ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ДАСТГИРИИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ ВА РУШДИ СОҲАИ ЖУРНАЛИСТИКА

Ба мақсади татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 январи соли 2022 № ФП-60 тасдиқ шудааст, пурзӯр гардондани ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин минбаъд баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии кадрҳо ва рушди соҳаи журналистика:

1. Муқаррар карда шавад, ки:
а) дар давраи аз 1 июли соли 2022 то 1 июли соли 2025:
воситаҳои ахбори оммавӣ андози даромадро аз рӯи меъёри андозе, ки нисбат ба меъёри муқарраршудаи андоз ба андозаи 50 фоиз кам карда шудааст, ба истиснои воситаҳои ахбори оммавии дорои хусусияти таблиғотӣ пардохт мекунанд;
таҷҳизоти табъу нашр, воситаҳои замонавии сурат ва радиотелевизионӣ, инчунин коғаз, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, бинобар рӯйхати ба тартиби муқарраргардида ташаккулёфта оварда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд;
б) аз соли 2023 амалияи бепул фиристодани 110 нусха нашрияҳои даврӣ ва 67 нусха маҳсулоти китобӣ бекор карда шуда, тартиби аз ҷониби мақомоту ташкилотҳои дахлдори давлатӣ, инчунин дигар муассисаҳо харидории маҳсулоти чопӣ (ба истиснои Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ) ҷорӣ карда мешавад. Дар баробари ин аз Буҷети давлатӣ барои харид кардани мақомоти дахлдори давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад;
в) ба ташкилотҳои буҷетӣ иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби моддаи хароҷоти «фонди китобхона»-и онҳо маблағро барои обуна ба нашрияҳои даврии чопӣ, шаклҳои электронии онҳо, инчунин воситаҳои ахбори оммаи электронӣ фиристанд.
2. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он аз 1 октябри соли 2022 ҳар сол барои 30 лоиҳаи беҳтарин оид ба офаридан ва пахши маҳсулоти телевизион ва радиои барои кӯдакон пешбинишуда озмун эълон карда шавад, ки арзиши ҳар кадоми он то 300 баробари андозаи ҳисоби асосӣ мебошад. Ҳамзамон, ин хароҷот аз ҳисоби маблағи Буҷети давлатӣ, ки ба таври илова ба Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ ҷудо карда мешавад, пӯшонда мешавад.
3. Бо мақсади ҳавасмандгардонии мунтазами рӯзноманигорони фаъол ва ташаккули фазои рақобати солими созанда дар байни онҳо дар ҳар семоҳа:
ба муаллифон (аъзоёни гурӯҳҳои эҷодӣ) барои то 100 материали беҳтарини дар ВАО интишоргардида бо тартиби афзоиши зерин аз андозаи камаш то 50 баробари миқдори андозаи асосии ҳисоб мукофоти пулӣ дода мешавад;
барои дарёфти грантҳои давлатӣ ва фармоишҳои давлатии иҷтимоӣ ҷиҳати омода намудан ва дар воситаҳои ахбори оммавӣ интишор намудани то 100 маводи беҳтарини таҳлилии дорои аҳамияти амалӣ ва муҳим озмун эълон карда мешавад.
Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ (А.А.Ходжаев) платформаи махсуси электронӣ – низоми электронии аз ҷониби ҷомеаи васеъ ва коршиносони соҳибихтисоси мустақил муайян кардани маводи беҳтаринро бо усули рӯшод ва шаффоф ба кор дарорад. 
Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои дар ҳамин банд пешбинишуда аз ҳисоби Фонди дастгирии рушди соҳаи ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохта мешавад.
4. Аз соли 2023 сар карда ба ташкили Озмуни анъанавии байналмилалии Ҷоизаи миллии «Олтин қалам», ки ҳамасола дар асоси принсипҳои демократӣ дар шакли ошкоро ва шаффоф миёни рӯзноманигорон баргузор мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барандагони Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» сарфароз гардонида шаванд :
барои мукофоти асосии миллӣ — автомобил;
барои ҷойи якум — мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба андозаи 200 баробари арзиши асосии ҳисоб;
барои ҷойи дуюм — мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба андозаи 175 баробари арзиши асосии ҳисоб;
барои ҷойи сеюм — мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба андозаи 150 баробари арзиши асосии ҳисоб;
барои ҳар кадоми 12 номинатсияи ҳавасмандгардонӣ — мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба андозаи 100 баробари арзиши асосии ҳисоб.
Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба баргузории Озмуни байналмилалии Ҷоизаи миллии «Олтин қалам» аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҷамъиятии «Илҳом» пардохта мешавад.
5. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
а) тамоми мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ таъсиси шакли замонавии электронии нашрияҳои чопии давриро, ки муассисашон онҳо мебошанд, аз ҷумла замимаҳои мобилии онҳоро аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ барои солҳои 2022-2024 ҷудогардида, маблағҳои ғайрибуҷетии онҳо ва дигар манбаъҳое, ки бо санадҳои қонунгузорӣ манъ нашудаанд, ташкил намоянд, дар солҳои минбаъда барои навсозии онҳо мунтазам маблағ ҷудо мекунанд;
б) аз соли 2023:
то 1 январи соли 2026 барои 20 лоиҳаи беҳтарини эҷод ва модернизатсия, аз ҷумла пӯшондани хароҷот барои дар тӯли як сол нигоҳ доштани шакли замонавии электронии нашрияҳои даврӣ, ки муассисони онҳо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо нестанд, аз ҷумла замимаҳои мобилии онҳо пас аз бақайдгирии давлатиашон камаш ду сол сипорӣ шудааст, ҳар сол озмун эълон карда мешавад. Дар баробари ин, ба ҳар як озмун аз ҳисоби маблағи Фонди дастгирии рушди соҳаи иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то миқдори 100 баробари андозаи асосии ҳисоб маблағ ҷудо карда мешавад;
Платформаи ягонаи электронии “Обуна”, аз ҷумла замимаи мобилии он таъсис дода мешавад, ки имкони обунаи фосилавӣ ва пайгирии саривақтии нашрияҳои даврии чопӣ, китобҳо ва дигар маҳсулоти полиграфиро ба муштариён фароҳам меорад;
то 1 январи соли 2026 10 фоизи арзиши обуна ба нашрҳои чопии даврии иҷтимоию сиёсӣ, маънавию маърифатӣ, адабиву бадеӣ, ҳуқуқӣ, илмию оммавӣ ва 20 фоизи арзиши обуна ба нашрҳои чопии даврии барои бачаҳо пешбинишуда, ки аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ба воситаи Платформаи ягонаи электронии “Обуна” анҷом дода шудааст, ба кортҳои бонкии обуначиён дар тӯли як моҳ аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ (“Cashback”), ба истиснои нашрҳои даврии чопии хусусияти рекламавӣ дошта баргардонда мешаванд.  
Ҳамзамон, ин хароҷоти мазкур аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, ки ба Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ба таври иловагӣ ҷудо карда мешавад, ҷуброн карда мешаванд.
Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия (Ш.Х.Шерматов) ва Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ (А.А.Хоҷаев) то охири соли 2022 аз ҳисоби Фонди рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ созмон додан, бо системаҳои пардохтҳои электронӣ муттаҳид кардан, таъмини навсозӣ, дастгирии техникӣ ва фаъолияти пайвастаи платформаи ягонаи электронии «Обуна», аз ҷумла замимаи мобилии онро таъмин кунанд.
6. Бо мақсади ҳамгироӣ бо амалияи раванди тайёр кардани кадрҳои соҳаи журналистика, такмили ихтисоси кадрҳо ва ҳавасмандгардонии омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби журналистон аз 1 сентябри соли 2022:
а) аз нуқтаи назари ҳавасмандгардонии моддии профессорону омӯзгороне, ки бинобар самти журналистика дар муассисаҳои таълими олӣ дарс медиҳанд, барномаҳои муаллифӣ, намоиш ва мақолаҳои бузурги таҳлилии онҳо ба мақолаҳои илмӣ баробар карда мешаванд;  
б) аз рӯйи шартҳои музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддӣ ба шахсоне, ки на камтар аз панҷ сол дар таҳририяҳои воситаҳои ахбори омма, нашриёт, корхонаҳои табъу нашр ва хадамоти матбуотӣ кор карда, дар ин самтҳо дар мактабҳои олӣ омӯзгорӣ кардаанд, бо унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовор шудаанд, ба шахсони дорои унвони илмии «профессор» ва «дотсент» мутобиқи замимаи № 1 баробар карда мешаванд;
в) ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки ба раванди тайёр кардани кадрҳои соҳаи журналистика кормандони маъруфи ВАО ва мутахассисони пешрафтаи соҳаро ҷалб созанд ва меҳнати онҳоро аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии муассисаҳои таълими олӣ  ба таври  илова ҳавасманд гардонанд;
г) тибқи замимаи № 2 шуъбаҳои махсуси кафедраҳои  мактабҳои таълими  олӣ, ки ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи журналистика машғуланд, таъсис дода мешаванд;
д) ба рӯзноманигорон ва кормандони таҳририяе, ки дар ВАО ҳамчун ҷойи кори асосии худ камаш як сол кор мекунанд:
як қисми 50 фоизи хароҷоти таълими забонҳои хориҷӣ дар курсҳои таълимӣ, ки аз 15 баробари миқдори андозаи базавӣ ҳисоб зиёд намебошад, ҷуброн карда мешавад. Ҳамзамон, онҳо бояд сертификати миллӣ ё байналмилалии дахлдори забонҳои хориҷии дараҷаи В2 ва болотар дошта бошанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷоти воқеии марбут ба таҳсил дар муассисаи таълимии ғайридавлатиро пешниҳод намоянд;
хароҷоти супоридани имтиҳон барои гирифтани сертификати миллӣ ё байналмилалӣ аз забони хориҷӣ дар сатҳи В2 ва болотар пурра ҷуброн карда мешавад.
Ҳамзамон, хароҷоти баргузор намудани чорабиниҳо, ки бо банди мазкур муайян шудааст, аз ҳисоби маблағи Фонди дастгирии рушди соҳаи иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пӯшонда мешаванд.
7. Ба эътибор гирифта шавад, ки бо қарори мақомоти олии Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ба Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон табдил дода шуд.
Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон дар биное, ки дар нишонии зерин: шаҳри Тошканд, ноҳияи Шайхонтаҳур, кӯчаи Навоӣ 16, воқеъ аст, дар асоси ҳуқуқи истифодаи ройгон ҷой дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки дар солҳои 2023-2024 50 нафар рӯзноманигорон ва кормандони таҳририя барои такмили ихтисос, омӯхтани таҷриба, коромӯзӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бонуфузи ВАО ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар карда шуда, инчунин бо ҷалби мутахассисони соҳибихтисос барои онҳо курсҳои такмили ихтисос ташкил карда шаванд. Хароҷоти дахлдори ин самт аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки ба Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ҷудо карда мешавад, инчунин дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ накардаанд, амалӣ карда мешаванд.
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳо оид ба ҳар сол ба тартиби муқарраргардида ҷудо кардани маблағ ба сифати субсид  барои ташкили самарабахши фаъолият, пӯшондани хароҷот барои нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии шуъбаҳои дахлдори ҳудудии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои маҳаллӣ чораҳо андешанд. 
8. Бо мақсади минбаъд мустаҳкам намудани системаи ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқи журналистон таклифҳои зерини Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон барои татбиқ аз ҷониби ин Иттифоқ тасдиқ карда шаванд:
мусоидат дар ҳаллу фасли тосудии низоъҳое, ки байни журналистон ва мақомоти давлатӣ, шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд;
иштирок дар тартиби муқаррарнамудаи қонун дар мурофиаи ҷиноятӣ оид ба фаъолияти касбии журналистон ба сифати ҳимояи ҷамъиятии онҳо;
дар асоси доимӣ ҳавасмандгардонии коршиносони соҳибихтисос, ки ба фаъолияти шӯроҳои бадеии каналҳои телевизиону радио ҷалб карда шудаанд, аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ, ки ба Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ҷудо карда шудааст.
9. Ба эътибор гирифта шавад, ки бо қарори мақомоти олии Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекистон Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекистон ба Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии Ӯзбекистон табдил дода шуд.
Муқаррар карда шавад, ки мувофиқи нақшаи татбиқи медиалоиҳаҳо, ки аз ҷониби Медиа-ассотсиатсияи миллии Ӯзбекистон ба вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва ҳокимиятҳо тавсия шудааст, рухсат дода мешавад, ки дар асоси шартнома медиамаҳсулотро офаранд ва фурӯшанд, инчунин дигар медиалоиҳаҳоро аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии онҳо, инчунин манбаъҳои дигаре, ки ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ намоянд. 
10. Ба Комиссияи парлумонӣ оид ба идоракунии маблағҳои Фонди ҷамъиятии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлис  тавсия дода шавад, ки миқдор ва андозаи грантҳо, фармоишҳои иҷтимоиро ба васоити ахбори омма мунтазам зиёд гардонанд ва дар ин самт озмунҳои алоҳида гузаронанд.
11. Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия (Ш.Х.Шерматов) якҷоя бо Вазорати адлия (Р.Қ. Давлетов), Вазорати молия (Т.А. Ишметов) ва Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ ( А.А.Хоҷаев) дар давоми се моҳ лоиҳаи қонунро таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Девони Вазирон пешниҳод намояд, ки то 50 фоиз кам кардан ва дар давоми як сол ҷорӣ кардани пардохти қисм-қисми маблағи муқарраргардидаи боҷи давлатиро барои лоиҳакашӣ ва сохтмон, истифодабарӣ ва хидматрасонӣ барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиопаҳнкунӣ пешбинӣ менамояд.
Дар баробари ин андозаҳои алоҳидаи боҷи давлатӣ барои:
лоиҳакашӣ ва сохтани шабакаҳои паҳнкунандаи (интиқоли) барномаҳои телевизион ва радио;
паҳн кардан (намоиши) барномаҳои телевизион ва радио дар саросари ҷумҳурӣ ё паҳн кардан (пахш намудани) барномаҳои телевизион ва радиои минтақавӣ;
паҳн кардани радиошунавонӣ пешбинӣ мешаванд.
12. Бино ва иншооти “Матбуот уйи”, ки дар суроғаи: шаҳри Тошканд, ноҳияи Миробод, кӯчаи Матбуотчилар, 32 воқеъ аст, дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ ба ихтиёри Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон дода шавад.
Муайян карда шавад, ки таҳририяҳои нашрияҳои чопиро дар ин бино бе пардохти иҷора (ба истиснои пардохт барои хидматрасониҳои коммуналӣ ва дигар хизматрасониҳо) ҷой додан мумкин аст.
13. Ҳокимияти шаҳри Тошканд (Ҷ.А. Артиқхоҷаев) якҷоя бо Вазорати сохтмон (Б. И. Закиров), Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (А. М. Бобоев) ва Вазорати молия (Т. А. Ишметов):
хароҷоти марбут ба барпо намудани медиашаҳраки замонавиро дар ҳудуди биною иншоотҳои дар банди 12 ҳамин қарор бандбуда, инчунин ҳудуди назди онҳоро ба Барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2023-2024 дохил намоянд;
оиди ба миқдори зарурӣ ҷудо кардани маблағ барои ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда ва азхуднашуда дар доираи Барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  барои солҳои 2022-2024 чораҳо андешанд. 
Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон то ба анҷом расидани татбиқи лоиҳаи созмон додани медиашаҳраки замонавӣ фаъолияти худро дар бинои воқеъ дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Миробод, кӯчаи Буюк Турон, 42, идома диҳад.  
14. Барномаи тадбирҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи журналистика дар солҳои 2022-2023 мутобиқи замимаи № 3 тасдиқ карда шавад.
Масъулияти шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои иҷрои саривақтӣ ва хушсифати вазифаҳои дар Барнома муайяншуда нишон дода шаванд. 
15. Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ (А. А. Хоҷаев) якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳодҳо тақдим намояд.
16. Дар сархати сеюми банди 2, сархати дуюми банди 5, сархати понздаҳуми банди 10 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 августи соли 2017 № ҚП-3184 «Дар бораи таъсиси Фонди ҷамъиятии дастгирии арбобони эҷодии Ӯзбекистон «Илҳом», инчунин дар сархати понздаҳуми замимаи № 1-и қарор калимаҳои «Иттифоқи эҷодии журналистон» дар мазмуни дахлдор ба калимаҳои «Иттифоқи журналистон» иваз карда шаванд.
17. Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 августи соли 2017 № ҚП-3195 «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи фаъолияти Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
18. Ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.  Абдуҳакимов ва директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ А.А. Хоҷаев масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур гузошта шавад.
Баррасии рафти иҷрои қарори мазкур, амалӣ гардондани мутобиқсозӣ ва назоратии фаъолияти идораҳои ба иҷрои онҳо масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон – Котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.И. Асадов  гузошта шавад. 
 
Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
27 июни соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: