ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ СОҲАИ МАДАНИЯТ ВА САНЪАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар тӯли солҳои гузашта дар мамлакат бинобар ҷонибдории маданият ва санъат, нигоҳ доштан ва афзун гардондани мероси миллии маданӣ ва маънавӣ, шинос намудани аҳолӣ бо намунаҳои беҳтарини маданияти миллӣ ва ҷаҳонӣ, беҳтар гардондани пойгоҳи моддиву техникӣ ва мустаҳкам кардани равобити байналхалқии маданӣ маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ шуданд.

Баробари ин, дар соҳаи мазкур як қатор мушкилоту камбудиҳо мавҷуд мебошанд, ки ба рушди минбаъдаи маданият ва санъат монеъ мегарданд. Аз ҷумла:
якум, мавҷуд набудани механизмҳои самарабахши ҳуқуқие, ки ҷалби ёрии месенат ва ҳомиёнро рағбатнок месозад, барои бо маблағтаъминкунии зарурии фаъолияти муассисаҳои маданият ва санъати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби манбаъҳои муқобил имконият фароҳам намеорад, ки ба комилан тобеъ будан ба маблағи буҷа оварда мерасонад;
дуввум, дараҷаи тайёркунии касбии кормандон ва сифати хидматрасонӣ, ки муассисаҳои маданият ва санъат мерасонанд, ба талаботи замон ва андозаҳои байналхалқӣ ҷавоб намедиҳанд, ки барои  зиёраткунандагони маҳаллӣ ва сайёҳон ҷозибадориро паст мегардонад;
сеюм, интегратсияи сусти муассисаҳои ватании маданият ва санъат ба фазои маданияти ҷаҳонӣ имконияти ба таври пурра истифода бурдани мероси ғании маданиву таърихӣ, самтҳои замонавии маданият ва санъатро дар ташаккули қиёфаи мусбати мамлакат ва мустаҳкам кардани мақоми маркази фарҳангии минтақа фароҳам намеорад;
чорум, ба таъмин кардани беосеб нигоҳ доштани объектҳои мероси маданӣ, фондҳои осорхона, архивӣ, китобхонавӣ ва дигари ҷумҳурӣ эътибори зарурӣ дода намешавад, ки ин имкони таъмин кардани муносибати маҷмӯиро ба нигоҳ доштан ва оммавӣ гардондани мероси маданиву таърихии мамлакат фароҳам намеорад.
Ба мақсади таъмин кардани рушди инноватсионии соҳаи маданият ва санъат, беҳтар гардондани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои маданият ва санъат, рағбатноксозии шавқу рағбати аҳолӣ ба зиёрати онҳо, ҳамгароии мамлакат ба фазои мадании ҷаҳонӣ, инчунин баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:
1. Бо таклифи Вазорати маданият, Фонди рушди маданият ва санъати назди Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Фонд) Вазорати молия ва Вазорати рушди инноватсионӣ дар бораи ба тартиби озмоиш татбиқ намудани Барномаи реноватсияи музейҳо (минбаъд – Барномаи реноватсия) розигӣ дода шаванд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
ҷорӣ кардани усули бо маблағ таъмин кардани музейҳо, ки аз тамоюли худтаъминкунӣ асос ёфтаанд ва зина ба зина гузаштан ба бомаблағтаъминкунии камаш 30 фоизи буҷаи музейҳоро аз ҳисоби маблағеро, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ба даст оварда мешаванд, аз он ҷумла, бо ҷалб намудани субъектҳои соҳибкорӣ дар шароити шарикии давлативу хусусӣ, инчунин камаш 15 фоизи буҷаи музейҳо – аз ҳисоби маблағҳои хайру эҳсон пешбинӣ менамояд;
баланд бардоштани интерфаъолии хидматрасонӣ ба воситаи такмил додани инфрасохтори музейҳо мувофиқи андозаҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла, ҷорӣ намудани «smart»-технологияҳо (дӯконҳои иттилоотӣ, 3D визуализатсия ва голограмма, кодҳои QR, гидҳои электронӣ бо забонҳои хориҷӣ ва ғайра);
фароҳам овардани инфрасохтори дастрасии аҳолӣ ба экспонатҳои музейҳо, ки пеш аз ҳама, ба авлоди ҷавон нигаронда шудааст, бо истифодаи шабакаи интернет, ба фаъолияти музейҳо васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионии иттилоотӣ ва дидани экспонатҳои музейҳо;
такмил додани сохтори маъмурии музейҳо барои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ;
ҷорӣ кардани таҷрибаи ҷалб намудани кормандон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар музейҳо дар асоси озмуни кушод, аз он ҷумла, мутахассисони хориҷӣ, мувофиқи таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ;
таъмин кардани ҳамгароии пурарзиши музейҳо ба фазои ҷамъиятӣ ба мақсади оммавӣ гардондан ва пеш бурдани мероси маданиву таърихии мамлакат;
дар музейҳо васеъ истифода бурдани усулҳои инклюзивии расондани хидмат ва фароҳам овардани дастрасӣ барои ташрифоварандагон аз сафи шахсони имконияташон маҳдуд, куҳансолон, бачаҳои синну соли томактабӣ ва шахсоне, ки ба онҳо ҳамроҳӣ мекунанд;
рушди тадқиқотҳои академӣ дар назди музейҳо, аз он ҷумла, бо ҷалб намудани тадқиқотчиёни маҳаллӣ ва хориҷӣ дар асоси ҷудо намудани грантҳо аз ҳисоби маблағи Фонд.
Муайян карда шавад, ки:
Барномаи реноватсия дар Музейи санъати амалии Ӯзбекистон (ш.Тошканд), Музейи давлатии санъати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба номи И.Савитский (ш.Нуқус) ва Хона-музейи Ойбек (ш.Тошканд) татбиқ мегардад;
Барномаи реноватсия аз ҳисоби маблағи Фонд, донор ва месенатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, бо маблағ таъмин карда мешавад.
Ба зиммаи Директори иҷроияи Фонд барои иҷрои саривақтӣ ва хушсифати чорабиниҳои дар Барномаи реноватсия пешбинишуда масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
2. «Харитаи роҳ» оид ба рушди инноватсионии соҳаи маданият ва санъат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2018-2020 (минбаъд – «Харитаи роҳ») мувофиқи замима тасдиқ карда шавад, ки инҳоро ба назар мегирад:
такмил додани асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди маданият ва санъат дар ҷумҳурӣ;
баланд бардоштани дараҷаи сифати хидматрасонӣ, ки муассисаҳои маданият ва санъат амалӣ месозанд;
такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои маданият ва санъат.
Муқаррар карда шавад, ки роҳбарони вазорату  идораҳо барои иҷрои саривақтӣ ва самарабахши чорабиниҳои дар «Харитаи роҳ» пешбинишуда шахсан масъул мебошанд.
3. Ба мақсади бо манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ таъмин кардани Барномаи реноватсия, «Харитаи роҳ» ва чорабиниҳои дигаре, ки ба рушди инноватсионии соҳаи маданият ва санъати ҷумҳурӣ нигаронда шудаанд, ба Фонд ҳуқуқи ташкил кардан ва гузарондани бозиҳои лотерея дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки:
даромади аз ташкил ва гузарондани бозиҳои лотерея бадастомада дар ихтиёри Фонд вогузор карда мешавад ва қатъиян барои мақсадҳое, ки дар сархати банди мазкури якум нишон дода шудааст, истифода мешавад;
паҳн кардани билетҳои лотерея ва додани бурдҳо бино бар онҳо аз ҷониби ҶМ «Ӯзбекистон почтаси» ва ШС «Бонки халқӣ» дар асоси созишномаҳои агентӣ бо Фонд амалӣ гардонда мешавад;
рекламаи билетҳои лотерея иттилооти рекламаи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
4. Фонд якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ ба сметаи хароҷоти Фонд бо дарназардошти маблағи барои ташкил ва гузарондани лотереяи зарурӣ, аз он ҷумла барои хариди таҷҳизоти зарурии тиражӣ ва қонеъ гардондани талаботи литсензионӣ ва шароитҳо, ки ба ташкилкунандагони лотерея мувофиқи қонунгузорӣ дода мешаванд, тағйироту иловаҳо ворид намояд.
5. Фонд ба муҳлати то 1 сентябри соли 2021 аз пардохти боҷи гумрукӣ (ба ғайр аз пардохт барои расмигардонии гумрукӣ) ҳангоми овардани технология ва таҷҳизот барои ташкил ва гузарондани лотереяҳо бинобар феҳристе, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд ва ба тартиби муқаррарӣ ташаккул меёбанд, озод карда шавад.
6. Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Фонд ва идораҳои манфиатдори дигар, инчунин созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ дар соҳаи маданият ва санъат дар муҳлати ду моҳ лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи фаъолияти месенатӣ ва ҳомигии маданӣ»-ро таҳия ва тақдим намояд. Дар лоиҳаи қонун дар қатори дигар масъалаҳо инҳо ба назар гирифта шаванд:
ташаккул додани асосҳои ҳуқуқии додани имтиёзи андоз (маблағҳои ҳисобшуда) барои месенат ва ҳомиён, ки ба муассисаҳои маданият ва санъат, аз он ҷумла шахсони ҷисмонӣ ёрӣ мерасонанд;
васеъ гардондани шакл ва усулҳои ҷонибдории муассисаҳои маданият ва санъат (иҷрои корҳои муайян, хидматрасонӣ, додани ҳуқуқи молӣ ва ғайра) бо нигоҳ доштани ҳуқуқи гирифтани имтиёзи андоз (маблағҳои ҳисобшуда);
ҷорӣ кардани усулҳои замонавии дастгирии ҷамъиятии муассисаҳои маданият ва санъат;
такмил додани низоми ҳисоботи гирандагони ёрии месенатӣ ва ҳомигӣ, инчунин назорати истифодаи мақсадноки онҳо.
7. Вазорати маданият якҷоя бо Фонд, Вазорати молия, Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо ва идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори ҳукуматиро тақдим намоянд, ки инҳоро ба назар мегиранд:
ҷорӣ кардани Низоми ягонаи электронии амалиёти билетӣ дар муассисаҳои маданият ва санъат бо истифодаи технологияи блокчейн (минбаъд – НЯЭАБ) ва муайян кардани тартиб ва фаъолияти он;
истифодаи ҳатмии низоми автоматии фурӯш, ҳисоб ва тасдиқи билетҳо, ки ба НЯЭАБ пайвастаанд, аз ҷониби муассисаҳои маданият ва санъати ҷумҳурӣ;
фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқӣ барои эмиссияи озод ва фурӯши билетҳои электронӣ бо истифодаи аппаратҳои билетӣ ва таҷҳизоти автономии чопӣ, аз он ҷумла аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ-паҳнкунандагони билетҳо дар асоси шартномаҳои воситачигӣ;
ҷорӣ кардани талаботи камтарин ба реквизитҳои билетҳои электронӣ, инчунин пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои маданият ва санъат, ки барои эмиссия, ҳисобу китоби амалиёт ва верификатсияи билетҳои электронӣ истифода мегарданд;
ҷорӣ кардани талаботи камтарин ба чораҳо бино бар ҳифзи амалиёт оид ба фурӯши билетҳо дар доираи НЯЭАБ аз массаи хариди билетҳо ба мақсади минбаъд аз рӯйи арзиши баландтарин фурӯхтани онҳо;
ҷорӣ кардани боҷ аз даромади фурӯши билетҳо дар доираи НЯЭАБ, ки ба Фонд барои нигоҳ доштани НЯЭАБ равона карда мешавад, инчунин бо маблағ таъмин кардани чорабиниҳое, ки дар Барномаи реноватсия ва «Харитаи роҳ» пешбинӣ шудаанд.
8. Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. М. Султонов ва муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон      Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
26 августи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: