ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ҶОРӢ КАРДАНИ ID-КОРТҲОИ ИДЕНТИФИКАТСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди системаи иттилоотӣ дар кишвар, истифодаи васеи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани механизми ягонаи идентификатсиякунии шахс дар системаҳои гуногуни иттилоотӣ ва расонидани хадамоти фосилавӣ, инчунин таъмини самараноки вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегия амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисо

Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди системаи иттилоотӣ дар кишвар, истифодаи васеи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани механизми ягонаи идентификатсиякунии шахс дар системаҳои гуногуни иттилоотӣ ва расонидани хадамоти фосилавӣ, инчунин таъмини самараноки вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегия амалиёт  оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» муайян шудаанд:
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки мутобиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 декабри соли 2018 № ҚП-4079 «Дар бораи чораҳои минбаъда оид ба ташкил кардани низоми расмигардонӣ ва додани шиносномаи биометрии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сафар ба хориҷа ва таҷдиди низоми шиносномаи биометрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз соли 2021 сар карда, дар пойгоҳи инфрасохтори мавҷудаи системаи шиносномаи биометрии ҷумҳурӣ, ба ҷои шиносномаи намунаи соли 2011 биометрии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷорӣ намудани низоми расмигардонӣ ва додани ID-кортҳои идентификатсионӣ пешбинӣ шудааст.
2. Нуқтаи назари ҷомеаи васеъ ва таҷрибаи пешқадами хориҷиро ба эътибор гирифта, пешниҳодҳои зерини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллии ҳуқуқи инсон маъқул дониста шаванд:
фароҳам овардани имкониятҳои муроҷиат барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар салоҳдиди худ ба ҳама гуна воҳидҳои муҳоҷират ва расмигардонии шаҳрвандии мақомоти корҳои дохилӣ барои гирифтан ва иваз кардани ID-кортҳои идентификатсионӣ, ивазкунии онҳо — инчунин ба марказҳои хидматҳои давлатӣ;
ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, фароҳам овардани муроҷиат намудан бо шӯъбаҳои муҳоҷират ва расмигардонии шаҳрвандии мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳалли бақайдгирии доимӣ барои гирифтани ID-кортҳои идентификатсионӣ, ивазкунии онҳо — дар ҳама гуна шуъбаҳои муҳоҷират ва расмигардонии шаҳрвандии мақомоти корҳои дохилӣ бо салоҳдиди худ;
ба чипи  ID-кортҳои идентификатсионӣ ворид намудани маълумот дар бораи миллати соҳибони он бидуни нишон додани онҳо дар бланкаи ID-корт;
ба ҷавобгарии маъмурӣ накашидани шаҳрванд барои саривақт муроҷиат нанамудан бораи қабул ё иваз, корношоям кардани он ё гум кардани ID-корти худ;
расмигардонии  ID-кортҳои идентификатсионӣ барои кӯдаки навзод бо салоҳдиди волидон, васиён (парасторон) пас аз бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти сабти аснод ва пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд бидуни додани ҳатмии он.
3. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
расмигардонии ID-кортҳои идентификатсионӣ дар давоми як рӯзи корӣ пас аз қабули ҳуҷҷатҳои муайян амалӣ гардонда мешавад;
расмигардонии ID-кортҳои идентификатсионӣ аз ҷониби корманди масъул дар асоси дархостҳои шаҳрвандони солхӯрдае, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд, инчунин шахсони маъюб дар давоми понздаҳ рӯз бо ташриф ба ҷойҳои истиқомати онҳо бидуни ситонидани ҳаққи хидмати иловагӣ анҷом дода мешавад.
4. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Низом дар бораи ID-корти идентификатсионии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 1;
Низом дар бораи ID-корти идентификатсионии шаҳрванди давлати хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доимӣ истиқомат мекунанд, мутобиқи замимаи № 2.
5. Муқаррар карда шавад, ки табодули шиносномаҳои биометрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва иҷозатномаи будубоши шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ барои ID-кортҳои идентификатсионӣ ба таври зайл анҷом дода мешавад:
дар марҳилаи аввал – аз 1 январи соли 2021 то 31 декабри соли 2022
ба таври ихтиёрӣ то расидан ба синни 16-солагӣ, инчунин бо дигар сабабҳои пешбининамудаи қонун;
дар марҳилаи дуюм – аз 1 январи соли 2023 то 31 декабри соли 2030
ба тартиби ҳатмӣ.
Шиносномаи намунаи соли 2011 биометрии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2031 беэътибор дониста мешавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки:
барои расмигардонии ID-корти идентификатсионӣ боҷи давлатӣ дар ҳаҷме, ки Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» муқаррар намудааст, ситонида мешавад.
Низом дар бораи низоми шиносномавӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 январи соли 2011 № ФП-4262 тасдиқ шудааст, инчунин шиносномаи дарамали  биометрии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 31 декабри соли 2030 эътибор дорад.
7. Вазорати корҳои дохилӣ якҷоя бо Маркази давлатии фардисозии назди Девони Вазирон, Вазорати адлия ва Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 31 декабри соли 2020:
дар Портали ягонаи хидматҳои давлатии интерактивӣ ҷорӣ намудани имконияти муроҷиат барои гирифтани ID-кортҳои идентификатсионӣ, навбатҳои электронӣ ва пардохтҳои онлайн;
гирифтани шаҳодатномаи таваллуд тавассути системаи иттилоотии «Бойгонии ягонаи электронии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҳангоми муроҷиат барои гирифтани ID-корти идентификатсионӣ таъмин намояд.
8. Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) ба муҳлати то 31 декабри соли 2020:
низоми «Ҳукумати электронӣ»-ро тавассути ҷорӣ намудани имкониятҳои зарурӣ барои татбиқи имконияти истифодаи ID-кортҳои идентификатсионӣ ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани хидматҳои давлатӣ ва ташкили ҳамкории байниидоравии электронӣ бо истифодаи васеъи платформаҳои барномавӣ таҷдид намояд;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор омӯзиш ва ҷорӣ кардани шароитҳои техникӣ ва технологӣ, ки барои таъмини истифодаи шаҳрвандон аз  ID кортҳои худ ҳангоми муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо заруранд, ташкил намояд;
б) ба муҳлати то 31 декабри соли 2022 якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ, Маркази давлатии шахсисозии назди Девони Вазирон ва Вазорати адлия таҷрибаи байналмилалии истифодаи ID-кортҳои идентификатсиониро омӯзанд, дар асоси он таҳия ва такмили шаклҳои иловагии электронии муносибатҳои давлат ва аҳолиро дар системаи «Ҳукумати электронӣ» ташкил кунанд.
9. Вазорати корҳои дохилӣ якҷоя бо Маркази давлатии фардисозии назди Девони Вазирон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон:
дар давоми як моҳ лоиҳаҳои Консепсия, ки тадбирҳои татбиқи ID-кортҳои идентификатсиониро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва «Харитаи роҳ»-и татбиқи онро пешбинӣ мекунанд;
дар давоми ду моҳи пешниҳод дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз ин Фармон бармеоянд, тақдим намоянд.
13. Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва дар байни аҳолӣ васеъ равшан намудани татбиқи чорабиниҳоро, ки бо Фармони мазкур муаяйн шудаанд, таъмин намоянд.
14. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва Котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В. Маҳмудов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ

ТОШКАНД,  
22 сентябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: