ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА КУЛЛАН ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ПЕШ БУРДАНИ ҲИСОБИ ЗАМИН ВА КАДАСТРҲОИ ДАВЛАТӢ

Замин сарвати умумимиллӣ, асоси ҳаёт ва некӯаҳволии мардуми Ӯзбекистон, захираи муҳими табиӣ мебошад.

Замин сарвати умумимиллӣ, асоси ҳаёт ва некӯаҳволии мардуми Ӯзбекистон, захираи муҳими табиӣ мебошад. Аз ин рӯ, таъмини истифодаи оқилона ва самарабахши замин бо мақсадҳои муқарраршуда, ҳифзи замин, пурра ҷорӣ намудани Системаи ягонаи кадастрҳои давлатӣ, ки бо замин пайванди ногусастанӣ доранд, муҳимтарин вазифаҳои давлат мебошанд.
Дигаргуниҳои азим дар соҳаи иқтисодиёт пешбурди баҳисобгирии мушаххас ва такмили минбаъдаи системаи истифодаи оқилонаи замин ва захираҳои марбутаро талаб мекунанд.
Аз ҷумла, дар як мақомот мутамарказонидани вазифаҳо оид ба ҷудо кардани замин, баҳисобгирии он, ҷойгир кардани зироатҳо, назорати замин, инчунин тартиб додани дафтарҳои кадастри қитъаҳои замин, биноҳо ва иншоот (минбаъд - амволи ғайриманқул) аз ҷониби мақомоти мустақими бақайдгиранда дар ин соҳа ихтилофи манфиатҳоро ба вуҷуд меорад.
Бо мақсади ба куллӣ такмил додани системаи баҳисобгирии замин ва кадастрҳои давлатӣ:
1. Вазифа, функсия ва  ваколатҳои Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ оиди пеш бурдани мониторинги заминҳо ва зироати кишоварзӣ, ҷойгир кардани зироати кишоварзӣ, назорати давлатӣ аз болои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ба дараҷаи хок, муайян кардани арзиши меъёрии заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии хок, гузаронидани тадқиқот дар соҳаи хокшиносӣ ва геоботаника ба Вазорати кишоварзӣ гузаронда шаванд.
Муқаррар карда шавад, ки гузарондани мониторинги заминҳои таъиноти ғайрикишоварзӣ бо мақсади сари вақт муайян кардани тағйироти сохтори онҳо, пешгирӣ ва барҳам додани оқибатҳои ҷараёнҳои манфӣ дар доираи Мониторинги давлатии муҳити табиии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешавад.
2. Дар пойгоҳи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ Агентии оид ба кадастри назди Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд - Агентии кадастр) таъсис дода шавад.
3. Вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти Агентии оид ба кадастр инҳо муайян карда шаванд:
а) дар соҳаи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул:
таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул;
бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул;
пешбурди кадастри давлатии замин, кадастри давлатии биноҳо ва иншоот;
амалӣ гардондани назорати самараноки замин, ки ба таъмини бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва пешгирии ғасби худсаронаи қитъаҳои замин нигаронида шудааст;
б) дар соҳаи геодезия ва картография:
таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи геодезия ва картография;
гузарондани мониторинги картографӣ бо истифода аз маълумот ва маводҳои тадқиқоти фазонавардӣ, тадқиқоти топографӣ, геодезӣ ва картографӣ, инчунин аз масофаи дур бо зонд тадқиқ кардани замин ва тадқиқоти геодинамикӣ;
пешбурди кадастри давлатии картографӣ ва геодезӣ;
амалӣ намудани назорати давлатии геодезӣ;
в) дар соҳаи пешбурди кадастрҳои давлатӣ:
таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешбурди кадастрҳои давлатӣ;
ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи пешбурди кадастрҳои давлатӣ;
ҷорӣ кардани  Системаи ягонаи кадастрҳои давлатӣ, таъмини самаранок ҷорӣ кардани кадастри давлатии ҳудудҳо;
амалӣ намудани назорати самараноки кадастрӣ, ки ба таъмини риояи расмиёти пешбурди кадастрҳои давлатӣ нигаронда шудааст;
г) васеъ гардондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул, геодезия, картография ва пешбурди кадастрҳои давлатӣ;
д) таъмини бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул, геодезия, картография ва идораи кадастрҳои давлатӣ.
4. Ба эътибор гирифта шавад, ки:
пайдоиш, тағйир, бегона кардан, маҳдуд ва қатъ гардидани ҳуқуқи моликияти амволи ғайриманқул, аз ҷумла ҳуқуқи моликият, соҳибӣ, истифода ва иҷораи қитъаи замин танҳо пас аз бақайдгирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад;
ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсоне, ки барои саривақт муроҷиат накардан барои бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул гунаҳкоранд, муқаррар шудааст;
парвандаи кадастрӣ бо мақсади муайян кардани намуд, хусусият, ҳаҷм, арзиш ва дигар нишондиҳандаҳои амволи ғайриманқул омода карда мешавад.
5. Тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он:
корҳои кадастрии қитъаҳои заминҳои дар захира ҷойгиршуда, инчунин қитъаҳои нави заминҳои дар заминҳои кишоварзӣ ҷудомешуда тибқи дархостҳои шӯъбаҳои ноҳиявии (шаҳри Кувасой)-и кишоварзӣ, дар заминҳои таъиноти ғайрикишоварзӣ — аз шӯъбаҳои сохтмони ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси фармоишҳои ҳукуматҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) тайёр карда мешаванд, хароҷоти мазкур аз ҷониби соҳибони қитъаҳои замини дахлдор ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба қитъаи замин пӯшонда мешаванд;
тайёр кардани парвандаҳои кадастри қитъаҳои замин ва бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул дар ҳолати пайдо шудани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, ки то эътибор пайдо кардани Фармони мазкур аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, дар асоси дархости ҳуқуқдорон аз ҳисоби маблағҳои онҳо амалӣ карда мешаванд;
тайёр кардани парвандаҳои кадастри қитъаҳои замин, ки ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, мақомоти идоракунии хоҷагӣ, аз ҷумла хоҷагии ҷангал, ташкилотҳои хоҷагии об, минтақаҳои ҳифзшавандаи табиӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ дода шудаанд, инчунин бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул дар асоси дархостҳои тавозункунандагон аз ҳисоби маблағҳои онҳо анҷом дода мешаванд;
тайёр кардани парвандаҳои кадастрӣ аз ҷониби муҳандисони кадастр, ки Агентии кадастр ва ташкилотҳои системаи Агентии кадастр дар асоси шартнома аттестатсия кардаанд, сурат мегирад;
аз 1 октябри соли 2020 қарорҳо, протоколҳои савдоҳои музояда ва тендерҳо, муомилоти нотариалӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки пайдоиш, тағйир, бегона, маҳдуд ва қатъ гардидани ҳуқуқ ба қитъаҳои заминро пешбинӣ мекунанд, пас аз бақайдгирии давлатӣ дар Низоми миллии иттилоотии ҷуғрофии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд - Низоми миллии иттилоотии ҷуғрофӣ) эътибор пайдо мекунанд;
пешбурди кадастри давлатии замин, инчунин кадастри давлатии биноҳо ва иншоот, дар асоси маълумоте, ки тавассути бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ҷамъ оварда шудаанд, амалӣ карда мешавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2021:
ҳама маълумот дар бораи навъ, контурҳо, ҳудудҳо ва соҳибони ҳуқуқи замин ба геопортали онлайнии Агентии оид ба  кадастр (минбаъд — геопортали онлайн) ворид карда мешавад;
геопортали онлайн ба Системаи миллии иттилоотии ҷуғрофӣ ҳамроҳ карда шудааст;
баланси  замин ва ҳисоботи он, инчунин китоби кадастри заминҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) танҳо дар Системаи иттилооти миллии ҷуғрофӣ нигоҳ дошта мешаванд;
Низоми ягонаи кадастрҳои давлатӣ  дар Низоми миллии иттилоотии ҷуғрофӣ ташкил карда мешавад;
маълумоти дахлдори кадастрҳои давлатӣ ба Низоми миллии иттилоотии ҷуғрофӣ мустақиман тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ пешниҳод карда мешаванд.
7. Агентии оид ба кадастр:
а) дар давоми ду моҳ ба Девони Вазирон:
лоиҳаи қонуне, ки баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вобаста ба гузаштан аз қайди давлатии ҳуқуқ ба қитъаи замин, ғасби худсаронаи қитъаҳои замин, инчунин вайрон кардани тартиби пешбурди кадастрҳои давлатиро танҳо аз ҷониби мақомоти Агентии кадастр пешбинӣ менамояд;
лоиҳаи қарори ҳукумат, ки аз нав дида баромадани нархҳои хидматрасонии давлатӣ дар соҳаи кадастри давлатии амволи ғайриманқул, аз ҷумла коҳиш додани андозаи пардохтро барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ пешбинӣ менамояд;
б) то 1 ноябри соли 2020 геопортали онлайнӣ ҳамчун таҷриба ба кор дароварда шавад;
в) то 1 декабри соли 2020 ворид кардани тамоми харитаҳои кишоварзӣ ба геопортали онлайн ва ҳамгироии он бо Низоми миллии иттилоотии ҷуғрофӣ таъмин карда шавад;
г) аз 1 январи соли 2021 геопортали онлайнӣ пурра ба кор дароварда шавад.
8. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи давлатии андоз, Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати сохтмон то охири соли 2021 бақайдгирии пурраи давлатии қарорҳо, протоколҳои савдоҳои музояда ва тендерҳоро дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин, инчунин дигар ҳуҷҷатҳоро, ки барои пайдоиш, тағйир ва қатъи ҳуқуқ ба қитъаҳои замин асос мебошанд,  дар Низоми миллии иттилоотии ҷуғрофӣ таъмин намоянд.
9. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2021 маблағҳое, ки дар Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои муайян кардани арзиши меъёрӣ, аз нав баҳогузорӣ, гузарондани бонитировкаи хок ва тасҳеҳи харитаҳои заминҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин иҷрои корҳо оид ба таҳқиқоти агрохимиявии хоки заминҳои обёришаванда, тартиб додани картограммаҳои агрохимиявӣ ва мониторинги хок (замин) ба Вазорати кишоварзӣ ҷудо карда мешавад.
Вазорати кишоварзӣ дар тӯли ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ барои иҷрои корҳо оид ба бонитировкаи хок, муайян кардани арзиши меъёрии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани тадқиқоти геоботаникӣ пешниҳод тақдим намояд.
10. Ба банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 апрели соли 2019 №ФП-5708 «Дар бораи чораҳои такмил додани системаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» мувофиқи иловаи № 1 илова ва ислоҳ ворид карда шавад.
11. Баъзе санадҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи иловаи № 2 беэътибор дониста шаванд.
12. Кумитаи давлатии андоз якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон:
дар давоми ду ҳафта лоиҳаи қарори  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти Агентии оид ба кадастри назди Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон»;
дар давоми ду моҳ оид ба тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳодот тақдим намояд.
13. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

 шаҳри ТОШКАНД,
7 сентябри соли 2020.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: