Ба мақсади дастгирии беш аз пеши субъектҳои соҳибкорие, ки дар давраи пандемияи коронавирус дар соҳаҳои хӯроки умумию сайёҳӣ фаъолият доранд, ҳамчунин, ба хотири таъмини иҷрои масъалаҳое, ки дар доираи мулоқоти ошкорои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 20 августи соли 2021 бино ба омӯхтани мушкилоту пешниҳодоти соҳибкорон ва рушди самтҳои асосии соҳибкорӣ дар оянда муайян гардидаанд:

1. Муайян карда шавад, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли 2021:
то 31 декабри соли 2021 шахсони ҳуқуқии корхонаҳои хӯроки умумӣ аз андози замине, ки бояд супоранд ва андозе, ки ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ андохта мешавад, озод карда мешаванд;
то 1 сентябри соли 2023 ҳисобу китоб ва пардохти маблағи сайёҳӣ боздошта мешавад.
2. Ба корхонаҳои хӯроки умумӣ, дар ҳоли огоҳонидани мақомоти андоз, бе аризасупорӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, қарзҳои вуҷуддоштаро, бино ба андозе, ки аз гардиши амвол гирифта мешавад, андозе, ки бояд шахсони ҳуқуқӣ аз замин пардозанд, андозе, ки шахсони ҳуқуқӣ барои молу мулк месупоранд ва маблағҳои ғуншуда, бо назардошти ҳолати 15 августи соли 2021, ҳамчунин, ҷаримаю пения аз рӯйи ҳамаи андозҳо аз 1 январ то 1 июли соли 2022, фоизҳояшонро наситонда, дертар бошад ҳам, ба миқдори баробар (тақсим карда) ҳуқуқи пардохтан дода шавад.
3. Пешниҳоди бонкҳои тиҷоратӣ дар бораи солимгардонии молиявии мизоҷоне, ки дар соҳаи хӯроки умумӣ хидмат мекунанд, бо истифода аз асбобҳои гуногуни хидмати бонкӣ, дастгирии беш аз пеши онҳо маъқул дониста шавад.
4. Вазорати молия дар муддати як моҳ бино ба қарори мазкур ба Девони Вазирон лоиҳаи қонунеро пешниҳод созад, ки ворид намудани дигаргуниҳою иловаҳоро ба Кодекси андоз дар назар дорад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
25 августи соли 2021