ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ БЕҲТАР КАРДАНИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ МОДДИИ ХОДИМОНИ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ ТИББӢ ВА МАҚОМОТИ ИДОРАИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ

Дар мамлакат бобати ислоҳсозии нигаҳдории тандурустӣ, ки ба куллан беҳтар намудани сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, мустаҳкам намудани иқтидори кадрии низоми давлатии нигаҳдории тандурустӣ, беҳбуди иқтидори захиравии муассисаҳои тиббӣ нигаронида шудаанд, чораҳои маҷмӯӣ татбиқ мегарданд.

Барои ба роҳ мондани кори мунтазам ва босифат оид ба тезондани рушди низоми миллии нигаҳдории тандурустӣ маоши вазифавии шифокорони амалиёти умумӣ, хоҳарони патронажии тиббӣ, ходимони бунгоҳҳои табобатии деҳотӣ, хидмати кӯмаки таъҷилӣ ва саривақтии тиббӣ, истифодаи усулҳои бозаргонии ҳавасмандсозии меҳнат дар марказҳои махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявӣ зиёд шуданд.
Механизмҳои пешқадами баҳодиҳӣ ба кори ходимони тиббӣ, таъмин намудани вобастагии дақиқ ва бевоситаи музди меҳнати онҳо аз ҳавасмандгардонӣ мувофиқи дараҷаи мураккабияти кори иҷрошуда ва сифати кӯмакҳои тиббӣ ҷорӣ гардиданд.
Баробари ин дар шароити зарурияти ба дараҷаи сифатан нав бардоштани нигаҳдории тандурустии ватанӣ масъалаҳои ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии идораи соҳаи тиббӣ, рағбатноксозии моддии минбаъдаи ходимони тиббӣ, фароҳам овардани шароит ва воситаҳои сазовор барои баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо дар маркази эътибори давлат қарор доранд.
Ба мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии ходимони муассисаҳои давлатии тиббӣ ва мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ, баланд бардоштани манфиатдории моддии онҳо, фароҳам овардани шароитҳои сазовор барои кори самарабахш ва ташаккул додани иқтидори касбии кадрҳо:
1. Миқдори музди меҳнати ходимони тиббӣ ва дорусозии муассисаҳои давлатии тиббӣ давра ба давра аз 1 декабри соли 2018-ум 1,2 баробар ва аз 1 апрели соли 2019 1,15 баробар зиёд карда шавад.
2. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Палатаи миллии нигаҳдории тандурустии инноватсионӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати молия ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар пояи омӯхтани таҷрибаи байналхалқӣ дар муҳлати то 1 июли соли 2019 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати куллан таҷдиди назар кардани низоми пардохти меҳнати ходимони тиббӣ ва дорусозӣ, ки ба:
ҷорӣ намудани маоши пойгоҳии вазифавӣ дар робита бо вазифаи ходимони тиббӣ ва дорусозии муассисаҳои давлатии тиббӣ, дараҷаи мураккабият ва масъулияти кӯмакрасонии тиббӣ ва ихтисоси тиббӣ, ҳамчунин тахассусонии муассисаҳои табобативу ташхисӣ;
ҷорӣ намудани усулҳои замонавии баҳодиҳӣ ба фаъолият ва самаранокии меҳнати ходимони тиббӣ, аз ҷумла аз тариқи давра ба давра ҷорӣ намудани омори электронии беморони табобатшуда ва баргузор кардани пурсишҳои онлайнии миҷозон;
куллан таҷдиди назар кардани тартиби мавҷудаи рағбатноксозии моддии ходимони тиббӣ ва дорусозӣ, ки пардохти онро вобаста ба сифати корҳои иҷрокардаи онҳо, натиҷаҳои бадастомада ва баҳои ҷомеа ба хидматрасонии тиббӣ таъмин менамоянд;
ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ пешниҳод кардани ҳуқуқи ба шифокорони алоҳида муқаррар кардани иловапулиҳои ҳармоҳаи шахсӣ дар ҳаҷми то 100 фоизи миқдори тарифӣ аз ҳисоби маблағҳои Бунёди ҳавасмандкунии моддӣ ва рушди ташкилотҳои тиббӣ нигаронида шудаанд, таклиф пешниҳод кунанд.
3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар соли 2018-ум аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағтаъминкунии хароҷоти иловагии муассисаҳои давлатии тиббиро вобаста ба зиёд кардани музди меҳнати ходимони тиббӣ ва дорусозӣ, дар соли 2019-ум  ва солҳои минбаъда бошад, ҳангоми ташаккул додани афзалиятҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағҷудокунии зарурии буҷавиро пешбинӣ намояд;
аз ибтидои соли 2020-ум давра ба давра зиёд кардани ҳаҷми маблағҳоеро, ки барои ташаккул додани Бунёди рағбатноксозии моддӣ ва рушди ташкилотҳои тиббӣ ҷудо карда мешаванд, ба назар бигирад.
4. Таклифи Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати молия ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар бораи дар назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис додани Бунёди рушд ва рағбатноксозии моддии ходимони мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ (минбаъд – Бунёд) бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ маъқул дониста шавад.
5. Инҳо манбаъҳои ташаккул додани маблағҳои Бунёд муайян карда шаванд:
а) маблағҳое, ки дар ҳаҷми:
2 фоиз аз маблағи даромад барои хидматҳои пулакии тиббӣ, ки муассисаҳои давлатии тиббӣ мерасонанд, аз ҷумла хидмати марказҳои махсуси илмиву амалии тиббии ҷумҳуриявӣ;
5 фоиз аз маблағи даромадҳое, ки барои таҳсили қарордодҳои пулакӣ расида, дар ҳисобсурати муассисаҳои таълими олии тиббӣ ҷамъ мешаванд;
10 фоиз аз маблағи даромадҳои миқдори зиёдшудаи қарордодҳо барои таълим, ки дар ҳисобсурати муассисаҳои таълими олии тиббӣ ҷамъ мегарданд;
20 фоиз аз маблағи даромад дар шакли боҷи давлатӣ, ки аз ҷониби унвонҷӯйҳо барои дарёфти рухсатнома баҳри гирифтани ҳуқуқи машғулшавӣ ба фаъолияти дорусозӣ ва тиббӣ пардохта мешаванд, аз ҷумла фурӯши чаканаи доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ;
б) даромадҳое, ки аз истифодаи маблағҳои муваққатан озоди Бунёд ба даст меоянд;
в) хайрияҳои ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ;
г) манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
6. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои Бунёд барои:
бо маблағтаъминкунии чораҳо бобати рағбатноксозии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ дар шакли мукофот, кӯмакҳои моддӣ, муқаррар намудани иловапулӣ, изофапулӣ ва хелҳои дигари пардохтҳои ҳавасмандгардонӣ, ҳамчунин пардохти хидматҳои санитариву истироҳатӣ ва тиббӣ;
бо маблағтаъминкунии хароҷот бобати беҳтар кардани таъминоти манзил, аз ҷумла аз тариқи ба роҳ мондани сохтмони манзил барои ходимони мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ ва кормандони тиббии ташкилотҳои низоми Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
сарпур сохтани хароҷоте, ки бо таълим, баланд бардоштани ихтисос ва таҷрибаомӯзии ходимони мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани сафарҳои онҳо ба кишварҳои хориҷӣ, иштирокашон дар конфронсҳо, машварат ва чорабиниҳои дигар, ки дар хориҷи Ӯзбекистон баргузор мегарданд, роҳхатҳои хидматӣ вобастаанд;
мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ, хариди маҳсулоти барномавӣ ва таъминоти шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионии мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ;
ҷалби коршиносони хориҷӣ ва созмонҳои консалтингӣ;
бо маблағ таъмин кардани хароҷоти пардохти стипендияҳои махсус барои донишҷӯёни соҳибистеъдоди муассисаҳои таълими олии тиббӣ;
чорабиниҳои дигаре, ки ба мустаҳкам кардани иқтидори кадрҳои мақомоти  идораи нигаҳдории тандурустӣ нигаронида шудаанд, истифода мешаванд.
7. То 1 ноябри соли 2021 даромадҳои Бунёд, аз ҷумла даромадҳо дар шакли фоиз аз гузоштани маблағҳои муваққатан озод ба бонкҳои тиҷоратӣ аз пардохти тамоми хелҳои андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бунёдҳои мақсадноки давлатӣ озод карда шаванд.
8. Масъулияти шахсии инҳо нишон дода шавад:
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов – барои ҳамоҳангсозии муассири кори вазорат ва идораҳои масъул ҳангоми тайёр кардани таклиф бобати куллан таҷдиди назар кардани низоми пардохти меҳнати ходимони тиббӣ ва дорусозӣ;
вазири нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.К.Шодмонов – барои истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои Бунёд, ҳамчунин сари вақт ва пурра таъмин кардани чораҳои вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоӣ ва такмил додани шароитҳои рағбатноксози моддии ходимони мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ мувофиқи қарори мазкур.
9. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар зарфи як моҳ Дастур дар бораи Бунёди рушд ва рағбатноксозии моддии ходимони мақомоти идораи нигаҳдории тандурустиро кор карда барояд ва онро бо ризоияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ кунад, дар ин маврид тартиби дақиқ ва шаффофи харҷи маблағҳои Бунёд, масъалаҳои ҳисоботдиҳӣ бино бар даромад ва хароҷоти онро пешбинӣ кунад;
номгӯйи мутахассисони вазифавии дорои маълумоти олиро, ки дар муассисаҳои тиббӣ фаъолияти ғайришифокорӣ доранд, вобаста ба такмил додани низоми пардохти меҳнати кормандони тиббӣ ва дорусозӣ таҷдиди назар кунад;
дар муҳлати як моҳ якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеояд, пешниҳод намояд.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов, Ҷ.А.Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
7 ноябри соли 2018.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: