ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ТАЙЁРӢ ВА БАРГУЗОР КАРДАНИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ХОТИРА ВА ҚАДР

Халқамон аз қадимулайём қаҳрамононеро, ки кишварашонро аз ғосибон ҳимоя намуда, барои озодии он, мустақилӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳо мубориза бурдаанд, гиромӣ медорад.

Ба ёд овардани хотираи ҳазорҳо нафар ҳамватанонамон, ки дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ҳалок шудаанд, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ нишон додан ба бобоёнамон, ки аз ҷанггоҳҳои хунин зинда баргаштаанд, гузаштагони имонашон бутун, ки дар ақибгоҳ рӯзҳои вазнинро бо матонат паси сар намуда, дар озмоишҳои пурмашаққат худро гум накардаанд, ба маънои том ба анъанаи миллӣ табдил ёфт. 
Халқи мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки аз 1,5 миллион нафар ӯзбекистониёни дар ин ҷанги бешафқат иштирокнамуда беш аз ним миллион нафарашон ҳалок гардиданд.  Халқи ӯзбек дар солҳои ҷанг қариб як миллион оилаву бачаҳои ба Ӯзбекистон аз ҳудудҳои назди ҷангӣ кӯчондашударо қабул намуда, бо онҳо бурдаи охирини нонашонро баҳам дида, олиҳимматӣ, меҳрубонӣ ва раҳмдилӣ, маънавияти баландашро равшан намоён кард. 
Аз ҷониби давлат ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон супурдани мукофотҳо, рағбатноксозии моддиву маънавии онҳо ба анъанаи нек табдил ёфт. Ба иштирокдорони Ҷанги дувуми ҷаҳон ва собиқадорони ҷабҳаи меҳнат, оилаи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки ҳангоми иҷрои қарзи хидматӣ ҳалок шудаанд, ёрии моддӣ ва маънавӣ расонда мешавад. 
Мардонагӣ ва ҳиссаи бузурги ҳалқамон дар ғалаба бар фашизм ҳақиқати фаромӯшнопазир аст. 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр даъват менамояд, ки оқибатҳои мудҳиши Ҷанги дувуми ҷаҳонро фаромӯш накунем, ба қадри ҳаёти осоишта расем, бо ҳисси садоқат ба Ватан зиндагӣ кунем, ҳамеша ҳушёр ва огоҳ бошем, саъю кӯшишамонро барои дар рӯҳи садоқат ба хотираи таърихии халқ тарбия намудани ҷавонон равона намоем.
Ба мақсади васеъ ҷашн гирифтани иди умумихалқии 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр, абадӣ гардондани хотираи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки ҳангоми иҷрои қарзи хидматӣ дар солҳои истиқлолият ҳалок шудаанд, эҳтиром зоҳир намудан ба тамоми собиқадорон: 
1. Барнома оид ба тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр (минбаъд – Барнома) мувофиқи замимаи № 1 маъқул дониста шавад.
2. Таркиби гурӯҳи корӣ бинобар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр, мувофиқи замимаи № 2 тасдиқ карда шавад.
3. Ба Гурӯҳи корӣ (А. Арипов) супурда шавад, ки:
якҷоя бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар дараҷаи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои дар Барнома пешбинишударо таҳти шиори «Аждодларни хотирлаш – муқаддас қадрият» ва «Эътибор ва ғамхӯрлик – инсоний бурч» («Ба ёд овардани аҷдодон – арзиши муқаддас», «Эътибор ва ғамхорӣ – қарзи инсонӣ») таъмин намояд,  ба тайёрӣ ва дар маҳалҳо баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни умумихалқии 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр (минбаъд – Ҷашн) ёрии амалӣ расонад;
ба ҳар кадом иштирокдори Ҷанги дувуми ҷаҳон ва собиқадори ҷабҳаи меҳнат, оилаҳои хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки ҳангоми адои вазифаи хидматии худ дар солҳои истиқлолият ҳалок гардидаанд, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои дигар ва қисмҳои ҳарбиро вобаста карда, ба мақсади муборакбод намудан ташриф овардани роҳбаронро ба ҷойи буду боши тоифаи мазкури шахсон ташкил намояд;
бинобар таъмир, ободонии манзил ва хоҷагии хонаҳои иштирокдорони яккаву танҳо ва камтаъмини Ҷанги дувуми ҷаҳон чорабиниҳои дахлдор баргузор намояд;
дар рафти тайёрӣ ба Ҷашн баргузор намудани чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва ватанпарвариро бинобар дар байни табақаи васеи аҳолӣ, хусусан ҷавонон, тавзеҳ додани аҳамияти матонат, ҷасорат ва қаҳрамонии собиқадорони Ҷанги дувуми ҷаҳон ва ҷабҳаи меҳнат, инчунин хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки ҳангоми иҷрои қарзи хидматӣ дар солҳои истиқлолият ҳалок шудаанд, ташкил намояд;
ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ мукофоти якдафъаинаи пулиро супорад;
бинобар хидматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба мақсади нигоҳубини ҳар як иштирокдор ва ногирои Ҷанги дувуми ҷаҳон бо вобаста намудани кормандон, ки соҳиби дониши тиббӣ мебошанд (дар асоси шартномавӣ) хидмати доимии патронажӣ ташкил намояд;
бинобар додани номи собиқадорон – қаҳрамонони ҷанг, ки аз Ӯзбекистон ба Ҷанги дувуми ҷаҳон раҳсипор гардида, ба ғалаба ҳиссаи беназир ҳамроҳ намудаанд, ба кӯчаҳо, ки онҳо таваллуд ёфта ба воя расидаанд, ба мақсади абадӣ гардондани хотираи онҳо чорабиниҳои дахлдор амалӣ намояд;
бино бар хоҳиши иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон беподош ба сиҳатгоҳҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ воқеъгардида фиристодани онҳоро ташкил намояд;
дар ҷойҳои муқарраршудаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд намоиши техникаи ҳарбии давраи Ҷанги дувуми ҷаҳонро ташкил намояд;
дар шаҳри Тошканд намоишгоҳи фотосуратҳо ва ҳуҷҷатҳои таърихии давраи Ҷанги дувуми ҷаҳонро, ки аз бойгонӣ гирифта шудаанд, ташкил кунад;
абадӣ гардондани хотира, ҳурмату эҳтироми муносиб зоҳир намудан ба ҳар як собиқадор, ҳар як инсоне, ки ба Ғалаба ҳисса гузошта, ҳаёти худ, тамоми қувваи худро баҳри истиқлолияти Ватанамон дареғ надоштааст, таъмин намояд.
4. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати маданият, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи занони Ӯзбекистон, Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, Бунёди «Нуронӣ» оид ба дастгирии иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон, Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Маҳалла» ва Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон:
дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашн таҳия ва татбиқ намоянд;
инсталятсияи композитсияҳо, инчунин чорабиниҳоро оид ба иҷрои мусиқӣ ва суруди солҳои ҷанг, густурдани дастурхон, инчунин фароҳам овардани шароитҳои дигари заруриро ташкил намоянд;
бо плакатҳо ва девораҳои Ҷашнӣ оро додани кӯчаҳо ва майдонҳоро таъмин намоянд.
5. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ба шаҳр бо нақлиёти роҳи оҳан ё ки автомобилӣ барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва маросимҳо омадани собиқадорони Ҷанги дувуми ҷаҳон ва ҷабҳаи меҳнат, инчунин баргаштан, ҷойгир намудани онҳо дар меҳмонхонаҳо, хӯрду хӯрок, ташкили чорабиниҳои дахлдори маданиву фароғатӣ, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ бо либос таъмин намудани онҳо алоқаманд:
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ ва хайру эҳсон;
дар шаҳри Тошканд – дар ҳиссаи баробар аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаҳои маҳаллӣ пӯшонда мешаванд. 
6. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 9 майи соли 2019 соати 21:00 дар шаҳри Тошканд бахшида ба Рӯзи Хотира ва Қадр мушакпаррониҳои идона ташкил намояд. 
7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Гвардияи миллӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатариро дар ҷойҳои баргузор намудани чорабиниҳои тантанавӣ таъмин намоянд. 
8. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Агентии ахбори «Дунё» ва воситаҳои ахбори оммавии дигар васеъ равшан намудани ҷараён бинобар тайёрӣ ва баргузор намудани Ҷашн, чорабиниҳо бинобар иҷрои қарори мазкур, инчунин тайёр намудан ва ба эфири телевизион ва радио додан, нашри мақолаҳо дар ин мавзӯъ тавсия дода шавад. 
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. В. Маҳмудов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри ТОШКАНД, 
23 апрели соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: