ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ТАЪСИС ДОДАН ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Бо мақсади минбаъд беҳтар гардондани муҳити сармоягузорӣ дар мамлакат, афзудани ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба соҳаҳои устувори иқтисодиёт ва соҳаҳои дигари муҳим, ташкил кардани ҷараёни хушсифати сармоягузорӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, инчунин мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 августи соли 2018 № ҚП-3900 “Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд васеъ ва амиқ гардондани шарикӣ бо Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо”:

1. Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Шӯро) созмон дода шавад. 
2. Инҳо вазифаҳои асосии Шӯро муайян карда шаванд:
маслиҳат додан ба ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба самтҳои муҳими рушди сармоявӣ, саноативу технологӣ ва сармоягузории мамлакат бо назардошти таҷрибаи бобарор ва комёбиҳои амалиёти ҷаҳонӣ; 
бевосита иштирок кардан дар фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва механизмҳои самарабахши рағбатноксозии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ба сармоягузорӣ ба соҳаҳои устувори иқтисодиёт, инчунин минтақаҳои мамлакат бо мақсади ташкил кардани истеҳсолоти замонавӣ оид ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазири содиротбоб, инчунин кӯмак расондан ба фаъол ҷалб намудани сармояҳо, пеш аз ҳама сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва рушди савдои муфид;
таъмин кардани ҳамкории самарабахши мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хориҷӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, бонкҳо, сохторҳои сармоягузорӣ ва дигар, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва созмонҳои хориҷии ҳукуматии молиявӣ;
муайян намудан ва таҳлили омилҳои асосие, ки ба ҷалби сармояҳо ва фаъолнокии сармоягузорон, аз он ҷумла сармояи хориҷӣ монеъ мегарданд, таъмин кардани дастгирии муҳити мусоиди корӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ;
коркарди таклифоти муассир, ки ба барҳам додани омилҳои ба равандҳои сармоягузор монеъшаванда нигаронда шудааст, бо саъю кӯшиши мақомоти давлатӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва созмонҳои хориҷии ҳукуматии молиявӣ, ширкатҳои хориҷӣ, бонкҳо, сохторҳои сармоягузорӣ ва дигар, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият нишон медиҳанд;
кӯмак дар такмил додани механизмҳои дастгирии содиргарон, пайваста ривоҷ додани инфрасохтори савдо, низоми тиҷорати электронӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар пеш бурдани молу хидматҳои ватанӣ ба бозорҳои хориҷӣ, ташаккул додани даҳлезҳои самарабахши нақлиётӣ, занҷирҳои замонавии логистикӣ;
ҷорӣ кардани таҷрибаи мусбати хориҷӣ ба раванди созмон додан ва истифодаи низоми замонавии идораи сифати маҳсулот, пайваста татбиқ намудани чорабиниҳо оид ба таъмин кардани мувофиқати молҳои ватанӣ ба талаботи андозаҳои байналмилалӣ ва регламентҳои техникӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо, дастгирии истифодаи технологияҳои пешқадами иттилоотиву коммуникатсионӣ;
тайёр кардани таклифу тавсияҳо оид ба минбаъд такмил додани пойгоҳи ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
муайян кардани самтҳои устувор ва коркарди чораҳои муассире, ки беҳдошти имиҷи байналмилалӣ, афзун гардондани мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналмилалӣ ва индексҳоро таъмин мекунад.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
Шӯро мақомоти маслиҳативу машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад;
таркиби Шӯро аз сафи роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, бонкҳо, сохторҳои сармоягузориву дигар, институтҳои байналмилалии сармоягузорӣ ва созмонҳои хориҷии ҳукуматии молиявӣ, аз он ҷумла Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо, ки дар тартиби муқарраргардида, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пеш мебарад, инчунин иштирокдорони дигар ташаккул дода мешавад;
Шӯро фаъолияташро дар шакли ҷамъомадҳои умумӣ ва мобайнӣ амалӣ менамояд. Ҷамъомадҳои умумии Шӯро дар як сол як маротиба, ҷамъомадҳои мобайнӣ – камаш соле ду маротиба гузаронда мешаванд;
мутобиқсозии корҳоро оид ба баргузор намудани ҷамъомадҳои умумии Шӯро Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷамъомадҳои мобайнӣ Вазорати сармоя ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ менамоянд;
хароҷоти ба истиқомат ва иштироки аъзои Шӯро дар сессияҳо алоқаманд, аз ҳисоби маблағи худии аъзои Шӯро, хайроти шахсони юридикӣ ва ҷисмонӣ, грантҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва ташкилотҳо, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пӯшонда мешавад.
4. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Дастуруламал дар бораи Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи иловаи № 1;
Таркиби қисми ӯзбекистонии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи иловаи № 2.
5. Вазорати корҳои хориҷӣ бинобар дархости Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тартиби муқарраргардида расмигардонии визаҳои вурудро барои аъзои Шӯро, ки дар доираи татбиқи қарори мазкур ҷалб карда мешаванд, инчунин аъзои оилаи онҳо бидуни рӯёндани боҷҳои консулӣ ва дигар таъмин намояд.
6. Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим созад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
13 ноябри соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: