ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХАРОҶОТИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ХАРИДИ ОН

Бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ дар соҳаи боғдорӣ ва гармхонаҳо, бефосила бо захираҳои моддӣ (хидматрасонӣ) таъмин намудани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин фароҳам овардани низоми хариди кафолатноки маҳсулоти рӯёндашуда:

1.Пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ, Вазорати молия ва Агентии рушди боғдорӣ ва гармхонаҳо (минбаъд – Агентии боғпарварӣ) дар бораи ҷудо кардани қарзи буҷетӣ ба Фонди рушди боғу токпарварӣ ва гармхонаҳо ба маблағи 300 миллиард сӯм ба муҳлати 12 моҳ, аз он ҷумла давраи ёздаҳмоҳаи имтиёзнок, бинобар ставкаи 10 фоизаи солона, аз ҳисоби маблағе, ки барои дастгирии давлатии соҳаи меваву сабзавотпарварӣ тасдиқ карда шавад. 
Ба Вазорати молия супурда шавад, ки дар давоми сол аз ҳисоби маблағҳои баргардонидашуда бо дархости Агентии боғпарварӣ ҷудо кардани қарзҳои иловагии буҷетиро таъмин намояд. Дар баробари ин муқаррар карда шавад, ки маблағи умумии қарз оид ба қарзҳои буҷетӣ ҷудошуда набояд аз 300 миллиард сӯм зиёд бошад. 
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои қарз аз ҳисоби қарзи буҷетӣ бинобар ставкаи 14 фоизи солона:
корхонаҳои кишоварзӣ – барои расондани  хидмати кишоварзӣ ва таъмини захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла тухмӣ ва ниҳолҳои барои парвариши мева, ангур, сабзавот, картошка, зироатҳои полизӣ, гул, гиёҳҳо ва гиёҳҳои шифобахш, дони чуворимакка, зироатҳои лубиёвӣ ва равғандор (минбаъд – зироатҳои кишоварзӣ) зарурӣ;
коркардкунандагон, нигаҳбонон ва содиркунандагон, аз ҷумла корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор» – барои пур кардани маблағи гардони барои хариди зироатҳои рӯёндашуда зарур.
3. Корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор»-и назди Вазорати кишоварзӣ вазифадор карда шавад, ки хидмати кишоварзӣ расонад ва бо захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла бо тухмӣ ва ниҳолҳо, ки барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ заруранд, таъмин намояд.
4. Тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он:
Корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор» хидмати кишоварзӣ мерасонад ва корхонаҳои кишоварзиро бо захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла тухмӣ ва ниҳолҳои барои парвариши зироат зарурӣ дар асоси шартномаи қарзӣ ба мӯҳлати на зиёда аз мавсими парвариши зироатҳо, дар ҳаҷми меъёри 14 фоизи солона таъмин мекунад.
Дар доираи қарори мазкур интиқоли захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла тухмӣ ва ниҳолҳо, инчунин хидматрасонии кишоварзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор» тавассути харид дар музоядаҳои биржа ва (ё) тавассути усули интихоби беҳтарин пешниҳодҳо амалӣ карда мешавад; 
маблағҳои қарзӣ ба истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, нигаҳбонҳо ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (ба истиснои Корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор») пас аз пешниҳоди полиси суғурта барои суғуртаи хавфи барнагаштани онҳо ҷудо карда мешаванд.
5. Комиссия оид ба маблағгузории хароҷоти истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва координатсияи кор оид ба  хариди он мувофиқи замимаи № 1 ташкил карда шавад. 
Вазифаҳои Комиссия (Ҷ.А. Хоҷаев) инҳо муайян карда шаванд: 
муайян намудани самтҳо ва лоиҳаҳое, ки барои онҳо маблағҳои қарз барои хидматрасонии кишоварзӣ ва таъмини захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла тухмӣ ва ниҳолҳои барои парвариши зироат зарур ҷудо карда мешаванд; 
интихоби таъминкунандагони молҳое (корҳо, хидматрасониҳо), ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор» харид шудааст;
ташкили мониторинги мунтазами истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Агросервис оператор» ва корхонаҳои кишоварзӣ; 
ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ барои расондани хидмати кишоварзӣ ва таҳвили захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла тухмӣ ва ниҳолҳо, ки барои рӯёндани зироати кишоварзӣ заруранд, дар асоси шартномаҳои шарикии давлатию хусусӣ, 
дар бораи маблағгузории хароҷоти истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва ҳалли мушкилоте, ки дар рафти харидани ин маҳсулот ба миён меоянд, ба Ҳукумат таклифҳо пешниҳод кунанд.
6. Вазорати кишоварзӣ (Ҷ.А. Хоҷаев), Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (А.А. Хаитов), инчунин Агентии боғпарварӣ (Х.М. Каримов) тадбирҳо андешанд: 
а) якҷоя бо Вазорати адлия дар муҳлати як ҳафта – коркарди шаклҳои намунавии шартномаҳо оид ба ҷудо кардани маблағҳои қарзӣ дар доираи қарори мазкур; 
б) якҷоя бо Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар муддати ду ҳафта:
таъмин намудани навъҳои серҳосили тухмӣ ва ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва воситаҳои муҳофизати растаниҳо, гузарондани ярмаркаҳои саҳроӣ ва ташкил намудани чойгиркунии зироатҳо дар майдонҳои замин аз рӯйи тамоюли «як контур — як маҳсулот»; 
ташкили кори бастани шартномаҳои хариди кафолатноки маҳсулоти хоҷагии қишлоқ.
7. Вазорати кишоварзӣ (Ҷ.А. Хоҷаев) якҷо бо Вазорати молия (Т.А. Ишметов) то 1 декабри соли 2022 дар асоси натиҷаҳои таҷриба дар соли 2022 ба Девони Вазирон дар бораи минбаъд такмил додани амалияи мазкур низ пешниҳод тақдим намояд. 
8. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳо якҷоя бо Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (А.А. Хаитов) ва Вазорати кишоварзӣ (Ҷ.А. Хоҷаев) оид ба тавзеҳоти моҳият ва мазмуни қарори мазкур дар ҳар як минтақа тақдимот ва семинарҳо баргузор намоянд.
9. Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ (А.А.Хоҷаев), Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон (А.К.Кӯчимов) ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон (А.Ҷ.Хоҷаев) якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ (Ҷ.А.Хоҷаев)  ва Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (А.А. Ҳаитов) намоиши силсилаи барномаҳои телевизион оиди  доимӣ дар воситаҳои ахбори омма фаҳмонда додани моҳият ва мазмуни қарори мазкурро ташкил намоянд.
10. Палатаи ҳисоб (Б.Т.Турабов) якҷоя бо Инспексияи назорати давлатии молиявии назди Вазорати молия аз болои сари вақт ҷудо намудан ва истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбининамудаи қарор назорати доимӣ барқарор намояд. 
11. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 декабри соли 2021 № ҚП-52 «Дар бораи чораҳои дастгирии давлатии соҳаи меваву сабзавотпарварӣ, рушди минбаъдаи низоми кластерӣ ва кооператсия дар соҳа»  мувофиқи замимаи № 2 тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
12. Ба зиммаи вазири кишоварзӣ Ҷ.А. Хоҷаев, директори Агентии оид ба рушди боғпарварӣ ва гармхонаҳо Х.М. Каримов, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон  ва ҳокимони вилоятҳо барои ташкили самарабахши иҷрои қарори мазкур ҷавобгарии шахсӣ гузошта шавад.  
Мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои қарори мазкур масъул ба зиммаи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Ғаниев ва Ҷ.А.Қӯчқоров гузошта шавад.  


Президенти  Ҷумҳурии 
 Ӯзбекистон   Ш. МИРЗИЁЕВ

 
Шаҳри ТОШКАНД, 
27 апрели соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: