Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ба мақсади ба давраи нав ворид кардани ислоҳоти татбиқшаванда бобати минбаъд баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ, ба меъёрҳои пешқадами байналхалқӣ мувофиқ кардани сифати таълим, муваффақ шудан ба рушди устувори иқтисодӣ ва коҳиш додани нодорӣ бинобар вазифаҳое, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ва Муроҷатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон муайян шудаанд:
1. Барномаи давлатӣ бинобар татбиқ сохтани Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 дар «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» (минбаъд – Барномаи давлатӣ), ки дар асоси таклифҳое, ки дар рафти муҳокимаи васеи аҳли ҷомеа ва халқ ба миён гузошта шуда буданд, коркард шудаанд, мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Ба Девони Вазирон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки бо сифат, дар пояи интизом ва тартиби қатъӣ иҷрои Барномаи давлатиро ба роҳ монанд, дар муҳлати даҳ рӯз чораҳои амалиро дар қисмати ҳар кадом ноҳия, шаҳр ва маҳалла мушаххас кунанд, ҳамчунин бо иштироки ҷомеаи васеъ ва расонаҳои ахбори оммавӣ ҳисоботи шахсони масъулро мунтазам шунаванд.
Ба палатаҳои Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ тавсия дода шавад, ки иҷрои Барномаи давлатиро бо рафтан ба ноҳияҳо, шаҳрҳо ва маҳаллаҳо омӯхта, ҳисоботи роҳбарони мақомоти масъули давлатиро шунаванд.
2. Ба мақсади беҳтар кардани ҳаёти халқ, фароҳам овардани қулайиҳои иловагӣ ва кам кардани хароҷоти аҳолӣ аз 1 июли соли 2023:
а) дар тамоми мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ «чораҳо бобати баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон» муайян карда шаванд.
Ба вазирон ва дигар роҳбарони мақомоти мустақили ҳокимияти иҷроия супурда шавад, ки дар зарфи понздаҳ рӯз барномаи чораҳоро бинобар дар низоми хидматҳои давлатии худ зиёд кардани хидматҳои масофавӣ, аз ҷумла аз тариқи иловаи мобилӣ, кам кардани миқдори пардохт, бекор кардани талаботи ҳуҷҷатҳои иловагӣ, қатъиян кам кардани тартибот ва муҳлатҳои баррасӣ, беҳтар сохтани шаффофият, ба роҳ мондани соҳат барои мулоқоти доимӣ бо аҳолӣ ва соҳибкорон, баланд бардоштани маданияти муомилаи ходимон, омӯзондани хидматрасони зуд ва босифат тасдиқ кунанд ва ба аҳолӣ ва соҳибкорон расонда диҳанд.
б) миқдори хидматрасониҳои давлатиро, ки аз тариқи марказҳои хидматрасонии давлатӣ пешниҳод мешаванд, то ба 300, хидматҳое, ки аз тариқи Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ расонида мешаванд, то ба 570 адад расонанд;
в) хидматрасонии давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ва расмигардонии шаҳрвандии табақаҳои аҳолӣ (шахсони ногиро, бемори вазнин, куҳансол ва ғайра), ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, бо сафар ба маҳалли истиқомати доимии онҳо ё худ ҷойи буду боши муваққатияшон бидуни ситондани пардохти иловагӣ барои хидматрасонӣ ба роҳ монда шавад;
г) ташкил кардани хидматрасонии давлатӣ бобати баргузор кардани санҷиши дастгоҳҳои ҳисобу китоби хароҷоти электр, газ ва об дар шакли фаъол (бо ташаббуси ташкилоти хидматрасон бидуни муроҷиати шаҳрванд).
3. Аз 1 сентябри соли 2023-юм тамоми хидматҳое, ки ба ҷудо кардани субсидияҳо ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ алоқаманданд, давра ба давра барои хидматрасонӣ аз тариқи Платформаи ягонаи электронии ҷудо кардани субсидияҳо ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ гузаронида шавад, ҳамчунин низоми санҷиши онлайн аз тариқи платформаи электронии мувофиқи мақсад будани ҷудокунии субсидияҳо ба роҳ монда шавад.
Дар ин маврид имконияти пешниҳоди ариза барои ҷудо кардани субсидия аз тариқи Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ ё худ марказҳои хидматрасони давлатӣ дар ҳама гуна ноҳия (шаҳр) фароҳам оварда шавад, ҳамчунин аз байн бардоштани монеаҳои нозарури бюрократӣ ва дигар омилҳои тамаъгарӣ таъмин карда шавад.
4. Ба мақсади беҳтар намудани таъминоти нафақавии шаҳрвандон ва дастгирӣ намудани нафақахӯрон аз 1 январи соли 2024 муҳлати пардохти нафақаҳое, ки ба нафақахӯрон илова карда шуданд, вале сари вақт нагирифтаанд, аз 12 моҳ то 24 моҳ дароз карда шавад.
5. Ба мақсади фароҳам овардани қулайиҳои иловагӣ барои шаҳрвандон ҳангоми муқаррар кардани ногироӣ:
а) аз 1 апрели соли 2023 ногироӣ дар асоси мубодилаи электронии байниидоравии маълумотҳо бидуни иштироки шаҳрванд бо норасоиҳои анатомие, ки аломатҳои равшани ногироӣ доранд, ҳамчунин касалӣ ва асоратҳо бо пешгӯии нохуши клиникӣ муқаррар карда мешаванд.
б) ба Вазорати шуғл ва коҳиш додани нодорӣ (Б. Мусаев) супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 апрели соли 2023 лоиҳаи консепсияи зина ба зина гузаштан ба модели иҷтимоии муқаррар кардани ногироиро пешниҳод кунад, дар он ба инҳо эътибор дода шавад:
муқаррар кардани ногироӣ дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҳамчунин барои адаптатсияи иҷтимоӣ ба ҳаёт ва барқарор сохтани саломатии шахси ногиро, ки аз таҷрибаи муқаррар кардани ногироӣ бо назардошти гум кардани дараҷаи қобилияти меҳнатии шаҳрванд сартобӣ кардааст;
барои шахсони ногиро ба роҳ мондани дастёбӣ ба технологияҳои иттилоотии шакли мусоид, истифодаи забони ишораҳо ва дигар шаклҳои мулоқот.
6. Ба мақсади рушди мавзеъҳои «Янги Ӯзбекистон» ва қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ба манзил дар соли 2023:
сохтмони манзилҳои нав дар мавзеъҳои «Янги Ӯзбекистон» 1,6 баробар зиёд карда, ҳаҷми солонаи сохтмон ба 90 ҳазор ва дар 161 мавзеи дигар, аз ҷумла барои ташкилотҳои хусусии пудратӣ расонда шавад. Дар ин маврид ба тартиби ҳатмӣ сохтани истгоҳҳои автомобилӣ, аз ҷумла истгоҳҳои автомобилии бисёрошёна ва зеризаминӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони манзил, иншооти иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ таъмин карда шавад;
аз Буҷаи давлатӣ барои ҷудо кардани вомҳои ипотекӣ дар пояи равандҳои бозаргонӣ барои 32 ҳазор шаҳрванд, ҳамчунин субсидияҳо барои пӯшондани қисмати аъзобадали ибтидоӣ ва пардохтҳои фоиздори 11 ҳазор шаҳрванд ҳаҷми зарурии маблағ ҷудо карда шавад;
дар доираи тартиби нави таъмин кардани аҳолӣ бо манзил аз тариқи вомҳои ипотекӣ дар асоси равандҳои бозаргонӣ ҳамчун таҷриба дар вилояти Тошканд барномаи «Хонаи аввалини ман» барои шаҳрвандоне, ки манзил надоранд, дар пояи ҳуқуқи моликият кор карда шавад ва татбиқ гардад;
аз ҳисоби баровардан ва дар биржаҳои бунёдии байналхалқӣ ва ватанӣ паҳн кардани коғазҳои ипотекии Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба бо маблағ таъминкунии ипотекаҳои Ӯзбекистон» бунёди оинномавии ширкат то ба 100 миллион доллари ИМА расонида шавад. Дар ин маврид маблағҳое, ки аз ҳисоби паҳн кардани заёмҳои ипотекӣ ҷалб шудаанд, дар бонкҳо ба сифати захира барои вомҳои ипотекӣ нигоҳдорӣ шаванд.
7. Ба мақсади вусъат додани таҷрибаи Буҷаи ташаббусӣ ва мустақилии молиявии маҳаллаҳо:
дар соли 2023-юм барои бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳое, ки дар асоси фикру ақидаҳои ҷомеа ташаккул меёбанд, аз Буҷаи давлатӣ 8 триллион сӯм, аз онҳо барои барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» 4 триллион сӯм ҷудо карда шавад;
дар соли 2023-юм барои бо маблағ таъмин кардани чорабиниҳое, ки дар доираи барномаи лоиҳаҳо бинобар рушди инфрасохтори маҳаллаҳо татбиқ карда мешаванд, аз Буҷаи давлатӣ 4 триллион сӯм равона карда шавад.
Ба Вазорати иқтисодиёт ва молия (Ш. Қудбиев) супурда шавад, ки дар муҳлати се моҳ низоми самарабахши бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳоро дар асоси фикру ақидаи ҷомеа ва овозҳое, ки дар портали «Буҷаи кушод» ҷамъ оварда шудаанд, созмон диҳад ва ба роҳ монад.
Дар ин маврид ба ҷорӣ кардани механизмҳои дақиқи ба роҳ мондани ҷараёни овоздиҳии воқеӣ ва бидуни дахолати маъмурият эътибори махсус дода шавад.
8. Ба мақсади баланд бардоштани сифати таълим, ислоҳсозии соҳа дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ:
а) аз 1 сентябри соли 2023-юм дар яке аз муассисаҳои таълими миёнаи умумии ҳар кадом ноҳия (шаҳр) зина ба зина таҷрибаи ба хонандагон омӯзондани ду забони хориҷӣ ва як касб ҷорӣ карда шавад;
б) аз соли таҳсили 2023/2024-ум дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ зина ба зина таҷрибаи барномаи таълимӣ, ки ба тарбияи хонанда дар рӯҳи суннатҳои умумиинсонӣ ва миллӣ, ватандӯстӣ нигаронида шудаанд, ҳамчунин дар онҳо шуури коммуникативӣ, таҳлилӣ ва креативӣ, кордонӣ дар гурӯҳ, донишҳои таҳқиқиро ташаккул медиҳанд, ҷорӣ карда шавад.
Дар ин маврид таҷрибаи:
таълим бинобар китобҳои дарсие, ки дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ навишта шудаанд, дар синфҳои 1-4-уми муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ;
ба хонандагон омӯзондани донишҳои асосӣ бинобар фанҳои таълими умумӣ – дар синфҳои 5-9-ум;
омӯзондани дониш дар пояи барномаҳои махсус, ки ба рағбат ва қобилияти хонандагон дар синфҳои 10-11-ум мусоидат мекунанд;
в) аз соли хониши 2023/2024-ум дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Тошканд таъминоти хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо хӯрокӣ бепул ба роҳ монда шавад.
Дар ин маврид расондани хӯрокворие, ки ба меъёрҳои синну сол ва ҳолати саломатии хонанда, ҳамчунин ба талаботи санитарӣ мувофиқат мекунанд, таъмин карда шавад;
г) аз 1 апрели соли 2023-юм ба мақсади вусъат додани фарогирӣ бо таълими томактабӣ:
ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои нави таълими томактабӣ дар ошёнаҳои ғайриистиқоматӣ хонаҳои бисёрҳуҷра ё худ аз тариқи харид кардани манзили бунёдшудаи шахсӣ ва минбаъд таҷдид, таъмир ва муҷаҳҳаз сохтани он;
бекор кардани маҳдудият бобати ба шарикони хусусӣ додани биноҳои сохташудаи ташкилотҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ дар қитъаи замине, ки дар доираи лоиҳаи давлативу шарикии хусусӣ бар ивази бино бинобар воми бонкӣ барои лоиҳаи мазкур ба иҷора дода шудаст;
д) ба мақсади инкишоф додани низоми таълими касбӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси зинаи миёна, ки ба талаботи бозори меҳнат ва коргузорон мусоидат мекунанд:
аз соли хониши 2023/2024-ум ҳамчунин барои дар шакли дуалӣ таъсис додани коллеҷҳо ва техникумҳо грантҳои давлатӣ ҷудо карда шаванд;
дар муҳлати то 1 сентябри соли 2023-юм дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд фаъолияти яктогӣ муассисаҳои таълими касбӣ ба роҳ монда шавад, ки ба талаботи Низоми аврупоии таълими касбӣ ва таъмин сохтани сифати касбомӯзӣ куллан ҷавобгӯ мебошанд, ба онҳо коршиносони баландихтисоси хориҷӣ ҷалб карда шаванд;
е) аз 1 апрели соли 2023-юм:
миқдори асосии тарифии омӯзгорони муассисаҳои таълими касбӣ мувофиқан ба миқдори асосии тарифии омӯзгорони муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ;
миқдори асосии тарифии устоёни таълими истеҳсолии муассисаҳои таълими касбӣ, ки соҳиби табақаи дараҷаҳои якум ва дуюм мебошанд, соҳибони маълумоти олии бидуни табақаи ихтисос ва онҳое, ки маълумоти олӣ надоранд, мувофиқан ба миқдори асосии тарифии омӯзгорони табақаи дараҷаҳои якум ва дуюм, омӯзгорони дорои таълими олӣ ва омӯзогорони дорои таълими миёнаи муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ баробар карда шаванд.
9. Ба мақсади қаробати хидматрасонии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмин кардани шаҳрвандон бо хидмати босифати тиббӣ, ташхиси беморӣ дар ибтидои он, ҳамчунин фароҳам овардани қулаиҳои иловагӣ барои беморон:
а) ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (А. Иноятов) супурда шавад, ки бобати:
дар соли 2023-юм бунёд кардани 30 поликлиникаи оилавӣ, 110 бунгоҳи духтурии оилавӣ ва то 520 адад нуқтаҳои зудамали тиббии маҳаллӣ;
баргузор кардани назорати профилактикии 12,6 миллион сокинони синну солашон 18-40, тафтиши скринингии 6,3 миллион шаҳрванди синну солашон 40 ва аз он боло, ки бемориҳои дарозмуҳлат надоранд, бобати сари вақт ошкор кардани бемориҳои дилу раг ва диабети қанд, 3 миллион сокинон бинобар муайян кардани касалиҳои онкологӣ;
гузарондани амалиётҳои имплантатсияи кохлеарӣ нисбати зиёда аз 205 кӯдакон бо нуқси ношунавоӣ, ҳамчунин иваз намудани проссесорҳои нутқи 132 нафар кӯдакон, ки чунин ҷарроҳиро аз сар гузаронидаанд, чораҳо андешад;
б) зина ба зина гузаштан ба шакли электронӣ додани варақаҳои муваққатии ғайриқобили меҳнат ва дигар маълумотномаҳои тиббӣ.
Бо ин:
дар шакли электронӣ додани варақаҳои корношоямии муваққатӣ ва дигар маълумотномаҳои тиббӣ дар вилоятҳои Навоӣ ва Сирдарё — аз 1 июли соли 2023 сар карда, дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд — аз 1 октябри соли 2023, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ — аз 1 январи соли 2024 ҷорӣ карда шавад;
аз 1 январи соли 2024 талаб кардани варақаҳои корношоямии муваққатӣ ва дигар маълумотномаҳои тиббӣ дар шакли коғаз манъ карда шавад;
в) аз 1 июли соли 2023 сар карда зина ба зина дар шаҳри Тошканд механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда шавад;
г) то охири соли 2023 миқёси фарогирии маъюбон бо тадбирҳои тавонбахшии ройгони тиббию иҷтимоӣ дар шароити амбулаторӣ ва статсионарӣ ба 30 ҳазор нафар расонида шавад.
10. Бо мақсади пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ҷисмонӣ дар байни аҳолӣ ҳаракати умумимиллии «Дуруст ғизо хӯрдан ва тарзи ҳаёти солим» ташкил карда шавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
ба аҳолӣ омӯзондани назорат кардани саломатии худ ва ғизохӯрӣ бо истифода аз смартфонҳо ва иловаҳои мобилӣ, офаридани иловаи мобилӣ барои ғизохӯрии дуруст;
пурзӯр гардондани талабот ва маҳдудият ба рекламаи маҳсулоти озуқавории носолим ва нӯшокиҳои барои бачаҳо пешбинишуда, маҳсулоти озуқаи кӯдакон ва энергетикҳо, доруворӣ, моддаҳои биологии фаъол;
тасдиқ намудани номгӯй ва кам кардани истеъмоли маҳсулоти барои бачагону ҷавонон тавсиянашуда, аз ҷумла маҳсулоти озуқаворие, ки дар таркибаш миқдори зиёди шакар, намак, трансравған, инчунин моддаҳои хушбӯйкунанда ва рангҳо мавҷуданд;
таҳияи тавсияҳои алоҳида оид ба ғизохӯрии солим барои ҳар як гурӯҳи хавфи аҳолӣ ва намудҳои бемориҳо бо назардошти намудҳои маҳсулоти ватанӣ;
офаридани маҷмӯаи мухтасари тавсияҳо оид ба ғизохӯрии дуруст, машқҳои солимгардонӣ ва қоидаҳои гигиенӣ барои кӯдакон, калонсолон ва пиронсолон вобаста ба синну сол, сохтори бадан, тарзи зиндагӣ ва майл ба бемориҳо;
фароҳам овардани шароити зарурӣ барои шуғл бо тарбияи ҷисмонӣ ва хӯрокхӯрии дурусти коргарон дар ҷои кор.
11. Аз 1 апрели соли 2023 дар сурати бо сабабҳои узрнок ба таъхир андохтани муҳлати баровардани воситаи нақлиёти шахсии аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ воридшуда дар тӯли муҳлати амали тасдиқ барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз пардохти боҷи дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда озод карда шавад.
12. Бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои соҳибкорӣ аз 1 июли соли 2023 мораторияи сесола ба ҷорӣ намудани навъҳои нави чораҳои масъулиятшиносӣ ва санксия нисбати субъектҳои соҳибкорӣ муқаррар карда шавад.
Вазорати адлия (А. Тошқулов) якҷоя бо Прокуратураи генералӣ (Н. Йӯлдошев) дар муҳлати як моҳ лоиҳаи қонунро, ки бекор кардани ҷавобгарии ҷиноиро барои вайрон кардани қоидаҳои савдо ё ки хидматрасонӣ бо роҳи гузарондан ба ҳуқуқи судкунии маъмурӣ пешбинӣ менамояд, таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Девони Вазирон тақдим созад.
13. Бо мақсади таъмини устувори кишоварзӣ бо захираҳои об дар соли 2023:
10 фоиз кам кардани ҳаҷми талафоти табиӣ ҳангоми таъмини об тавассути роҳандозии низоми мувофиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии сарфакунандаи об дар соҳаи об;
равона кардани як қисми даромад аз андози об бо роҳи зиёд кардани меъёри андоз аз ҳаҷми обе, ки барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ва парвариши (рӯёндани) моҳиҳо, барои рушди хизматрасонии обёрикунӣ, бетон кардани ҷӯйборҳо, заҳбурҳо ва каналҳо дар минтақаҳо истифода мешавад, таъмин карда шавад.
Ба Вазорати хоҷагии об (Ш. Хамраев) ба муҳлати то охири соли 2023:
а) сарфаи камаш 7 миллиард метри мукааб об ва барои обёрии кишти такрорӣ дар 300 ҳазор гектар замин равона кардани онро бо роҳи васеъ ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ, истифодаи технологияи сарфаи об ва сари вақт ба амал баровардани тадбирҳои зарурии ирригатсионию мелиоративӣ дар идоракунии захираҳои об таъмин намояд;
б) якҷоя бо Вазорати иқтисодиёт ва молия (Ш. Қудбиев) тадбирҳо таҳия ва ба тасдиқ тақдим карда шаванд:
маблағгузории тамоми хароҷоти вобаста ба рақамикунонии 13 000 иншооти обӣ бо мақсади ҷорӣ намудани низоми шаффофи баҳисобгирии об аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва грантҳои институтҳои молиявии байналмилалӣ;
модернизатсияи 16 стансияи бузурги насосӣ дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ.
14. Дар доираи таҳкими адолат ва волоияти қонун, таъмини риояи қатъии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо тартиби муқарраргардида ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаҳои қонунҳо тақдим карда шаванд, ки инҳоро пешбинӣ менамоянд:
пешниҳоди ваколати додани санксия барои кофтуков, шунидани гуфтугӯи телефон ва барӯйхатгирии молу мулк аз прокурорҳо ба судҳо бо мақсади боз ҳам васеъ намудани амалияи истифодаи институти «Хабеас корпус» дар раванди тафтиши ҷиноятҳо;
ҷорӣ намудани тартиби пешниҳоди парвандаи ҷиноӣ ба судҳо дар якҷоягӣ бо хулосаи айбдоркунӣ (ҳукмнома) ва хулосаи ҳимоятгар;
бекор кардани талаби доштани на камтар аз ду сол собиқаи кор аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ барои гирифтани иҷозатнома, ки барои шуғл варзидан бо фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ медиҳад.
Суди олӣ (Б. Исломов), Вазорати адлия (А. Тошқулов) ва Прокуратураи генералӣ (Н. Йӯлдошев) дар муҳлатҳое, ки дар Барномаи давлатӣ пешбинӣ шудааст, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои дахлдори қонунҳоро оид ба масъалаҳои дар ҳамин банд пешбинишуда таъмин намоянд.
15. Бо мақсади ислоҳоти соҳа таъмин кардани бехатарии ҳаракат дар роҳ дар асоси ғояи «шаҳр на барои мошинҳо, балки барои пиёдагардон»:
а) аз 1 апрели соли 2023 дар шаҳрҳои Тошканд ва Нуқус, инчунин марказҳои вилоят ва ноҳия суръати баландтарини ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 70 километр то 60 километр дар як соат кам карда шавад;
б) аз 1 декабри соли 2023 ба соҳиби воситаи нақлиёт якҷоя бо шахсе, ки ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт дода шудааст, ҳуқуқи хабардор кардани мақомоти хадамоти давлатии бехатарии роҳ дар бораи гузаштани ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқӣ (ваколатнома ва ғайра) дода шавад.
Ҳамзамон муқаррар карда мешавад, ки тартиби ворид намудани тағйироти дахлдор аз ҷониби мақоми ваколатдор ба Системаи ягонаи автоматиконидашудаи иттилоотӣ-таҳлилии Хадамоти бехатарии ҳаракати роҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома, инчунин тартиб додани протоколи маъмурӣ нисбат ба шахсе, ки ба вай ҳуқуқи идоракунӣ гузаштааст, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат, ки дар воситаи нақлиёти мазкур содир намудааст, ҷорӣ карда мешавад.
16. Вазорати адлия, Маркази «Стратегияи рушд» ва Ҷунбиши миллии «Юксалиш»:
оид ба қабул намудани чораҳои иловагӣ барои мунтазам гузарондани мониторинги рафти татбиқи Барномаи давлатӣ, иҷрои хушсифат ва саривақтии он тавсияҳо тартиб диҳанд;
барои босифат ва саривақт таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар Барномаи давлатӣ пешбинишуда ёрии амалӣ расонанд;
тайёркунии шарҳҳои иттилоотиву таҳлилиро, бахшида ба ҷамъбасти татбиқи Барномаи давлатӣ, нашри онҳо дар забонҳои хориҷӣ ва васеъ паҳн намудани онҳоро таъмин кунанд;
ҳар моҳ дар бораи натиҷаҳои мониторинг ба Комиссияи ҷумҳуриявии татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 маълумот ворид намоянд.
17. Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ (А. Хоҷаев), Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон (А. Хоҷаев) ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон (А. Кучимов) васеъ шарҳ додани ҳадаф ва вазифаҳои Барномаи давлатӣ, инчунин ба таври доимӣ ба омма фаҳмонда додани моҳият ва мазмуни онро, аз ҷумла бо иштироки арбобони маъруфи давлатӣ, сиёсатшиносони ботаҷриба, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён ва дигар мутахассисон таъмин намоянд.
18. Барои ташкили самарабахши иҷрои Фармони мазкур масъулияти шахсӣ ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузошта шавад.
Баррасии рафти иҷрои Фармони мазкур, мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилот, ки ба иҷрои он масъул мебошад, ба зиммаи Комиссияи ҷумҳуриявии татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 гузошта шавад.
Иттилоот дар бораи чораҳои амалишуда дар ҳар семоҳа ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
28 феврали соли 2023.