ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД ТЕЗОНДАНИ ҶАРАЁНИ ХУСУСИГАРДОНИИ АКТИВҲОИ ДАВЛАТӢ

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 октябри соли 2020 № ФП-6096 «Дар бораи чораҳои ислоҳсозии босуръати корхонаҳо бо иштироки давлат ва хусусигардонии активҳои давлатӣ», инчунин ба мақсади суръат бахшидани ҷалби сармоягузории хусусӣ ба иқтисодиёт:

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 октябри соли 2020 № ФП-6096 «Дар бораи чораҳои ислоҳсозии босуръати корхонаҳо бо иштироки давлат ва хусусигардонии активҳои давлатӣ», инчунин ба мақсади суръат бахшидани ҷалби сармоягузории хусусӣ ба иқтисодиёт: 
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки таҷрибаи ҷорӣ намудани усулҳои замонавии хусусигардонии активҳои давлатӣ бо ҷалби мушовирони байналмилалии машваратӣ, аудиторӣ ва сармоягузорӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва дигар ширкатҳои махсусгардонидашуда (минбаъд — ташкилотҳои касбӣ) оғоз ёфтааст.
2. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мутобиқи он ҳангоми ташкили равандҳои ба музоядаи оммавӣ гузоштан ва фурӯши активҳои давлатӣ, ки дар замимаҳои №№1 ва 2-и ин Фармон нишон дода шудаанд: 
ҷалби ташкилотҳои касбӣ аз ҷониби Агентии идоракунии активҳои давлатӣ ё ширкати сармоягузории «Uz-Assets» дар асоси интихоби беҳтарин пешниҳодҳо амалӣ карда мешавад. Дар айни замон, гузаронидани экспертизаи шартномаҳои бо онҳо бастамешуда талаб карда намешавад;
дар ҷараёни савдоҳо ба сифати нишона қабул кардани арзиш ё ки доираи маълумоти арзиш  иҷозат дода мешавад, ки аз ҷониби ташкилотҳои касбӣ бо мақсади фурӯши активҳои давлатӣ (сарфи назар аз талаботи стандарти миллии фаъолияти арзёбӣ) муайян шудааст; 
ягон талабот дар бораи ҳатман ба сифати арзиши ибтидоӣ муқаррар намудани активҳои давлатии арзиши онҳо, ки дар ҳисоботи ташхиси ташкилоти арзёбӣ тавсия дода мешавад ва хулосаи экспертизаи он муайян шудааст, татбиқ карда намешавад; 
Ба комиссияи давлатӣ оид ба гузарондани савдоҳои тендерӣ ҳангоми фурӯши амволи давлатӣ ваколат дода мешавад, ки оид ба нашри эълонҳо оиди фурӯши амволи давлатӣ бидуни эълони нархи ибтидоӣ, инчунин фурӯши активҳои давлатӣ дар асоси  на камтар аз ду пешниҳоди беҳтарин (новобаста аз нархе, ки дар ҳисоботи арзёбӣ тавсия шудааст ва дар хулосаи коршиносон муайян шудааст) қарор қабул кунад.  
3. Агентии идоракунии активҳои давлатӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор то 1 августи соли 2021 тартиби интихоби ташкилотҳои нархгузорӣ, муайян кардани арзиш ва пардохти хидматҳои онҳоро ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ дар асоси интихоби беҳтарин пешниҳодҳои тиҷоратӣ ҷорӣ намояд. 
4. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутобиқи замимаи № 3 тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
5. Ба зиммаи муовини Сарвазир Д. А. Қӯчқоров ва директори Агентии идоракунии активҳои давлатӣ А. Ж.  Ортиқов масъулияти шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои Фармони мазкур гузошта шавад.
Дар ҳар семоҳа баррасии рафти иҷрои Фармони мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи Сарвазир А. Н. Арипов гузошта шавад.   
      
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 Ш. МИРЗИЁЕВ

     
Шаҳри ТОШКАНД,
11 феврали соли 2021.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: