ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА СОДДА ГАРДОНДАНИ РАСМУ ҚОИДАҲОИ БАРҲАМ ДОДАНИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

Ба мақсади содда гардондани тартиботи барҳам додани субъектҳои соҳибкорӣ, бекор кардани маҳдудиятҳои зиёдатии маъмурӣ, ки дар ҷараёни барҳамдиҳӣ ба харҷҳои беасос кардани субъектҳои соҳибкорӣ мусоидат менамояд, минбаъд беҳтар гардондани мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва индексҳо бинобар пеш бурдани тиҷорат, инчунин баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли

1. Ба таклифоти Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, Кумитаи давлатии андоз ва Вазорати адлия дар бораи он ки аз 1 январи соли 2020-ум:
комиссияҳои махсуси ҳудудии доимоамалкунанда оид ба барҳам додани корхонаҳо, ки фаъолияти молиявиву хоҷагидориро амалӣ намекунанд ва (ё ки) бунёдҳои оинномавии худро дар муҳлати қонунгузорӣ муқаррарнамуда ташаккул надодаанд, барҳам дода мешаванд;
тартиби барҳам додани субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар тӯли як соли аз санаи қайди давлатӣ бунёдҳои оинномавиашон дар миқдори дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешбинишуда ташаккул наёфтаанд, бекор карда мешаванд;
байни мақомоти давлатӣ бо роҳи кӯтоҳ кардани ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ва тартибот ҳангоми барҳам додани субъектҳои соҳибкорӣ мубодилаи электронии маълумот ҷорӣ карда мешавад, розигӣ дода шавад.
2. Аз 1 январи соли 2020-ум тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он:
а) ҳангоми барҳамдиҳии ихтиёрии субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони ҳуқуқӣ (минбаъд – корхонаҳо):
дар як ё ки якчанд нашрҳои чопии даврӣ чоп намудани эълон дар бораи барҳам додани корхона талаб карда намешавад, дар ин бобат маълумотҳои дахлдор дар сайти расмии мақомоти бақайдгиранда ҷойгир карда мешавад;
фаъолияти молиявиву хоҷагидории корхонаҳое, ки аз давраи қайди давлатӣ фаъолияти молиявиву хоҷагидорӣ амалӣ наменамоянд, қарзи андоз надоранд, тафтиш карда намешавад;
даврияти бисёртарини гузарондани тафтиши фаъолияти молиявиву хоҷагидории корхонаҳои барҳам додашаванда аз ҷониби мақомоти давлатии хидмати андоз се солро ташкил медиҳад;
гирифтани маълумоти мавҷуда дар бораи корхона аз мақомоти ваколатдори давлатӣ барои тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории он ба воситаи Низоми автоматиконидашудаи қайди давлатӣ ва барӯйхатгирии субъектҳои соҳибкорӣ (минбаъд – Низом) амалӣ гардонда мешавад;
муҳлати умумии барҳамдиҳии ихтиёрии корхона аз рӯзи гирифтани огоҳинома аз мақомоти рӯйхатгиранда дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ набояд аз шаш моҳ гузарад;
б) аз ҷониби аризадиҳанда гирифтани хулосаи мақомоти хидмати давлатии андоз дар бораи мавҷуд набудани қарздорӣ бинобар андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми боздоштани фаъолияти шахсони ҷисмонӣ – субъектҳои соҳибкорӣ тақозо карда намешавад;
в) ҳангоми барҳам додани корхона, ки фаъолияти молиявиву хоҷагидориро амалӣ наменамояд:
муҳлате, ки барои фаъолияти молиявию хоҷагидориашро амалӣ накарда эътироф намудани корхона асос мегардад, нӯҳ моҳро ташкил медиҳад;
бинобар тақдимномаи мақомоти хидмати давлатии андоз корхонае, ки фаъолияти молиявию хоҷагидориашро амалӣ наменамояд, аз ҷониби мақомоти бақайдгиранда ба муҳлати се сол ба тартиби бекорхобида гузаронда мешавад;
мақомоти бақайдгиранда онҳоро аз Рӯйхати ягонаи давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми барқарор нанамудани фаъолияти корхона, ки ба муҳлати се сол ба тартиби бекорхобида гузаронда шудааст, хориҷ менамояд. 
3. Муайян карда шавад, ки аз ҷониби  мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигари ба низом пайвастшуда сари вақт, пурра ва беэътимод таъмин нанамудан бо маълумоти дахлдор вайрон кардани тартиботи муқаррарнамудаи расондани хидмати давлатӣ пиндошта мешавад. 
Агентии хидматҳои давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон назорати доимиро, аз он ҷумла ба воситаи Низом барои сари вақт, пурра ва боэътимод ворид намудани маълумоти дахлдор аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, ки ба Низом пайваст мебошанд, таъмин намояд.
4. Агентии «Ӯзархив»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ оид ба ду баробар кам кардани арзиш барои хидматҳои архивии расондашаванда, ки бинобар меъёри ҷорӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои субъектҳои соҳибкории ихтиёрӣ барҳамдодамешуда муайян карда мешаванд, чораҳо андешад, инчунин бинобар натиҷаҳо ба Девони Вазирон маълумот тақдим намояд.
5. Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати адлия дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон:
якҷоя бо Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо ва Вазорати молия барномаи чораҳоро оиди ба талаботи фармони мазкур мувофиқ гардондани Низом, ба он ҷалб намудани мақомоти манфиатдори давлатӣ ва ташкилотҳо бо муайян намудани манбаҳои дақиқи маблағгузорӣ;
якҷоя бо Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кодекси иқтисодии протсессуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кафолатҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ», ки аз ҷониби мақомоти барӯйхатгиранда ба тартиби бекорхобида гузарондани корхонаҳоро, ки фаъолияти молиявиву хоҷагидориро амалӣ наменамоянд, пешбинӣ менамоянд, ба мӯҳлати  се сол ҳангоми барқарор накардани фаъолият – хориҷ намудани онҳо аз Рӯйхати ягонаи давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор лоиҳаҳои Низом дар бораи тартиби барҳамдиҳии ихтиёрии субъектҳои соҳибкорӣ ва боздоштани фаъолияти онҳо ва Низом дар бораи тартиби аз рӯйхати давлатӣ хориҷ намудани субъектҳои соҳибкорӣ, ки фаъолияти молиявиву хоҷагидориро амалӣ наменамоянд;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар бораи тағйирот  ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз фармони мазкур бармеоянд, таклифот дохил кунанд. 
6. Баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2020-ум мувофиқи илова беэътибор дониста шаванд. 
7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон        Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
7 июни соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: