ДАР БОРАИ ЧОРАҲО БОБАТИ МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ АКСУЛАМАЛ БА ТАМАЪГАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Тӯли солҳои охир дар мамлакат бобати аксуламал ба тамаъгарӣ ислоҳоти муҳими идоравиву ҳуқуқӣ татбиқ шуданд.

Чораҳои мунтазаме, ки ба баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, дар ҷомеа ташаккул додани муносибати тоқатнопазир ба тамаъгарӣ нигаронида шудаанд, қабул гардиданд.
Дар доираи татбиқ намудани ислоҳот механизмҳои таъминсозии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, назорати ҷамъиятӣ ва парлумонӣ, ҳамчунин ислоҳкунии асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот ва судӣ
такмил дода шуданд.
Баробари ин ҳаллу фасли вазифаҳои стратегӣ бино бар пешрафти минбаъдаи иқтисодиёт, баланд бардоштани некӯҳолии халқ, беҳтар намудани иқлими сармоявӣ дар мамлакат қабул кардани чораҳои наву мунтазамро бобати таъмин сохтани татбиқи самарабахши сиёсати давлат дар соҳаи аксуламал ба тамаъгарӣ, ҳамчунин аз байн бардоштани сабаб ва шароитҳои зуҳуроти тамаъгарӣ тақозо менамоянд.
Ба мақсади боло бардоштани самаранокии низоми аксуламал ба тамаъгарӣ, фароҳам овардани иқлими куллан мусоид, пешбурди обрӯи мусбати мамлакат дар арсаи байналхалқӣ, ҳамчунин мувофиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:
1. Тасдиқ карда шавад:
Барномаи давлатӣ бино бар аксуламал ба тамаъгарӣ дар солҳои 2019-2020 (минбаъд – Барномаи давлатӣ) мувофиқи замимаи №1;
ҳайати нави Комиссияи байниидоравии ҷумҳурӣ бобати аксуламал ба тамаъгарӣ (минбаъд – Комиссияи байниидоравӣ) мувофиқи замимаи №2.
Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои дигар супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ индикаторҳои самаранокиро барои муваффақ шудан ба мақсадҳо бино бар ҳар кадом боби Барномаи давлатӣ кор карда бароянд ва бо Комиссияи байниидоравӣ ҳамоҳанг созанд.
2. Ба маълумот гирифта шавад, ки дар палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кумитаҳо бино бар аксуламал ба тамаъгарӣ ва масъалаҳои судиву ҳуқуқӣ таъсис дода шудаанд.
Ба Комиссияи байниидоравӣ супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ барномаи намунавии идоравии чорабиниҳоро бобати аксуламал ба тамаъгарӣ барои баррасӣ пешниҳод кунад ва онро бо кумитаҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати аксуламал ба тамаъгарӣ ва масъалаҳои судиву ҳуқуқӣ ҳамоҳанг созад.
3. Тавсия дода шавад, ки дар ҳайати Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятӣ ва шаҳри Тошканд, ҳамчунин Шӯроҳои депутатҳои халқии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ комиссияҳо бобати аксуламал ба тамаъгарӣ бо ба зиммаи онҳо гузоштани вазифаҳои зерин созмон дода шаванд:
омӯзиши маҷмӯии ҳолати кор дар соҳаи аксулмал ба тамаъгарӣ дар маҳалҳо;
мунтазам хабардор кардани кумитаҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати аксуламал ба тамаъгарӣ ва масъалаҳои судиву ҳуқуқӣ дар бораи ҳолати тамаъгарӣ ва мушкилоти мунтазам, ки сабаби зуҳуроти тамаъгарӣ дар маҳалҳо мешаванд, бо дохил кардани таклифҳо бобати такмил додани фаъолият дар соҳаи мазкур.
4. Муайян карда шавад, ки:
а) инҳо самтҳои бартариноки сиёсати давлат дар соҳаи аксуламал ба тамаъгарӣ дар пешомади миёнамуҳлат ба шумор мераванд:
минбаъд мустаҳкам намудани мустақилии ҳокимияти судӣ, аз байн бардоштани шароитҳо дар ҳама шаклҳояшон барои таъсири ғайриқонунӣ ба судҳо;
ташаккул додани низоми хидмати давлатӣ, ки ба тартиботи шаффофияти интихоби озмунӣ, таъин кардан ва пешрафти хидматчиёни давлатӣ асос мекунанд, барои онҳо муқаррар сохтани номгӯйи мушаххаси маҳдудиятҳо, монеаҳо, чораҳои рағбатноксозӣ ва механизмҳои дигари пешгирии тамаъгарӣ;
зина ба зина ҷорӣ намудани низоми пешниҳоди даромадҳои хидматчиёни давлатӣ ва таъмин намудани дараҷаи зарурии музди меҳнати онҳо, ҳамчунин такмил додани асосҳои ташкиливу ҳуқуқии ҳаллу фасли зиддияти манфиатҳо ҳангоми адои хидматҳои давлатӣ;
ҷорӣ намудани механизмҳои самарабхши ташкиливу ҳуқуқии ҳифзи ашхосе, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба тамаъгарӣ маълумот медиҳанд;
минбаъд баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, дар ҷомеа пурзӯр кардани муносибати тоқатнопазир ба тамаъгарӣ;
баланд бардоштани ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомот ва ташкилоти давлатӣ;
таъмин намудани озодии ҳақиқии фаъолияти идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ ва ҷалби онҳо барои иштирок дар тайёр кардан, баргузор намудан ва мониторинги иҷрои чораҳои зиддитамаъгарӣ;
б) дар соҳаи дахлдор аз байн бардоштани сабаб ва шароитҳое, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳои тамаъгарӣ мусоидат мекунанд, аз тариқи татбиқ сохтани барномаҳои самарабахши зиддитамаъгарии идоравӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти фаъолияти онҳо, чораҳои амалӣ бобати таъмин шудани риояи қоидаҳои ахлоқӣ ва пешгирӣ намудани зиддияти манфиатҳо вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони мақомот ва ташкилоти давлатӣ ба шумор мераванд.
5. Муқаррар карда шавад, ки:
а) аз 1 июли соли 2019 мақомоти давлатӣ мунтазам баҳогузории ҳатмии хавфу хатари тамаъгариро, ки ҳангоми татбиқ сохтани вазифа ва супоришҳои гузошташуда ба миён меоянд, баргузор мекунанд, ки бино бар натиҷаи онҳо:
номгӯйи соҳаҳои фаъолият ва мансабҳои хидматчиёни давлатӣ, ҳамчунин вазифаҳо (ваколатҳо)-и онҳое, ки бештар ба хавфу хатари тамаъгарӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ташаккул медиҳанд;
мониторинги ҳарчорякии иҷрои барномаҳои зиддитамаъгарии идоравиро татбиқ менамоянд ва бино бар кам кардани хавфу хатари тамаъгарӣ чораҳо меандешанд;
бино бар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи байниидоравӣ барномаҳои ҳарсолаи зиддитамаъгарии идоравиро тасдиқ мекунанд;
ҳар сол ба Комиссияи байниидоравӣ бобати аз байн бардоштани хавфу хатари тамаъгарӣ дар фаъолияти мақомот ва идораҳои дахлдор, аз ҷумла аз тариқи такмил додани қонунгузорӣ ва амалиёти ҳуқуқу тартибот таклиф ворид менамоянд;
б) роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо барои сари вақт ошкор накардан ва дуруст баҳо надодан ба хавфу хатари тамаъгарӣ, ҳамчунин роҳ додан ба ҳодисаҳои такроран содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои тамаъгарӣ ҷавобгарии масъул доранд.
6. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати адлия, Вазорати таълими халқ супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
маҷмӯи чораҳоро бинобар таълими ҳуқуқии ҷавонон дар соҳаи аксуламал ба тамаъгарӣ кор карда бароянд ва аз 1 сентябри соли 2019-ум ҷорӣ кунанд;
минбаъд пурзӯр кардани мавзӯоти зиддитамаъгариро дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва олӣ таъмин намоянд.
7. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёт ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар давра ба давра ҷорӣ намудани низоми маълумотдиҳӣ дар бораи молу мулк ва даромади табақаи муайяни хидматчиёни давлатӣ таклиф пешниҳод кунад, дар он ҳамчунин татбиқ намудани чораҳои зарурии фароҳам овардани инфрасохтори техникӣ ва таъминоти зарурии барномавиро пешбинӣ намояд.
8. Ба Комиссияи байниидоравӣ (Н.Т.Йӯлдошев) супурда шавад, ки:
аз 1 августи соли 2019-ум ба сифати таҷриба бо ҷалби ҷомеа ва коршиносони машҳур, аз ҷумла коршиносони хориҷӣ, татбиқ сохтани лоиҳаи «Соҳаи бидуни тамаъгарӣ»-ро дар давраи аввал дар соҳаҳои сохтмони умумӣ ва таълими олӣ, бо аз 1 апрели соли 2020-ум зина ба зина ҷорӣ намудани лоиҳа дар соҳаҳои дигар ба роҳ монад;
ҳар сол то 1 апрел ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи натиҷаи татбиқшавии лоиҳаи «Соҳаи бидуни тамаъгарӣ» дар соҳаҳои дахлдор маълумот пешниҳод кунад.
9. Ба мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои дигар супурда шавад, ки дар ҳар як чоряк ба Комиссияи байниидоравӣ пешниҳод кардани маълумотро дар бораи ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ таъмин намоянд.
10.  Бобати коркарди чораҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар соҳаи аксуламал ба тамаъгарӣ нигаронида шудаанд, Комиссияи махсус (минбаъд – Комиссияи махсус), дар ҳайати мувофиқи замимаи №3 таъсис дода шавад.
11. Инҳо вазифаҳои асосии Комиссияи махсус муайян карда шаванд:
таҳлили ҳолати ҷории механизмҳои истифодашавандаи ҳуқуқӣ ва тадбирҳои амалии назорати ҷамъиятӣ, ки ба аксуламал ба тамаъгарӣ нигаронида шудаанд;
аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхтани фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот ва назоратӣ, аз ҷумла шуъбаҳое, ки назорати дохилиидоравиро дар соҳаи аксуламали мунтазам ба тамаъгарӣ ва ҷиноятҳои дигар татбиқ менамоянд;
куллан дида баромадани усулҳои истифодашавандаи мубориза бо тамаъгарӣ ва амалиёти тарафайни байниидоравӣ дар соҳаи мазкур, ҳамчунин ошкор кардани сабаб ва шароитҳои содиршавии зуҳуроти тамаъгарӣ ва коркарди чораҳои маҷмӯӣ бино бар аз байн бардоштани онҳо;
омӯхтани меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ ва таҷрибаи мусбати хориҷӣ дар соҳаи аксулмал ба тамаъгарӣ ва назорати ҷамъиятӣ.
12. Ба Комиссияи махсус (З.Ш.Низомиддинов) супурда шавад, ки:
а) дар муҳлати як ҳафта таркиби гурӯҳи кориро бино бар самтҳои дахлдори омӯхтан ва нақшаи кори онҳоро тасдиқ намояд, ҳамчунин фаъолияти самарабахши гурӯҳҳои кориро ба роҳ монад;
б) дар муҳлати то 1 сентябри соли 2019-ум:
таклифро бобати куллан такмил додани фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот дар соҳаи аксуламал ба тамаъгарӣ, аз ҷумла аз тариқи ҷорӣ намудани муносибати ягона ба ташкили фаъолияти мазкур ва умумикунондани фаъолияти онҳо дар ин самт, бо назардошти меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ ва таҷрибаи мусбати хориҷӣ;
лоиҳаи «Харитаи амалиёт»-ро бино бар чораҳои маҷмӯие, ки ба истифодаи самарабахши механизмҳои назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи аксуламал ба тамаъгарӣ нигаронида шудаанд, ки аз ҷумла:
минбаъд пурзӯр кардани нақши палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳизбҳои сиёсӣ;
такмил додани тартиби ҳисоботдиҳии мақомоти ҳуқуқу тартибот дар назди палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
ҷорӣ намудани усулҳои шаффоф ва самарабахшии иштироки шаҳрвандон дар ҷараёни қабули қарорҳоро кор карда барояд ва пешниҳод кунад.
13. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мониторинги мунтазамро барои аз ҷониби мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар маҳалҳо  истифода шудани веб-сайтҳои расмӣ ва «телефонҳои боварӣ» ба сифати таъмин сохтани шаффофияти фаъолияти онҳо ва дастрасӣ ба иттилоот баргузор кунад;
якҷо бо Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, мақомот ва ташкилоти давлатӣ, ки барои татбиқ сохтани Фармони мазкур масъул мебошанд, бобати ба роҳ мондани корҳои васеи иттилоотиву тарғиботӣ дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва захираҳои интернет, аз ҷумла дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва захираҳои интернети хориҷӣ чораҳои мунтазамро татбиқ кунад, баромади олимони машҳур, роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлативу ҷамъиятиро пешбинӣ намояд, иштироки онҳоро дар брифингҳо, интернет-конфронсҳо, барномаҳои телевизионӣ бино бар масъалаҳои аксуламал ба тамаъгариро таъмин кунад;
дар ҳар чоряк ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи корҳои дар самти мазкур иҷрошуда маълумот пешниҳод намояд.
14. Ба Прокуратураи генералӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
15. Ба вазоратҳо ва идораҳо супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулкардаи худро ба Фармони мазкур мувофиқ созанд.
16. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
27 майи соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: