Дар мамлакат ба ҷонибдории ҳамаҷониба ва рағбатноксозии соҳибкории фаъол, ҷорӣ кардани ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои рушди босуръати илм ва фаъолияти инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани иқтидори иҷтимоиву иқтисодии ҳудуд ва рушди устувори дараҷаи зиндагӣ ва некуҳолии аҳолӣ мусоидат менамояд, эътибори алоҳида дода мешавад.
Баробари ин натиҷаҳои таҳлили гузарондашуда оиди мавҷуд будани як қатор мушкилоти низом, ки ба минбаъд беҳтар гардондани шароит барои рушди соҳибкории фаъол ва фаолияти инноватсионӣ дар мамлакат монеъ мегарданд, далолат медиҳад:
якум, таҳлили низомноки коркардҳои пешқадам ва замонавии инноватсионӣ, лоиҳа-стартапҳои технологӣ ва бозори инноватсия бо дарназардошти пойгоҳи мавҷудаи захиравӣ ва иқтидори минтақаҳо ба роҳ монда нашудааст;
дуввум, ҷалби сармояҳо ба лоиҳа-стартапҳои инноватсионӣ, кӯмак ва мутобиқсозии фаъолияти соҳибкорони боистеъдод, ки ба соҳаи истеҳсолот ва хидматрасонӣ инноватсияҳоро фаъол ҷорӣ мекунанд, ба дараҷаи бояду шояд амалӣ гардонда намешаванд;
сеюм, дараҷаи пасти муҳити корӣ дар соҳаи рушди инноватсионӣ, хусусан дар маҳалҳо, инчунин норасоии соҳибкорон, ки бино бар коркард ва пеш бурдани лоиҳа-стартапҳои хуби инноватсионӣ ва технологӣ малакаҳои зарурӣ доранд, нигоҳ дошта мешаванд;
чорум, пойгоҳи маълумоти ғояҳои инноватсионӣ, коркард ва технологияҳо нестанд, таҷрибаи созмон додани захираҳои нав ва таҷрибаомузӣ ба бизнес-сохторҳо ривоҷ намеёбанд;
панҷум, механизмҳои ҷонибдории бозори коркарди инноватсионӣ суст таҳия шудаанд, мутобиқати истифодаи самарабахши ғояҳои инноватсионӣ ба роҳ монда нашудааст, сифати коркардҳои инноватсионӣ ба талаботи бозор ҷавоб намедиҳанд;
шашум, ба ҷалб намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълими олии техникӣ ва ҷавонони соҳибистеъдод ба соҳаи коркардҳои инноватсионӣ, лоиҳа-стартапҳои технологӣ, инчунин созмон додани бизнес-инкубаторҳо эътибори зарурӣ дода намешавад;
ҳафтум, кор бино бар дар байни аҳолӣ оммавӣ гардондани соҳибкории инноватсионӣ ғайрисамарабахш амалӣ мегардад, ҳангоми ба коркард ҷалб намудан ва пеш бурдани маҳсулоту хидматҳои инноватсионӣ монеаҳои техникӣ ва психологӣ боқӣ мондаанд.
Ба мақсади барҳам додани мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди соҳибкории фаъол, ташаккул додан ва ба роҳ мондани фаъолияти бозори инноватсия, инчунин ба сектори воқеии иқтисодиёт ҷорӣ кардани коркардҳои инноватсионии маҳаллӣ ва хориҷӣ:
1. Ба таклифи Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди дар шароити шарикии давлативу хусусӣ созмон додани маркази ғояҳои инноватсионӣ, коркард ва технологияҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд (минбаъд – марказҳо), ки коркард, тасдиқ ва азхуд намудани лоиҳа-стартапҳои инноватсионӣ, трансфер ва тиҷоратӣ гардондани натиҷаҳои фаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд, ризоият дода шавад.
Муайян карда шавад, ки марказҳо фаъолияти худро дар асоси тиҷоратӣ амалӣ менамоянд ва аз давраи созмон додан ба муҳлати панҷ сол аз пардохти тамоми намудҳои андоз озод карда мешаванд.
2. Инҳо вазифаҳои асосии марказҳо муайян карда шаванд:
амиқ тадқиқ намудани иқтидор ва пойгоҳи захиравии минтақаҳо ба мақсади созмон додани намудҳои нав ва замонавии истеҳсолот ва хидматрасонӣ;
рушди менеҷменти инноватсионӣ ба мақсади дастгирӣ намудани ғояҳои инноватсионӣ, коркард ва технологияҳо;
коркард, тасдиқ ва аз худ намудани лоиҳа-стартапҳои инноватсионӣ бино бар истеҳсоли маҳсулоти нав ва харидоргир (кор, хидмат), аз ҷумла бо истифодаи усулу технологияҳои пешқадаме, ки дар хориҷ истифода мешаванд;
гузарондани тадқиқотҳои маркетингии бозори инноватсияҳо, ташаккул додани бозорҳои фурӯши маҳсулоти инноватсионии истеҳсолӣ (кор, хидмат), коркарди тавсияҳо барои равона кардан ва мутобиқ гардондан ба талаботи бозор;
ташкил кардани кор оид ба ҷустуҷӯйи сармоягузорон ва истеъмолгарони маҳсулоти инноватсионӣ (кор, хидмат), аз ҷумла бо роҳи рушди кооператсияи байни субъектҳои инфрасохтори инноватсионӣ;
маслиҳат додан ба доираи васеи шахсони манфиатдор бино бар масъалаҳои амалӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ташкили чорабиниҳои рекламавӣ ва намоишгоҳӣ, ки ба дар байни аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ оммавӣ гардондани ғояҳои инноватсионӣ, коркард ва технологияҳо нигаронда шудаанд;
рушди ҳамкории инноватсионӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таълимӣ, стартапҳо ва шарикони дигар дар соҳаҳои устувори саноат ва кишоварзӣ ба мақсади татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ;
пеш бурдан ва тиҷоратӣ гардондани натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ, ки коркард ва бо муваффақият аз озмоиш гузаронда шуданд.
3. Дар созмон додани марказҳо инҳо шартҳои асосии шарикии давлативу хусусӣ муқаррар карда шаванд:
қитъаҳои замин, биноҳои холӣ, ки барои созмон додани марказҳо ва сохтмони инфрасохтори иловагӣ зарур мебошанд (мавҷуд будани чорсӯи нақлиёт, автоистгоҳҳо, ҷойҳои исти нақлиёт ва ғайра) ба шарикони хусусӣ беподош, ба тариқи истисно, дар асоси музокироти бевосита ҷудо карда мешаванд;
интихоби қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои марказҳо ба тариқи муқарраргардида аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бо розигии Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардонда мешавад;
шарикони давлатӣ ва хусусӣ дар асоси баробарӣ ба сифати таъсисгарони марказҳо иштирок мекунанд;
созишнома дар бораи шарикии давлатию хусусӣ ба муҳлати то 20 сол аз рӯзи қайди давлатии марказ ба имзо расонда мешавад;
соҳаи фаъолияти марказҳо дар тӯли тамоми муҳлати амали созишнома оиди шарикии давлативу хусусӣ нигоҳ дошта мешавад;
пӯшондани хароҷоти марказҳо барои қайди давлатии объектҳои моликияти давлатӣ аз ҳисоби маблағи Фонди ҷонибдории рушди инноватсионӣ ва ғояҳои навоварона амалӣ гардонда мешавад;
шарики давлатӣ бояд ба кӯмак расондан барои фароҳам овардани шароит бино бар рағбатноксозии ҷорӣ намудани инноватсия ба соҳаи иқтисодиёт, аз он ҷумла васеъ гардондани имкониятҳои тиҷоратигардонии маҳсулоти истеҳсолшаванда дар доираи харидҳои давлатӣ ӯҳдадор бошад;
ҳуқуқ ва вазифаҳои шарикони давлатӣ ва хусусӣ, инчунин дигар шароитҳои шарикии давлатию хусусӣ дар созишномаҳое, ки байни шарикони давлатӣ ва хусусӣ бино бар розигии Шӯрои назоратии Фонди ҷонибдории рушди инноватсионӣ ва ғояҳои навоварона ба имзо мерасанд, мустаҳкам карда мешаванд.
4. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 январи соли 2018 №ФП-5308 «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо» ба муҳлати то 1 январи соли 2023 аз пардохтани тамоми намудҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ, ба ғайр аз пардохти ягонаи иҷтимоӣ озод карда мешаванд:
фондҳои венчурии созмондодашаванда, лоиҳа-стартапҳои баландтехнологии соҳибкориро якҷоя бомаблағ таъмин мекунанд;
лоиҳа-стартапҳои баландтехнологӣ, ки аз фондҳои венчурӣ бо маблағ таъмин карда мешаванд;
муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, марказҳои инноватсионӣ, бюрои лоиҳавиву конструкторӣ оид ба даромад, ки аз ба соҳибкорон фурӯхтани (ба истифода додани) технологияҳои нави худӣ ба даст овардаанд;
ташкилот оид ба трасфери технологияҳои нав ба соҳибкории ватанӣ бино бар даромади фаъолияти мазкур.
Ба роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагидорӣ бо дарназардошти ихтисоси соҳавии онҳо созмон додани фондҳои корпоративии венчурӣ тавсия дода шавад, ки маблағи онҳо барои молиявисозии тадқиқотҳо, коркардҳои марказҳо, аз он ҷумла бо роҳи ба сармояи оинномавии онҳо дохил шудан равона карда мешаванд.
5. Муқаррар карда шавад, ки:
барои марказҳо захиракунии маблағҳои Фонди ҷонибдории рушди инноватсионӣ ва ғояҳои навоварона ба миқдори на кам аз 10 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ба назар гирифта мешавад;
ҳангоми созмон додани марказҳо дар шароити шарикии давлативу хусусӣ Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мақомоти дигари давлатӣ, корхона ва ташкилотҳо метавонанд ҳамчун шарики давлатӣ баромад кунанд;
маҳакҳои асосии интихоби лоиҳаҳои хусусӣ аз ҷониби шарики давлатӣ муайян карда мешавад;
ҳангоми бекор кардани созишнома бо ташаббуси шарикони хусусӣ хароҷоти онҳо барои созмон додани марказҳо талофӣ намешавад, объекти сохтмонаш ба охир нарасида ба моликияти давлатӣ дода мешавад ва ҷустуҷуйи такрории шарикони хусусӣ мувофиқи қарори мазкур гузаронда мешавад;
ба биноҳои сохташавандаи марказҳо гузарондани тамоми шабакаҳои зарурии берунии муҳандисиву коммуникатсионӣ, инфрасохтори коммуналӣ аз ҳисоби ҶС «Ӯзбекэнерго» – дар қисми қувваи барқ, ҶС «Ӯзтрансгаз» – дар қисми таъминоти газ, ШС «Ӯзбектелеком» – дар қисми шабакаи телекоммуникатсионӣ, Фонди роҳи ҷумҳурии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – дар қисми сохтмони роҳҳои автомобилгард, маблағи буҷаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд – дар қисми таъминоти об, канализатсия ва сохтмони автостансия бо дарназардошти муҳлатҳое, ки дар созишнома оиди шарикии давлативу хусусӣ бино бар созмон додани марказҳо муқаррар шудаанд, амалӣ гардонда мешаванд;
баробари ба истифода супурда шудани бинои марказҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо хатсайрҳои қулайи нақлиётӣ ва кори муназзами нақлиёти мусофиркашониро ташкил мекунанд.
6. Ба банкҳои тиҷоратӣ васеъ иштирок намудан дар татбиқи ғояҳои инноватсионии марказҳо, коркард ва технологияҳо, аз он ҷумла бо роҳи ба марказҳо ва субъектҳои дигари соҳибкорӣ ҷудо намудани вомҳои имтиёзнок тавсия дода шавад.
7. Вазорати рушди инноватсионӣ ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо:
дар муҳлати ду моҳ ҷустуҷӯйи сармоягузорони иқтидорнок ва бо онҳо ба имзо расондани созишнома оиди созмон додани марказҳо дар асоси шартҳои шарикии давлативу хусусӣ, ки бо қарори мазкур муайян шудаанд;
якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду моҳ гузарондани музокиротро ба намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва хориҷӣ, идораҳои молиявӣ ба мақсади ҷалб намудан ба созмон додани марказҳо, аз он ҷумла ҷудо кардани маблағҳои грантӣ ва ҳомигӣ;
дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намудани таклифот оиди дар назди Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис додани Маркази ягонаи тиҷоратигардонии коркардҳои марказҳо, ки ба марказҳо дар васеъ гардондани имкониятҳои тиҷоратигардонии маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз он ҷумла дар доираи харидҳои давлатӣ кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад;
якҷоя бо Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд васеъ равшан намудан ва то ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ расондани моҳият ва аҳамияти қарори мазкурро таъмин намоянд.
Ба Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои созмон додани марказҳо дар ноҳияҳо (шаҳарҳо) бо истифода бурдани шартҳои қарори мазкур рухсат дода шавад.
8. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар муҳлати се моҳ бино бар дархости шарикони давлатӣ ва хусусӣ барои созмон додани марказҳо ҷудо кардани қитъаҳои замин ё ки биноҳои холӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби мақбулгардонии муассисаҳои миёнаи махсус, касбу хунар холӣ мегарданд ё ки ба биноҳои марказҳои хидмати давлатӣ, ки бинобар лоиҳаи намунавӣ муҷаҳҳаз мегарданд, ҷойгир намудани онҳоро ба назар гиранд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. Р. Холмурадов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. Б. Муродов ва вазири рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Ю. Абдураҳмонов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
шаҳри ТОШКАНД,
5 майи соли 2018