ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ БА ТАРТИБ ОВАРДАНИ СОҲАИ ТИББИ ХАЛҚӣ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки солҳои охир дар низоми нигаҳдории тандурустӣ татбиқ мешаванд, ба вусъатёбии дастрасии шаҳрвандон ба хидматҳои замонавии тиббӣ, воситаҳои доруворӣ, ҳамчунин беҳтар шудани сифат ва натиҷаи кӯмакҳои тиббӣ мусоидат карданд.

Тибби халқӣ дар табобати бемориҳои вазнину мураккаб мақоми муҳим дорад, ба хидматҳои табибони халқӣ дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ талабот зиёд мебошад.
Баробари ин таҳлилҳои вазъи кор дар соҳаи мазкур аз мавҷуд набудани дараҷаи зарурии назорат барои хидматрасонии тиббии халқӣ шаҳодат медиҳанд, ҳамчунин вобаста ба мақом ва нақши он дар сохтори тибби замонавӣ чандин муаммоҳо мавҷуданд, аз ҷумла:
якум, пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ, ки тартиби хидматрасонии тибби халқиро ба танзим меоварад, мавҷуд нест, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои табибони халқӣ мушаххас нашудаанд, нисбат ба сифат ва бехатарии хидматрасонии шахсоне, ки бо усулҳои табобати тибби халқӣ машғул мебошанд, назорати давлатӣ татбиқ карда намешавад;
дуввум, вобаста ба шахсоне, ки бобати пешниҳоди кӯмакҳои тиббӣ бо усулҳои тибби халқӣ машғул мебошанд, барои зарар расондан ба саломатии мизоҷон ҷавобгарӣ таъин нагардидааст, ҳамчунин кафолати ҳифзи ҳуқуқи табибони халқӣ аз дахолати беасос пешбинӣ нашудааст;
саввум, тартиб ва механизми ба танзим овардани ҳамкории тарафайн ва қаробати тибби халқӣ бо табобати замонавӣ дар масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати касалиҳо вуҷуд надорад;
чаҳорум, пойгоҳи ягонаи маълумот бино бар тибби халқӣ, ки маълумоти муназзамро бар бораи мутахассисони оид ба табобати халқӣ, таҷриба ва натиҷаи корҳои онҳо, шаклҳои хидматрасониашон ва ғайраро дар бар мегирад, мавҷуд нест.
Ба мақсади ба танзим овардани фаъолияти хидматрасонии табибони халқӣ, истифодаи сарфакорона аз таҷриба ва имкониятҳои мавҷудаи табобати халқӣ, ташаккул додани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур, ҳамчунин фароҳам овардани шароит барои истифодаи самарабахшу бехатари усул ва дастовардҳои тибби халқӣ:
1. Муайян карда шавад, ки:
тибби халқӣ усули иловагии хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ эътироф карда мешавад;
рухсатномадиҳӣ ба фаъолияти хидматрасонӣ бо усулҳои тибби халқӣ дар тартибе, ки барои рухсатномадиҳӣ ба фаъолияти тиббӣ (ғайр аз талабот дар қисмати мавҷуд будани саводи тиббӣ) пешбинӣ мегардад, татбиқ карда мешавад;
шахсоне, ки бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ хидмати тиббӣ мерасонанд, барои оқибати фаъолияти худ дар ҳудуде, ки мувофиқи қонунгузорӣ барои кормандони тиббӣ пешбинӣ шудааст, масъул мебошанд;
талаботе, ки оид ба кӯмакрасонии тиббӣ пешниҳод мешаванд, барои ашхосе, ки ба пешниҳоди хидматҳои тиббӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ машғул мебошанд, низ истифода бурда мешавад;
Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти ваколатдорест, ки талаботро ба машғул шудан бо фаъолияти тиббӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ, ҳамчунин тартибот ва ҳаҷми пешниҳоди хидматҳои тиббиро бо истифода аз усулҳои табобати халқӣ мушаххас менамояд.
2. Инҳо самтҳои асосии рушди тибби халқӣ ҳисобида шаванд:
ташаккул додани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқие, ки тартиби ба танзим овардан ва назорат кардани фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ, ҳамчунин муайян кардани мақоми ҳуқуқӣ ва масъулияти шахсонеро, ки бо хидматрасонии тиббӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ машғул мебошанд, барои оқибати фаъолияти худ пешбинӣ менамояд;
ба роҳ мондани пойгоҳи ягонаи иттилоотие, ки маълумотро дар бораи ташкилот ва мутахассисоне дар бар мегирад, ки бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ, таҷрибаи кори онҳо, хелҳои хидматрасониашон кор мебаранд;
истифодаи имкониятҳои тибби халқӣ аз тариқи қаробати амалиёти бисёрсолаи он ва дар таҷриба тасдиқ гардидани дастовардҳои мусбат дар табобати замонавӣ барои баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои тиббӣ, ҳамчунин ба аҳолӣ пешниҳод кардани имконият барои интихоби асоснок ҳангоми гирифтани хидматҳои тиббӣ;
ба роҳ мондани низоми тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони тибби халқӣ дар пояи ҳамкории қарин бо муассисаҳои пешқадами таълими тиббии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин марказҳои таҷрибаи табобатӣ дар соҳаи тибби халқӣ.
3. Барномаи чораҳои аввалиндараҷа бино бар рушди тибби халқӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тасдиқ карда шавад:
Масъулияти шахсии инҳо нишон дода шавад:
вазири нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.К.Шодмонов – барои иҷрои саривақтӣ, пурра ва босифати тамоми чорабиниҳое, ки дар Барнома нишон дода шудаанд, ҳамчунин ба тартиб овардан ва минбаъд инкишоф додани тибби халқӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов – барои ҳамоҳангсозии муассири кори вазорат ва идораҳо бино бар иҷрои самарабахш ва саривақтии вазифаҳое, ки мувофиқи қарори мазкур ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд.
4. Ба таклифи Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Палатаи миллии нигаҳдории тандурустии инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи:
ҷорӣ намудани силсилаи махсуси таълимӣ доир ба тибби халқӣ дар барномаи таълимии муассисаҳои таълими олии тиббии ҷумҳуриявӣ бино бар самтҳои бакалавриат «Кори табобат», «Кори табобати бачагона», «Кори тиббиву таълимӣ»;
ташкил кардани кафедраи тибби халқӣ ва курсҳои он бино бар баланд бардоштани ихтисос оид ба самти «Тибби халқӣ» дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Тошканд;
дар назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон додани Комиссияи махсус оид ба пешниҳоди рухсатнома барои фаъолияти тиббӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ ризоият дода шавад.
Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як ҳафта ҳайати Комиссияи махсусро ташкил ва тасдиқ намояд.
5. Ба зиммаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи рушди тибби халқӣ ва танзими давлатии фаъолияти он бино бар хидматрасонӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ;
вазифаи ба роҳ мондани ҷараёни таълим доир ба тайёр кардан ва бозомӯзонидани мутахассисон оид ба тибби халқӣ, ҳамчунин тадқиқоти амиқи илмӣ бобати омӯхтани анъанаҳои ғановатманди таърихӣ ва мероси нодири тибби халқии ӯзбек, кӯмаки ташкилӣ ва услубӣ дар танзими самтҳои тибби халқӣ;
ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо созмонҳои машҳуре, ки тибби халқии кишварҳои дигарро пешниҳод мекунанд, гузошта шавад.
6. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
а) дар муҳлати то 15 ноябри соли 2018 мувофиқи тартиби муқарраршуда:
барномаи таълимиро бино бар тибби халқӣ дар пояи талаботи меъёрҳои давлатии таълим;
қоидаҳои санитарӣ, меъёр ва нормативҳои гигиениро барои биноҳое, ки баҳри татбиқ кардани фаъолияти тиббӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ пешбинӣ шудаанд, кор карда барояд ва тасдиқ кунад;
б) дар муҳлати то 1 декабри соли 2018 мувофиқи тартиби муқарраршуда:
талаботи минималиро нисбат ба таҷҳизот ва воситаҳои дигари техникӣ, аз ҷумла техникаи тиббие, ки дар доираи татбиқ кардани фаъолияти тиббӣ бо усулҳои тибби халқӣ истифода мешаванд;
якҷо бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дастурро дар бораи тартиб ва ҳаҷми пешниҳоди кӯмакҳои тиббӣ бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ кор карда барояд ва тасдиқ кунад;
в) якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон то охири соли 2018 ташаккул додани пойгоҳи ягонаи иттилоотии маълумоте, ки дар худ маълумот дар бораи ташкилот ва мутахассисонеро, ки бо истифода аз усулҳои тибби халқӣ, таҷрибаи кори онҳо, хелҳои хидматрасониашон, маълумоти ба он алоқаманд ва ғайраро дар бар мегиранд, ҷойгир кардани пойгоҳи маълумот дар веб-сайти Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои истифодаи қулай, ҳамчунин фаъолияти мунтазам чунин ташкилотҳо мувофиқи рухсатнома таъмин намояд;
г) ба номгӯйи хелҳои ихтисоси тиббӣ, ки бино бар онҳо фаъолияти тиббӣ татбиқ карда мешаванд, мақоми «тибби халқӣ» ворид карда шавад;
д) дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон бобати тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандон» ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ бо назардошти талаботи қарори мазкур таклиф пешниҳод кунад.
7. Муайян карда шавад, ки таъминоти чорабиниҳое, ки дар қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.
8. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ бобати равшан кардани мақсад ва вазифаҳои қарори мазкур мунтазам мақолаҳо ва барномаҳои мавзӯӣ интишор кунанд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувоҳитов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
12 октябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: