ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ, ИНЧУНИН ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИИ ОБ

Дар кишвар ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ дар соҳаи хоҷагии об, навсозӣ ва рушди хоҷагии об, идоракунии захираҳои об, истифодаи сарфакоронаи об, инчунин баланд бардоштани вазъи мелиоративии замин ислоҳоти пай дар пай амалӣ карда мешавад.

Дар кишвар ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ дар соҳаи хоҷагии об, навсозӣ ва рушди хоҷагии об, идоракунии захираҳои об, истифодаи сарфакоронаи об, инчунин баланд бардоштани вазъи мелиоративии замин ислоҳоти пай дар пай амалӣ карда мешавад. 
Дар баробари ин, дар идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, тарҳрезӣ, гузарондани экспертизаи давлатӣ, сохтмон ва таҷдиди иншооти хоҷагии об, махсусан дар таъмини бехатарии обанборҳо ва дигар иншооти бузурги об камбудиҳо ва мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд. 
Дар солҳои охир, дар натиҷаи дар тӯли зиёда аз 30-40 сол истифода шудани иншоотҳои хоҷагии об, ба дараҷаи бояду шояд эътибор надодан ба масъалаҳои ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар лоиҳакашии онҳо дар объектҳои ҷудогонаи хоҷагии об ҳолатҳои техногенӣ ва фавқулодда ба назар мерасанд.
Бо мақсади ташаккули низоми самарабахши идоракунии об, такмил додани баҳисобгирии об ва ҳисоботдиҳӣ, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи хоҷагии об, беҳтар намудани бехатарӣ ва ташкили системаи муассири назорати  объектҳои хоҷагии  об: 
Ба эътибор гирифта шавад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 июли соли 2020 № ФП-6024 Консепсияи рушди хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 тасдиқ шуда,  самтҳои афзалиятноки он муайян шудаанд. 
Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати хоҷагии об инҳо  муайян карда шаванд:
татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи идоракунии захираҳои об, ташаккули баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва тавозуни об, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии об; 
фароҳам овардани шароит барои қонеъ кардани талаботи доимоафзояндаи аҳолии ҷумҳурӣ ба об, соҳаҳои иқтисодиёт ва муҳити зист, таъмини истифодаи самараноки захираҳои об; 
ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ва ташкилотҳои машваратӣ барои ташкили босифати корҳо оид ба навсозӣ, рушд ва сохтмони объектҳои хоҷагиҳои  об, коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин корҳо оид ба тарҳрезӣ ва экспертизаи иншооти хоҷагии оби  сатҳи бехатариашон баланд; 
муайян намудани афзалиятнокии татбиқи ҳар як лоиҳа бо роҳи баргузории таҳлили амиқи самаранокии иқтисодӣ ва бехатарии объектҳои хоҷагии об дар асоси нишондодҳо ва меъёрҳои дақиқ;
ҳамроҳии илмию техникии корҳо оид ба экспертиза ва татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншооти хоҷагии об; 
таъмини бехатарӣ ва истифодаи боэътимоди ҳавзҳои об, обанборҳои обхезӣ ва дигар иншооти хоҷагии об; 
андешидани чораҳо оид ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин ва таъмини устувории заминҳои обёришаванда; 
истифодаи васеъи технологияҳои сарфакунандаи захираҳо, масолеҳи муосири сохтмонӣ ва таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар соҳаи хоҷагии об; 
ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии иншооти хоҷагиҳои об, баҳисобгирии об ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин ташаккули пойгоҳи маълумоти дахлдор;
таъмини шаффофияти баҳисобгирии захираҳои об ва истеъмоли нерӯи барқ, инчунин баланд бардоштани самаранокии онҳо; 
ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди бозорӣ, механизмҳои шарикии давлатию хусусӣ ва аутсорсинг дар хоҷагии об; 
ташкили такмили ихтисоси мутахассисони хоҷагии об дар асоси системавӣ, тақвияти ҳамгироии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ бо ташкилотҳои хоҷагии об, ташкили мунтазам ба амал ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва техника; 
рушди муносибатҳои байнидавлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағҳои кӯмаки техникӣ, инчунин иштироки фаъолона дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи хоҷагии об.
Бо пешниҳоди Вазорати хоҷагии об, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷорӣ намудани вазифаҳои зерин розигӣ шавад: 
муовини вазири хоҷагии об, ки барои рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи об масъул мебошад; 
мушовири вазири хоҷагии об оид ба рушди шарикии давлатию хусусӣ ва технологияҳои рақамӣ.
Вазорати хоҷагии об ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба баҳисобгирии ҳамаи захираҳои об, ҳамоҳангсозии тадбирҳои дахлдор оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи истеъмоли об, инчунин ташаккули тавозуни оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян карда шавад. 
Инспексияи давлатии назорат ва дидбонии ҳолати техникӣ ва бехатарии кори объектҳои калон ва фавқулодда муҳими хоҷагии оби назди Вазорати хоҷагии об ба Инспексияи давлатии назорати бехатарии объектҳои хоҷагиҳои оби назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Инспекция) аз нав ташкил карда шавад. 
Муқаррар карда шавад, ки Инспексия оид ба ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва шартномаҳои Инспексияи давлатии назорат ва дидбонии ҳолати техникӣ ва бехатарии иншооти калон ва махсусан муҳими объектҳои хоҷагиҳои оби назди Вазорати хоҷагии об вориси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Муайян карда шавад, ки: 
а) вазифа ва фаъолияти асосии Инспексия инҳо ба ҳисоб мераванд: 
амалӣ намудани назорати бехатарӣ, истифодаи боэътимод ва ҳифзи объектҳои об, обанборҳои обхезӣ ва дигар иншооти хоҳагиҳои обии дорои сатҳи хатарашон баланд (минбаъд — иншооти хоҷагиҳои сатҳи хатарашон баланд); 
ҳамоҳангсозии дастурҳо дар бораи ҷойгиркунӣ ва тарҳрезии қоидаҳои истифодаи иншооти хоҷагиҳои обии сатҳи хатарашон баланд, инчунин таҳияи қоидаҳои меъёрҳои бехатарии онҳо; 
иштирок дар корҳои сохтмон, таҷдид, ба истифода додан, ҳифз ва барҳамдиҳӣ, инчунин додани хулосаҳои дахлдор оид ба иншооти хоҷагии об, ки дараҷаи хатарашон баланд аст; 
ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ ва таҷрибаи пешқадам дар фаъолият оид ба муайян кардани сатҳи бехатарии иншооти хоҷагиҳои оби сатҳи хатарашон баланд; 
иштирок дар татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба кам кардани таъсири манфии иншооти хоҷагии об, ки дараҷаи баланди хатар ба аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт дар ҳолатҳои фавқулодда доранд;
б) Ба Инспекция барои инҳо ҳуқуқ дода мешавад: 
маҳдуд кардан ё боздоштани боҷи об дар ҳолатҳои риоя накардани нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи иншооти хоҷагиҳои оби дорои сатҳи хатарашон баланд; 
ҷалби мутахассисони баландихтисоси вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои лоиҳакашӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои хориҷӣ ба сифати корбастҳо  бо мақсади таъмини бехатарии иншооти хоҷагиҳои оби сатҳи хатарашон баланд.
Ҳайати Гурӯҳи корӣ ва «Харитаи роҳ» оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ» дар таҳрири нав дар асоси талаботи замонавӣ ва равишҳо тибқи замимаҳои №№ 1,2 тасдиқ карда шавад. 
Пешниҳодҳои Вазорати хоҷагии об, Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ ва Вазорати молия дар бораи таъсиси: 
Маркази татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ дар хоҷагии оби назди Вазорати хоҷагии об дар пойгоҳи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Бонки рушди Осиё ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Гурӯҳи  ҳамоҳангсозии Араб; 
Агентӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони асосӣ дар соҳаи хоҷагии оби назди Вазорати хоҷагии об. 
Дар асоси талаботи фармони мазкур Девони Вазирон ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаҳои қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тақдим намояд: 
дар давоми як ҳафта — дар бораи чораҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Вазорати хоҷагии об; 
дар давоми ду ҳафта — дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти Инспексияи давлатии назорати бехатарии объектҳои хоҷагии оби назди Девони Вазирон.
Тибқи замимаи № 3 ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйирот ворид карда шавад. 
Баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №4 беэътибор дониста шаванд. 
Муҳокимаи семоҳаи рафти иҷрои Фармони мазкур, амалӣ намудани назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
6 апрели соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: