Бо мақсади ҳавасманд намудани варзишгарон – ғолибону ҷоизадорон барои саҳмашон дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи байналмилалии Ватанамон бо пирӯзиҳо дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки 9-18 августи соли 2022 дар шаҳри Куния (Туркия) баргузор гардид, инчунин мураббиҳое, ки онҳоро тайёр кардаанд, дастгирии минбаъдаи давлатии васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба варзиши касбӣ:
1. Муқаррар карда шавад, ки барои ҳар як медал бо мукофотҳои пулии якдафъаина ҳавасманд карда шаванд:
а) варзишгарони Ӯзбекистон, ки ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ шудаанд:
барои медали тилло - 5000 доллари ИМА;
барои медали нуқра – 3000 доллари ИМА;
барои медали биринҷӣ - 2000 доллари ИМА;
б) мураббиёне, ки варзишгарони дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ ғолиб ва ҷоизадоршударо тайёр кардаанд:
барои медали тилло – 2500 доллари ИМА;
барои медали нуқра – 1500 доллари ИМА;
барои медали биринҷӣ - 1000 доллари ИМА.
Хароҷоти дар ин банд пешбинишуда аз ҳисоби фонди захиравии Девони Вазирон пӯшонда мешаванд.
2. Вазорати рушди варзиш (Икромов А.), Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон (Ташматов Ш., Қосимов О.), Кумитаи миллии паралимпии Ӯзбекистон (Тошхоҷаев М.) ва федератсияҳои (иттиҳодияҳои) дахлдори варзишӣ:
рӯйхати варзишгарони Ӯзбекистон, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, инчунин мураббиёнеро, ки онҳоро тайёр кардаанд, тасдиқ намояд;
якҷо бо Агентии милли ахбори Ӯзбекистон (А. Кучимов) ва Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон (Хаджаев А.)
тантанавӣ супурдани мукофотҳои якдафъаинаи пулӣ, инчунин васеъ равшан намудани раванди мазкурро дар воситаҳои ахборои оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намоянд.
3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
18 августи соли 2022