ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА РУШДИ ИЛМ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТӢ ДАР СОҲАИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Бо мақсади татбиқи Консепсияи рушди системаи хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030, таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ҳавасмандгардонии корҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин такмили низоми тайёр кардани кадрҳои дорои таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ки ба сатҳи стандартҳои байналмилалии соҳаи хоҷагии ҷангал мувофиқанд:

Бо мақсади татбиқи Консепсияи рушди системаи хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030, таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ҳавасмандгардонии корҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин такмили низоми тайёр кардани кадрҳои дорои таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ки ба сатҳи стандартҳои байналмилалии соҳаи хоҷагии ҷангал мувофиқанд: 
1. Бо пешниҳодоти Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Вазорати молия розӣ дода шавад, ки аз 1 феврали соли 2021 сар карда инҳоро пешбинӣ мекунанд:
а) созмон додани:
Раёсати оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо аз 4 воҳиди штатӣ дар сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал бо мақсади омодасозӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ташкили мунтазами коромӯзии хориҷӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, инчунин ба таври васеъ дар истеҳсолот ҷорӣ намудани коркардҳои инноватсионӣ; 
Стансияи илмию таҷрибавии пистапарварӣ дар шакли муассисаи давлатии назди Институти илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал дар заминаи плантатсияҳои модиёнаи писта дар мавзеи “Оқтош”-и шуъбаи Ғаллаороли хоҷагии ҷангали давлатии Ҷиззах бо мақсади рушди пистапарварӣ, хоста гирифтани навъу намудҳои нави серҳосили писта, районикунонӣ, инчунин ташкили семинарҳо, тренингҳо ва дигар чорабиниҳо оид ба парвариши писта барои ҷангалпарварон, хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ;
Шуъбаи иқтисоди ҷангал дар сохтори Институти илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал бо мақсади таъмин намудани коркард ва дар амалиёти ҷангал татбиқ намудани харитаҳои технологии чорабиниҳои хоҷагии ҷангал; 
б) барҳам додани Маркази таҳлили тухмипарварии ҷангал ва гиёҳҳои шифобахши назди Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ва ба Институти илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал супурдани он бо нигоҳ доштани пойгоҳи моддию техникӣ бо мақсади рушди тухмипарварии ҷангал ва ҳамоҳангсозии натиҷаҳои таҳлили тухми растаниҳои ҷангал бо корҳои илмию тадқиқотӣ. 
Муқаррар карда шавад, ки тағйиротҳое, ки ба сохторҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ва Институти илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал ворид карда мешаванд, аз ҳисоби воҳидҳои штатӣ, ки дар натиҷаи барҳамдиҳии Маркази таҳлили тухмии растаниҳои ҷангал ва доруворӣ, инчунин оптимизатсияи воҳиди штатҳои хоҷагии ҷангали давлатии Ҷиззах озод мегарданд, амалӣ карда мешаванд.
2. Муайян карда шавад, ки Институти илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал оид ба ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳо вориси ҳуқуқии Маркази барҳамдодашудаи таҳлили тухмии растаниҳои ҷангал ва доруворӣ ба ҳисоб меравад. 
3. Дар пойгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Ӯрмонлоиҳа»-и низоми Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал дар шакли муассисаи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, ташкили доимии чорабиниҳои хоҷагии ҷангал дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳа институти лоиҳакашии «Ӯрмонлоиҳа” таъсис дода шавад.
4. Вазифаҳои асосӣ ва фаъолияти институти лоиҳакашии «Ӯрмонлоиҳа» инҳо  муайян карда шаванд: 
идоракунии ҷангал дар қитъаҳои замини фонди давлатии ҷангал, иҷрои корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, коркарди баҳогузории ҷангал, гузарондани инвентаризатсияи фонди давлатии ҷангал, тарҳрезии нақшаҳои истеҳсолии хоҷагиҳои ҷангал; 
таҳияи ҳуҷҷатҳои кори лоиҳавию сметавӣ оид ба кабудизоркунии канори шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, канори роҳ ва роҳи оҳан; 
муайян кардани ҳудуди майдони заминҳои хоҷагии ҷангали давлатӣ ва категорияи замин, инчунин ташаккули харитаҳои онҳо ва пойгоҳи маълумоти электронӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ (бо истифода аз дронҳо, GPS-навигаторҳо ва ғайра);
пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги ҷангалҳо, ташкили заминаи иттилоотӣ ва захиравии онҳо; 
таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии ташкили мавзеъҳои ҷангал дар минтақаҳои Арал ва Назди Арал, инчунин дар минтақаҳои дигари мамлакат бо мақсади пешгирии биёбоншавӣ ва мубориза бо эрозия; 
татбиқи системаҳои иттилооти ҷуғрофӣ дар идоракунии ҷангал, мониторинг ва тарҳрезии ҷангалҳо дар асоси технологияҳои муосир дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал; 
таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавии сохтани ниҳолҳои муҳофизатии ҷангал аз эрозияи шамол ва об дар атрофи иншооти мелиоративӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо нигаронида шудаанд.
5. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2021 сар карда, 5 фоизи ҳаҷми умумии воридот ба Фонди рушди хоҷагии ҷангали Кумитаи давлатии ҷангал барои дастгирии фаъолияти Пажӯҳишгоҳи хоҷагии ҷангал ва ташкилотҳои илмии системаи он, инчунин ҳавасмандгардонии моддии кормандони онҳо равона карда мешавад. 
6. Тибқи замима ба баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйирот ворид карда шавад. 
7. Ба зиммаи раиси Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал Н.Ж.Бакиров масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои ин қарор гузошта шавад.
Дар ҳар семоҳа баррасии иҷрои ин қарор, инчунин амалисозии ҳамоҳангӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои онҳо масъул ба зиммаи муовини Сарвазир Ш.М.Ғаниев гузошта шавад.
Дар бораи самаранокии тадбирҳои андешидашуда то 1 июни соли 2021 ва то 1 январи соли 2022 ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот дода шавад. 

Президент Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
21 январи соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: