;
маҷмӯи чораҳо бобати куллан зиёд кардан ва баланд бардоштани сифати курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбии омӯзиши касб ва ихтисосҳои ҷавононро, ки дар бозори меҳнат харидоргир мебошанд, пешбинӣ менамояд.
14. Ба Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки якҷо бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бобати ҷалби васеи ихтиёрии ҷавонони бекор, аз ҷумла отрядҳои меҳнатии ҷавонони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба корҳои музддор пулакӣ чораҳо андешад.
15. Масъулият:
барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва корҳои ташкилӣ бинобар татбиқсозии Барномаи давлатӣ – ба зиммаи Хидмати оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонони дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
барои саривақт ва пурра ташаккул додани маблағҳои Бунёд – Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
барои коркарди талаботи намунавӣ ба лоиҳаи марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои  «Yoshlar mehnat guzari» бо дарназардошти махсусиятҳои ҳудудӣ – ба зиммаи  Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
барои ба ҳудуд ҷалб кардани сармоягузорони хориҷие, ки ба муассисаҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд, барои иштирок дар татбиқ сохтани ҷорабиниҳо дар доираи Барномаи давлатӣ, аз ҷумла бо ба роҳ мондани сафар ба ноҳияҳо (шаҳрҳо)-и дахлдори ҷумҳурӣ, ҳамчунин воситаҳои кӯмакрасонии техникӣ ва грантҳои идораҳои байналхалқии молиявӣ ва созмонҳои васоятгар барои ташаккул додани маблағҳои Бунёд – ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо;
барои коркарди саривақтӣ ва босифати нақшаҳои тиҷоратии намунавии ташаббусҳои тиҷоратии ҷавонон, стартапҳо, ғоя ва лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои Бунёд таъмин карда мешаванд, ҳамчунин бинобар пешниҳоди онҳо ба комиссияҳо – ба зиммаи Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
барои нақл ва пайвандкунии коммуникатсияҳои муҳандисӣ, аз ҷумла шабакаҳои таъминоти электр, газ ва об, ба марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari» – ба зиммаи Вазорати хидматрасонии манзиливу коммуналии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзтрансгаз», Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо);
барои саривақт ҷудо кардани қитъаҳои замин баҳри сохтмони марказҳои коворкингии «Yosh tadbirkorlar» ва маҷмӯъҳои «Yoshlar mehnat guzari», ҳамчунин кӯмакрасонӣ дар ташкил кардани фаъолияти Бунёд – ба зиммаи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо) гузошта шавад.
16. Ба Палатаи ҳисоб супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои саривақт ташаккул додан ва мувофиқи мақсад харҷ кардани маблағҳои Бунёд назорати қатъиро ҷорӣ кунад.
17. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо дигар расонаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан кардани ҷараёни татбиқшавии Барномаи давлатиро ба роҳ монанд.
18. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
19. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон К. К. Қуранбоев, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. Б. Муродов ва муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
27 июни соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: