ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ТАКМИЛ ДОДАНИ ХИДМАТИ КӮМАКИ ТАЪҶИЛИИ ТИББӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Қайд карда шавад, ки бо вуҷуди қабул кардани чораҳо бобати такмил додани низоми нигаҳдории тандурустӣ дар соҳаи кӯмаки таъҷилии тиббӣ ҳанӯз як қатор мушкилот ва камбудиҳои мунтазам боқӣ мемонанд, ки ба татбиқи пурраи вазифаҳои пешгузошта монеа мешаванд.

Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ то имрӯз қарорҳои чандин бор қабулкарда бобати ба роҳ мондани низоми автоматикии идораи хидмати кӯмаки ёрии таъҷилӣ натиҷа надодаанд. Кори қабул ва хидматрасонӣ ба даъватҳо бо механизмҳои куҳна ва дастӣ амалӣ мешаванд.
Фавти то госпиталӣ ҳангоми хидмати кӯмаки ёрии таъҷилӣ меафзояд, дар вилоятҳои Тошканд, Сирдарё ва Фарғона бошад, фавт аз 2 то 4 баробар зиёд шудааст.
Тартиби мавҷудаи ба навъҳо ҷудо кардани муроҷиатҳо имкон намедиҳад нирӯ ва воситаҳои мавҷуда ба хидмати даъватҳои аввалиндараҷа ҷалб карда шаванд, ки боиси афзудани миқдори хидматрасониҳои бардурӯғ, ки ба ҳаёти бемор таҳдид намекунанд, ё худ ҳодисаҳои ҷиддӣ шудани касалиҳои муттасил мешаванд.
Маблағҳои ҷудошудаи буҷавӣ барои ба тарзи бояду шояд таъмин кардани хидмати кӯмаки ёрии таъҷилӣ ва мустаҳкам гардидани пойгоҳи моддиву техникии он мусоидат намекунанд.
Ба мақсади тезонидани рушди хидмати кӯмаки ёрии таъҷилӣ, таъмин кардани эътидоли молиявии он, муваффақ шудан ба оҷилнокӣ, фаъолияти самарабахши технологӣ дар самти мазкур:
1. Сари вақт расондани хидматҳои баландихтисоси тиббӣ ба ҳар як нафаре, ки ба кӯмаки таъҷилӣ ниёзманд мебошад, вазифаи аввалиндараҷаи хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ ҳисобида шавад.
2. Барои дастгирии амалии рушди хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва беҳтар кардани пойгоҳи моддиву техникии он дар назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бунёди рушди кӯмаки ёрии таъҷилӣ (минбаъд – Бунёд) бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.
3. Муайян карда шавад, ки аз 1 январи соли 2019 инҳо манбаъҳои ташаккул додани маблағи Бунёд ба ҳисоб мераванд:
19 фоиз аз миқдори пардохт барои истифодаи рақами абонентӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ барои хидмати алоқаи мобилӣ (ширкатҳои сотовий) мепардозанд, бо аз 29 фоиз то 10 фоиз кам кардани маблағҳое, ки ба Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мерасанд;
грантҳо ва маблағҳои кӯмакрасонии техникии идораҳои молиявии байналхалқӣ ва хориҷӣ, созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ;
даромадҳо аз тақсимоти маблағҳои муваққатан озоди Бунёд;
хайрияҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои Бунёд барои:
харидан  ва сари вақт нав кардани хиёбони нақлиёти махсуси автомобилии хидмати кӯмаки ёрии таъҷилӣ, ҳамчунин бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз сохтани он, хариди қисмҳои эҳтиётӣ ва маводи хароҷотӣ;
таълим додан, баланд бардоштани ихтисос ва бозомӯзонии кормандони хидмати кӯмаки таъҷилӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, таълимӣ ва ғайраи давлатҳои хориҷӣ;
пардохти иловапулӣ, ҷоиза ва пардохтҳои дигари рағбатноккунандаи кормандони хидмати кӯмаки ёрии таъҷилии тиббӣ;
ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ дар фаъолияти хидмати кӯмаки ёрии таъҷилӣ харҷ карда мешаванд.
Тартиби ҷорӣ кардан ва ҳаҷми бо маблағ таъминкунии хидмати кӯмаки ёрии таъҷилии тиббӣ аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаҳои мақсадноки бунёдҳои давлатӣ амалӣ мешаванд.
Муайян карда шавад, ки идора ва тақсим кардани маблағҳои Бунёд дар пояи қарори коллегиалии Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Вазорат) амалӣ мегардад.
4. Вазорат ба муҳлати то 1 январи соли 2022-юм аз додани пардохтҳои гумрукӣ (ғайр аз боҷҳои гумрукӣ) барои воситаҳои махсуси нақлиёти автомобилӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва маводи хароҷотӣ, техникаи компутерӣ, воситаҳои алоқа, воситаҳои техникии таълим, адабиёт ва захираҳои дигари моддиву техникӣ барои эҳтиёҷоти хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ бино бар рӯйхате, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда тартиб дода мешавад, озод карда шавад.
5. Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи ду моҳ:
дастурро дар бораи Бунёд ва тартиби ташаккул додани даромад ва хароҷоти маблағҳои он;
сметаи хароҷоти Бунёдро барои соли 2019, аз ҷумла бо дарназардошти маблағҳое, ки барои татбиқ намудани қарори мазкур заруранд, тасдиқ кунад.
6. Тасдиқ карда шаванд:
Барномаи чораҳо бобати такмил додани хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021 мувофиқи замимаи №1;
Индикаторҳои намунавии баҳодиҳӣ ба сифати фаъолияти хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ мувофиқи замимаи №2.
Муайян карда шавад, ки:
ба сифат ва натиҷаи фаъолияти хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ бояд мунтазам баҳо дода шавад ва он дар веб-сайти Вазорат чоп гардад;
натиҷаҳои баҳо барои рағбатноксозии моддии кормандони хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ асос ба шумор рафта, ҳангоми бо кадрҳои роҳбарӣ таъмин кардани муассисаҳо ба инобат гирифта мешаванд.
7. Ба Вазорат супурда шавад, ки:
якҷо бо Палатаи миллии инноватсионии нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Палатаи миллӣ) дар муҳлати ду моҳ тартиб ва усули баҳодиҳӣ ба сифат ва натиҷаи фаъолияти хидмати кӯмаки таъҷилии тиббиро бо назардошти Индикатори намунавии баҳодиҳӣ ба сифати фаъолияти хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ тасдиқ кунад;
якҷо бо Вазорати молия, Вазорати оид ба вазъиятҳои фавқулодда, Вазорати мудофиа, Идораи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба назорати парвозҳои бехатар ва Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар муҳлати то 1 марти соли 2019 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро бино бар муҷаҳҳазсозии хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ аз соли 2020-ум бо техникаи авиатсионӣ ва (ё худ) хариди хидматҳои авиатсионӣ, аз ҷумла дар пояи шарикии давлативу хусусӣ пешниҳод намояд;
то охири соли 2019, бо назардошти тартиби даъватҳо, ҳаҷм ва ҷиҳати кӯмакрасонии бригадаҳои кӯмаки таъҷилии тиббӣ бо афзудани саҳми бригадаҳои фелдшерӣ бозсозии хидмати кӯмаки таъҷилии тиббиро баргузор кунад;
дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар додани ҳуқуқи идораи хидмати кӯмаки ёрии таъҷилии тиббии минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба сармоягузорон дар пояи шарикии давлативу хусусӣ таклифҳои мушаххасро пешниҳод намояд.
8. Ба таклифи Вазорат бобати таъсис додани Маркази таълими кӯмаки оҷилии тиббӣ дар Маркази таълимиву тамринии кӯмаки оҷилии тиббии ҷумҳурӣ (минбаъд – Марказ) ризоият дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Марказ муассисаи асосии услубӣ бино бар таълим, бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи кӯмакрасонӣ то ба назди шифокор ба шумор меравад.
9. Инҳо вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Марказ муайян карда шаванд:
омӯзондан, бозомӯзонидан ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони хидматҳои садамавиву наҷотдиҳӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилот, дигар ашхоси ҳуқуқӣ, ҳамчунин шаҳрвандон бино бар кӯмакҳои оҷилии тиббӣ ва то назди шифокор;
коркард ва такмил додани шакл ва усулҳои кӯмаки тиббии пеш аз госпитал;
татбиқ намудани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаи хидматрасонии кӯмаки оҷили тиббӣ ва то назди шифокор;
такмил додани барномаҳои тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо дар соҳаи кӯмакрасонии оҷили тиббӣ ва то назди шифокор;
кӯмакрасонии услубӣ дар фаъолияти илмиву таълимии муассисаҳои дигар бобати тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо дар соҳаи кӯмакрасонии оҷили тиббӣ ва то назди шифокор;
ба роҳ мондани семинар-тренингҳо, сабақҳо, вебинар ва пулҳои телевизионӣ дар соҳаи хидматрасонии оҷили тиббӣ ва то назди шифокор, аз ҷумла бо ҷалби мутахассисони номдори хориҷӣ;
инкишоф додани  робитаҳои шарикӣ бо марказҳои илмиву тадқиқотӣ ва таълимии хориҷӣ дар соҳаи кӯмакрасонии оҷили тиббӣ ва то назди шифокор, ҷалби грант ва маблағҳо барои кӯмакрасонии техникӣ дар самтҳои мазкур.
10. Ба Марказ ҳуқуқ дода шавад, ки дар доираи вазифаҳои гузошташуда:
мувофиқи тартиботи муқарраршуда аз мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, ташкилоти давлатии тиббӣ иттилооти зарурӣ, маълумотҳои оморӣ ва бойгониро вобаста ба масъалаҳое, ки дар ваколати Марказ қарор доранд, талаб кунад ва ба даст оварад;
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бахшҳои худро созмон диҳад;
дар асоси шартнома мутахассисони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ташкилоти дигар, ҳамчунин коршиносони дигар, аз ҷумла коршиносони хориҷиро ба ҷараёни таълим ҷалб намояд.
11. Миқдори кормандони мақомот ва ташкилоти давлатӣ бо саҳми давлат дар сармояи оинномавӣ, ки барои гузаштан аз курсҳо бино бар омӯхтани навгониҳои кӯмаки оҷили тиббӣ ва то назди шифокор ба Маркази илмиву тамринии кӯмаки оҷили тиббии ҷумҳуриявӣ фиристода мешаванд, мувофиқи замимаи №3 тасдиқ карда шавад.
12. Ба вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти дигаре, ки аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин карда мешаванд, супурда шавад, ки ҳар сол барои омӯзондани кормандони худ маблағҳои буҷавиро дар Марказ пешбинӣ намоянд.
Ба Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз» ва Ҷамъияти саҳҳомии «Тошшаҳартрансхизмат» супурда шавад, ки ҳар сол кормандон ва инструкторони худро аз ҳисоби маблағҳои озод ба таълим сафарбар намоянд.
Муқаррар карда шавад, ки ронандагони бригадаҳои хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ оид ба омӯхтани навгониҳои хидматрасонии оҷили тиббӣ ва то назди шифокор дар Марказ аз ҳисоби маблағҳои Бунёд сабақ  мегиранд.
13. Ба Инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Вазорат барои сифати ҷараёни таълим, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо дар Марказ назорат ва мониторинги доимиро таъмин намояд.
14. Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо ҳокимияти вилояти Тошканд ва Маъмурияти минтақаи озоди сайёҳии «Чорбоғ» дар муҳлати то 1 апрели соли 2019 бино бар дар ҳудуди минтақаи озоди сайёҳии «Чорбоғ» ба роҳ мондани фаъолияти  шифокорони хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ лоиҳаи пилотро татбиқ кунад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
хидмати баландихтисоси кӯмаки таъҷилии тиббӣ аз ҷониби шифокорон ба шаҳрвандон дар пояи режими муттасили шабонарӯзӣ;
ҷорӣ намудани механизми самарабахши ҷобаҷогузории маҷмӯӣ ва идора бо нирӯи шифокорон бо назардошти ҳадди аксар наздик кардани хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ;
таъмин кардани зудрасӣ бино бар даъвати шаҳрвандон ё худ хидматҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ, оид ба вазъиятҳои фавқулодда, мақомот ва ташкилоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба ҷойи воқеа;
сафарбар кардани хатсайрҳои патрулии духтурон ба ҷойи ҳамоиши шаҳрвандон ва сайёҳон бо ҷорӣ намудани механизми ҳамкории таъҷилӣ бо бригадаҳои дигари хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ.
15. Ба Вазорат супурда шавад, ки:
дар муҳлати то 1 феврали соли 2019 тартиби кӯмакрасонии таъҷилии тиббии шифокоронро кор карда барояд ва тасдиқ кунад;
дар муҳлати то 1 апрели соли 2019 такмили ихтисоси миқдори зарурии фелдшеронро ба шифокорон дар Марказ, аз ҷумла бо ҷалби мутахассисони пешқадами хориҷӣ дар соҳаи кӯмакрасонии оҷили тиббӣ таъмин кунад;
бино бар натиҷаи соли 2019-ум ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати вусъат додани фаъолияти шифокорон дар хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ таклифи асоснокро пешниҳод намояд.
16. Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) аз 1 апрели соли 2019 дар шаҳри Тошканд ва аз 1 октябри соли 2019 дар ҳудудҳои дигари ҷумҳурӣ низоми автоматиконидашудаи идораи кӯмаки таъҷилии тиббӣ (минбаъд – низоми автоматиконидашуда)-ро ташкил кунад ва ба истифода супорад, ки имконияти:
қабул кардан ва ба қайд гирифтани даъватҳои аз аҳолӣ расида, ҷобаҷокунии автоматикии даъватҳои қабулшударо дар тартиби аввалияти хидмати онҳо;
идора ва мониторинги ҳаракати нақлиёти махсуси автомобилӣ, аз ҷумла аз тариқи истифодаи GPS – навигатсияҳоро бо минбаъд гузаштан ба алоқаи рақамии радиоӣ;
муайянкунии автоматиконидашудаи манзили шахсеро, ки барои хидмати таъҷилии тиббӣ аз тариқи алоқаи телефонӣ (мобилӣ) муроҷиат кардааст;
даъвати бригадаҳои кӯмаки таъҷилии тиббиро аз тариқи алоқаи мобилӣ, аз ҷумла барои шахсони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд;
ҳисобу китоби воситаҳои истифодашудаи доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббиро;
қаробати хидматҳои таъҷилии вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти дигарро бо низомҳои иттилоотӣ;
баҳои шаҳрвандон ба сифати фаъолияти истгоҳҳои кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва ҷадвали рейтинги онҳоро ташкил диҳад ва ба истифода супорад;
б) то охири соли 2018 ҷудо кардани хатҳои (рақамҳо)-и иловагии телефониро барои пурра муҷаҳҳазсозии Call- марказҳои истгоҳҳои хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ мувофиқи меъёрҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо таъмин кунад.
Муқаррар карда шавад, ки:
вазифаи супоришгар бино бар коркарди низоми автоматикӣ ва хидматрасонии он, таъминоти техникӣ ва бозсозии минбаъдаи вай ба дӯши Вазорат гузошта мешавад;
тайёр кардани ҳуҷҷатҳои техникӣ ва пешазлоиҳавии низоми автоматиконидашуда аз ҷониби Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мешаванд;
бо маблағ таъминкунии чорабиниҳое, ки боби мазкур пешбинӣ мекунад, дар ҳаҷм ва манбаъҳое, ки қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2017 №ҚП-2838 «Дар бораи чораҳои минбаъд мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти низоми кӯмаки таъҷилии тиббӣ» муайян шудаанд, татбиқ карда мешавад.
Ба Вазорат супурда шавад, ки аз ҳисоби маблағҳои Бунёд созмон додани шабакаҳои дохилии локаливу ҳисоббарорӣ ва муҷаҳҳазсозии шуъбаҳои хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ бо таҷҳизот ва инвентарҳои зарурӣ, аз ҷумла бо GPS – навигаторҳо ва воситаҳои алоқа дар муҳлатҳое, ки барои ба истифода супурдани низоми автоматиконидашуда пешбинӣ намудаанд, таъмин намояд.
Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва  ҳокимияти вилоятҳо супурда шавад, ки мувофиқи дархостҳои Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва (ё худ) шуъбаҳои ҳудудии он аз буҷаҳои маҳаллӣ ҷудо кардани маблағҳо барои муҷаҳҳазсозии Call - марказҳои истгоҳҳои хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ бо хатҳои телефонӣ (рақамҳо)-ро таъмин кунад.
17. Масъулияти шахсии инҳо нишон дода шавад:
вазири нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.К.Шодмонов – барои босифат ба роҳ мондани фаъолияти хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ, харид ва сари вақт нав кардани хиёбони нақлиёти махсуси автомобилӣ, ҳамчунин муҷаҳҳазсозӣ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ;
вазири оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Содиқов – барои бо сифат ва сари вақт тайёр кардани ҳуҷҷатҳои техникӣ ва пешазлоиҳавии низоми автоматиконӣ, офаридан ва ба истифода супурдани низоми мазкур, ҳамчунин ҷудо кардани хатҳо (рақамҳо)-и телефонӣ барои эҳтиёҷоти хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов – барои ҳамоҳангсозии муассири вазорату идораҳо бобати бояду шояд иҷро кардани вазифаҳои пешгузошташуда, ҳамчунин баррасии мунтазами ҷараёни татбиқшавии қарори мазкур.
18. Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо Палатаи миллии инноватсионии нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳои манфиатдори дигар:
а) дар зарфи ду моҳ бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ:
барномаҳои махсуси таълимиро бино бар омӯзонидан, бозомӯзонидан ва баланд бардоштани ихтисоси фелдшерон барои бригадаҳои кӯмаки таъҷилии тиббӣ;
тартиби ба хелҳо ҷудо кардани даъватҳои кӯмаки таъҷилии тиббиро бо назардошти хусусияти таъҷилиашон кор карда барояд ва тасдиқ кунад;
б) дар муҳлати то 1 январи соли 2019:
бино бар аз соли хониши 2019/2020 ҷорӣ кардани барномаҳои махсуси таълимӣ бобати тайёр кардани фелдшеронро барои  бригадаҳои кӯмаки таъҷилии тиббӣ дар коллеҷҳои касбии тиббии ҷумҳурӣ чораҳо андешад;
тартиби хидматрасонии кӯмаки тиббиро дар шакли авиатсияи санитарӣ тасдиқ кунад;
в) дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
19. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувоҳитов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ,
Шаҳри ТОШКАНД, 
16 октябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: