ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ТАКМИЛ ДОДАНИ ИДОРАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ИНТЕЛЛЕКТУАЛӢ

Дар мамлакат бобати такмил додани механизмҳои ҷорӣ кардани инноватсияҳо дар соҳаи иқтисодиёт, таъмин намудани рақобатбардории он, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳибкории фаъол ва фаъолияти инноватсионӣ, таъмин сохтани ҳифзи муътамади қонунии моликияти интеллектуалӣ мунтазам чораҳои маҷмӯӣ татбиқ мегарданд.

Баробари ин таҳлили гузаронидашудаи амалиёти истифодаи ҳуқуқ собит менамояд, ки корҳо бинобар саривақт ошкор кардан ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои соҳаи моликияти интеллектуалӣ ба дараҷаи бояду шояд иҷро намешаванд, низоми хидматрасонии давлатӣ самарабахш нест, ҳамкории қарини тарафайни байниидоравӣ вуҷуд надорад, дар соҳаи моликияти интеллектуалӣ кадрҳои соҳибихтисос намерасанд, ҳамчунин миқдори боҷ ва пардохтҳои патентӣ зиёд буда, ба рушди соҳаи мазкур таъсири нохуб мерасонанд. 
Бо мақсади минбаъд такмил додани низоми идораи давлатӣ дар соҳаи моликияти интеллектуалӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоявии мамлакат, ҳамчунин бо назардошти вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:
1. Фаъолияти Оҷонсии оид ба моликияти интеллектуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти интеллектуалӣ ва мувофиқсозии меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ дар соҳаи мазкур ғайриқаноатбахш дониста шавад. 
2. Оҷонсии оид ба моликияти интеллектуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба низоми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шуда, он Оҷонсии оид ба моликияти интеллектуалии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсӣ) номида шавад. 
Муайян карда шавад, ки:
Оҷонсӣ, аз ҷумла Маркази таълимӣ оид ба бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо дар соҳаи моликияти интеллектуалӣ бо миқдори мавҷудаи штатӣ ва пойгоҳи моддиву техникӣ дар ҳаҷми пуррааш бо нигоҳ доштани тартиби ҷории молиявӣ, пардохти меҳнат ва рағбатноксозии моддӣ ба Оҷонсӣ дода мешавад;
ба Оҷонсӣ муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – директор роҳбарӣ мекунад, ки ба вазифа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шуда, аз он сабукдӯш карда мешавад;
муовинони директори Оҷонсӣ ба вазифа аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи тартиби муқарраршуда таъин ва аз вазифа сабукдӯш карда мешаванд.
3. Аз 1 марти соли 2019 тартибе муқаррар карда мешавад, ки мувофиқи он:
баъди барои расмикунонии нишони мол, нишони хидмат ва номи ҷойи истеҳсоли мол додани ариза Оҷонсӣ дар тӯли як рӯзи кор маълумотро дар бораи ин аризаҳо дар веб-сайти расмии худ ҷойгир мекунад;
истеҳсолгарон, расондадиҳандагон, фурӯшандагон ё худ намояндагони онҳо баъд аз чопи аризаҳо метавонанд ба Оҷонсӣ шикояти хаттии худро дар бораи ғайриодилона будани  аризаҳо барои қайд пешниҳод кунанд;
ҳуқуқи куллӣ барои нишони мол ва нишони хидмат, номи ҷойи истеҳсоли мол ва (ё худ) ҳуқуқи истифодаи номи ҷойи истеҳсоли мол (минбаъд – нишони мол) аз рӯзи бақайдгирии он дар Реестери давлатии нишонҳои мол бо ҷойгиркунонии ҳатмӣ дар худи ҳамон рӯз маълумот дар бораи ба қайдгирии нишони мол дар веб-сайти расмии Оҷонсӣ ба миён меоянд;
амалиёти шаҳодатнома барои нишони мол метавонад пеш аз муҳлат пурра ё худ қисман дар асоси қарори суд, ки бинобар аризаи шахси манфиатдор қабул шудааст, дар мавриди муттасил дар давоми се соли охир истифода нашудани нишони мол дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳангоми вайрон шудани муоҳида дар бораи истифодаи нишони ҷамоавӣ боздошта шавад. 
4. Ба таклифи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 сентябри соли 2019 ҷорӣ намудани тартиби додани аризаҳо барои расмикунонии нишони мол куллан дар шакли электронӣ аз тариқи марказҳои хидмати давлатӣ ё худ Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ризоият дода шавад.
Ба Вазорати адлия, Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи регламентҳои маъмуриро доир ба расондани хидматҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод кунанд. 
5. «Харитаи амалиёт» оид ба таъмин кардани ҳифзи самарабахши моликияти интеллектуалӣ мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Бобати иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳое, ки дар «Харитаи амалиёт» пешбинӣ шудаанд, ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 сентябри соли 2019 ваколатдорони патентӣ бояд дар панҷ сол на камтар аз як бор ихтисоси худро дар соҳаи моликияти интеллектуалӣ бо аттестатсияи минбаъда баланд бардоранд.
Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки дар зарфи се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи такмил додани низоми тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаи моликияти хусусӣ дар пояи меъёрҳои пешқадами таълимӣ ва технологияҳо, ҳамчунин бо истифодаи имкониятҳои таълимиву илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд пешниҳод намояд.
7. Ба маълумот гирифта шавад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 майи соли 2018-ум №ФП-5446 «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷавӣ ва такмил додани механизмҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ» ба зиммаи Департаменти оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазифаҳо доир ба ошкор кардани санадҳои ташкили «иқтисодиёти сиёҳ», пешгирӣ намудани фаъолияти истеҳсоли пинҳонӣ, истеҳсоли маҳсулоти зиддиқонунӣ гузошта шудааст.
Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо Департаменти оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум тамоми нишонҳои молии дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайдгирифташударо барои муайян кардани ҳодисаҳои қайди ноқонунии нишонаҳои ҷамъиятии молҳо баргузор кунад ва бинобар бекор кардани шаҳодатномаҳо дар бораи қайди нишонҳои молие, ки вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дода шудаанд, чораҳо андешад;
бинобар саривақт ошкор кардан ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти интеллектуалӣ чораҳои муассир қабул кунад.
8. Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии гумрук, Департаменти оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ ва Оҷонсии миллии раёсати лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум пойгоҳи ягонаи мунтазам навшавандаи қаробатии иншооти мазкури моликияти интеллектуалиро кор карда барояд ва ҷорӣ намояд, ки инҳоро таъмин мекунанд:
дар режими вақти муайян муоина намудани иншооти моликияти интеллектуалӣ, ки ҳифзи ҳуқуқӣ гирифтаанд ва гум кардаанд;
ба таври автоматӣ дохил кардан ва аз Реестери гумруки иншооти моликияти интеллектуалӣ берун кардан мувофиқан ҳангоми гирифтан ва гум кардани ҳифзи ҳуқуқии иншооти моликияти интеллектуалӣ;
ҳамкории тарафайни мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми ошкор кардан ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти интеллектуалӣ.
9. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо:
Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дигар идораҳои манфиатдор Маҷмӯи чораҳоро бинобар ҷорӣ намудани низоми замонавии баҳодиҳӣ ва таҳлили таъминоти ҳифзи муътамади қонунии моликияти хусусӣ, аз ҷумла бо назардошти маҳакҳои Индекси байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи моликият таъмин намояд ва дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум барои тасдиқ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад;
бо Вазорати молия, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро бобати аз 1 январи соли 2020-ум давра ба давра коҳиш додани миқдори боҷ ва пардохтҳои патентӣ, ҳамчунин боҷҳои шахсӣ, ки аз ғайрирезидентҳо барои пешниҳоди ҳифзи қонунии нишони мол ва намунаи саноатӣ ситонда мешаванд, бо назардошти ҷараёнҳои қаробат дар соҳаи моликияти интеллектуалӣ пешниҳод кунад;
бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду моҳ бинобар ташкил кардан ва такмил додани фаъолияти Оҷонсӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии моддии кормандони он таклиф пешниҳод кунад;
бо идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ пешниҳод намояд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулкардаи онҳоро ба қарори мазкур мувофиқ созад.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов ва вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. К. Давлетов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри ТОШКАНД, 
8 феврали соли 2019. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: