ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ БА РОҲ МОНДАНИ НИЗОМИ МУТТАСИЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ҶАВОНОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД ВА ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС

Дар мамлакат бобати фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои дастгирии ҷавонони пешомаднок, амалӣ намудани истеъдоди онҳо, ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши илмиву тадқиқотӣ ва инноватсионӣ мунтазам чорабиниҳо андешида мешаванд.

Баробари ин зарурияти ҷалби васеи насли наврас ба донишҳо, баланд бардоштани иқтидори зеҳнии онҳо, ҳамчунин минбаъд такмил додани низоми муттасили муайян намудани ҷавонони соҳибистеъдод ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ба мақсади беш аз пеш боло бардоштани обрӯи кишвари мо дар арсаи байналхалқӣ эҳсос мегардад.
Ба мақсади табдил додани ҷавонон ба иштирокдорони фаъоли ислоҳот, баланд бардоштани манфиатдорӣ бинобар аз худ намудани донишҳо, васеъ ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти ҷустуҷӯиву созандагӣ, тарбия намудани насли сазовори гузаштагон, ки Ватани моро дар тамоми олам шуҳратёр кардаанд:
1. Дар сохтори Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Департаменти оид ба кор бо толибилмони соҳибистеъдод бино бар фанҳои олимпиада (минбаъд – Департамент) бо теъдоди штатии 14 нафар дар ҳудуди миқдори умумии штатии муқарраршудаи низоми Вазорати таълими халқ таъсис дода шавад.
2. Инҳо вазифаҳои асосии Департамент муайян карда шаванд:
муайян намудани толибилмон – ҷавонони соҳибистеъдод, таъминоти илмӣ ва услубии фаъолияти онҳо, оммавӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар ин соҳа ва дар ин поя коркарди тавсияву аёниятҳо барои муассисаҳои таълимӣ;
дар байни толибилмони мактабҳои миёнаи умумӣ, литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбии маҳаллӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла ғайридавлатӣ ба роҳ мондани олимпиадаҳои фаннӣ, таъмин сохтани иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналхалқӣ;
барои олимпиадаҳо мунтазам кор карда баромадани маводи нави санҷишӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисос;
тайёр кардани иштирокдорони олимпиадаҳои байналхалқӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла олимон, профессорон ва омӯзгорон, мутахассисони хориҷӣ, ба роҳ мондани курсҳои махсус бино бар фанҳои «Забони англисӣ» ва «Забони русӣ» бо мақсади ташаккул додани тарзи гуфтор;
баргузор намудани мониторингҳо ва қабул намудани чораҳо бино бар дастгирии минбаъдаи фаъолияти толибилмони соҳибистеъдоде, ки дар олимпиадаҳо натиҷаҳои баландро ба даст овардаанд.
3. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Рӯйхати олимпиадаҳои байналхалқӣ, ки ғолибони онҳо ба муассисаҳои давлатии таълими олӣ бидуни тест ва имтиҳонҳои иловагӣ (минбаъд – олимпиадаҳои байналхалқӣ) мувофиқи замимаи №1 қабул карда мешаванд;
Рӯйхати олимпиадаҳои иловагии ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Шӯрои Вазиони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд дар соли 2019-ум, мувофиқи замимаи №2 гузаронида мешаванд.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи се моҳ рӯйхати фанҳоеро, ки бино бар онҳо олимпиадаҳои асосӣ баргузор мегарданд, бо назардошти фанҳое, ки дар барномаҳои таълимӣ ва нақшаи давлатии меъёрҳои таълимӣ, ҳамчунин соатҳои дарсие, ки барои ин фанҳо ҷудо карда шудаанд, муайян гардидаанд, тасдиқ намояд.
4. Тартибе муқаррар кунад, ки мувофиқи он аз оғози соли таҳсили 2019/2020:
ба иштирокдорони давраи ҷумҳуриявии олимпиадаҳои асосӣ, ки ҷойҳои 1-3-юмро ишғол кардаанд, сертификате дода мешавад, ки барои дарёфти холи баландтарин дар мавриди супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ бино бар фанҳои соҳавӣ ҳуқуқ медиҳад ва тӯли се сол амал мекунад;
ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Академияи илмҳо, дигар вазорату идораҳои манфиатдор ба ғолибони олимпиадаҳо, ки ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудаанд, мутахассисони соҳибтахассусеро, ки дар соҳаи дахлдор ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд, дар пояи низоми «устоду шогирд» вобаста кунад.

5. Муқаррар карда шавад, ки:
а) ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ ва омӯзгорони онҳо бо мукофоти якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми зерини  музди камтарини меҳнат барои:
ҷойи 1-ум (медали тиллоӣ) – дар ҳаҷми 500, ба муаллим – дар ҳаҷми 450 баробар;
ҷойи 2-юм (медали нуқра) – дар ҳаҷми 300, ба муаллим – дар ҳаҷми 250 баробар;
ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) – дар ҳаҷми 200, ба муаллим – дар ҳаҷми 150 баробар;
б) омӯзгорони ғолибони давраи ҷумҳуриявии олимпиадаҳои асосӣ бо мукофоти пулии якдафъаина дар ҳаҷми зерини музди камтарини меҳнат барои:
ҷойи 1-ум – ба миқдори 50 баробар;
ҷойи 2-юм – ба миқдори 35 баробар;
ҷойи 3-юм – ба миқдори 30 баробар;
в) ба омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимие, ки ғолибони олимпиадаҳои байналхалқиро тайёр кардаанд, иловапулиҳо мувофиқан бино бар медалҳои тиллоӣ, нуқра ва биринҷӣ дар ҳаҷми 200, 175 ва 150 фоиз аз ҳисоби бунёди директор барои соли хониши навбатӣ пардохта мешавад;
г) ба ғолибони олимпиадаҳо, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар  вазифаи омӯзгор кор мекунанд, ба маоши вазифавӣ иловапулии ҳармоҳа пардохта мешавад: 
ба ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ дар ҳаҷми 150 фоиз;
ба ғолибони давраи ҷумҳуриявии олимпиадаҳои асосӣ – дар ҳаҷми 100 фоиз;
д) ғолибони олимпиадаҳо, ки муассисаи таълими олиро хатм кардаанд, ба захираи мутахассисони пешомаднок, ки аз ҷониби Бунёди «Эл-юрт умиди» бино бар тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанони назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташаккул ёфтааст, дохил карда мешаванд.
6. Ба Департамент супурда шавад, ки якҷо бо Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз оғози соли таҳсили 2019/2020 дар ҳар чоряк захираи толибилмони соҳибистеъдодро аз тариқи ба роҳ мондани олимпиадаҳо дар режими бархат барои толибилмони синфҳои 4-11-уми мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ, литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбӣ ташаккул диҳад, ҳамчунин дар ҳар моҳ расонда додани маводи амиқи назоратиро барои ҷавононе, ки ба захира дохил карда шудаанд, аз тариқи веб-сайти Вазорати таълими халқ таъмин намояд.
7. Муқаррар карда шавад, ки:
а) хароҷот бино бар ташкили олимпиадаҳои асосӣ, интихоб кардан ва тайёр намудани иштирокдорон ба олимпиадаҳои байналхалқӣ аз ҳисоби:
маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
маблағҳои хайрияи васоятгарии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, грантҳо ва маблағҳои кӯмаки техникии идораҳои байналхалқии молиявӣ ва кишварҳои хориҷӣ;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохта мешавад;
б) хароҷот барои таъмин кардани иштироки толибилмон ба олимпиадаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла пули хӯрок, буду бош ва харҷҳои нақлиёт – аз ҳисоби маблағи Бунёди рушди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон;
в) хароҷот барои пардохти мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба ғолибони олимпиадаҳои асосӣ, байналхалқӣ ва муаллимони онҳо, ҳамчунин бино бар пардохти иловапулӣ ба маоши вазифавии ғолибони олимпиадаҳо – омӯзгорони муассисаҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта мешаванд.
8. Ба Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки;
то 1 августи соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои Бунёди кӯмак ба ислоҳоти соҳаи таълими халқ низоми иттилоотиро бинобар ҳисобу китоби маълумоти тамоми давраҳои олимпиада, аз ҷумла маводи назоратиро барои олимпиадаҳо, захираи толибилмони соҳибистеъдод, иштирокдорони олимпиадаҳо, ғолибон ва муаллимони ба онҳо вобасташударо ба амал ҷорӣ намояд;
дар зарфи як моҳ бобати бо кормандоне, ки донишҳои амиқ ва сифатҳои баланди ахлоқиву маънавӣ доранд, метавонанд  ӯҳдадориҳои ба зиммаи Департамент гузошташударо дар дараҷаи баланди касбӣ ва босифат иҷро кунанд, таъмин кардан ҳамчунин бино бар ташаккул додани пойгоҳи моддиву техникӣ чораҳо андешад.
9. Ба Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин вазорату идораҳое, ки дар ҳайати худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати таълими халқ дар муҳлати се моҳ нақша-ҷадвали ҳарсолаи олимпиадаҳои муассисаҳои таълими олиро, ки муассисаҳои таълими олӣ ба мақсади фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои татбиқ намудани иқтидори зеҳнии толибилмон ташкил мекунанд, тасдиқ намояд.
10. Ба Вазорати таълими халқ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати се моҳ тартиби ташкил кардан ва дар байни толибилмони мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ, литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбӣ гузарондани олимпиадаҳои фаннӣ ва интихоб намудани иштирокдорони олимпиадаҳои байналхалқиро кор карда барояд ва ба Девони Вазирон пешниҳод кунад, ки инҳоро пешбинӣ менамоянд:
дар давраҳои вилоятии олимпиадаҳо иштироки бевоситаи толибилмоне, ки ба захираи донишомӯзони соҳибистеъдод дохил карда шудаанд, баргузор намудани давраҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии олимпиадаҳо бо иштироки  намояндагони созмонҳои  ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ ва бевосита дар режими онлайн аз тариқи веб-сайти Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон равшан кардани онҳо;
ошкоро ва шаффоф гузаронидани олимпиадаҳо, эълон кардани натиҷаи онҳо дар рӯзи гузаронидани олимпиадаҳо;
ба ғолибони олимпиадаҳо, ки ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудаанд, дар пояи низоми «устоду шогирд» вобаста кардани мутахассисони баландихтисосе, ки дар соҳаи дахлдор ба натиҷаҳои баланд муваффақ шудаанд;
тартиби ба ғолибони давраи ҷумҳуриявии олимпиадаҳои асосӣ додани сертификате, ки ба дарёфти холи баландтарин барои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ ҳуқуқ медиҳад;
пурра ба низоми иттилоотӣ дохил кардан ва дар веб-сайти Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чоп кардани натиҷаҳои  тамоми давраҳои олимпиадаҳо, аз ҷумла маълумот дар бораи иштирокдорон ва корҳои хаттии онҳо.
11. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 сентябри соли 2018-ум №ҚП-3931 «Дар бораи чораҳои дохил намудани равандҳои нави идора дар низоми таълими халқ» мувофиқи замимаи №3 тағйирот дохил карда шавад.
12. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ ҳамаҷониба равшан кардани мақсадҳо ва вазифаҳои қарори мазкурро ба роҳ монанд.
13. Ба Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфитдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд.
14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувахитов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
3 майи соли 2019. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: