ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА СОЗМОН ДОДАНИ МАКТАБИ МАҲОРАТИ ВАРЗИШИИ ОИД БА БОКСИ БАҲОДИР ҶАЛОЛОВ

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 ноябри соли 2021 № ҚП-5280 “Дар бораи Барномаи рушди фаъолияти муассисаҳои варзишию таълимӣ то соли 2025” ва Консепсияи рушди бокс то соли 2025, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 апрели соли 2021 №ҚП-5099 тасдиқ шудааст, инчунин ба мақсади тайёр кардани варзишгарони боистеъдод ба сифати боксёрҳои касбӣ, тарғиби васеи фаъолияти варзишгарони ватанӣ – ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ:

1. Дар системаи Вазорати рушди варзиш Мактаби маҳорати варзишии оид ба бокси Баҳодир Ҷалолов (минбаъд – мактаби бокс) таъсис дода шавад. 
2. Вазифаҳои асосии мактаби бокс инҳо  муайян карда шаванд: 
фароҳам овардани базаҳои моддию техникӣ ва таълимию тамринӣ, ки бо лавозимоти зарурии варзишӣ ва таҷҳизоти замонавии ҷавобгӯйӣ талабот ва стандартҳои муосири байналмилалӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд ва тайёр намудани боксчиёни дараҷаи байналмилалӣ, ки қодиранд шарафи Ӯзбекистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун – Бозиҳои олимпӣ ва Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, универсиадаҳо ва ғайра муносиб ҳимоя кунанд; 
таҳкими ҳайати мураббиёни бокс тавассути ҷалби васеъи мутахассисон-мураббиён, равоншиносон ва методистҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони варзидаи кишварҳои хориҷӣ барои омода намудани боксчиёни дараҷаи байналмилалӣ;
ташкили раванди таълимию тамринии боксчиён дар дараҷаи стандартҳои байналхалқӣ, мунтазам баланд бардоштани сифати тайёрии назариявӣ ва техникию тактикии онҳо бо роҳи дар ҷараёни таълимию тамринӣ ҷорӣ намудани технологияи навтарини илмӣ ва методӣ, бо назардошти таҷрибаи пешқадам;
рушди сифатҳои касбии боксчиён, инчунин омода намудани боксчиёни сатҳи баланди маҳорат барои дастаҳои миллии мунтахаби Ӯзбекистон мутобиқи талаботи байналмилалӣ оид ба рушди бокс;
бо мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон, мактабҳои махсуси варзишии кӯдакону наврасон, мактаб-интернатҳои махсуси давлатӣ оид ба намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш, коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ва паралимпӣ, мактабҳои маҳорати олии варзишӣ оид ба бокс, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба санъати  ҳарбии варзишӣ ва дигар муассисаҳои варзишию таълимӣ оид ба масъалаҳои интихоб ва тарбияи боксчиёни ҷавони умедбахш;
инкишоф додани ҳамкорӣ бо мактабҳои бокси хориҷӣ, клубҳо ва марказҳои ташкил ва мунтазам гузарондани ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ, мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ  бо иштироки командаҳои миллии яккачин ва захирахои онҳо оид ба бокс, мубодилаи таҷриба барои баланд бардоштани дараҷаи маҳорати касбии мураббиёну боксчиён.
3. Муқаррар карда шавад, ки: 
мактаби бокс фаъолияташро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қарори Девони Вазирон аз 2 июни соли 2018 № 410 «Дар бораи такмили фаъолияти мактаб-интернатҳои давлатии махсусгардонидашуда оид ба намудҳои варзиш» амалӣ менамояд, аз он ҷумла муассисаи таълими ҳамагонии давлатии варзишию таълимӣ бо мақоми шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад;
мактаби бокс аз соли таҳсили 2022/2023 ба фаъолият шурӯъ мекунад; 
контингенти умумии мактаби бокс 175 нафар талабагони синфҳои 5-11 ташкил медиҳад;
талабагони мактаби бокс аз рӯи барномаҳои таълими ҳамагонӣ дар мактабҳои маълумоти умумии наздиктарин таълим мегиранд;
оид ба таъминоти лавозимот барои истиқомат, меъёри ҳаррӯзаи хӯрок, асбобу анҷоми варзишӣ, инвентар ва форма ба хонандагони мактаби бокс  меъёрҳои таъминоте, ки барои мактабҳои маҳорати олии варзишӣ муқаррар карда шудаанд, истифода мешаванд; 
барои қисман пӯшондани хароҷоти хӯроки бепул (имтиёзнок) талабагони мактаби бокс, пардохти падару модарон ситонда намешавад ва талабагон пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо хӯрок таъмин карда мешаванд; 
музди меҳнати директори мактаби бокс, муовинони ӯ, тренер-омӯзгорон, инструктор-методистон, тарбиятгарон ва ҳавасмандгардонии кори ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию тарбиявӣ ва мураббиёни мактаб мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 21 декабри соли 2005 № 275 «Дар бораи тасдиқ намудани низоми мукаммали пардохти музди меҳнати кормандони маорифи халқ» ба амал бароварда мешавад;
ҳавасмандгардонии кори директори мактаби бокс, муовини ӯ оид ба корҳои тарбиявӣ ва варзишӣ, тренер-омӯзгорон, инструктор-методистҳо, кормандони соҳаи тиб мутобиқи қарори Девони Вазирон аз 23 сентябри соли 2010  № 211 «Дар бораи такмили минбаъдаи фаъолияти мактабҳои варзишӣ ва системаи ҳавасмандгардонии моддии меҳнати мураббиён ва мутахассисони мактабҳои варзишӣ» амалӣ гардонда мешавад; 
пардохти музди меҳнати кормандони тиббии мактаби бокс тибқи қарори Девони Вазирон аз 21 декабри соли 2005 № 276 «Дар бораи тасдиқи низоми мукаммали пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тиб» амалӣ карда мешавад.
4. Манбаъҳои маблағгузории мактаби бокс инҳо муайян карда шаванд: 
маблағҳои буҷети давлатӣ; 
даромаде, ки аз фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ) аз рӯи ихтисоси фаъолият ва дигар намудҳои фаъолият, ки ба вазифаҳои оинномаи мактаб мувофиқ аст, ба даст оварда шудаанд; 
даромаде, ки аз иҷораи амволе, ки дар давраи баргузор нашудани машғулоти асосӣ истифода нашудааст, ба даст оварда шудаанд; 
хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ; 
дигар манбаъҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ манъ накардаанд.
5. Вазорати рушди варзиш (А. Икрамов):
а) дар тӯли се моҳ оид ба инҳо чораҳо андешад:
тасдиқи устав ва қайди давлатии мактаби бокс мувофиқи тартиби муқарраршуда; 
марҳила ба марҳила бо ҳайати омӯзгорони соҳибихтисос ва мураббиёне, ки дорои технологияҳои муосири педагогӣ мебошанд, таъмин намудани мактаби бокс; 
б) якҷоя бо Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон ва Федератсияи бокси  Ӯзбекистон амалӣ намудани назорати доимии давлатии сифати тайёркунии варзишгарон дар мактаби бокс;
в) якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ва Вазорати молия ҷадвали штатҳои кормандони роҳбарӣ, техникӣ, хизматрасонӣ ва таълимию ёрирасони мактаби боксро таҳия ва тасдиқ кунанд;
г) якҷоя бо Вазорати маорифи халқ барои ба машғулиятҳо дар мактаби бокс ҷалб намудани талабагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ чораҳо андешад. 
6. Вазорати рушди варзиш, Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, Вазорати сохтмон ва ҳокимияти шаҳри Тошканд то 1 августи соли 2022 бунёди мактаби замонавии бокс ва таҷҳизоти онро дар ҳудуди мактаби таълими ҳамагонии № 259, ки бинобар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Юнусобод, мавзеи 9 ҷойгир шудааст, таъмин намоянд. 
Барои ташкил кардан ва таҷҳизонидани мактаби бокс аз бюҷети давлатӣ ҷамъ 25 миллиард сӯм ҷудо карда шавад.
Девони Вазирон якҷо бо вазоратҳои рушди варзиш, рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, молия бо назардошти талаботи банди мазкур параметрҳои дахлдори Барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои солҳои 2022-2024 аз нав дида бароянд.
7. Вазорати сохтмон (Закиров Б.) экспертизаи комплексии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро барои татбиқи қарорҳои оптималии меъморию техникӣ ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии мактаби бокс, сохтмони мактаб аз масолеҳи арзон, сарфакунандаи энергия, конструксияҳо ва масолеҳи сабуки васлшавандаи аз технологияҳои инноватсионӣ асосёфта, мутобиқати онҳо ба талаботи бароҳат ва бехатарии экологӣ таъмин намояд, инчунин ба сифати корҳои сохтмону монтаж назорати доимии давлатии меъморию сохтмонӣ муқаррар намояд.
8. Вазорати молия ҷудо намудани маблағҳои заруриро вобаста ба нигоҳдории фаъолияти мактаби бокс дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022 пешбинӣ шудааст, таъмин намояд  ва аз соли 2023 – ҳамасола дар параметрҳои буҷети давлатӣ пешбинӣ карда шаванд. 
9. Вазорати рушди варзиш якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар мӯҳлати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифҳо пешниҳод намояд.
10. Ба зиммаи вазири рушди варзиш А.И. Икромов ва ҳокими шаҳри Тошканд Ҷ.А. Ортиқхоҷаев масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур гузошта шавад. 
Муҳокимаи рафти иҷрои қарори мазкур, амалӣ гардондани ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилоти барои иҷрои онҳо масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А. Абдувахитов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри ТОШКАНД,
14 марти соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: