ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД РАҒБАТНОКСОЗИИ ИҚТИДОРИ СОДИРОТИИ ИСТЕҲСОЛГАРОНИ ВАТАНӢ

Ба мақсади вусъат додани иқтидори содиротии мамлакат, дастгирии давлатии созмонҳову содиргарон, ҳамчунин рағбатноксозии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардори содиротӣ:

1. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2019 ба шахсони ҳуқуқие, ки дар даромади умумӣ аз фурӯши молҳо (корҳо, хидматҳо) беш аз 15 фоиз, аз ҷумла аз тариқи комиссионер (вакил)саҳмияи содиротӣ доранд, пойгоҳи андозситонӣ бинобар:
андоз барои даромади шахсони ҳуқуқӣ дар қисми даромадҳое, ки аз ҳаҷми фурӯши молҳо (корҳо, хидматҳо) барои содирот мерасанд;
пардохти ягонаи андоз дар қисми ҳаҷми фурӯши молҳо (корҳо, хидматҳо) барои содирот кам карда мешавад.
Имтиёзҳое, ки мувофиқи боби мазкур пешбинӣ шудаанд, барои содироти молҳои ашёи хом  бинобар рӯйхати замима, ҳамчунин хидматҳои боркашонии байналхалқӣ (ғайр аз нақлиёти автомобилӣ) ва боркашонии нақлиётӣ аз тариқи хатҳои қубурӣ ва хатҳои газӣ ҷорӣ карда намешавад.
2. Муайян карда шавад, ки аз маблағҳои ба муносибати пешниҳоди имтиёзҳо пардохта нашуда, ки боби 1-уми Фармони мазкур пешбинӣ намудааст, дар Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо истифода аз иловапулӣ мувофиқи қонунгузорӣ дар мавридҳои:
набудани тасдиқи ҳуҷҷатии санадҳои содироти молҳо (корҳо, хидматҳо) мувофиқи қонунгузорӣ;
таъмин нашудани даромади асъор дар тӯли 180 рӯз баъд аз фурӯши мол дар режими содирот ҷарима ситонида мешавад.
3. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки ҳангоми коркарди лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳрири нав имтиёзҳоеро, ки мувофиқи Фармони мазкур пешниҳод мешаванд, пешбинӣ намояд.
4. Ба Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар бобати истифодаи имтиёзҳо мувофиқи Фармони мазкур назорати мунтазамро ҷорӣ кунад. 
5. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов ва муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қучқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
29 ноябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: