ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД СОДДА КАРДАНИ ҶАРАЁНИ ТАЪИН НАМУДАНИ НАФАҚАҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ РАСОНДАНИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛИҲО БА ШАҲРВАНДОН

Дар мамлакат ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон, зоҳир кардани ғамхории ҳамаҷониба ба пиронсолон ва куҳансолон, такмил додани низоми таъминоти нафақаи давлатии шаҳрвандон ва барҳам додани мушкилоти дар соҳаи мазкур мавҷуд тадбирҳои пайваста андешида мешаванд.

Дар мамлакат ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон, зоҳир кардани ғамхории ҳамаҷониба ба пиронсолон ва куҳансолон, такмил додани низоми таъминоти нафақаи давлатии шаҳрвандон ва барҳам додани мушкилоти дар соҳаи мазкур мавҷуд тадбирҳои пайваста андешида мешаванд.
Дар айни замон ҳангоми таъин кардани нафақаи давлатӣ 30 намуди ҳуҷҷатҳо талаб карда мешаванд, дар зиёда аз 14 вазорату ташкилоте, ки барои пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо масъуланд, ягон низоми иттилоотии идоравӣ, манбаъҳои электронӣ ва пойгоҳи маълумотҳо вуҷуд надоранд, ки ба дасткашӣ аз пеш бурдани коргузорӣ дар шакли коғаз ва  рақамисозии ҷараёни  ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо монеъ гарданд.
Ба мақсади  ташаккули пойгоҳи электронии маълумотҳо, ки барои ҳисоб кардани нафақаҳои давлатӣ заруранд, содда кардани ин раванд, барҳам додани расмиятпарастии зиёдатӣ барои шаҳрвандон, такмили минбаъдаи низоми расонидани нафақа ва кӯмакпулиҳо, инчунин ҷорӣ намудани муҳити солими рақобат ва стандартҳои муосир дар ин соҳа:
1. Бо пешниҳодҳои Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ розигӣ дода шавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
а) аз 1 январи соли 2022:
пардохти нафақаҳои давлатӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, ҷубронҳо ва дигар пардохтҳо (минбаъд — нафақа ва кӯмакпулиҳо), ки аз ҷониби Фонди нафақаи ғайрибуҷетии назди Вазорати молия маблағгузорӣ мешаванд, (минбаъд — Фонди нафақа) аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки  дар асоси тендерҳои дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар ҳар се сол ҷудогона баргузоршаванда интихоб шудаанд, амалӣ гардонда мешавад. Ҳамзамон, мувофиқи шартномаҳое, ки бо бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои махсусгардондашудаи дар асоси тендер интихобшуда баста шудаанд, онҳо вазифадоранд нафақа ва кӯмакпулиҳоро бевосита ба ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ва суроғаи истиқомати шаҳрвандон дар шакли пули нақд расонанд;
бо назардошти шартҳои расондани нафақа ва кӯмакпулиҳо аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои махсусгардонидашудаи дар  тендер иштироккунанда ба биноҳои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ё бинобар суроғаи истиқомати шаҳрвандон, пардохт барои хидмат метавонад то 1 фоизи ҷамъи нафақа ва кӯмакпулиҳои пардохтшаванда (расондашаванда) ба тартиби дифференсиалӣ ташкил намояд. Дар айни замон, хароҷоти вобаста ба расондани нафақа ва кӯмакпулиҳо аз ҷониби Фонди нафақа ва буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд;
б) аз 1 июли соли 2022 сар карда:
ҳангоми таъин кардани нафақаи давлатӣ аз шаҳрвандон талаб кардани ҳуҷҷатҳо дар бораи собиқаи корӣ, музди меҳнат, мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хизмати ҳарбӣ бекор карда мешавад. Ҳамзамон, барои шаҳрвандоне, ки дар вақти пайдоиши ҳуқуқи ба нафақа баромадан кор намекунанд, хидмати ба маҷмӯи байниидоравии барномавӣ-дастгоҳии «Низоми ягонаи миллии меҳнат» (минбаъд – MББД НЯММ) ворид кардани маълумот дар бораи собиқаи корӣ мувофиқи дафтарчаҳои меҳнатии онҳо тавассути муроҷиати шаҳрвандони мазкур ба марказҳои мусоидат  ба шуғл ҷорӣ карда мешавад;
таъин кардани нафақаҳои давлатӣ дар асоси маълумоти электронии ба MББД НЯММ воридшуда амалӣ карда мешавад. Бо ин ҳуҷҷатҳо дар бораи собиқаи корӣ, музди меҳнат, давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандонро Фонди нафақа тавассути MББД НЯММ дар асоси гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қабул мекунад;
барои таъин кардани нафақаи давлатӣ аз шаҳрвандон танҳо шиноснома ё ID-корти шиносоӣ талаб карда мешавад.
2. «Харитаи роҳ» оид ба ҷорӣ кардани низоми автоматикунонидашудаи таъин  ва пардохти нафақаҳои давлатии шаҳрвандон мувофиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
3. Бо мақсади мутобиқ намудани сифати хизматрасониҳо дар соҳаи таъминоти давлатии нафақа ба талаботҳои замонавӣ, пешгирии пардохтҳои зиёдатӣ, ки ҳангоми таъин намудани нафақа ва кӯмакпулӣ ба шаҳрвандон ба миён меоянд, инчунин таъмини хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷа сохтори дастгоҳи иҷроия, сохторҳои намунавии раёсати ҳудудӣ ва шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрии) Фонди нафақа мувофиқи замимаҳои № 2, 3 ва 4  тасдиқ карда шаванд.
Ба Фонди нафақа ҳуқуқи ба Фонди рушди иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддии кормандони Фонди нафақа равона намудани бист фоизи даромаде, ки аз ҷойгиркунии маблағҳои муваққатан озод дар пасандозҳои бонкҳои тиҷоратӣ ба даст оварда шудааст, дода шавад.
4. Вазорати молия, Вазорати сохтмон ва Вазорати нигаҳдории тандурустӣ якҷоя бо дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар давоми ду моҳ талаботҳои ҳадди ақалли барои биноҳои шӯъбаҳои ноҳиявии (шаҳрии) Фонди нафақа тақдимшавандаро таҳия ва тасдиқ кунанд.
5. Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (И.И.Норқулов) якҷоя бо Вазорати молия (Т.А.Ишметов), Агентии идоракунии активҳои давлатӣ (А.Ж. Ортиқов), Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд инҳоро таъмин кунанд:
дар муддати ду моҳ — кӯчондани раёсатҳои ҳудудӣ ва шуъбаҳои ноҳиявии (шаҳрии) Фонди нафақа ба биноҳо ва иншооте, ки барои хидматрасонӣ ба шаҳрвандон шароити мусоид доранд;
то 1 июли соли 2022 — аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ дар ҳар як минтақа дар заминаи биноҳои мавҷудаи Фонди нафақа таъсис додани яктогӣ «шуъбаи намунавии Фонди нафақа», ки дар асоси талаботи ҳадди ақалли барои биноҳои Фонди нафақа тақдимшавандаи барои хидматрасонӣ ба пиронсолон ва шаҳрвандони куҳансол, шахсони имконияташон маҳдуд ва маъюбӣ дошта мутобиқ кардашуда муҷаҳҳаз гардонда шудаанд;
ба муҳлати то соли 2024 — тадриҷан ислоҳ кардани биноҳои шуъбаҳои ноҳиявии (шаҳрии) Фонди нафақа дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мутобиқи талаботи ҳадди ақалли ба ин биноҳои мазкур тақдимшаванда.
6. Муқаррар карда шавад, ки нигоҳдорӣ ва маблағгузории фаъолияти раёсатҳои ҳудудӣ ва шуъбаҳои ноҳиявии (шаҳрии) Фонди нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, буҷетҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд амалӣ гардонда мешаванд.
7. Вазорати молия:
дар муддати ду моҳ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд;
дар давоми соли 2021 якҷоя бо Бонки марказӣ, вазорату идораҳои масъули дахлдор оид ба гузаронидани тендерҳо оиди пардохти нафақа ва кӯмакпулӣ дар минтақаҳо дар солҳои 2022-2024 дар байни бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои махсус чораҳо андешад;
аз 1 январи соли 2022 сар карда, дар параметрҳои Буҷаи давлатӣ маблағҳои барои пӯшонидани хароҷот мутобиқи қарори мазкур заруриро пешбинӣ намоянд.
8. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 5 тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
9. Ба Агентии Миллии ахбории Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки инъикоси васеи мақсад ва вазифаҳои қарори мазкурро дар васоити ахбори оммавӣ ва шабакаҳои Интернет таъмин кунанд.
10. Ба зиммаи муовини Сарвазир – вазири рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Д.А. Қӯчқоров, вазири молия Т.А.Ишметов, инчунин Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Н.Б. Ҳусанов масъулияти шахсӣ барои ташкили иҷрои самараноки ин қарор гузошта шавад.
Муҳокимаи семоҳаи рафти иҷрои қарори мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳое, ки барои иҷрои он масъуланд, ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
4 майи соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: