ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ОЗОДКУНИИ МИНБАЪДАИ САВДО ВА РУШДИ РАҚОБАТ ДАР БОЗОРИ МОЛҲО

Дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти корхонаҳои савдои умумӣ ва биржавӣ асосҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, шабакаҳои чаканафурӯшии тиҷоратӣ, ки технологияҳои замонавии иттилоотиро истифода мебаранд, фаъолона инкишоф меёбанд, дастрасии субъектҳои соҳибкорӣ ба захираҳои моддиву техникӣ вусъат меёбад.

Баробари ин ҳолати кунунии бозори молҳо, дараҷаи рушди савдои умумӣ ва биржавӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошанд. Як қатор масъалаҳои ҷиддие мавҷуданд, ки ба вусъатёбии мубодилаи мол, бо молҳои зарурӣ таъмин кардани бозори дохилӣ ва истеҳсолгарон, татбиқ кардани содироти бемонеаи маҳсулоти истеҳсоли ҷумҳурӣ монеъ мегарданд, аз ҷумла:
дараҷаи пасти рушди савдои умумӣ, низоми расонда додани маҳсулоти нимтайёр ва саноатӣ барои коркарди минбаъда, ҳамчунин молҳои дигар бино бар раванди «тиҷорат – барои тиҷорат» (В2В), ки сабаби боло рафтани харҷҳои транзаксионии субъектҳои соҳибкорӣ, дар ниҳояти кор коҳиш ёфтани иқтидори рақобатбардории маҳсулоти онҳо дар бозорҳои хориҷӣ мегарданд;
ҷараёни сусти ҷорӣ намудани фючерсҳо, воситаҳои истеҳсоли молиявӣ ва механизмҳои дигари замонавии савдои молҳои биржавӣ, ки имкони ҳифзи соҳибкорон, бахусус истеҳсолгарони молҳои кишоварзиро аз тағйиротҳои номусоиди нархҳо таъмин мекунад, ки дар натиҷаи онҳо миқёси амалиётҳо ва хели молҳои савдо маҳдуд мешаванд;
мавҷуд будани қарзи зиёди давлат дар сармояҳои оинномавии субъектҳои савдо, маҳдудиятҳои кӯҳнашуда дар соҳаи татбиқ намудани савдои чаканафурӯшӣ ва хидматрасонӣ ба аҳолӣ, ки ба рушди муттасили рақобат дар ин соҳаҳо монеа мешаванд;
мавҷуд набудани кори мунтазам оид ба хабардоркунии истеҳсолгарони молҳо ва истеъмолгарон, аз ҷумла истеъмолгарони хориҷӣ, дар бораи номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти бозоргире, ки дар мамлакат истеҳсол мешаванд, ки боиси коҳиш ёфтани рушди кооператсияи истеҳсолии дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин бо истеҳсолгарони хориҷӣ мегардад, боқӣ мемонанд.
Ба мақсади минбаъд такмил додани механизмҳои савдо, рушди рақобати солими байни бозори молҳо, ҳамчунин фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани самаранокӣ ва коҳиш додани харҷи субъектҳои соҳибкорӣ, таъмин намудани иқтидори рақобатбардории маҳсулоте, ки онҳо истеҳсол мекунанд:
1. Ба таклифоти Вазорати иқтисодиёт, Вазорати молия, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат:
а) дар бораи аз 1 январи соли 2019 беэътибор донистани:
рухсатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба татбиқ кардани савдои умумӣ ва тартиби махсуси андозситонии корхонаҳои савдо;
тартиби махсуси ҳисобу китоби дахл аз татбиқи хелҳои махсуси молҳои аксиздор (автомобилҳо, равғани растанӣ ва ғайра) ва истифодаи он;
талабот дар бораи гирифтани рухсатнома барои савдои сайёр;
санксияҳо барои аз муҳлат гузаронидани қарзҳои дебиторӣ, ки дар муносибатҳои тарафайн бо контрагентҳои ташкилот бо саҳми давлат дар оинномаи сармоявии камтар аз 50 фоиз ба миён омадаанд;
талабот дар бораи пешпардохти 15 фоиза барои бозори дохилӣ бино бар қарордод бо ташкилоти дорои саҳмияҳои давлатӣ камтар аз 50 фоиз;
маҳдудият барои содироти хелҳои алоҳидаи молҳо бино бар номгӯй мувофиқи замимаи №1;
тартиби дарамали бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат мувофиқат кунондани ҷадвали пешниҳоди маҳсулот барои савдои биржавӣ бо ҷорӣ намудани тартиби огоҳкунӣ аз мувофиқати онҳо;
талабот дар бораи пешниҳоди воми молиявии истеъмолӣ  барои аз истеҳсолгарон ё худ ташкилоти фурӯшанда харидани танҳо молҳо (хидматҳо)-и истеъмолӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, ризоият дода шавад;
б) дар бораи аз 1 ноябри соли 2018 муқаррар кардани тартибе, ки мувофиқи он:
ба биржаҳои молу ашё ҳуқуқ дода мешавад, ки бино бар ташкил кардани нигаҳдорӣ ва логистикаи маҳсулоте, ки дар биржа фурӯхта мешаванд, ҳамчунин коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҷамъиятҳои кӯчаки хоҷагӣ таъсис диҳанд;
хелҳои маҳсулот, ашёи хом ва маводи бозоргир, ки мувофиқи воридот оварда шудаанд, метавонанд дар бозорҳои дохилӣ, аз ҷумла дар савдоҳои биржавӣ, бино бар хоҳиши мулкдорони онҳо бидуни маҳдудиятҳо фурӯхта шаванд;
мураххасии фурӯшандагони хелҳои баланднархи маҳсулот, ашёи хом ва маводҳое, ки дар савдоҳои биржавӣ харид шудаанд, қатъиян мувофиқи муҳлатҳои муқарраршуда ва бино бар навбат, ки аз тариқи низомҳои электронии биржаҳо бо назардошти муҳлати пардохти маҳсулот муайян карда мешаванд, татбиқ мегарданд;
в) дар бораи аз 1 ноябри соли 2018 ҷорӣ намудани тартиби додан ва истифода бурдани пулҳои нақд, ки инҳоро пешбинӣ менамоянд:
барои субъектҳои хоҷагидорӣ, ки миқдори миёнаи пули нақди кори рӯзонаашон аз  ҳаҷми 20 каратаи музди камтарини меҳнат зиёд мебошад, имконият дода шавад, ки онро ҳар рӯз ба кассаи бонкҳо аз тариқи хидмати инкассатсия ё худ мустақилона супоранд;
барои субъектҳои хоҷагие, ки миқдори миёнаи пули нақди кори рӯзонаашон аз ҳаҷми дар сарсатри дуввуми зербоби мазкур нишон додашуда камтар мебошад, имконият дода шавад, ки онро ба кассаи бонкҳо аз тариқи хидмати инкассатсия дар даврае, ки онҳо муайян кардаанд, ё худ мустақилона супоранд;
инкассатсияи пули нақд танҳо аз тариқи хидмати инкассатсияи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо фароҳам овардани имконияти ба роҳ мондани хидматҳои муқобили инкассатсия дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, амалӣ карда шавад;
татбиқ намудани ҳисобу китобҳои ғайринақдии байни шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин соҳибкорони хусусӣ бо истифодаи кортҳои корпоративии бонкӣ бидуни муоҳидаи қарордодҳои хариду фурӯш, бо додани инвойс (ҳисобу китоб – фактура) бекор карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
содироти молҳо ва хидматҳо аз тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет бо пардохт аз тариқи низоми байналхалқии пардохт дар ҳаҷми то 5 ҳазор доллари ИМА бино бар як инвойс имзои шартномаи хаттиро бо харидорон тақозо наменамояд ва беистисно ба ҳама шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ бидуни ворид кардани маълумот дар Низоми ягонаи маълумоти электронии амалиётҳои савдои хориҷӣ ва қайди декларатсияи бори гумрукӣ мувофиқи қоидаҳои хидматрасонии алоқаи почта, бо ҷорӣ намудани ҳисобот мувофиқи таҷрибаи аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ рухсат дода мешавад;
аз 1 январи соли 2019 барои даромади аъзои биржаҳои молу ашёи хом шарти андозситоние ҷорӣ карда мешавад, ки барои шахсони ҳуқуқӣ, ки дар бозори коғазҳои қиматбаҳо фаъолияти броккериро татбиқ менамоянд, пешбинӣ шудааст;
ба шахсони ҷисмонӣ бидуни пешниҳоди декларатсияи гумрук ба хориҷи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баровардани молҳо ба арзиши умумии на бештар аз 5 ҳазор доллари ИМА рухсат дода мешавад.
3. Дар назди Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази тадқиқи бозорҳои соҳавӣ ва истеҳсолоти содиротӣ дар шакли муассисаи давлатӣ бо воҳиди штатии иборат аз 38 нафар, бо муайян кардани вазифаҳои асосии зерин таъсис дода шавад;
ташкил кардани портали мунтазами электрониву иттилоотӣ барои хабардоркунии субъектҳои хоҷагидорӣ дар бораи номгӯй ва хелҳои молҳое, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд ва маҳсулот (молҳо ва хидматҳо)-и воридотӣ;
ташаккул додани пойгоҳи маълумот дар бораи мавҷудияти иқтидорҳои дохилии истеҳсолӣ, дар бораи ҳаҷми талаб ва таклиф барои молҳо, ҳамчунин дар бораи тағйир ёфтани нархҳо барои маҳсулоти истеҳсолшуда ва истеъмолшаванда дар бозорҳои дохилӣ;
таҳлил ва мониторинги ташаккули нархҳо, тағйирёбии талаб ва таклиф дар бозори молҳо ва дар ин асос ворид кардани пешниҳодоти дахлдор;
омӯзиши маҷмӯии конюнктураи бозорҳои соҳавӣ дар ҷумҳурӣ ва дар қисмати ҳудудҳо, тайёр кардани пешниҳод дар бораи рушди муътадили онҳо.
4. Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ:
якҷо бо Кумитаи давлатии андоз ва Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ машваратҳо баргузор кунад ва ба субъектҳои соҳибкорӣ дар масъалаҳои ташкил кардани фаъолияти биржавӣ ва савдои умумӣ кӯмакҳои зарурӣ расонад;
якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон дар бораи фурӯши саҳмияҳои давлат ба оинномаи сармоявии ҷамъияти саҳҳомии «Биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хоми Ӯзбекистон» аз тариқи баргузор кардани пешниҳоди ибтидоии аксияҳо (IPO) ё худ пешниҳоди дубораи аксияҳои оммавӣ (SPO) ба Биржаи бунёдии ҷумҳуриявии «Тошкент» таклиф ворид намояд.
5. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мувофиқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ шудани Шартномаи давлатҳои аъзои ИДМ бобати мувофиқаткунонии сиёсати зиддимонополӣ таклиф пешниҳод кунад.
6. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан кардани дастурҳои Фармони мазкур ва имкониятҳои иловагиеро, ки барои субъектҳои соҳибкорӣ фароҳам оварда мешаванд, таъмин намояд.
7. Ба Вазорати иқтисодиёт супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулнамудаи худро ба Фармони мазкур мувофиқ намояд.
8. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №2 тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов, муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Д.А.Қучқоров, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов ва муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Г.К.Саидова гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
30 октябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: