ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ТАЪМИН КАРДАНИ РӮШОДИИ МАЪЛУМОТИ БУҶА ВА ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАРАЁНИ БУҶА

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар доираи ислоҳсозии соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат бино бар ҷорӣ намудани механизмҳои нави баланд бардоштани дастрасии маълумоти омории иқтисодӣ ва молиявӣ ва рӯшодии ҷараёни буҷа пайваста корҳо амалӣ мегарданд.

Баробари ин дараҷаи шаффофият ва сифати маълумотҳои буҷа, то ба сармоягузорони хориҷӣ ва субъектҳои дигари манфиатдор расондани онҳо, инчунин иштироки намояндагони парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни ислоҳсозӣ ва иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Буҷаи давлатӣ) дар сатҳи бояду шояд намебошад.
Ба мақсади минбаъд баланд бардоштани рӯшодӣ ва шаффофияти маълумотҳои буҷа, пурзӯр гардондани назорати парлумонӣ ва ҷамъиятӣ барои ташаккул додан ва харҷи маблағи буҷа, инчунин мувофиқи вазифаҳои Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:
1. Тартиби зерини ташаккул ва иҷрои Буҷаи давлатӣ муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
аз соли 2019 механизми иштироки шаҳрвандон дар тақсимоти маблағҳои буҷа ҷорӣ карда мешавад, ки  ба маблағгузории чорабиниҳое, ки дар асоси афкори ҷамъиятӣ ташаккул ёфтаанд, равона намудани на кам аз 10 фоизи манбаъҳои иловагии буҷаҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо)-ро пешбинӣ менамояд;
аз соли 2020-ум сар карда Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ бо қонуне, ки маълумот муфассал баён шудааст, мувофиқи андозаҳои пешқадами байналхалқӣ тайёр шудаанд, тасдиқ карда мешаванд;
лоиҳаҳои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷа, инчунин ҳисобот оиди иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ то ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон равона намудан ҳатман ба баррасии ҷамъиятӣ гузошта шавад;
дар баробари лоиҳаҳои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ ва ҳисобот дар бораи иҷрои онҳо барои баррасии ҷамъиятӣ дар нашри иттилоотии «Буҷа барои шаҳрвандон», ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия намудааст, эълон мегардад;
хулосаҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба лоиҳаҳои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷа, инчунин бино бар натиҷаҳои аудити берунӣ ва арзёбии ҳисоботи ҳарсола оиди иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ ба таври маҷбурӣ эълон карда мешаванд.
2. Вазорати молия якҷоя бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 январи соли 2019 ба кор даровардан ва фаъолияти портали иттилоотии «Буҷаи кушод»-ро (минбаъд – Портал), ки инҳоро ба назар мегирад, таъмин менамояд: 
амалӣ гардондани назорати ҷамъиятии харҷи мақсадноки буҷа бо роҳи ба онҳо ҷойгир намудани лоиҳаҳои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷа, ҳисобот дар бораи иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ, инчунин хулосаҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон: 
ҷойгир намудани маълумот оиди чорабиниҳое, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо), барои ташаккули афкори  умум пешниҳод мегарданд;
ташкил кардани равобити бозгашт бо шаҳрвандон, ки  аз он ҷумла имконияти хабардорсозӣ оиди фактҳои вайрон карда шудани қонунгузории буҷа ва ворид намудани таклифот оид ба такмил додани ҷараёни буҷаро фаро гирифтааст.
3. Ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки ҳангоми баррасии лоиҳаҳои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷа, инчунин ҳисобот оиди иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ таҳлили фикру ақида ва таклифоти шаҳрвандонро, ки ба воситаи Портал расидаанд, гузаронанд. 
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон: 
якҷоя бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор дар муҳлати то 1 июли соли 2019 таснифи навшудаи буҷаро, ки мувофиқи Дастури омори молияҳои давлатии соли 2014-и Хазинаи байналхалқии асъор таҳия шудааст, тасдиқ намояд;
дар муҳлати 1 моҳ бино бар ҳамоҳангсозии тартиби ҳисоби буҷа бо андозаҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ дар сектори давлатӣ (IPSAS) барои солҳои 2019-2020 нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намояд;
дастгирии доимиии Порталро дар асоси таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ, ки бино бар шаффофияти буҷа дар рейтинги байналхалқӣ мавқеи пешсафӣ доранд, таъмин намояд;
дар муҳлати ду моҳ якҷоя бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ гузарондани арзёбии самарабахшии идораи маблағҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи меъёри хароҷоти давлатӣ ва тобеъияти молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ чораҳо андешад;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ҷалб намудани корбаст ва кӯмаки техникии ташкилотҳои байналхалқии молиявиро барои амалӣ гардондани чорабиниҳои зарурӣ бобати расидани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рейтинг оиди Индекси рӯшодии буҷа, аз он ҷумла созмон додани  Портал, инчунин арзёбии шаффофияти буҷа таъмин намояд.
5. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар муҳлати ду ҳафта таркиби гурӯҳи кориро бино бар таъмин кардани арзёбии хароҷоти давлатӣ ва тобеъияти молиявӣ дар асоси меъёрҳои Бонки умумиҷаҳонӣ тасдиқ карда, муҳлати гузарондани арзёбиро муайян намояд;
то 1 октябри соли 2018 рӯйхати маълумот ва муҳлати ба Портал ҷойгир намудани он, аз он ҷумла оиди лоиҳаҳое, ки ба Барномаи давлатии рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил шудаанд, тасдиқ намояд;
то 1 марти соли 2019 барои мувофиқат ба Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон форматҳои лоиҳаи Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатиро барои соли 2020-ум, ки мувофиқи талаботи қарори мазкур бо қонун тасдиқ карда мешавад, тақдим намояд;
ба муҳлати то 1 майи соли 2019 барои то соли 2020 таъмин кардани иштироки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Индекси рушодии буҷаи Иттиҳоди байналхалқии буҷа «харитаи роҳ»-ро тасдиқ намояд.
6. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд:
дар воситаҳои ахбори оммавӣ ҳамаҷониба равшан намудани ҷараёни баррасӣ ва аз ҷониби кенгашҳои депутатҳои халқии ноҳияҳо (шаҳрҳо) тасдиқ намудани андозаҳои буҷаҳои маҳаллӣ ва ҳисобот оиди иҷрои онҳо;
барои бо маблағ таъмин кардани чорабиниҳо, ки дар асоси афкори умум ба воситаи Портал муайян шудаанд, равона намудани на кам аз 10 фоизи маблағҳои манбаъҳои иловагии буҷаҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо)-ро таъмин намоянд. 
7. Дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аз 5 воҳиди штат Шуъбаи оид ба омори молиявии давлатӣ ва таъмин кардани рӯшодии буҷа созмон дода шуда, ба зиммаи он вазифаҳои зерин гузошта шаванд:
татбиқи ислоҳот дар соҳаи такмил додани омори молиявии давлатӣ ва таъмин кардани шаффофияти буҷа;
таъмин кардани шаффофияти ҷараёни буҷа ва маълумотҳои буҷа, инчунин дастрасии онҳо барои сармоягузорони хориҷӣ ва субъектҳои дигари манфиатдор, ҷалб намудани шаҳрвандон ба ҷараёни буҷа, инчунин интишори нашри иттилоотии «Буҷа барои шаҳрвандон»:
дастгирии иттилоотӣ, услубӣ, техникии Портал ва идоракунии он.
8. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар муҳлати се моҳ аз ҷониби Институти тадқиқотҳои буҷаву андози назди Вазорати молия баргузор намудани пурсишҳои дахлдорро дар байни аҳолӣ, ки ба омӯзиши дараҷаи саводнокии буҷаи аҳолӣ ва рӯшодии буҷа нигаронда шудааст, таъмин намояд;
бино бар натиҷаҳои пурсиш ҷалби кӯмаки техникиро барои амалӣ гардондани корҳо мувофиқи методологияи Бонки умумиҷаҳонӣ бобати баланд бардоштани саводнокии буҷаи аҳолӣ, инчунин дар доираи лоиҳа ташкил кардани аёниятҳои таълимӣ бино бар буҷаи оилавӣ ва Буҷаи давлатӣ барои мактабҳои таълими ҳамагонӣ таъмин намояд;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов ва муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қучқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон    
Ш. МИРЗИЁЕВ

 
шаҳри ТОШКАНД, 
22 августи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: