ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ДАСТГИРИИ МИНБАЪДАИ ҶАВОНОНИ БОИСТЕЪДОД, КИ БА ТАРКИБИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛИИ ҶУМҲУРӢ ҚАБУЛ ШУДААНД

Бо мақсади ҳавасманд кардани ҷавонон бобати мунтазам дар болои худ кор кардан, дастгирии минбаъдаи ҷавонони соҳибмаълумот, инчунин таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» муайян шудаанд:

Бо мақсади ҳавасманд кардани ҷавонон бобати мунтазам дар болои худ кор кардан, дастгирии минбаъдаи ҷавонони соҳибмаълумот, инчунин таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои  2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» муайян шудаанд:
1. Аз соли таҳсили 2021/2022 сар карда, барои 200 довталабе, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ (санҷишҳои тестӣ, касбӣ (эҷодӣ) имтиҳонҳои хаттӣ) барои шакли таҳсили рӯзонаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, холҳои баландтаринро ба даст оварданд, гранти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – гранти Президент) ҷорӣ карда шавад. 
2. Муқаррар карда шавад, ки:
а) 200 довталабе, ки аз рӯи натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ барои шакли таҳсили рӯзонаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ дар ҷумҳурӣ холҳои баландтарин ба даст овардаанд, довталабони гранти Президент дар қисмати самти таълим, новобаста аз забони таълим ба ҳисоб меравад.
Бо ин:
тақсими квотаи барои гранти Президент дар соҳаҳои маориф ҷудошуда ҳар сол аз ҷониби Комиссияи давлатӣ оид ба қабул ба таҳсил ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад;
довталабе, ки дар рӯйхати даъвогарони квотаи грантии Президент, ки барои соҳаи муайяни таҳсилот ҷудо карда шудааст, ҷои охиринро мегирад, инчунин ҳамаи шаҳрвандоне, ки бо онҳо миқдори баробари холҳоро ба даст овардаанд, довталаби гранти Президент мебошанд;
б) ҳангоми муайян кардани довталабони гранти Президент, холҳои ба баллҳои аз рӯи натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҷониби довталабон ба даст оварда  иловагардида, ки ба тоифаи ба онҳо тибқи санадҳои қонунгузорӣ имтиёз дар шакли пешниҳоди холҳои иловагӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ тааллуқдошта татбиқ мегардад, ба инобат гирифта намешавад;
в) рӯйхати довталабоне, ки барои гранти Президент даъвогарӣ мекунанд, ҳар сол аз ҷониби Комиссияи давлатӣ оид ба қабул ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз пурра ба охир расидани имтиҳонҳои қабул ва озмунҳо тасдиқ карда мешавад;
г) довталабоне, ки барои гранти Президент даъво мекунанд, барои таҳсил дар асоси гранти давлатӣ қабул карда мешаванд;
д) дорандагони гранти Президент дар асоси озмуне, ки Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, Шӯрои ҷумҳуриявии таҳсилоти олӣ ва Агентии кор бо ҷавонон байни донишҷӯёне, ки ба ин грант даъвогарӣ мекунанд ва аз ҳама фанҳо дар соли аввал  «баҳои аъло» гирифтаанд, инчунин дорои дастовардҳо дар самтҳои маънавию маърифатӣ ва илмию тадқиқотӣ мебошанд, муайян карда мешаванд;
е) ба донишҷӯёне, ки аз рӯи натиҷаҳои озмун ғолиб шудаанд, стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин ва пардохт карда мешавад.
Ҳамзамон, ба донишҷӯён:
ҳар моҳ аз оғози соли хониши курси дуюм, стипендияи барои гранти Президент муқарраргардида пардохт карда мешавад, ки ба ин муносибат стипендия ба онҳо дар асосҳои умумӣ таъин карда намешавад;
барои дорандагони гранти Президент, ки бинобар ҷамъбасти семестри навбатии таҳсил ҳадди аққал аз як фан баҳои ғайри «аъло» доранд, стипендия дар асосҳои умумӣ дода ва дар давоми семестри навбатии таълимӣ пардохта мешавад;
онҳое, ки бинобар ҷамъбасти семестри навбатии таълимӣ аз рӯи ҳама фанҳо танҳо баҳои «аъло» доранд, стипендияи барои гранти Президент муқарраршуда дубора таъин ва пардохт карда мешавад;
ж) донишҷӯёне, ки стипендияи барои гранти Президент муқарраршударо то ба охир расидани муҳлати бидуни танаффус гирифтанд, ба магистратура аз рӯи ихтисосҳои мувофиқ ва самтҳои ба ҳам наздики таълими бакалавриат, бидуни супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар асоси гранти иловагии давлатӣ қабул карда мешаванд.
3. Маркази давлатии тестии назди Девони Вазирон ҳар сол рӯйхати довталабонро барои гирифтани гранти Президент дар давоми як ҳафтаи пас аз пурра ба охир расидани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар соҳаи маориф дар қисмати муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва самтҳои таълими бакалавриат бо дохил намудан ба Комиссияи давлатии қабул ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиб диҳад. 
4. Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус дар якҷоягӣ бо Агентии кор бо ҷавонон ва Вазорати адлия то 1 сентябри соли 2021 ба Девони Вазирон тартиби муайян кардани дорандагони гранти Президентро дар асоси озмун пешниҳод намояд, аз ҷумла:
а) аз ҷониби  ректори (директори) муассисаи таълими олӣ додани тавсифнома барои иштирок дар озмун ба донишҷӯёне, ки барои гирифтани гранти Президент даъво доранд, дар соли аввал аз рӯи ҳама фанҳо баҳои «аъло» гирифтаанд, дар давраи таҳсил, аз ҷумла, фаъолияти илмию тадқиқотӣ, азхуд кардани дониш ва малакаҳои муосир, дониши зарурӣ дар соҳа комёб шудаанд, чунин сифатҳои шахсӣ, ба монанди ташаббускорӣ, рафтори намунавӣ, малакаи ифодаи мавқеи шаҳрвандии худ дар робита бо ислоҳот дар ҷумҳурӣ доранд;
б) муқаррар намудани талаботҳои минималии зерин барои донишҷӯёне, ки барои грантҳои Президент даъвогарӣ мекунанд:
иштирок дар конфронсҳои (озмунҳо) самтҳои дахлдори таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо таҳсил мекунанд;
нашри ҳадди аққал ду мақолаи илмии (асарҳо) самти таҳсилоти бакалавриат, ки аз рӯи онҳо таҳсил мегиранд;
дар баробари донистани забони давлатӣ донистани ҳадди аққал як забони хориҷӣ (ба истиснои забонҳои давлатии кишварҳои узви ИДМ) ва таърихи Ӯзбекистон.
5. Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз ин қарор бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.А. Мусаев ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А. Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон   Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
6 июли соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: