ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА РУШДИ МИНБАЪДАИ ИНФРАСОХТОРИ МУҲАНДИСИВУ КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МИНТАҚАҲО

Бо мақсади рушди минбаъдаи инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионии минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми созмон додани инфрасохтори лоиҳаҳои бузурги саноатӣ бо иштироки сармоягузориҳои мустақим, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, инчунин татбиқи пайгиронаи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 муайян шудаанд:

Бо мақсади рушди минбаъдаи инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионии минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми созмон додани  инфрасохтори лоиҳаҳои бузурги саноатӣ бо иштироки сармоягузориҳои мустақим, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, инчунин татбиқи пайгиронаи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 муайян шудаанд:
1. Ба назар гирифта шавад, ки дар доираи Барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо намудани 1 триллион сӯм барои чорабиниҳо оиди дар соли 2021 бунёд намудани шабакаҳои берунии муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ барои минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ такон медиҳанд, инчунин лоиҳаҳои бузурги истеҳсолӣ бо иштироки сармояи мустақими хориҷӣ ва дохилӣ пешбинӣ шудааст.
2. Муқаррар карда шавад, ки пӯшондани хароҷот барои:
а) тадбирҳо оид ба сохтани шабакаҳои берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ барои минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва саноатии хурд, инчунин лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ бо иштироки сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ аз ҳисоби:
маблағҳои Буҷаи давлатӣ — дар қисми кор оид ба сохтмон, таҷдид ва таъмири шабакаҳои оби нӯшокӣ, канализатсия ва роҳҳои автомобилгард;
маблағҳои қарзи буҷа, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бинобар ставкаи 5 фоиз бо шарти баргардонидани онҳо дар муддати се сол — дар самти сохтмон, таҷдид ва таъмири шабакаҳои қувваи барқ ва гази табиӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии тасдиқнамудаи корхонаҳои таъминкунанда, бо мақсади пӯшонидани хароҷоти воқеии корхонаҳои таъминкунанда барои баргузор намудани ин корҳо ҷудо карда мешаванд;
маблағҳои худии корхонаҳои таъминкунанда ва субъектҳои соҳибкорӣ — дар қисми корҳо оид ба сохтмон, таҷдид ва таъмири шабакаҳои алоқа тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки корхонаҳои таъминкунанда тасдиқ намудаанд;
б) чорабиниҳо оид ба сохтмон (таъмир) -и шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ дар доираи лоиҳаҳо ва чорабиниҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо такон медиҳанд, — аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
3. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
маблағҳои қарзи буҷа ба ҶС «Шабакаи барқии минтақавӣ» ба корҳо барои сохтмон, таҷдид ва таъмири шабакаҳои қувваи барқ, ҶС «Ҳудудгазтаъминот» — шабакаҳои гази табиӣ ҷудо карда мешаванд;
корҳо оид ба сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳои автомобилгард барои минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва саноатии хурд, инчунин лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ бо иштироки сармояи бевоситаи хориҷӣ ва ватанӣ аз ҳисоби фондҳои рушди роҳҳои нақлиёти автомобилии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, сарраёсатҳои молияи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд амалӣ карда мешаванд.
4. Девони Вазирон:
дар тӯли ду ҳафта — тасдиқи рӯйхатҳои суроғавии чорабиниҳо оид ба таъмин намудани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва саноатии хурд бо шабакаҳои берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ дар солҳои 2021-2022;
то 1 апрели соли 2021 — Низом дар бораи тартиби  аз ҷониби  давлат пурра кардани як қисми хароҷот барои ташкили инфрасохтори берунаи лоиҳаҳои инвеститсионии сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ ба маблағи беш аз 250 миллиард сӯм, бо мақсади ҳавасманд намудани ҷалби сармояи мустақим тасдиқ карда шавад.
5. Оид ба муайян кардани мақсаднокии ҷудо кардани маблағҳо аз Буҷаи давлатӣ барои таъмини инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионии минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо такони ҷиддӣ медиҳанд, инчунин лои-ҳаҳои калони истеҳсолӣ бо иштироки сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва ватанӣ дар таркиби мувофиқи замима Комиссияи махсус таъсис дода шавад.
6. Комиссияи махсус (Т.А. Ишметов):
оид ба ҷамъбасти ҳар моҳ аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхтани ҳолати бо инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ таъмин намудани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва саноатии хурд дар маҳалҳо;
баррасии пешниҳодҳои оид ба таъмини инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, аз ҷумла қарзи буҷетӣ, бо додани хулосаи дахлдор тақдимшуда;
ворид намудани саҳеҳӣ ба манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъминоти инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ, инчунин муайян кардани самти оптималии маблағҳое, ки барои бо инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ таъмин кардани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ ҷудо карда шудаанд;
самаранокии маблағҳое, ки аз Буҷаи давлатӣ барои чорабиниҳои марбут ба таъсиси инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ ҷудо карда мешаванд.
Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун мақоми кории комиссияи махсус муайян карда шавад.
7. Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ якҷоя бо Вазорати молия аз соли 2021 сар карда ҳамасола ҳангоми ташаккули параметрҳои асосии Буҷаи давлатӣ ҷудо кардани маблағро аз Буҷети давлатӣ барои кор оид ба бо  инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ таъмин кардани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо такон мебахшанд, инчунин лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ бо иштироки сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ дар доираи барномаҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ намояд.
8. Палатаи ҳисоб якҷоя бо Вазорати молия аз болои истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳое, ки барои кор оиди бо инфрасохтори берунаи муҳандисию коммуникатсионӣ таъмин кардани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо такони ҷиддӣ медиҳанд, инчунин лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ бо иштироки сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ ҷудо мешаванд, назорати қатъӣ ҷорӣ намояд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ.А. Қӯчқоров ва С.У. Умурзоқов гузошта шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: