“ДАР БОРАИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛОВАГӢ ДОИР БА АМИҚТАР ОМӮХТАНИ МЕРОСИ ҚУРБОНИЁНИ ТАБЪИД ВА АБАДӢ ГАРДОНДАНИ ХОТИРАИ ОНҲО”

Дар кишварамон доир ба абадӣ гардондан, омӯхтан ва тарғибу ташвиқи фаъолияту мероси баёдгоргузоштаи аҷдоди дар давраи мустабид ба табъид дучоршуда, ки дар роҳи истиқлолияти Ватан, раҳоӣ ва озодии халқ, таъмини ҳаёти осудаву фаровони насли оянда, мардонавор талош варзида, ҷони азизи худро фидо намудаанд, корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.

Дар кишварамон доир ба абадӣ гардондан, омӯхтан ва тарғибу ташвиқи фаъолияту мероси баёдгоргузоштаи аҷдоди дар давраи мустабид ба табъид дучоршуда, ки  дар роҳи истиқлолияти Ватан, раҳоӣ ва озодии халқ, таъмини ҳаёти осудаву фаровони насли оянда, мардонавор талош варзида, ҷони азизи худро фидо намудаанд, корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Аз ҷумла, дар давраи сипаригардида дар ин самт фармону қарорҳои муҳим ба тасвиб расиданд. Дар кишварамон аз соли 2001 инҷониб ҳар сол 31 август ба сифати “Рӯзи ёдкарди қурбониёни табъид” васеъ қайд карда мешавад. Маҷмаъи ёдгории “Шаҳидлар хотираси” бунёд гардид. Бунёди ҷамъиятии “Шаҳидлар хотираси”, Осорхонаи давлатии хотираи қурбониёни табъид  ва дар назди муассисаҳои таълими олии ҳудудӣ шуъбаҳои он созмон дода шуданд.  
Ба поси хотири аҷдоди бузурги маърифатпарвари мо мисли Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулло Авлонӣ, Исҳоқхон Ибрат, Абдурауф Фитрат, Абдулҳамид Чӯлпон, Абдулло Қодирӣ пайкараҳои муҳташам, осорхонаҳо бунёд гардиданд, фаъолияти мактаби эҷодиашон ба роҳ монда шуд. Дар самти муайян намудани номҳои ҳамватанони дар солҳои табъиди сиёсӣ ноҳақ қурбонгардида, омӯхтан ва дастрасии мероси онҳо ба аҳли ҷомеаи васеъ, корҳои илмию тадқиқотӣ, асарҳои бадеию ҳуҷҷатӣ офарида мешаванд.                                                                                                                                         
Дар аҳде, ки хавфу хатари глобалӣ дар дунё пурзӯр мегардад, дарки худшиносии миллӣ ва барқарор кардани таърихи ростинамон беш аз пеш аҳамияти муҳим касб менамояд, абадӣ гардондани хотира ва номи арбоби давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони илму фан, маданият ва санъат, адабиёт, ҳазорон ҳамватанони касбу корашон оддие, ки аз ҷониби сохти тоталитарӣ хунсардона табъид шудаанд, дар мисоли ҷасорату матонати онҳо тарбия кардани насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба халқу Ватан вазифаи рӯзмарра мегардад. 
Дар иртибот ба ин, бояд гуфт, ки  ҳамаҷониба ва объективона омӯхтани маълумоти таърихӣ ба дарки он, ки истиқлолияти мамлакат бо чӣ қадар машаққат ва муборизаҳо ба даст омадааст, арҷгузорӣ ба ҳаёти озоду ободи имрӯз ва ҳифзи он хидмат хоҳад кард.
Ба мақсади рӯйи об баровардани ҳақиқате, ки ба ҳаёту фаъолияти фарзандони фидоии халқи сермиллат, аҷдоди маорифпарвари мо тааллуқ дорад, барқарор намудани адолати таърихӣ нисбати онҳо, ҳамчунин, вусъат додан ва афзудани миқёсу самараи корҳо дар ин самт:
1. Пешниҳоди Бунёди нуронии дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон, Бунёди ҷамоатии “Шаҳидлар хотираси”, Осорхонаи давлатии хотираи қурбониёни табъид, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Вазорати фарҳанг, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати таълими халқ, Фарҳангистони улум, Иттиҳодияи нависандагон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Академияи бадеӣ ва ҷомеаи васеъ дар бораи бештар омӯхтани мерос ва абадӣ гардондани хотираи қурбониёни табъид пазируфта шавад. 
2. Бино ба ташкил ва мутобиқсозии корҳои амиқтар омӯхтани мерос ва абадӣ гардондани хотираи қурбониёни табъид Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ (минбаъд – Гурӯҳи корӣ) ташкил ва тибқи замимаи 1 таркиби он тасдиқ карда шавад.                                                                                                                                                    
3. Вазифаи асосии гурӯҳи корӣ аз инҳо иборат аст:  
якҷо бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти шаҳри Тошканд ва вилоятҳо аз ҳисоби олимон ва мутахассисони варзида ташкил додани гурӯҳҳо;                                                                                                                               
ташкили кори пурсамари онҳо бино ба ошкор намудани ном, ҷамъоварӣ ва омӯхтани маълумот, аз ҷумла омӯхтани ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгониву осорхонаҳо  доир ба ҳаёту фаъолият ва хидмати таърихии қурбониёни табъид нигоҳдорӣ мешаванд;                                                                                                                      
сабти хотираи авлоду наздикони қурбониёни табъид ва нафароне, ки воқеаҳои он даврро хуб дар ёд доранд, мутобиқсозии корҳо доир ба ҷамъоварии матолиби таърихӣ ва суратҳои нодире, ки дар бойгониҳои оилавӣ ва китобхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд;                                                                         
ба китоби рамзие, ки дар маҷмаъи ёдгории “Шаҳидлар хотираси”-и шаҳри Тошканд барпо мегардад, ворид намудани номҳои муайяншудаи қурбониёни табъид;                                                                                                                       
ба мақсади дар ёди насли оянда абадӣ боқӣ мондани хотираи ҳамватанони шаҳидгашта таъмини ба нашр омода кардан ва чопи китоби бисёрҷилдаи “Қурбониёни табъид”;                                                                                                              
ташкили бо маълумот, ҳуҷҷат ва нигораҳои нав мунтазам  ғанӣ гардондани Осорхонаи хотираи қурбониёни табъид, ҳамчунин фонд ва нигораҳои шуъбаҳои назди муассисаҳои таълими олии ҳудудии он; 
ташкили экспедитсияҳои илмӣ тибқи роҳандозии ҳамкорӣ бо бойгонӣ, китобхона, муассисаҳои илмию маърифатӣ ва мутахассисони дахлдори хориҷӣ;                                                                                                                                                
дар доираи тартиби муқарраршуда пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ошкор гардидани реаблитатсияи  қурбониёни табъид дар рафти омӯзиш ва  реаблитатсиянашудагон бино ба сабабҳои муайян;
мутобиқ гардондани корҳои тадқиқи илмии ҳаёт ва фаъолияти қурбониёни табъид ва  офаридани китобҳои илмию таърихӣ, бадеӣ ва филмҳои мустанад дар бораи онҳо;                                                                                                                               
ба мақсади абадӣ гардондани хотираи қурбониёни табъид дар маҳаллаҳое, ки онҳо таваллуд шуда ба воя расидаанд, зистаанд ва мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ ташкил додани гӯшаҳои хотира;
дар ҳамаи маҳалла, шаҳр ва ноҳияҳо ташкил додани корҳои маънавию маърифатӣ, таҳти ғояи “Инсон — азиз,  хотира — муқаддас” тарбия намудани аҳолӣ, хоссатан ҷавонон дар рӯҳи эҳтиром ба хотираи падару бобоёни фидоӣ, ки барои тантанаи адолат ва истиқлолият талош варзидаанд, тарғиб намудани ҷасорат ва кору фаъолияти ибратпазири онҳо. 
4. “Харитаи роҳ” бино ба барқарор намудани ном ва абадӣ гардондани хотираи қурбониёни табъид тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
5. Ба Гурӯҳи корӣ барои татбиқи корҳое, ки бо муайян кардани ном ва абадӣ гардондани хотираи қурбониёни табъид бастагӣ доранд, ҳуқуқи ҷалб намудани эксперту мутахассисони баландмалакаи мақомоти давлатӣ, дигар созмонҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ҳамчунин, намояндагони ваколатхонаҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ дода шавад.                                                                                                                                     
6. Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки дар муддати ду моҳ Қарори ҳукуматро оиди дар маҷмаъи ёдгории “Шаҳидлар хотираси”-и шаҳри Тошканд бунёд намудани китоби рамзие, ки дар он бояд номҳои қурбониёни табъид сабт шавад, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии Осорхонаи давлатии хотираи қурбониёни табъид ва бахшҳои он дар муассисаҳои таълими олии ҳудудҳо, ҳамчунин, фонди ҷамоатии «Шаҳидлар хотираси», нав кардани таркиби гурӯҳи такядорони фонд ва пурзӯр гардондани дастгирӣ аз ҷониби онҳо, ҳамчунин, бино ба ҷалб намудани грантҳои институтҳои байналхалқии молия, созмонҳои хориҷӣ, мамлакату созмонҳои донор қабул намояд.                                                                                                                                    
Дар ин росто, аз ҷумла,  масъалаҳои ҳамкорӣ бо бойгонӣ, осорхона, китобхонаҳои гуногун ва дигар муассисаҳои илмию маърифатии хориҷӣ, мутахассисони дахлдор, дарёфт ва омӯхтани манбаъҳое, ки дар хориҷи кишваранд, ҳамчунин, офаридани филмҳои нави бадеию мустанад  дар бораи қурбониёни табъид, нашри китобу сураталбомҳои хотира, маблағгузории корҳои ташкилӣ дар назар дошта шаванд.
7. Ба Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ, Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии ахбори Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ бобати ҳамаҷониба равшан намудани чорабиниҳое, ки ба таъмини иҷрои ин фармоиш нигаронида шудаанд, доир ба мавзӯъ ба эфир додани намоишу гуфторҳо, ҳамчунин дар саҳифаҳои матбуоту Интернет эълон кардани мақолаҳо тавсия дода шавад.                                                                           
8. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. С. Қосимов ва А. А. Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон  
Ш.МИРЗИЁЕВ    
                                                                                                                               
Шаҳри ТОШКАНД,   
8 октябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: