ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ҚУЛАЙИҲОИ ИЛОВАГӢ БА АҲОЛӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ҚАРЗҲОИ ИПОТЕКӢ

Ба мақсади дастгирии аҳолии ба беҳтар гардондани шароити манзилӣ эҳтиёҷманд, минбаъд такмил додан ва васеъ намудани таҷрибаи истифодаи механизмҳои қарздиҳии ипотекӣ:

1. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он аз 1 январи соли 2023 сар карда музди меҳнат ва дигар даромадҳои шаҳрвандоне, ки ба онҳо барои ҷуброни як қисми бунаки ибтидоӣ ва як қисми фоизҳо оид ба қарзҳои ипотекӣ субсид дода шудаанд, ки барои пӯшондани қарзҳои ипотекии барои харид, сохтмон ва таҷдиди манзил гирифташуда ва фоизҳои ба онҳо ҳисобшуда   равона карда мешаванд, андоз аз даромади шахсони ҷисмонӣ ситонда намешавад. 
2. Муқаррар карда шавад, ки:
имтиёзе, ки дар банди яки қарори мазкур нишон дода шудааст, нисбат ба қарзгиранда ва шарикони қарзгир аз рӯйи даромаде, ки аз нишондиҳандаи 80 баробараи музди меҳнати камтарин дар тӯли як давраи андоз зиёд намебошад, татбиқ карда мешавад; 
аз соли 2023 ҳангоми бегона шудани амвол, ки аз ҳисоби қарзи ипотекӣ гирифта, сохта ё ки таҷдид карда шудааст, дар тӯли 36 моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ ба амволи даромад, ки дар банди якуми қарори мазкур нишон дода шудааст, ба тартиби муқараргардида андоз ситонда мешавад. 
3. Аз 1 ноябри соли 2022 ба ҷудо кардани қарзҳои ипотекӣ барои аз бозори ибтидоӣ харидани хона дар манзилҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои пудратии сохтмонӣ сохта шудаанд, бидуни шарти супурдан «таҳти калид» (ба ҳуҷраҳо тақсим карда шуда, барои таъмир омода карда шудаанд), инчунин пардохти субсидҳо барои ҷуброни як қисми бадали  ибтидоӣ ва як қисми фоизҳои қарзи ипотекӣ иҷозат дода шавад. 
4. Мӯҳлати эътибори огоҳиномаҳо дар бораи ҷудо кардани субсидҳо, ки дар доираи андозаҳои мақсадноки ҷудо кардани қарзҳои ипотекӣ дар соли 2021 мувофиқи тартиби нав дода шудаанд, то 31 декабри соли 2022 дароз карда шавад. 
5. Пешниҳоди Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиши камбизоатӣ дар бораи ҷудо намудани қарзи буҷетӣ ба ҶС «Ширкат оид ба азнавмаблағгузории ипотекаи Ӯзбекистон» (минбаъд – Ширкат) то 300 миллиард сӯм аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшудаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ  ба мӯҳлати се сол бинобар стафкаи 12 фоиз бо шарти пардохтани пардохтҳои фоизӣ дар ҳар шаш моҳ барои азнавмаблағгузории вомҳои ипотекӣ, ки ба аҳолӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ҷудо карда шудаанд, мақул дониста шавад.
Дар ин бобат Ширкат ҷойгир намудани захираҳоро ба бонкҳои тиҷоратӣ бо маржаи на зиёд аз як фоиз таъмин намояд. 
6. Раиси Шӯрои Девони Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимони вилоятҳо то охири сол оид ба инҳо чораҳо андешанд:
ташкил кардани марказҳои ипотекӣ дар марказҳои вилоятӣ дар асоси таҷрибаи шаҳри Тошканд ба мақсади фароҳам овардани қулайи-ҳои иловагӣ ба шаҳрвандон дар ҷараёни хариди манзил ва расмигардонии қарзҳои ипотекӣ;
дар марказҳои ипотекӣ ҷойгир намудани  идораҳои фурӯши ташкилотҳои сохтмониву пудратӣ (девелоперҳо), ки дар минтақа бо сохтмони манзил машғуланд, гӯшаҳо ва кассаҳои бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин идораҳои хусусии нотариалӣ.
7. Девони Вазирон дар мӯҳлати як ҳафта қарор қубул намояд, ки рақамигардонии ҷараёни ҷудо кардани субсидро ба аҳолӣ ҷиҳати хариди манзил ё сохтмон ва таҷдиди манзили инфиродӣ, инчунин содда гардондани тартиби ҷудо кардани қарзҳои ипотекиро пешбинӣ менамояд. 
8. Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар мӯҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани  тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори  мазкур бармеоянд пешниҳод тақдим намоянд. 
9. Ба зиммаи вазири молия Т. А. Ишметов ва муовини аввали вазири рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ И. И. Норқулов барои ташкили самарбахши иҷрои қарори мазкур масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳое, ки барои иҷрои қарори мазкур масъул мебошанд, ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
22 сентябри соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: