ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ХИДМАТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ ВА НИЗОМИ МУҚАРРАР КАРДАНИ НОГИРОИИ БАЧАҲО

Бо мақсади гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон бидуни оворагиҳои зиёдатӣ ва монеаҳои бюрократӣ, васеъ намудани имкониятҳо барои пешбурди тарзи ҳаёти комил ва амалӣ намудани ҳуқуқу иқтидори шахсони маъюбӣ дошта, дуруст равона намудани офиятбахшӣ ва боз ҳам васеъ намудани фарогирии шахсони дорои ногироӣ бо чорабиниҳои дахлдор, инчунин таъмини иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар “Соли дастгирии ҷавонон ва

Бо мақсади гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон бидуни оворагиҳои зиёдатӣ ва монеаҳои бюрократӣ, васеъ намудани имкониятҳо барои пешбурди тарзи ҳаёти комил ва амалӣ намудани ҳуқуқу иқтидори шахсони маъюбӣ дошта, дуруст равона намудани офиятбахшӣ ва боз ҳам васеъ намудани фарогирии шахсони дорои ногироӣ бо чорабиниҳои дахлдор, инчунин таъмини иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар “Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ”: 
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 марти соли 2021 № ФП-6195 «Дар бораи дастгирии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон, инчунин рушди минбаъдаи системаи хона-интернатҳои «Саховат» ва «Мурувват» Инспексияи ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва воҳидҳои ҳудудии он ба системаи Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ дода шуда, инчунин ба зиммаи он вазифаи минбаъд такмил додани низоми гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон ва мукаррар намудани маъюбӣ гузошта шудааст.
2. Самтҳои асосии такмили низоми гузарондани экпертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани маъюбӣ инҳо муайян карда шаванд: 
бартараф намудани сабабу шароите, ки боиси коррупсия мегарданд, инчунин пешгирии бархурди манфиатҳо ҳангоми муқаррар намудани маъюбии шаҳрвандон; 
барҳам додани ташвишҳои зиёдатии шаҳрвандон, инчунин бекор кардани саддҳо ва монеаҳои бюрократӣ дар ин соҳа; 
фароҳам овардани низоми самарабахши хидматрасонии ҷавобгӯи талаботи замон ба шаҳрвандон ба воситаи ташаккул додани пойгоҳи электронии маълумотҳо. 
3. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он: 
а) аз 1 декабри соли 2021: 
дар ҳолати ғайриимкон будани иштироки шахсӣ дар комиссияи экпертии тиббию иҷтимоии Инспексияи ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (минбаъд - комиссияи тиббию иҷтимоӣ) бинобар саломатӣ муқаррар намудани маъюбӣ дар ҷамъомади сайёр бо ташриф овардан ба ҳудуди вобасташуда,  дар хона ё дар беморхонаи ҷойи муолиҷаи шахс, инчунин бо роҳи гузаронидани муоинаи ғоибона анҷом дода мешавад; 
шахсоне, ки аломатҳои маълуми маъюбият ва нуқсони анатомӣ доранд, бе муоинаи иловагӣ барои гирифтани маълумоти клиникӣ ва функсионалии дар асоси рӯйхати тасдиқшудаи бемориҳо, агар онҳо маъюб дониста шаванд, бе иштироки онҳо маъюбӣ ба мӯҳлати номуайян муқаррар карда мешавад; 
дар маълумотномаҳои маъюбӣ комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ оид ба касбҳое тавсияҳо медиҳанд, ки мувофиқи онҳо маъюбон метавонанд фаъолияти меҳнатиро анҷом диҳанд;
б) аз 1 августи соли 2022 аввал дар шаҳри Тошканд низоми нави электронии иттилоотии “Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ” (минбаъд – низоми иттилоотӣ) оиди ба қайд гирифтан ва гузарондани муоинаи шахсони маъюб дар  комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ ҷорӣ карда мешавад. 
Ҳамзамон, ба низоми иттилоотӣ дар шакли электронӣ ворид намудани ҳуҷҷатҳо (роҳхатҳои тиббӣ, баёния оиди таърихи беморӣ, корти амбулаторӣ ва ғайра) таъмин карда мешавад, ки барои муқаррар намудани маъюбии шаҳрвандон асос мебошанд;
в) аз 1 январи соли 2023 системаи иттилоотӣ дар тамоми минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ пурра ҷорӣ карда мешавад. 
Дар он: 
ҳангоми муқаррар намудани маъюбӣ роҳхатҳо аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ, баёния аз таърихи беморӣ, варақаҳои амбулаторӣ, варақаҳои корношоямии муваққатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҷароҳатҳои саломатии марбут ба иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ пурра тавассути системаи иттилоотӣ қабул карда мешаванд; 
варақаҳои корношоямии муваққатӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳодисаҳои нохуш ё дигар ҷароҳатҳои саломатии марбут ба иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ тавассути Маҷмӯи байниидоравии барномавию дастгоҳии «Низоми ягонаи миллии меҳнат» ва низоми иттилоотӣ бо роҳи мубодилаи маълумот қабул карда мешаванд;
дар асоси маълумоти дахлдор дар бораи шаҳрванд ба системаи иттилоотӣ тартиби муқаррар намудани маъюбӣ бе иштироки шаҳрвандон бо дарназардошти вайрон шудани вазифаҳои организм ва маҳдудияти ҳаёт ҷорӣ карда мешавад;
маълумот дар бораи шахсони маъюб, табибони муолиҷакунанда ва табибоне, ки хулосаҳои тиббӣ пешниҳод кардаанд, дар системаи иттилоотӣ сабт карда мешаванд;
маълумоти электронии барои таъин кардани нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба шахсони дорои ногироӣ, ба низоми иттилоотии «Нафақа» ва «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ба тариқи автоматӣ равона карда мешавад. 
4. Дар назди Инспекцияи ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ комиссияҳои тиббию иҷтимоии экпертизаи кӯдакона (минбаъд — комиссияҳои тиббию иҷтимоии экспертии педиатрӣ) таъсис дода, ба ин муносибат вазифаҳои иловагие, ки ба духтурони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба муқаррар намудани ногироӣ ба бачаҳои то 18-сола вогузор карда шудаанд, бекор карда шаванд. 
5. Муқаррар карда шавад, ки:
маъюб донистани кӯдакони то 18-сола аз ҷониби комиссияҳои экспертизаи тиббию иҷтимоии бачагона сурат мегирад;
маъюб донистани шаҳрвандони аз 18-сола болоро комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ анҷом медиҳад;
комиссияҳои тиббию иҷтимоии экспертии педиатрӣ сохторҳое мебошанд, ки фаъолияти худро ба таври доимӣ амалӣ менамоянд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.
6. Созмон дода шаванд:
дутогӣ комиссияи тиббию иҷтимоии экспертии педиатрӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Қашқадарё, Самарқанд ва Фарғона;
яктогӣ комиссияи тиббию иҷтимоии экспертии педиатрӣ дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Навоӣ, Намангон, Сирдарё, Сурхондарё, Тошканд, Хоразм ва шаҳри Тошканд;
иловагӣ яктогӣ комиссияи тиббию иҷтимоии экспертии байниноҳиявӣ дар вилоятҳои  Қашқадарё, Сирдарё, Хоразм ва Намангон;
Шуъба оид ба ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ, ки аз се воҳиди штатӣ иборат аст, дар Инспексияи ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ.
Дар баробари ин воҳиди штатии Инспексияи ҷумҳуриявии экпертизаи тиббию иҷтимоӣ аз ҳисоби воҳидҳои штатие, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 майи соли 2021 № ФП-6221 «Дар бораи пайваста идома додани ислоҳоти низоми нигаҳдории тандурустӣ ва фароҳам шароити мусоид барои баланд бардоштани иқтидори кормандони тиб» ҷудо шудааст, ташаккул дода мешавад. 
7. Вазифаҳои асосии комиссияҳои тиббию иҷтимоии экспертии педиатрӣ инҳо муайян карда шаванд:
гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии кӯдакони то 18-сола ва иштирок дар таҳияи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муқаррар намудани маъюбӣ якҷоя бо ҷамъиятҳои маъюбон;
омӯзиши сабабҳои маъюбӣ ва таҳияи чораҳои пешгирии бад шудани саломатии кӯдакони то 18-сола;
мониторинг ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи таҳия ва татбиқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии кӯдакони дорои маълулият;
иштирок дар асоси мунтазам дар ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим, тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, бо назардошти талаботи имрӯза ва ояндаи соҳа.
8. «Харитаи роҳ» оид ба ташкили системаи электронии иттилоотии бақайдгирӣ ва муоинаи шахсони маъюб дар комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрӣ мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
9. Вазорати тандурустӣ (Б. Мусаев) якҷоя бо Агентии рушди хидматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ (А. Инаков):
дар муҳлати як моҳ мувофиқи тартиби муқарраргардида гузарондани инвентаризация ва ба комиссияҳои дахлдори экспертии тиббию иҷтимоии педиатрӣ супоридани тамоми ҳуҷҷатҳои вобаста ба додани хулосаи тиббии маъюбият, муассисаҳои тиббии Вазорати тандурустӣ, ки барои муқаррар намудани маъюбият ба кӯдакони то 18-сола масъуланд, таъмин намоянд;
дар муҳлати ду моҳ Низомномаи комиссияи маслаҳатии тиббиро, ки тартиби ба комиссияҳои тиббию иҷтимоӣ фиристодани шаҳрвандонро аз тарафи муассисаҳои тиббии давлатӣ пешбинӣ менамояд, таҳия ва тасдиқ намояд;
аз соли таҳсили 2022/2023 сар карда оид ба такмил додани барномаҳои таълими магистратура, ординатураи клиникӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, реабилитология, тандурустӣ, офияти иҷтимоӣ ва касбӣ дар асоси андозаҳои байналмилалии таълим чораҳо андешад;  
камаш дар панҷ сол як маротиба такмили ихтисосро оид ба тахассус ва  экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, инчунин ройгон аз курсҳои ибтидоии тахассусӣ гузаштани кормандони тиббии системаи хидмати экспертизаи тиббию иҷтимоиро дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои ҷумҳуриявии махсуси илмию амалии тиббии Вазорати нигаҳдории тандурустӣ таъмин намояд; 
10. Муайян карда шавад, ки шаҳодатномахои маъюбии додашуда ва барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбони намунаи куҳна, ки то қабули қарори мазкур расмӣ шудаанд, то рӯзи гузаронидани муоинаи навбатӣ ё анҷом додани тадбирҳои офиятбахшӣ (агар маъюбият ба муҳлати номуайян дода шуда бошад) эътибор доранд. 
11. Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ (А. Инаков) якҷоя бо Вазорати тандурустӣ (Б. Мусаев), Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ (Н. Хусанов) ва Вазорати молия (Т. Ишметов), инчунин дигар вазорату идораҳои манфиатдор  ба муҳлати то 1 июни соли 2022 лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи марҳила ба марҳила гузаштан  ба модели муқаррар намудани маъюбӣ бо ҷалби кӯмаки техникии Барномаи рушди СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ таҳия намояд.
Ҳамзамон таҳияи Консепсияи гузариш ба модели иҷтимоии муқаррар намудани маъюбӣ барои шаҳрвандон дар асоси Таснифи байналмилалии саломатӣ ва ҳаёт (функсияҳо) бо омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ пешбинӣ карда шавад.
12. Вазорати молия (Т. Ишметов) тибқи пешниҳодҳои асосноки Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи қарори мазкур, таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, аз ҷумла бо воситаи нақлиёт таъмин намудани комиссияҳои нави экспертии педиатрӣ ва байниноҳиявии тиббию иҷтимоӣ, таъсиси системаи иттилоотӣ ва тайёркунии кадрҳо дар доираи миқдори ниҳоии маблағе, ки барои соҳаи тандурустӣ дар параметрҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2021 пешбинӣ шудааст, аз соли 2022 дар параметрҳои Буҷети давлатӣ ба назар гирифтанро таъмин кунад.
13. Агентии рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ (А. Инаков):
а) якҷоя бо Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа (Ш. Шерматов):
дар давоми се моҳ аз ҳисоби маблағҳои барои беҳтар намудани фаъолияти хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар доираи параметрҳои Буҷети давлатӣ ҷудошуда пойгоҳи маълумотҳои электрониро, ки маълумот дар бораи ногироии бачаҳои то 18-сола ва шахсони дорои ногироии аз синну соли мазкур болоро фаро гирифтааст, такмил диҳад;
ба муҳлати то 1 августи соли 2022 низоми нави иттилоотии электронӣ оиди бақадгирӣ ва гузарондани муоинаи шаҳрвандон дар комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ бо омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ таҳия намояд;
механизми бепул пешакӣ паҳн кардани огоҳии кутоҳро ба воситаҳои алоқаи мобилии маъюбон дар бораи ба охир расидани муҳлати маъюбият ва зарурати ҳозир шудан ба муоинаи такрорӣ як моҳ пеш аз муоинаи такрорӣ ба роҳ монад.
Дар баробари ин, маълумот дар бораи шахсони дорои ногироӣ ба вазорату идораҳо ба воситаи Платформаи байниидоравии ҳамгароии низоми «Ҳукумати электронӣ» дар шакли электронӣ фиристода мешавад; 
б) якҷоя бо Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (А.Иноятов) дар муҳлати як моҳ талаботи минималӣ ба биноҳо, иншоотҳо ва таҷҳизоти комиссияҳои ҳудудии экспертии тиббию иҷтимоӣ таҳия карда ва то ба Шӯрои Вазирони Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд расондан таъмин карда шавад.  
14. Вазорати тандурустӣ (Б. Мусаев) аз ҷониби муассисаҳои тиббию профилактикӣ ба низоми иттилоотӣ дар шакли электронӣ аз  1 августи соли 2022 — дар шаҳри Тошканд, аз соли 2023 дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриявии самтҳои тиббӣ ворид кардани низоми иттилоотӣ, баёнияи таърихи беморӣ, варақаҳои амбулаторӣ, варақаҳои корношоямии муваққатӣ, инчунин баёнияҳо аз хулосаи муассисаҳои тандурустӣ, ки барои муайян кардани бемории касбӣ асос буда,  дорои ваколатҳои махсус мебошанд, таъмин намояд.
Муқаррар карда шавад, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба муқаррар намудани маъюбӣ аз ҷониби IT-операторон – ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ дар асоси логин ва паролҳои мушаххаси шахсият ба системаи иттилоотӣ ворид карда мешаванд.
15. Девони Вазирон дар муҳлати як моҳ қарори Ҳукуматро, ки фаъолияти хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоиро танзим менамояд, тасдиқ намояд.
16. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар муҳлати ду моҳ оид ба ҷойгир кардани тамоми комиссияҳои ҳудудии экспертии тиббию иҷтимоӣ дар бино ва иншоотҳои ҷавобгӯи талаботи муқарраргардида, барои омадани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд қулай дар асоси беподош ҷораҳо андешанд. 
17. Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимои якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифҳо пешниҳод намояд.
18. Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ корҳоро оид ба инъикоси васеи мақсад ва вазифаҳои қарори мазкур дар ВАО ва дигар захираҳои иттилоотӣ ташкил намоянд.
19. Ба зиммаи директори Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ А. К. Инаков масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур гузошта шавад.
Муҳокимаи рафти иҷрои қарори мазкур, амалӣ гардондани мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилу иҷрогарони масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад. 
Дар бораи самарабахшии чорабиниҳои амалишаванда Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳлати то 1 июли соли 2022 хабардор карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
 27 ноябри соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: