ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ҚАЙДИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

Дар давраи гузашта бино бар такмил додани низоми мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (минбаъд – САҲШ), ки оид ба қайди чунин воқеаву фактҳои муҳим, мисли таваллуд, вафот, издивоҷ, бекоркунии ақди никоҳ хидмати давлатӣ мерасонанд, пайваста ва мураттаб корҳо амалӣ шуданд.

Баробари ин аҳволи кор дар соҳаи мазкур аз мавҷуд будани як қатор мушкилоту камбудиҳои низом, ки ба фароҳам овардани механизмҳои самарабахши хидматрасонии давлатии ҳамаҷониба ва хушсифат монеъ мегарданд, далолат медиҳад. Аз ҷумла: 
якум, қонуни махсусе, ки мақом, вазифа ва ваколати мақомоти САҲШ, инчунин тафриқаи дақиқи вазифаву функсияҳои асосии мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотро дар соҳаи мазкур муайян менамояд, вуҷуд надорад;
дуввум, сатҳи пасти ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти САҲШ, нигоҳ дошта шудани қолабҳои муомилоти ҳуҷҷатии коғазӣ ба хароҷоти беасоси молиявӣ, талаф ёфтани вақти зиёди шаҳрвандон ва пайдо шудани навбати зиёд, оқибат дар ҳолатҳои ҷудогона ба фактҳои коррупсия ва расмиятпарастӣ меорад;
сеюм, мавҷуд набудани ҳамкории зарурии байниидоравии байни мақомоти САҲШ ва мақомоти корҳои дохилӣ, нигаҳдории тандурустӣ, васоят ва парасторӣ, худидораи шаҳрвандон ва муассисаҳои таълим мониторинги самарабахши қайди бечунучаро ва саривақтии таваллуд ва вафот, инчунин пешгирӣ намудани ақди никоҳи бидуни қайди дахлдор ва пешгирӣ намудани ҷудошавиҳоро таъмин наменамояд;
чорум, механизми самарабахши назорат, хусусан назорати масофавии сифату тезкории хидматрасонии давлатӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавии мақомоти САҲШ ташаккул наёфтааст, механизми шаффофи арзёбии фаъолияти онҳо мавҷуд намебошад;
панҷум, мавҷуд набудани таҷрибаи васеъ ва низомноки хидматрасонии сайёри давлатӣ бино бар қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баланд будани хароҷоти нақлиётӣ барои рафтан ба мақомоти САҲШ аз ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар, дараҷаи нокифояи донишҳои ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба хавфҳои калони факти бидуни қайди дахлдор таваллуд шудани бачаҳо  меоранд, ки ин метавонад ба татбиқи ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодии бачаҳо, ки дар Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мустаҳкам шудаанд, аз он ҷумла ҳуқуқ барои хидматрасонии бепули тиббӣ ва таълим таъсири манфӣ расонад.
Мувофиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва ба мақсади баланд бардоштани нақш ва аҳамияти мақомоти САҲШ дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, инчунин беҳтар гардондани сифати хидматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ:
1. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ислоҳсозии минбаъдаи институти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ инҳо муайян карда шаванд:
якум – таъмин кардани ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва молии шаҳрвандон бо роҳи дар мақомоти бонуфуз васеъ қайд намудани чунин воқеаву фактҳо, мисли таваллуд, вафот, ақди никоҳ ва бекоркунии никоҳ, тағйир додани фамилия, ном ва номи падар;
дуввум – гузарондани корҳои васеъ бино бар тарғиботи ҳуқуқӣ, ки ба баланд бардоштани шуури сиёсии аҳолӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният дар ҷамъият нигаронда шудаанд, бо эътибори алоҳида додан ба оқибатҳои бидуни қайд гузоштани фактҳои муҳими ҳуқуқӣ;
сеюм – иштироки фаъоли мақомоти САҲШ дар чорабиниҳои маҷмӯӣ, ки бино бар мустаҳкам кардани институти оила, тайёр намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳо гузаронда мешаванд;
чорум – ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ ба фаъолияти мақомоти САҲШ, ки ба содда гардондани тартиботи хидматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ, аз он ҷумла бидуни ташриф овардан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳо, баланд бардоштани сифат ва зудамал будани хидмат, ташаккул додани тарғиби ягонаи электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо имкониятҳои ба даст овардани маълумот ва ахбори архивӣ бино бар тамоюли маснӯият нигаронда шудаанд;
панҷум – ҳамкории самарабахши мақомот, ки  қайди асноди ҳолати шаҳрвандиро амалӣ менамоянд, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, корҳои дохилӣ, нигаҳдории тандурустӣ, васоят ва парасторӣ, худидораи шаҳрвандон ва муассисаҳои таълимӣ бино бар зоҳир намудани фактҳои ҳуқуқии ҳолати шаҳрвандӣ ва қайди саривақтии онҳо;
шашум – ба кор бурдани усулҳои тез ва қулайи хидматрасонии давлатӣ ба воситаи васеъ гардондани ҳамкории байниидоравии электронӣ, аз он ҷумла бо баромадан ба нуқтаҳои дурдасти аҳолинишин («хидмати давлатии мобилӣ»), ки ба решакан намудани бюрократизм ва зуҳуроти коррупсия дар соҳаи мазкур нигаронда шудааст;
ҳафтум – таъмин кардани дастрасӣ ва шаффофии қоидаҳои аз ҷониби мақомоти САҲШ расондани хидмати давлатӣ, ҷорӣ кардани шаклҳои нави назорат, аз он ҷумла масофавӣ, бобати аз ҷониби кормандон риоя шудан ба қоидаҳои этикаи касбӣ ва ӯҳдадориҳои вазифавӣ, сифат ва зудкории қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дурустии ҳисоб кардан  ва руёндани маблағи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо;
ҳаштум – мақбулсозии ставкаҳои боҷи давлатӣ, муҳрпулӣ ва тарифҳо барои хидматрасонии пулакии мақомоти САҲШ, бо дарназардошти баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хидматҳои давлатӣ.
2. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 апрели соли 2018 № ФП -5415 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлия дар татбиқи сиёсати давлатии  ҳуқуқӣ» аз 1 июли соли 2018 мақомоти САҲШ ба ихтиёри ҳокимиятҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) бо гузоштани вазифа оид ба мутобиқсозии таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ, таъминоти методии фаъолияти мақомоти САҲШ, ҷорӣ кардани низоми иттилоотии «Архиви ягонаи электронии САҲШ» ва роҳбарияти архивҳои САҲШ ба Агентии хидматҳои давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода мешавад.
3. Муқаррар карда шавад, ки мувофиқи тақсимоти вазифа ва соҳаи ҷавобгарӣ:
ҳокими ноҳияҳо (шаҳрҳо) роҳбарии умумии фаъолияти шуъбаҳои САҲШ ва хонаҳои ақди никоҳ (минбаъд – шуъбаҳои САҲШ), мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ, пардохти музди меҳнат ва рағбатноксозии моддии кормандони онҳоро амалӣ менамоянд;
муовинони ҳокимони ноҳияҳо (шаҳрҳо) – раисони кумитаҳои занони ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои андешидани чораҳо бино бар мустаҳкам кардани оила, пешгирии ҷудошавиҳо, қайди саривақтии таваллуд ва ақди никоҳ, тарғибот ва маърифат шахсан масъул мебошанд;
директори Агентии хидмати давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мутобиқсозии  самарабахши таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ, таъминоти услубии фаъолияти шуъбаҳои САҲШ, таъминоти техникӣ ва ҷорӣ кардани низоми иттилоотии «Архиви ягонаи электронии САҲШ», инчунин роҳбарияти архивҳои САҲШ масъул мебошанд;
мудирони шуъбаҳои САҲШ-и ноҳияҳо (шаҳрҳо), барои қонунӣ будани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шахсан масъул мебошанд.
4. Барномаи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба минбаъд такмил додани низоми қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ мувофиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
5. Аз 1 июли соли 2018 рӯёндани боҷи давлатӣ барои инҳо бекор карда шавад:
гувоҳномаи нотариалии шартномаи ақди никоҳ ва созишнома оиди пардохти алиментҳо;
аз ҷониби судҳо баррасӣ намудани ариза бино бар муқаррар намудани фактҳои эътирофи (муайян намудан) падарӣ, таваллуди кӯдак аз вай ё ки ин модар, инчунин вақти таваллуди ӯ.
6. Амали тартиби ҷории  аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо бланкаҳои далолатномаи гербдори ҳисобаш қатъӣ таъмин кардани мақомоти САҲШ, муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷ ва ҷамоати шаҳрвандон нигоҳ дошта шавад.
7. Муайян карда шавад, ки аз 1 июли соди 2018:
40 фоизи маблағе, ки аз муҳрдорӣ ба ҳисобсурати махсуси хазинадории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил мегарданд, инчунин хидматҳои пулакӣ, ки шуъбаҳои САҲШ мерасонанд, барои ҳисобсуратҳои махсуси хазинадории Кенгаши Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд равона карда мешаванд ва фақат ба чорабиниҳо бино бар мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ, пардохти иловапулиҳои ҳармоҳа барои хидмати дарозмуҳлат ва пули иловагӣ барои дараҷаҳои мартабаи кормандони шуъбаҳои САҲШ, инчунин рағбатноксозии моддии онҳо (иловаи маоши шахсии то 100 фоизи музди меҳнати вазифагӣ ва мукофотҳо)истифода мегарданд;
истифодаи маблағҳои ба ҳисобсуратҳои махсуси хазинагӣ ворид гардида аз ҷониби Кенгаши Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар тартибе, ки Вазорати адлия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян намудааст, амалӣ гардонда мешавад.
8. Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Вазорати рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорати идораҳои манфиатдор:
аз 1 январи соли 2019 сар карда бо мақомоти САҲШ мубодилаи электронии маълумотҳоро дар бораи таваллуд ва вафот, инчунин ҷорӣ кардани тартиби ягонаи додани маълумоти ба як шакл даровардаи электронӣ дар бораи таваллуд ва вафот бо коди беназири идентификатсионӣ ба роҳ монад;
то 1 январи соли 2019 низоми автоматиконидашудаи ахбори қайди бонувони синни таваллуд ва ба ҳисоб гирифтани ҳомиладорӣ аз давраи аввал то таваллуди кӯдак ва таъмин кардани ҳамгароӣ бо низоми иттилоотии «Архиви ягонаи электронии САҲШ»-ро таҳия намояд.
9. Махфӣ.
10. Муайян карда шавад, ки:
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 июли соли 2018 ба тартиби муқарраргардида дар асоси беподошт ба ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо) додани қисми биноҳо ва иншоотро, ки шуъбаҳои САҲШ истифода мебаранд, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, ҳуҷҷатҳо ва  молу мулки дигари онҳоро таъмин менамояд;
як қисми бино  ва иншоотҳо, ки шуъбаҳои САҲШ истифода мебаранд, дар ихтиёри мақомоти адлия барои истифода ба мақсадҳои худӣ нигоҳ дошта мешаванд;
ба истифодаи минбаъдаи  бино ва иншооти шуъбаҳои САҲШ, ки ба ҳокимиятҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода шудаанд, ба мақсадҳои дигар ва мусодираи онҳо танҳо бо розигии Агентии хидмати давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рухсат дода мешавад.
11. Комиссияи ҳудудӣ оид ба зоҳир намудани ҳолатҳои ба қайдгирифтанашудаи таваллуд, вафот ва таъмин кардани қайди минбаъдаи онҳо дар мақомоти САҲШ таҳти роҳбарии ҳокимони ноҳияҳо (шаҳрҳо) бино бар тартиби намунавӣ мувофиқи замимаи №2 таъсис дода шавад.
Комиссияҳои ҳудудӣ:
то 1 июли соли 2019 инвентаризатсияи пурраи предмети зоҳир намудани фактҳои ба қайдгирифтанашудаи таваллуд, вафотро амалӣ намояд, бино бар ҷамъбасти онҳо қайди мақсадноки фактҳои таваллуд, вафотро мувофиқи қонунгузорӣ таъмин намояд;
дар фаъолияти худ ба муайян намудани бачаҳое, ки гувоҳномаи таваллуд надоранд, эътибори алоҳида дода, дар ин бобат ба ғояҳои неки «Ҳеҷ як кӯдак набояд бе қайд монад» ва «Қайди таваллуд – асоси ҳуқуқии татбиқи ҳуқуқи бачаҳо ва пешгирии бешаҳрвандӣ» амал кунад.
12. Агентии хидмати давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
то 1 январи соли 2022 рақамноккунии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки дар мақомоти САҲШ нигоҳ дошта мешаванд, ташаккул додани фонди ягонаи электронии архивии САҲШ-ро барои ҳамгароии минбаъда бо низоми иттилоотии «Архиви ягонаи электронии САҲШ» ба охир расонад;
шартномаҳои пудратиро бо шахсони ҳуқуқӣ барои иҷрои корҳо бино бар ҷорӣ намудани маълумотҳои сабти аснод дар низоми иттилоотии «Архиви ягонаи электронии САҲШ» дар мақомоти САҲШ ба имзо расонад;
якҷоя бо Бонки марказӣ ва Вазорати  рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 сентябри соли 2018  бино бар пурра ҷорӣ намудани механизми амалӣ гардондани пардохтҳои электронӣ (биллинг) ҳангоми пардохти боҷи давлатӣ, маблағҳои гербӣ ва пардохти дигар чораҳо татбиқ намояд;
якҷоя бо Маркази давлатии идентификатсияи назди Девони Вазирон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2019 сар карда таҷрибаи додани рақами шахсии идентификатсионии шахси ҷисмонӣ ба навзодонро ҳангоми қайди гувоҳномаи таваллуди кӯдак ҷорӣ намояд.
13. Ба муҳлати то 1 июли соли 2021 аз пардохтҳои гумрукӣ (ба ғайр аз боҷи гумрукӣ) таҷҳизоти сканеркунӣ, таҷҳизоти серверӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти комплектӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, барои қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, созмон додани низоми ҳамкории байниидоравии электронӣ оварда мешаванд, бино бар рӯйхате, ки ба тартиби муқаррарӣ ташаккул меёбанд, озод карда шавад.
14. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду ҳафта дар бораи тасдиқ намудани:
низом дар бораи мақомоти САҲШ ва кормандони дараҷаи мансаби шуъбаҳои САҲШ;
разряд ва коэффисиентҳои тарифӣ бино бар пардохти музди меҳнат аз рӯйи ЕТС ба кормандони шуъбаҳои САҲШ;
миқдори иловапулиҳои ҳармоҳа барои кори дарозмуҳлати кормандони шуъбаҳои САҲШ, ки дараҷаҳои мартаба доранд;
миқдори иловапулӣ ба маоши вазифавии кормандони шуъбаҳои САҲШ барои дараҷаҳои мартаба қарор қабул намояд.
15. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
16. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов, муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов ва вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. К. Давлетов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш. МИРЗИЁЕВ
 
Шаҳри ТОШКАНД, 
12 июни соли 2018 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: