Дар ҷараёни мустақиман татбиқ намудани чораҳо бобати рушди низоми ҳисобу китобҳои ғайринақдӣ муомилоти ғайрибанкии пул коҳиш ёфт, ҷараёни пардохт хеле сода гардид, низоми амалиёти хидматрасонии масофавии бонкӣ вусъат пайдо кард.
Дар натиҷаи корҳои татбиқгардида эътимоди аҳолӣ ба кортҳои бонкӣ ва воситаҳои дигари ҳисобу китоби ғайринақдӣ ҳамчун ба воситаи бехатару мусоиди пардохт афзуд. Баробари ин, бо вуҷуди комёбиҳо, бобати ҷорӣ намудани хулосаҳои замонавии технологӣ барои рушди низоми пардохт, таъмин кардани кори доимии онҳо ва рушди муҳити рақобат як қатор камбудиҳо мавҷуданд.
Чунончи, мавҷуд набудани маркази давлатии просессингӣ бино бар коркарди пардохтҳои пулӣ дараҷаи бехатарии низоми пардохти миллиро коҳиш медиҳад, ба таъмин гардидани қаробати ягонаи инфрасохтории пардохт имкон намедиҳад ва боиси ҳукмфармоии низоми ягонаи монополӣ мегардад.
Ғайр аз ин дар сатҳи қонунгузорӣ таъмин набудани танзими фаъолияти операторони низоми пардохт пешрафти онҳоро маҳдуд сохта, эътимоднокии амалиёти низомҳои мазкурро халалдор менамояд.
Ба мақсади таъмин намудани пардохти муттасил, пешбурди маҳсулоти инноватсионӣ, дастрасии хидматҳои бонкӣ ва рушди муҳити рақобат дар бозори хидматҳои пулӣ, ҳамчунин татбиқ намудани вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум муайян шудаанд:
1. Ба таклифи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани Маркази миллии байнибонкии просессингии корхонаи муттаҳиди давлатии «Маркази асосии ахбори Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (минбаъд – Маркази миллии байнибонкии просессингӣ) ризоият дода шавад.
2. Маҷмӯи чораҳо оид ба таъсис додани Маркази миллии байнибонкии просессингӣ мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Ба Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум таъсис додани маркази муътамади коркарди маълумотро барои амали Маркази миллии байнибонкии просессингӣ, низоми байнибонкии пардохт ва маркази клирингии Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
дар муҳлати то 1 январи соли 2020-ум ба роҳ мондани Маркази миллии байнибонкии просессингиро, ки ба ҳамкории иттилоотӣ ва технологии байнибонкҳо – иштирокдорони ҳисобу китобҳо бино бар кортҳои локалӣ ва байналхалқии бонкӣ мусоидат мекунанд;
дар муҳлати то 1 июли соли 2020-ум амалиёти тамоми марказҳои просессингии мамлакат, аз ҷумла бо низомҳои байналхалқии пардохт, бевосита аз тариқи шлюзи ягонаи Маркази миллии байнибонкии просессингӣ;
мунтазам беҳтар намудани инфрасохтори пардохти бонкӣ, вусъат додани шабакаи банкоматҳо ва терминалҳои бисёрамали худхидматрасонӣ, аз ҷумла аз тариқи ҷалб намудани корхонаҳои худии зеридоравӣ ва ташкилот ба фаъолияти мазкурро таъмин намояд.
4. Ба иттиҳодияи бонкҳои Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо бонкҳои тиҷоратӣ бо назардошти татбиқ шудани лоиҳаи Маркази миллии байнибонкии просессингӣ қаробат ва хидмати тарафайни кортҳои бонкии марказҳои мавҷудаи просессингиро бо Маркази миллии байнибонкии просессингӣ таъмин кунад.
5. Муқаррар карда шавад, ки тарифи бонкҳо барои расондани хидмати пардохтҳои нақд мувофиқи таҷрибаи байналхалқӣ бидуни дахолати маъмурият барои таъмин кардани хароҷоти бонкҳо ва мусоидат ба рақобат муқаррар карда мешавад.
6. Ба Бонки марказӣ супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 январи соли 2019-ум дар пояи амиқ омӯхтани таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин меъёр ва қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи пардохт ва низомҳои пардохт»-ро кор карда барояд ва ба Девони Вазирон пешниҳод кунад, дар он инҳоро пешбинӣ намояд:
асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии низоми миллии пардохт;
тартиботи назорати танзими бозори хидматҳои пулакӣ, ҳамчунин субъектҳои рухсатномадори низоми пардохти миллӣ аз ҷониби Бонки марказӣ;
танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи такмил додани амалиёт бо пулҳои электронӣ, аз ҷумла тартиботи идентификатсиякунонии дорандагони ҳамёнҳои электронӣ.
7. Ба тарзи мустасно ба Бонки марказӣ ва ба корхонаи муттаҳиди давлатии «Маркази асосии ахбори Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар доираи татбиқ намудани лоиҳа:
дар ҳудуди Бонки марказӣ ба сохтмон ва таҷдиди маркази коркарди маълумотҳо ба шарти ҳамзамон лоиҳасозӣ ва бо маблағ таъминкунӣ, бо риоя кардани меъёр ва қоидаҳои муқарраршудаи шаҳрсозӣ;
муайян кардани ташкилотҳои лоиҳавӣ ва пудратӣ, ҳамчунин расондадиҳандагони таҷҳизот, маснуоти маҷмӯӣ, техника ва технологияҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, ашёи хом ва мавод бидуни баргузор намудани савдоҳои тендерӣ (озмунӣ), дар асоси интихоб кардани таклифи беҳтарин иҷозат дода шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.З.Низомиддинов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов ва раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон М. Б. Нурмуродов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
19 сентябри соли 2018.