Бо мақсади васеъ равшан намудани саҳми шоистаи мардуми сермиллати Ӯзбекистон ба кори таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм, ки намунаи ҷасорату мардонагӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, матонат ва гуманизм дар ақибгоҳро нишон дод, абадӣ гардондани номҳои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамватаноне, ки дар ақибгоҳ фидокорона кор кардаанд, дар саҳифаҳои таърих нақш бандондани шуҷоат ва матонати бемисли онҳо, инчунин тарбияи насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан дар шаҳри Тошканд Маҷмӯи ёдгории
Бо мақсади васеъ равшан намудани саҳми шоистаи мардуми сермиллати Ӯзбекистон ба кори таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм, ки намунаи ҷасорату мардонагӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, матонат ва гуманизм дар ақибгоҳро нишон дод, абадӣ гардондани номҳои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамватаноне, ки дар ақибгоҳ фидокорона кор кардаанд, дар саҳифаҳои таърих нақш бандондани шуҷоат ва матонати бемисли онҳо, инчунин тарбияи насли наврас дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан дар шаҳри Тошканд Маҷмӯи ёдгории “Боғи Ғалаба” сохта шуд, ки он Осорхонаи давлатии “Шон-шараф”, ёдгориҳои “Мангу жасорат” ва «Мадҳияи матонат”, экспозитсияҳои таърихию бадеиро дар бар мегирад.
Бо мақсади ташкили самарабахши фаъолияти Маҷмӯи ёдгории “Боғи Ғалаба”, мунтазам ғанӣ гардонидани фонди Осорхонаи давлатии “Шон-шараф”, ки дар таркиби он қарор дорад, гузарондани пажӯҳишҳо дар ин самт, барои наслҳои оянда ҳифз намудани ҳуҷҷатҳо ва ашёи бойгонӣ, минбаъд такмил додани низоми тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсонпарварии баланд ва ватандӯстӣ:
1. Пешниҳоди Вазорати мудофиа, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба:
ташкили фаъолияти Маҷмӯи ёдгории “Боғи Ғалаба” (минбаъд — Маҷмӯъ) дар назди Вазорати мудофиа дар шакли муассисаи давлатӣ бо мақоми шахси ҳуқуқӣ, ки дар суроғаи шаҳри Тошканд, ноҳияи Олмазор, кӯчаи Сағбон ҷойгир аст;
дар ҳудуди Маҷмӯъ ҷойгир намудани Маркази маънавиёт ва маърифати Вазорати мудофиа, Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ, Хидмати оркестрҳои ҳарбӣ ва Ансамбли марказии суруд ва рақси Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси ҳуқуқи истифодаи ройгон;
дар назди Маҷмӯъ созмон додани Фонди рушди Маҷмӯи ёдгории “Боғи Ғалаба” бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ маъқул дониста шавад.
2. Инҳо вазифаҳои асосии Маҷмӯъ муайян карда шаванд:
дар асосҳои илмӣ омӯхтан ва дар байни мардуми мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ таблиғ намудани саҳми шоистае, ки мардуми сермиллати Ӯзбекистон ба кори таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм ҳамроҳ намудаанд, далерӣ ва мардонагӣ дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, намунаҳои матонат ва инсонпарварӣ дар ақибгоҳ;
абадӣ гардонидани номи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамватаноне, ки дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд;
ғанигардонии олами маънавӣ ва дар ҷавонон пурзӯр гардондани ҳисси давомнокии наслҳо, дар рӯҳи инсондӯстии баланд, муҳаббат ва садоқат ба Ватан тарбия намудани онҳо бо нишон додани чунин рӯйдодҳои таърихӣ, ба монанди иштироки мардуми Ӯзбекистон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, қаҳрамонии меҳнатӣ дар ақибгоҳ, истиқболи таҳаммулпазир ва расонидани кӯмаки ҳамаҷонибаи амалӣ ба намояндагони миллатҳои гуногун, алалхусус бачаҳое, ки ба мамлакати мо кӯчонда ва бадарға карда шуданд;
ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, дарсҳои маҳорат, шабҳои эҷодӣ, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ вобаста ёд кардани хотираи гузаштагон, эҳтироми амиқ зоҳир намудан ба онҳо аз ҷониби мардуми мо, ки бо хотираи таърихӣ зиндагӣ мекунанд, инчунин истироҳати пурмазмуни онҳо;
омӯзиши экспозитсияҳои музейҳои хориҷӣ ва фондҳои бойгонии марбут ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, гузаронидани таҳқиқоти мақсаднок, фундаменталӣ ва амалӣ барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани саҳми бузурги мардуми Ӯзбекистон дар расидан ба Ғалаба, инчунин ба оммаи васеъ расонидани онҳо;
мунтазам ғанӣ гардонидани фондҳо ва экспозитсияҳои Осорхонаи давлатии “Шон-шараф” бо ҳуҷҷатҳо ва дигар экспонатҳои марбут ба Ҷанги дуюми ҷаҳон;
нигоҳ доштани ашё ва коллексияҳои осорхонаҳои марбут ба Ҷанги дуюми ҷаҳон, муайян ва ҷамъоварии ашёи нав, инчунин омодагӣ ба чоп, интишор ва дар истифодаи онҳо ҷорӣ кардани маълумот дар бораи онҳо;
дар Маҷмӯъ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълим ташкил кардани дарсҳои кушод, лексияҳо ва семинарҳо, таҷрибаи тахассусиро гузаштани донишҷӯён бо мақсади мустаҳкам намудани хотираи таърихӣ, инъикоси иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар давраи ҷанг, инчунин меҳнати фидокоронаи ҳамватанони мо дар ақибгоҳ;
татбиқи тадбирҳои зарурӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид дар Маҷмӯъ барои сайёҳон, муҳаққиқон ва зиёратгарон, инчунин баланд бардоштани иқтидори туристии он;
ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои ғайримуқаррарӣ ҳангоми такмил додани экспозитсияҳои Осорхонаи давлатии «Шон-шараф», ки ба таркиби Маҷмӯъ дохил мешавад, барқарор намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо осорхонаҳои хориҷӣ, ҷиҳати ташкили намоишгоҳҳо дар ин самт;
расондани хизмати маданӣ-фароғатӣ ба аҳолӣ.
3. Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии самараноки фаъолияти Маркази маънавиёт ва маърифати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба», Осорхонаи давлатии Қувваҳои Мусаллаҳ, Ансамбли марказии суруд ва рақси Қувваҳои Мусаллаҳ ва Хадамоти оркестри ҳарбии Вазорати мудофиа вазифаи мушовири вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба корҳои фарҳанг - сарвари Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба» дар доираи шумораи умумии муқарраршудаи нерӯҳои Вазорати мудофиа ҷорӣ карда шавад.
4. «Харитаи роҳ» оид ба ташкил ва рушди фаъолияти Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 1 тасдиқ карда шавад.
5. Муқаррар карда шавад, ки:
а) нигаҳдории Маҷмӯъ аз ҳисоби маблағҳои буҷае, ки ҳамасола ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд, маблағҳои ғайрибуҷавӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст, амалӣ карда мешаванд;
б) Фонди рушди Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба» аз манбаъҳои зерин ташкил карда мешавад:
фурӯши чиптаҳо барои ворид шудан ба Маҷмӯъ ва иншооти он, додани амволи он ба иҷора, инчунин маблағҳое, ки аз ташкили намоишгоҳҳо ва расонидани хидматҳои дигар тибқи шартномаҳо ба даст омадаанд;
хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, аз ҷумла ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
манбаъҳои дигаре, ки қонун манъ накардааст;
в) нархи чиптаи якдафъаина барои боздид аз Маҷмӯъро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар мекунад.
6. Ба Маҷмӯъ иҷозат дода шавад, ки дар ҳолати зарурӣ мутахассисони дигарро барои ташкили фаъолияти он дар асоси музди кори соатбайъ мутобиқи маоши мансабии асосӣ ҷалб кунад.
7. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор:
дар муддати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи дар қаламрави Маҷмӯъ сохтани бинои Маркази маънавиёт ва маърифати Вазорати мудофиа пешниҳод тақдим намояд;
дар давоми се моҳ Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва истифодаи маблағҳои Фонди рушди Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба»-ро ба тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба Девони Вазирон пешниҳод намояд.
8. Муқаррар карда шавад, ки:
воҳидҳои штатие, ки барои ташкили фаъолияти Маҷмӯъ заруранд, дар доираи ҳаҷми умумии ҳадди аксари муқарраршудаи қӯшунҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд;
Маҷмӯъ дорои мӯҳр ва бланкҳо бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва номи худ бо забони давлатӣ, инчунин баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ ва суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ мебошад;
сардори Маҷмӯъ аз ҷониби Вазири мудофиа дар мувофиқа бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вазифа таъин ва аз он озод карда мешавад;
Осорхонаи давлатии «Шон-шараф» дар ҳайати Маҷмӯъ муассисаест, ки мақоми ҳуқуқи юридикӣ дорад;
Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба» ва Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷиҳати мақоми худ, шароити музди меҳнати (таъминоти пулӣ) кормандон (хизматчиёни ҳарбӣ) ба Саридораи раёсати дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа баробар карда мешаванд.
9. Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо тартиби муқарраршуда аз соли 2021 сар карда ворид намудани Маҷмӯъро ба феҳристи ташкилотҳое, ки лоиҳаҳои барномаҳои давлатии фаъолияти илмиро татбиқ мекунанд, инчунин ҷудо кардани маблағро барои лоиҳаҳои илмии Маҷмӯъ мутобиқи талаботи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун таъмин намояд.
10. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии «Ӯзархив» ва Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон китоб-албом омода кунанд, ки маълумоти навро дар самти омӯзиши амиқ ва таблиғи саҳми шоистае, ки халқи мо дар расидан ба Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамроҳ кардааст, инъикос менамоянд, инчунин чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва маданиву оммавӣ, ки ҳамасола дар арафаи 9 май — Рӯзи хотира ва қадр баргузор карда мешаванд, нашри онро ташкил намоянд.
11. Ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва нашри китоб-албом дар бораи саҳми шоистае, ки мардуми Ӯзбекистон дар ноил шудан ба Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамроҳ намудааст, мувофиқи замимаи № 2 тасдиқ карда шавад.
12. Вазорати мудофиа, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Гвардияи миллӣ, Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
оид ба ҷамъ овардани маъводҳо дар бораи қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадорони фронти меҳнат, баргузор намудани тадқиқотҳои илмӣ дар асоси экспонатҳо ва маълумоте, ки дар фонди Осорхонаи давлатии «Шон-шараф» нигоҳ дошта мешаванд, инчунин барои мунтазам ғанӣ гардонидани фондҳои Маҷмӯъ корҳо амалӣ намоянд;
баргузор намудани корҳои илмӣ-тадқиқотиро бахшида ба солҳои ҷанг аз ҷониби донишҷӯён (курсантҳо), магистрантон ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олии ҳарбии ҷумҳурӣ ташкил намоянд, барои ин мақсадҳо дар иншооти Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба» утоқҳои дарсӣ ҷудо кунанд;
якҷоя бо Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Академияи илмҳо ва Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ин мавзӯъҳо китобҳои бадеӣ, илмӣ-оммавӣ нашр кунанд;
ба таври доимӣ баргузор намудани чорабиниҳои оид ба дар хотираи авлоди оянда нақш гузоштани саҳми шоистаи халқи ӯзбек дар расидан ба Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба нақша гирифташударо таъмин кунанд;
оиди дар Осорхонаи давлатии «Шон-шараф» дар ҳайати Маҷмӯъ гӯшаҳои вазорату идораҳое, ки ба таркиби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохиланд, ташкил намоянд.
13. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амният ва бехатарии сӯхтории қаламрави дохилӣ ва иншооти Маҷмӯъ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Миллӣ - ҳифзи шабонарӯзии қаламрави берунии шафати Маҷмӯъро таъмин менамояд.
14. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар муроҷиатҳои Маҷмӯъ, ба он барои барқарор намудан ва рушди ҳамкориҳои илмӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ёрии амалӣ расонад.
15. Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар муроҷиати Маҷмӯъ пайвастани онро ба телекоммуникатсия ва шабакаи баландсуръати иттилоотии ҷаҳонии Интернет бо тартиби муқарраршуда таъмин намояд.
16. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давоми ду моҳ:
а) якҷоя бо Вазорати фарҳанг, Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ:
фурӯши онлайни чиптаҳои даромад ба Маҷмӯъро ташкил намояд;
системаи роҳнамоҳои онлайн ва экскурсияҳои онлайнро бо забонҳои хориҷӣ ҷорӣ намояд;
оид ба созмон додани сомонаи замонавии Осорхонаи давлатии «Шон-шараф», инчунин ташаккул ва ҷойгир кардани албоми аксҳо дар форматҳои «3D ва «3600» ба сомона чораҳо андешад;
б) дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноат ва Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» фурӯши тӯҳфаҳои хотиравии миллӣ ва нусхаҳои ашёро, ки дар музей маҳфузанд, дар ҳудуди Маҷмӯи ёдгории «Боғи Ғалаба» ва Осорхонаи давлатии «Шон-шараф» ташкил кунанд.
17. Муқаррар карда шавад, ки ҳунармандоне, ки бо фурӯши маҳсулоти тӯҳфаҳои хотиравӣ дар ҳудуди Маҷмӯъ машғуланд, танҳо маҳсулоти истеҳсолкардаи худро мефурӯшанд ва ба «Каталоги миллии устоёни санъати халқию амалӣ» дохил карда мешаванд.
18. Ҳокимияти шаҳри Тошканд ба муҳлати то 1 октябри соли 2020 Маҷмӯъро бо тартиби муқарраршуда қабул карда, ҳуҷҷатҳои дахлдори кадастриро таҳия намуда, бо тамоми молу мулк дар асоси ҳуқуқи идоракунии фаврӣ бо ҳуқуқи истифодаи ройгон ба Вазорати мудофиа супорад.
19. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар ҳамкорӣ бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ва Вазорати фарҳанг дар давоми як моҳ Маҷмӯъро бо кадрҳои баландихтисос таъмин намояд;
якҷоя бо Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг ва ҳокимияти шаҳри Тошканд барои ҷалби васеи сайёҳони ватанию хориҷӣ ба Маҷмӯи мазкур тадбирҳо андешад;
якҷоя бо Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати фарҳанг, Вазорати маорифи халқ, Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва маърифат, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Агентии миллии «Ӯзбеккино» адибон ва шоирони маъруф, донишҷӯёни мактабҳои эҷодӣ, мутахассисони таърих ва фарҳанги миллӣ, дастаҳо ва оркестрҳои ҳарбӣ, инчунин дигар намояндагони мусиқӣ ва санъатро барои чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ки дар Маҷмӯъ баргузор мешаванд, васеъ ҷалб намоянд.
20. Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати вазъиятҳои фавқулодда, Хидмати амнияти давлатӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи давлатии гумрук, Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати маорифи халқ, Вазорати таҳсилоти томактабӣ, Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат ба таври доимӣ машғулотҳои таърихи давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва мавзӯъҳои ватандӯстиро бо ҷалби васеи донишҷӯёни муассисаҳои таълимии дахлдор дар Маҷмӯъ ташкил кунанд.
21. Дар зербанди «б» банди 2 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14 майи соли 2018 № ҚП-3726 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии иҷтимоии хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаҳои онҳо» калимаҳои «санҷишҳои тестӣ, ки аз ҷониби Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда мешаванд» бо ибораҳои «имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ» иваз карда шаванд.
22. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати се моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз ин қарор бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
23. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, мушовир - Спичрайтери Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х.М. Султонов ва котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В. Махмудов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
9 сентябри соли 2020.